Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бебаҳое аст, ки субот, амният ва рушди устувори ҳар як давлатро таъмин мекунад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи қадима ва фарҳанги бой дорад, ваҳдати миллӣ ҳамчун нерӯи созанда ва ҳифзгари сулҳ маънои умдаи зиндагӣ дорад.
Ваҳдат маънои муттаҳидии мардуми кишвар, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва умед ба ояндаи беҳтарро дорад. Ин арзиш, махсусан барои миллати тоҷик, ки таърихи пурпечутоби сиёсӣ ва фарҳангӣ дорад, ҳамчун нишонаи умед ва роҳнамои зиндагӣ шуҷоатмандона арзёбӣ мешавад. Зеро мавфҳуми ваҳдати миллӣ худ маънои якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву бародарии тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллатҳоро дорад. Ин ваҳдат на танҳо дар забон, балки дар шуури мардум ва муносибатҳояшон ба давлат ва якдигар таҷассум меёбад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун мафҳум дар бар мегирад якдилии тамоми гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва иҷтимоии кишвар. Ин якдилиро метавон дар шаклҳои гуногун — ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эҳсоси масъулият нисбат ба давлат ва миллат тасвир кард. Ваҳдат на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар зеҳн ва ҳиссиёти ҳар як шаҳрванд таҷассум мешавад.
Барои рушди ваҳдати миллӣ зарур аст, ки ҷомеа ба арзишҳои умумимиллӣ ва умумимаънавӣ ҳамчун пояи асосӣ эътимод дошта бошад. Ин арзишҳо, аз ҷумла сулҳ, меҳру муҳаббат, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва дӯстии байни миллатҳо мебошанд.
Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-ум аз ҷанги дохилӣ ранҷ кашид, ки ҳаёти мардумро вайрон кард. Вале бо талошҳои беандозаи мардуми кишвар ва раҳбарияти он, Созишномаи сулҳ соли 1997 ба имзо расид ва 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мешавад.
Имрӯз ваҳдати миллӣ пояи пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илм, маориф, фарҳанг ва иқтисод аст. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар фазои сулҳ ва бародарӣ зиндагӣ мекунад ва эҳтироми арзишҳои миллӣ кафолати суботи ҷомеа мебошад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳама одамон, новобаста аз миллат, дин ва ақидаҳои сиёсӣ, ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар доранд. Муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона ба якдигар заминаи зиндагии осоишта ва сулҳомезро фароҳам меорад. Ваҳдат на танҳо монеаи ихтилофҳо ва ихтилофпарастӣ мешавад, балки муҳаррик ва манбаи рушди ҷомеа мебошад.
Барои ҳифзи ваҳдати миллӣ лозим аст, ки ҳар як шахс худро ҷузъи ҷумҳурии ягона ва ватани худ ҳис кунад, ба якдигар эҳтиром гузорад ва ҷавононро ба рӯҳияи ваҳдат ва ифтихори миллӣ тарбия намояд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва онро барои наслҳои оянда ҳамчун мероси муқаддас гузорад. Ба ин тариқ мо метавонем ҷомеаи сулҳомез, мутамаддин ва пешрафтаро бунёд намоем, ки дар он ҳар як фарди миллат эҳтиром ва озодии худу ҳамдигарро эҳсос кунад.
Ваҳдати миллӣ на танҳо як шиор, балки роҳи зиндагӣ ва омили боэътимоди пешрафти миллат бошад. Мо бояд онро ҳифз карда, ба наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳо супорем.
Муалиф: Ходими илмии Шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳои Институти астрофизикаи АМИТ Аюбов Д.Қ.
Хатмкунандагони зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" соҳиби дипломи аъло гаштанд
Истиқлолу озодӣ ба он мусоидат намуд, ки дар баробари дагар соҳаҳо соҳаи илму маориф низ ба пешравии назаррас ноил бигардад. Дар баробари ин барои беҳтар намудани сатҳу сифат ва рушди ин ё он соҳа дар доираи мутахассисони ҷавобгу ба талаботи замон боиси он гашт, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат ихтисосҳои нав таъсис дода шавад.
Соли 2021 дар пойгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, масхусан дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" таъсис ёфта, аввалин довталабони худро қабул намуд. Дар соли 2023, 5-нафар магистрант рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дипломи мутахассиси ин ришта гаштанд.
