Skip to main content

«Мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».

Эмомалӣ РАҲМОН

1232Тавре аз саҳифаҳои таърихи пурғановати миллат ба мо маълум аст, ҳанӯз дар даврони ҳукмронии давлатдории Сомониён душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхуни худ низоъ бархезонанд ва дар натиҷа ин давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон рӯ ба шикаст оварда буд, ки доғҳои он то имрӯз аз ёдҳо ва хотираи таърихи миллат зудуда намешаванд.

Аммо, мардуми тоҷик аз қадимулайём ва табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвар буда, дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлати худро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, зиндагии тинҷу осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болотару волотар медонанд.

Тавре, ки шоири шинохтаи ваҳдатсаро устод Ҷумъа Қувват нақшу мақом ва ҷойгоҳи Ваҳдати миллиро аз равзанаи нигоҳи худашон басо ҳам арҷманд ҳисобида, ҷангро маҳкум ва пешрафти мамлакатро аз суботу оромии сартосарӣ маънидод намуда, онро дар силсилаашъораш чунин тасвир кардааст:

Пояи мулк аз сипоҳу ҷоҳ не, аз иттиҳод аст,

Хуррамӣ асло силоҳу оҳ не, аз иттиҳод аст.

Мулкро шамшер не, тадбир меорад ба равнақ,

Пойдории Ватан аз хайли ноогоҳ не, аз иттиҳод аст.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-умро дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо номҳои мухталиф муаррифї кардаанд, аз ҷумла, онро ҷанги дохилӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ҷанги хонумонсӯз ва ё худ бародаркуш номида буданд.

Хушбахтона, он дар як муддати кӯтоҳ паси сар шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик мардумест, ки ҷангро намехоҳад, мардуми сулҳдӯсту сулҳпарвар ва ҷонибдори дӯстию рафоқат мебошад.

Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллие, ки ба имзо расид, пеш аз ҳама натиҷаи хираду ақлу заковати азалии мардуми тоҷик ва аз он бештар роҳбарони ҳар ду ҷониб буд. Дар баробари ин бародарони русу эронӣ, афғону қазоқу туркман ва инчунин дигарон барои расидан ва ҳамзамон муваффақ шудан ба ин сулҳу салоҳ ба мо кӯмак карданд. Аз ин рӯ, хидмати мондагори онҳоро мо низ бояд нодида нагирем.

Яъне пеш аз ҳама ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ хидмати бузурги миллати тоҷик, сарони ин миллат ва баъдан дӯстони басо ҳам қадрдон ва дурру наздики мо буд, ки воқеан мехостанд дар ин сарзамини нозанин сулҳу ваҳдати миллӣ ва тинҷию оромӣ ҳамеша ҳукмрон бошад.

Авф фармудан муборак хислатест,

Ҳарки дорад афв соҳибдавлатест.

Дил зи нури авф равшан мешавад.

Дар насимаш сина гулшан мешавад.

Маҳз аз баракати сулҳу суботи Ваҳдати миллии сартосарӣ, хушбахтона имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз кулфату харобиҳои даврони ноором ягон осоре боқӣ намондааст ва дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва ҳамзамон вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ ҷумҳурии ободу шукуфон ва соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистон сол то сол ободу мубарро мегардад. Баробари таҳким ёфтани сулҳу Ваҳдати миллӣ, рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва созандагиву бунёдкорӣ тадриҷан вусъат ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум низ сол ба сол беҳтар мегардад.

Тавре, дар ин хусус, профессори шинохта Қаҳҳор Расулиён-устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавриди ободиву созандагии кишвар, аз ҷумла фикрҳояшро чунин баён намуданд: «Дар ҷое ки ҷангу нооромӣ ва нофаҳмӣ аст, аз хонавода сар карда, то кишвар, то давлат, то қитъаҳои дигари олам ҳеҷ гуна пешравию пешрафт вуҷуд дошта наметавонад. Тамоми он ҳама дастовардҳои назаррасе, ки алъон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, маҳз ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Воқеан ҳам мо он ҳама дастовардҳое, ки имрӯзҳо дорем, дар муқоиса ба солҳои гузашта хеле чашмгир ва назаррасанд. Маҳз ҳамин сулҳу ваҳдати миллӣ ва тинҷию оромӣ аст, ки мардум имрӯз ба бунёдкорӣ ва созандагӣ даст задаанд».

Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон ҳамчун як падидаи басо ҳам нодир ва ё худ марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Ҷавонону наврасони мо имрўз бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва инчунин аз расму ойинҳои давлатдории ниёгони худ ба таври пурра огоҳ бошанд ва вобаста ба ҳамаи дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои боз ҳам пойдору устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ бояд ҳамеша саъю талош намоянд.

«Ҳар як тоҷик бояд худро шиносад, донад ки тоҷик кӣ буд ва дар оянда бояд дар кадом сатҳ қарор дошта бошад. Барои он ки мо худшинос шавем, бояд таърихи гузаштаи миллати худ, фарҳангу тамаддуни пурбори худро омӯзем, ба умқи он сарфаҳм равем. Танҳо дар он маврид мо метавонем ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем»,- гуфтанд мавсуф зимни суҳбати пурмуҳтавои худ.

Лозим ба тазаккур аст, ки 28 соли расо инҷониб мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсоз, яъне Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳар сол бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд.

Тавре, ки Ҷаноби Олӣ бамаврид гуфтаанд: «Агар Эъломия ба таври расмӣ Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард. Созишномаи умумии истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ аз лиҳози аҳаммияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад».

Раванди сулҳи тоҷикон роҳи пурпечутоби тӯлониро фаро гирифта, оқибат ба талошу ҷонбозиҳои муаллифи он, меъмори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сулҳи сартосарӣ ва Ваҳдати миллӣ хотима ёфт. Хидматҳои Сарвари давлат дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ва баҳамоии миллат ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирҳо зудуда нахоҳад гардид.

Бигзор, чароғи сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқболи мо ҳамеша фурӯзон бошад!

Бобозода Бақохоҷа - директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон