Skip to main content

Таърихи куҳан, тамаддуни ориёинажод ва қудрату неруи сухани оламгири миллати фарҳангсолори тоҷик аз пушти қарнҳо бо диди тозаву рӯйнамоиҳои ҷадид дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳуру эҳёи давраи нави тоҷикон гашт. Бале, азхудгузаштанҳо барои пойдории шарафу ваҳдат ва суботи ин миллати куҳанбунёд дар симои Президенти маҳбуби мо Сарвари асилро парварид. Тоҷикон ба шарофати ин Пешвои раиятпарвар ба умқи ошноӣ ба решаҳои таърихиву фарҳангӣ ба давраи нави эҳёи худшиносӣ расиданд. Донишу заковат ва фазилату дурандешӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар як муддати кӯтоҳ ба шахсияти миллӣ табдил дод, ки ҳифзи ном ва шуҳрату нуфузи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон аз вазифаҳои аввалӣ ва меҳварии сиёсати созандаашон ба шумор мерафт.

Таърих гувоҳ аст, ки бо гузашти солҳо ва дар натиҷаи ноил гаштан ба дастовардҳои миллӣ дар замони истиқлол, руҳи миллии давлати тоҷикон пурҷило гашт, ки дар саҳифаҳои рангини таърихи давлатдории навин ҳар як иқдоми бузурги дар ин самт анҷомдодаи Пешвои миллат бо хатти заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалии хеш ба ҷаҳониён нишон доданд, ки қудрати давлати миллиро танҳо тавассути амнияту ваҳдати пойдор метавон ба даст овард. Дастури давлатдории тоҷиконро имрӯз қариб тамоми давлатҳои дӯсту бародару ҳамҷавори мо ҳамчун намунаи олии давлатдорӣ пайравиву эътироф менамоянд. Яъне, сарҷамъӣ ва иттиҳоду дӯстӣ аз муҳимтарин фасли оинномаи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ана ҳамин арзиш нақши калидиро дар пешрафту шукуфоии Ватани биҳиштии мо иҷро кард. Вақте аз давлати миллӣ ва аз фарҳангу тамаддуни беш аз ҳазорсолаи хеш ёд меорем, зеҳни мо бояд ҳамеша банди он бошад, ки ин давлат худ аз худ бино нашуда ва ба осонӣ ба даст наомадааст. Худованд барои наҷоти ин миллати дар вартаи нестӣ қарордошта, шахсеро ато намуд, ки тавонистанд бо неруи хирад тамоми мардуми Тоҷикистонро сарҷамъ ва хатҳои бунёдиро аз давлати навини тоҷик дар харитаи ҷаҳон бо ҷоннисорӣ сабт намоянд.

Тафакури ваҳдатгароӣ ва маърифати инсон аз фалсафаи тавҳид, рабт ба ягонагиву иттиҳод пеш аз ҳама ба рӯзгоре пайванд мегирад, ки ӯ Офаридгори ягонаи хешро шинохтаву ба вуқуди бемислу воҳид он эътиқод пайдо намудааст. Аз назари иқтимоӣ ҳам инсоният ваҳдату ягонагӣ ва зарурати вуҷуди онро дар ростои зиндагонии хеш ҳанӯз дар даврони ба истилоҳ ҷомеаи ибтидоӣ идрок намудааст.

Замоне ки одамон дар қаламрави рӯзгори хеш эҳсос намуданд, ки дар муқобили ҳамагуна нерӯҳои мутазод ба онон, ҳайавону қуввои шарр танҳо якҷоя ва ба таври гурӯҳӣ мубориза бояд бубаранд, зиндагонияшон аз ҳастии иттиҳод ва муттаҳид будан дар меҳвари як нерӯ маънии тоза дарёфт. Ҳамин гуна инсоният ҳам аз назари фикрӣ ва ҳам аз дидгоҳи иҷтимоӣ дар дарозои ниёзмандии ҳамешагӣ ба ваҳдат зиста, ин тафаккур ва андешаи бузургро то замони мо кашонидааст. Ҳақиқати ин амр, дар ҷилваҳои хоси фалсафаи ваҳдатсаройву ваҳдатгаройии инсоният дар таълимоти макотиби фикрии дину мазоҳиби мухталиф, таълимоту фармудаҳои орифону ҳакимон ва донишмандон, инчунин ашъори шоирон бозтоб ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ҳақиқати ин нуктаи муҳим ва ҷойгоҳи андешаи ваҳдати инсониро тавзеҳ дода, хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Суханони Мавлоно оид ба ваҳдату ҳамдилӣ аз саъйи пайгиронаи мутафаккир ба сӯи ваҳдати миллатҳо ва кулли инсоният дарак медиҳад. Ин нуктаҳо шаҳодат бар онанд, ки мутафаккирони пешгузаштаи мо масъалаи ваҳдати кулли инсониятро гузоштаанд ва ба чунин мушкилот мароқи беандоза бузурге зоҳир кардаанд. Мо, ки имрӯз аз ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, бояд дар пайравӣ ба онҳо, хусусан Мавлоно ба он саъй намоем, ки на танҳо дар сатҳи миллат чунин маъниҳоро бо камоли масъулият дарк созем, балки омода бар он бошем, ки барои робита ва ваҳдат бо мардуми ҷаҳон ба мардуми дигари олам ва муколамаи фарҳангҳои мухталиф низ дари дил ва дарвозаи Ватани худро боз намоем. Фақат дар ҳамин сурат мо метавонем миллати муттаҳиди тоҷикро ба узви комилҳуқуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ дар соҳаи фарҳангу маънавиёт ва чӣ дар самти сиёсату иқтисодиёт табдил диҳем».

Ҳанӯз чун бузургтарин шодиву нишот олам тафсир ёфтани дидори дӯст дар каломи Одамушшуро ба ҳузури паёми ваҳдатёри аҳли қалам дар сароғози қаламрави шеъри форсӣ таъкид мекунад:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин қаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Шайх Саъдии Шерозӣ бошад ба аҳду паймони қавии дӯстон эътимоди комил дорад ва шарти садоқати рафоқатро дар он муаррифӣ мекунад, ки бояд аз пайванди ёрӣ нагсалад, чун ҳар кӣ бо ҳамдигар аҳди мӯҳкам бубандам, ҳатто қудрати Исфандиёр ба шикасти ин аҳди ваҳдатоин намерасад:

Дӯстони сахтпаймонро зи душман бок нест,

Шарти ёр он аст, к-аз пайванди ёраш нагсалад.

Сад ҳазорон хайли якторо набошад қуввате,

Чун ба ҳам бартофтӣ, Исфандиёраш нагсалад.

Мавриди дигар Мавлоно агар Маснавии хешро дукони ваҳдат унвон мегузорад, Бедил муддаӣ бар он мегардад, ки

Бо ҳама касратшуморӣ ғайри ваҳдат ҳеқ нест,

Як –як омад бар забон аз сад ҳазор аъдоди мо.

Дар марҳилаи ҷадиди таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва таноқузи воқеъёфта маҳз бо таваҷҷуҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги тафоҳум ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд. Дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Бадахшон дар соли 2011 ин ҳикмати ноб ва саршор аз ҳақиқату хиради таърихиро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бад-ин қарор тавзеҳ дод: «Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт. Маҳз бо шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл намудем. Дар ин раванд, мо пеш аз ҳама пойдевори кохи бузурги ваҳдатро гузошта, барои зиндагонии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳила ба марҳила заминаи мусоид фароҳам овардем. Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумӯи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад».

Фалсафаи ибратоин ва ҳумоюни гузаштагони мост, ки ҳамеша нияти неку хайр ва савоби султонро бузургтарин васила ва омили шараф ба саодати абадӣ шинохтанд. Ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Ғазолӣ бо руҷӯъ ба рӯзгори Анӯшервони Одил аз номи ин султони хуҷастамазҳари аҷдоди мо нақл кардааст, ки «Рӯзе ба вақти баҳорон барнишаста буд бар сари сабили тамошо. Ва андар миёни сабза мегашту дар дарахтони пурбору дар боғҳои ободон менигарист. Ногоҳ аз асп фуруд омаду Худойро шукр кард ва рӯй бар хок ниҳоду замоне дароз дар суҷуд буд. Чун сар аз хок бардошт, касони хешро гуфт, ки фарохии сол аз доду адли подшоҳ бувад ва некӯниятӣ ва эҳсон кардан ба раияти хештан. Ва сипос Худойро, ки некӯниятии мо дар ҳама чизҳо кард». Ва ин сухан бад-он гуфт, ки ӯро таҷриба афтод ба вақте, чунон ки ба ҳикоят омадааст».

Маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрӯз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳода мешавад, симои Сарвари давлатро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва раҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муаррифӣ кардааст. Ин ҳама ибтикорот ва пайкорҳои муаззам қабл аз ҳама реша дар фалсафаи некпиндории Эмомалӣ Раҳмон - вориси ин салотину мулуки бузург доранд, ки дар минбари Иҷлосияи шонздаҳум ва баъдтар муроҷиатномаҳои пайдарпайи эшон садо додаву ба тадриҷ бо таҳаққуқи андешаи созандаи мардуми тоҷик «нияти нек - ними давлат» давлату иқболи беназиреро барои мо -тоҷикон дар кӯтоҳтарин фурсат таъмин намуданд. Ба таъбири дигар, аз пиндори нек то ба қаламрави гуфтору рафторҳои неки мутааддин роҳ кушода, маҳсули худро дар бузургтарин ибтикору дастовардҳои бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рӯшан ва пешорӯи халқ ҷилвагар сохтанд.

Дар канори ин, бо такя бар нубуғи фарҳанги сулҳ ва тараннуми ваҳдат ҳамчун дастоварди беназири таърихӣ як мавзуи муҳим ва беназир, ки дар қаламрави адабиёти куҳани мо таҷаллои барҷастае дошт, бо тобиш ва нигарише тоза ба адабиёти имрӯзи мо ворид мешавад, ки он ҳам пеш аз ҳама ба корномаҳои ваҳдатгароёнаи Пешвои миллат такя мекунад. Нуфузи мавзӯи ваҳдатсаройӣ ва ваҳдатгаройӣ дар адабиёти имрӯзи Тоҷикистон ҳатто ба зуҳури адибоне ваҳдатсаро боис омада, ки боз ҳам дар саргаҳи ин суханварони тараннумгари сулҳ устодони сухан Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир қарор доранд. Ҳатто дар сурудаи Бозор Собир дар нисбати шахсияти Пешвои миллат қаҳрамони ваҳдат ном бурда шудааст, ки аз намунаҳои барҷастаи шеъри ваҳдат дар адабиёти имрӯз ном бурда мешавад:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат.

Бо шарофати ин фарҳанги сулҳофаринии Пешвои миллат имрӯз ваҳдати мардуми тоҷик ҷаҳонӣ мешавад ва аллакай аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба сулҳи тоҷикон баҳои баланд дода мешавад. Аз сӯи муншии собиқи Созмони миллати муттаҳид Кофе Анан омузанда хондани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он бевосита Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, аҳамияти умумиқаҳонӣ касб намудани ин падидаи нодири инсонӣ ва аҳамияти байналмилалалӣ ёфтани онро бозтоб мебахшад.

Ҷаҳонороӣ ва ҷаҳонишавии фалсафаи ваҳдат ва фарҳанг сулҳи тоҷикон гузаштаҳои дурро ба мо ва имрӯзамонро ба фардоҳои мақсуд пайванд бахшида, аз сарзамини ваҳдати миллӣ ва марзу буми як миллати дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба таъбири Пешвои миллаат Эмомалӣ Раҳмон бо андозаи «донаи рег» то қитъаҳои бузургу анҷумани давлатҳои олам, уқёнусҳои нопайдоканор интиқол дода, кишвари моро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сайёра дигарбора ба ҷаҳони муосир пайванди маҳкам мебахшанд. Ин дастоварди беназири таърихӣ имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар мавзӯи меҳвар ва қовидонаи адабиёти миллии тоҷикӣ дар асри нав чун ҳамеша хоҳад монд.

Илҳом Қурбоншоев н.и.фалсафа. Мудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ

ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