Радиоэкология яке аз соҳаҳои навтаъсис буда, мигратсияи радионуклидҳоро дар биосфера ва таъсири онро дар организмҳои зинда ва муҳити зистро меомӯзанд.
Соли 2024 бошад дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ зинаи магистратураро бо ихтисоси "Радиоэкология", таҳти роҳбарии илмии таҷрибадору увондор 9 нафар магистрантон, аз ҷумла 4 нафар кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, ки 2 нафарашон соҳиби дипломи аъло гаштанд.
Муминов Сафаралӣ яке хатмкунандагони фаъоли зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" мебошад, ки бо дипломи аъло сарфароз гардидааст. Номбурда фаоълияти худро дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ низ мувафаққона пеш мебарад.
Таъсиси зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" яке аз дастовардҳои АМИТ маҳсуб ёфта, аз сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
18 сентябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати мутахассисони Хитой бо роҳбарии Чжу Лисин – муовини раиси ҷамъияти геологии Хитой баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба пешбурди кор дар самтҳои геология сейсмология мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон барои таъсиси Маркази Сейсмологӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ дар назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология пешниҳодҳои мукаммалу саривақтӣ масъалагузорӣ карда шуд.
Ҳамзамон барои дар Шуроҳои дисертатсионии ҳарду давлат ҳимояҳои илмӣ аспирантону докторантон ба роҳ мондан, ҳамкориҳои тарафайни олимону аспирантону докторантон дар самтҳои геология сейсмология ва умуман баланд бардоштани илм, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба гуфтушунидҳо баргузор гашт.
Дар анҷом ба ҳайати меҳмонон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахзода Қобилҷон Хушвахт туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Форуми иқтисодӣ дар Остона, ки 17 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, ҳамчун як платформаи муҳими муколама ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон маҳсуб мегардад. Он метавонад ҳамчун воситаи хубе барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорат ва пешбурди ташаббусҳои рушди устувор дар саросари минтақа тамаркуз мекунад. Ҳамкорӣ ва иттиҳоди роҳбарон, сиёсатмадорон ва намояндагони тиҷорат дар муҳокимаҳо оид ба мушкилот ва имкониятҳои муштарак, бахусус дар соҳаҳои энергетика, технология ва инноватсия аз масъалаҳое буданд, ки дар Форуми мазкур зикр гардиданд. Ҳадафи ин ҳамкорӣ истифодаи захираҳои ғании табиии Осиёи Марказӣ дар баробари технологияи пешрафта ва таҷрибаи молиявии Олмон, фароҳам овардани роҳҳо барои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои муштарак мебошад. Сиёсатшиносони минтақа, дар суҳбат бо намояндагони ВАО таъсири ин форумро муҳим арзёбӣ карда, таъкид кардаанд, ки он барои равобити амиқи иқтисодӣ замина мегузорад, табодули донишро меафзояд ва ба суботу ва рушди минтақаро мусоидат мекунад.
Тоҷикистон ҳамчун як кишвари пешгоми ташаббусҳои ҷаҳонӣ, ба монанди масъалаҳои обу иқлим, иқтисоди сабз, ҳифзи пиряхо ва ғайраҳо мебошад, ки маҳз бо талоши пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён расонида шудаанд. Дар Форуми мазкур Президенти кишвар, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, дар ҷаласаи дуввуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон суханронии пурмазмун кард. Пешвои миллат дар суханронии худ аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро таъкид карда, ба иқдомоти муштарак барои истифодаи захираҳои фаровони минтақа дар баробари тавоноии молӣ ва фанноварии Олмон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бо таъкид ба манобеъи ғании табиии Тоҷикистон, бахусус иқтидори “энергияи сабз”-и Тоҷикистон, Пешвои миллат зикр карданд, ки дар ҳоли ҳозир кишвари мо 98 дарсади нерӯи барқи худро аз манобеъи таҷдидшаванда тавлид мекунад. Ҳамчунин, дурнамои ноил шудан ба тавлиди 100 дарсад аз манобеъи барқароршавандаи энергияро то соли 2032 тавсиф кард ва ҳадафи то соли 2037 табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари комилан “сабз”-ро низ дар миён гузошт. Ин масъалаҳо ӯҳдадорӣ ва садоқати кишварро ба рушди устувор таъкид карда, Тоҷикистонро ҳамчун пешсаф дар пешбурди таҷрибаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия муаррифӣ мекунад.
Сарвари давлат ҳамчунин саҳми муҳими ширкатҳои аврупоиро дар пешрафти фанноварӣ дар бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон эътироф кард. Вай якчанд лоиҳаҳои азимро мисол овард, ки чӣ гуна таҷрибаи аврупоӣ метавонад ба ҳадафҳои рушди сабзи кишвар, баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва пешбурди рушди иқтисодӣ мусоидат кунад. Президенти кишвар аз кашфи 800 кони маъдан дар Тоҷикистон таъкид карда, имкони тавлиди мошинҳои барқӣ ва таҷҳизоти каммасрафро арзёби карданд. Таъкид шуд, ки кишвар ба рақамисозӣ ва инноватсия авлавият дода, барои сармоягузории хориҷӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук ва ғизо, дорусозӣ, кишоварзӣ, бонкдорӣ, маориф ва тандурустӣ имтиёзҳо пешниҳод мекунад.
Президент барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ як низоми бидуни раводидро барои шаҳрвандони кишварҳои интихобшуда, аз ҷумла Олмон эълон кард, ки дастрасии осон барои сармоягузорон ва соҳибкоронро фароҳам меорад. Ҳамин тавр, аз мулоҳиза ва баррасии иштирок ва суханрониҳои Пешвои миллат дар Форум метавон чунин натоиҷ ва интизориҳои калидиро интизор шуд:
Ҳамкориҳои густурда: Интизории афзояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ширкатҳои олмонӣ, бахусус дар бахшҳои энергияи таҷдидшаванда ва интиқоли технология вуҷуд дорад.
Имкониятҳои сармоягузорӣ: Форум барои сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳое, ки ба рушди устувор ва инноватсия мувофиқанд, роҳҳои нав боз кунад.
Мубодилаи дониш: Иштирокчиён ба табодули устувори дониш ва таҷриба, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика ва технологияҳои рақамӣ, ки метавонад ҳадафҳои рушди Тоҷикистонро ба таври назаррас пеш барад, умедворанд.
Интегратсияи минтақавӣ: Таҳкими равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба сиёсатҳо ва ташаббусҳои ҳамгирошудаи минтақавӣ оварда мерасонад, ки мушкилоти муштаракро, бахусус дар соҳаи энергетика ва рушди иқтисодӣ, ҳаллу фасл мекунанд.
Таваҷҷӯҳ ба иқтисоди сабзи Тоҷикистон: Уҳдадориҳои дастаҷамъона барои рушди сабз бо лоиҳаҳои муштарак, ки аз иқтидори барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон ва пешрафтҳои технологии Олмонро истифода мебаранд, пешбинӣ шудааст. Тоҷикистон метавонад, бо дороии захираҳои обии худ, дар саргаҳи амалӣ намудани лоиҳаи “иқтисоди сабз” дар Осиёи Марказӣ боқӣ монад, ки он на танҳо барои ҳамкориҳои муштарак мусоидат мекунад, балки нақш ва мақоми кишварро дар минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзунтар намояд.
Президенти кишвар иштирокчиёни Форумро барои шарикии муштарак ва мутақобилан судманд, бахусус дар соҳаи рушди сабз даъват намуданд. Бояд гуфт, ки назарҳои дар Форум ироашудаи Пешвои миллат на танҳо тааҳҳуди Тоҷикистонро ба устуворӣ инъикос менамояд, балки потенсиали ҳамкориро барои пешрафт ва навовариҳои минтақавӣ таъкид мекунад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон метавонад нақши калидии худро дар бахши энергияи сабз муаррифӣ кунад, ҳамкориҳои он бо Олмон ва дигар кишварҳо ба пешрафти назаррас дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда, интиқоли технология ва рушди устувори иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ оварда расонад.
Мадимарова Гулҳаё- ходими пешбари шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,номзади илмҳои филология
ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР САМТИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
17 сентябри соли равон бо ташаббуси Шуъбаҳои сиёсатшиносӣ ва масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.
Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. дода шуд. Устод Маҳмадизода Н.Д. нисбати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм сухан ронда иброз намуданд, ки чунин ҳамкориҳо дар шароити пуртазодди ҷаҳони муосирмуҳим ва рузмарраанд. Дар поёни суханронии хеш ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хостанд.
Сипас модератори семинар д.и.ф., профессор Зиёи Х.М. суханро ба баромадкунандаи аввали семинар, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. пешниҳод намуданд.
Профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. дар мавзуи “СҲШ дар таҳкими ҷаҳони бисёрқутба” баромад намуда, иброз доштанд, ки яке аз созмонҳои бонуфуз, ки кишварҳои минтақа ҷиҳати мубориза бо ҳамагуна таҳдидҳои амниятӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ҳисоб меравад. Созмони мазкур дорои механизмҳои бисёрҷанбаи ҳамкориҳо бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин СҲШ ба яке аз созмонҳои калонтарин ва босуръат рушдёбандаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст.
Дар айни замон, СҲШ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судмандро дар формати 8+4+9 (кишварҳои узви СҲШ+ кишварҳои нозир+ кишварҳои дорои мақоми “шарикони муколама”) ба роҳ монда аст. Соли 2017 пас аз шомил гардидани Ҳиндустону Покистон ва соли 2021 Ҷумҳурии исломии Эрон ва соли 2022 Ҷумҳурии Белорус ба СҲШ аз лиҳози ҷуғрофӣ ҳудуди созмон васеъ гардида, 40% аҳолии ҷаҳонро ба ҳам муттаҳид сохт ва дар умум 30% ММД ҷаҳон ба ин минтақа мансуб аст. Аз ин лиҳоз, нақш ва мақоми созмон дар фазои қораи Авруосиё афзунтар гардид.
СҲШ блоки ҳарбӣ (ба мисли НАТО) ё форуми доимо амалкунандаи кушод доир ба масъалаҳои амниятӣ (ба мисли АСЕАН) набуда, мавқеи миёнаро ишғол менамояд. СҲШ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили СММ, ИДМ, СААД, ЕврАзЭС ва АСЕАН ҳамкорињои мутақобиларо ба роҳ мондааст.
Вазифаҳои асосии СҲШ таҳкими сулҳу субот ва амният дар фазои кишварҳои узви созмон, мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм, киберҷиноят ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва шарикии энергетикӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ баҳисоб меравад.
Сипас модератори семинар д.и.ф., профессор Зиёи Х.М. суханро ба баромадкунандаи дуюми семинар, н.и.с., дотсент Сафарализода Х.Қ. пешниҳод намуданд.
Дотсент Сафарализода Х.Қ. дар мавзуъи “СҲШяке аз созмонҳои калидї ҷиҳати мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм” баромад намуда, иброз доштанд, ки муқовимати дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна таҳдидҳои террористӣ ва экстремистӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти СҲШ мансуб ёфта, бо гузашти беш аз бист сол созмон тавонист дар ин самт таҷрибаи назаррасеро ба даст орад. Дар амал то ба имрӯз диққати асосии кишварҳои узви Созмон бевосита ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир, пеш аз ҳама терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва сепаратизм равона карда шудааст. Доир ба ин масъала Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15.06.2001 ба имзо расонида шудааст, ки дар он ҳадафҳо, вазифаҳо ва принсипҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои узви созмонро соҳаи гуногуни баррасишаванда муайян мекунанд, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм ва сеператизм, мубодилаи иттилоот, иҷрои дархостҳо оид ба чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, табодули таҷриба, иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра.
Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди ҳамагуна хатарҳои замони муосир дар минтақа ба имзо расонида шуданд ва аз ҷониби кишварҳои минтақа ва аъзои созмон мавриди амал қарор дорад.
Дар охири семинар мубоҳиса оид ба маърузаҳои баромадкунандагон сурат гирифт, ки дар онњо ходимони илмии Институт ва унвонҷўёну докторантони PhD фаъолона иштирок намуданд.
Имрӯз (17.09.2024) бо иштироки магистрон ва докторантони PhD - и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи "Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур олимону муҳаққиқон бо гузоришҳои илмии худ баромад намуданд. Чорабиниро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа Нозим Маҳмадизода оғоз намуда, ташкили чунон чорабиниҳоро барои муҳаққиқони ҷавон, ки дар зинаҳои магистратура ва докторантура ба пажӯҳиш машғуланд бисёр муфид арзёбӣ намуд.
Дар мизи мудаввар Зоир Ҷурахон Маҷидзода - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Неъматов Акмал - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Абдумуминзода Ситора - номзади илмҳои педагогӣ бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд. Дар қисми музокирот магистрон ва докторантони PhD атрофи мавзуи мизи мудаввар баҳсҳо намуданд.
14 сентябри соли равон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Тавре иттилоъ дорем дар саҳни бино директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо меҳмононро истиқбол намуда, сипас суҳбату вохурии судманди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардид.
Сипас, ба олимони ҷавон зери роҳбарии раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Субҳиддин Зиёев аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ баргузор гардид. Ҳамчунин олимони ҷавон бо тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори дигар бо таъриху тамаддуни ниёгони хеш аз назидк шинос шуданд.
Умуман тамошои ёдгориҳои нодири таърихии халқи тоҷик, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд, ба олимони ҷавон имкон медиҳад, то дар таҳқиқу омӯзиши давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик саҳмгузор бошанд.
ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. СУҲБАТҲОИ МУФИД БО ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
14 сентябри соли равон бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз таъриху арзишҳои фарҳангии миллати тамаддундори тоҷикон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар назди Осорхонаи миллии Тоҷикистон суҳбату вохурии судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки маҳз дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифз ва гиромидошт нигоҳ доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди ватандӯсту мешанпарат мебошад. Чун ниёгони мо аз қадимулаём таърихи бойу ғаниеро барои мо ба мерос гузоштаанд, ки ҳазорсолаҳоро дар бар хоҳад гирифт.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва гиромидошти ин таърихи чандҳазорсола корҳои муҳимро анҷом дода, барои ҳифзи онҳо шароитҳои мавҷударо фароҳам овардааст.
Дар идома зикр гардид, ки вазифаи мо олимони ҷавон ин пеш аз ҳама дӯст доштани ватану миллат ва эҳтиром ба фарҳангу таърихи ниёгонамон мебошад. Аз ин рӯ мо бояд барои ҳифзи таъриху фарҳанги хеш корҳои муҳимро ба сомон расонем.
РАДИОИ 90,5 FM – САДОИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН!
Тавре иттилоъ дода будем дар доираи ҳамкориҳо бо мусоидати раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода чанде қабл ба Студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика дастгоҳу таҷҳизоти пахши барномаҳои радиоӣ оварда шуд ва аввалин барнома бахшида ба Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар рӯзи таҷлили ин иди шукуҳманд пахш гардид.
Имрӯз (12.09.2022) дар фазои тантанавӣ бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин ва ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. Студияи таълимии радиои факултет рӯи мавҷи алоҳида дар диапазонаи 90,5 FM ба истифода дода шуд.
Ректори донишгоҳ зимни сухани табрикотии хеш радиои мазкурро Садои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ намуда, дар самти пешбурди фаъолияти он дастурҳои мушаххас дод. Бояд қайд намуд, ки то ин замон барномаҳои радиоии шогирдони факултет бо усули классикӣ танҳо дар чанд бинои донишгоҳ шунида мешуд.
Акнун барои донишҷӯён шароит фароҳам омад, ки барномаҳои радиоии худро таҳия намуда, онро рӯи мавҷи алоҳида дар диапазонаи 90,5 FM пахш намоянд. Зимнан гуфта шуд, ки аввалин барномаи бахшида ба Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар рӯзи таҷлили ин иди шукуҳманд пахш гардид. Барномаи хурди композитсионӣ таҳти унвони "Тараннуми Истиқлолият" иборат аз ҷузъҳои гуногун нишондиҳандаи завқи баланди шогирдони факултет мебошад.
Қобили қайд аст, ки студияи таълимӣ, қабл аз ҳама, воҳиди таълимиест, ки дар омодасозии касбии кадрҳо дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ дар ихтисосҳои журналистика, реклама ва робита бо ҷомеа саҳми муассир дорад. Дар студияи таълимӣ як қисми машғулиятҳои амалӣ мувофиқи ҷадвали таълимӣ гузаронда мешавад.
Дар зимн гуфта шуд, ки радио на танҳо барои устодону шогирдони факултети журналистика, балки барои садорати факултетҳо ва коллективи устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун минбари андеша хидмат менамояд.
