Skip to main content
Ваҳдат ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дўстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меорад. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду орзўҳои дар пеши худ гузоштаамон сабабгор мегардад. Пас ҳамин ваҳдат аст, ки инсониятро бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бибандем. Вале ба даст овардани ваҳдат кори саҳл нест.

23123123Барои ин ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст, ки дурри мақсуд, яъне дўстиву рафоқат ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд.

Аз таърихи башарият аён аст, ки бинобар сабаби каҷравиҳою каҷфаҳмиҳо ва мағрурию худписандиҳо зумраи аз шоҳон чӣ қадар шаҳрҳо валангор, чӣ қадар ободиҳо харобазор ва чӣ қадар ашхоси бегуноҳ қурбон гаштанд. Аз «Шоҳнома»- и безаволи устоди сухан - Фирдавсии Тусӣ чунин мисолҳоро хеле зиёд метавон овард, ки барои наслҳои имрўзу фардо сабақи хуби зиндагӣ шуда метавонад.

Ваҳдат, сулҳ чӣ калимаҳои муқадасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии кишвар маҳз дар зери ҳамин калимаҳо ниҳонанд.

Агар ба солҳои 90-уми асри гузашта назар андозем мебинем, ки маҳз бо кўшишу талошҳои сарвари кишварамон Ҷаноби олӣ Эмомалии Раҳмон мо ба пояи ваҳдати миллӣ дар кишвар асос гузоштем. Кўшишу ғайрат, ҷидду ҷаҳд, саъю кушишҳои президенти ғамхору дурандеши мо бароямон сулҳу ваҳдату шодию фараҳ овард. Борҳо аз барномаю вохўриҳояшон ин суханро шунидем, ки гуфта буданд: «то нафаси охирин аз Ватан маҷбуран гурехташудагонро ба Ватан бар нагардонам, ман худамро ҳамчун Президент ором ҳис намекунам».1

Инак дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукумрон аст. Мо шукри ин неъмати ба даст овардаро карда бояд аз сидқи дил хонем, омўзем ва дар пешрафту тарақии ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазое гузошта тавонем.

Хуррамию хушдили дар ин ҷаҳон аз ваҳдат аст,

Хандаю ободии ҳар хонадон аз ваҳдат аст.

Оғози гуфтушуниди байни тоҷикон ва марҳилаҳои он

Баъди он, ки бо миёнагарии Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия аввалин бор 5- апрели соли 1994 дар Маскав намояндагони ду тарафи даргир ба хотири ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти Тоҷикон дар рў ба рўи ҳам нишастанд, ба умедеки ҷонибҳо ба тавофуқи ниҳои бирасанд. Дар ин муддат ҳайатҳои музокиракунандаи ду ҷониб 9- даври гуфтушунидро паси сар карданд, ки баъзе аз ин давраҳо 2-3 – марҳилаи алоҳидаро дар бар мегирифт. Ҳафт маротиба раҳбарони олимартабаи ҳарду ҷониб дар лаҳзаҳои душвор тариқи раванди сулҳ хориҷ аз кишвар мулоқотҳо оростанд, то фазои сулҳу оромиро дар кишвар ҳарчи тезтар таъмин намоянд. Махсусан мулоқоти моҳи декабри соли 1996 дар деҳаи Хусти Давлати Исломии Афғонистон барпо шуда хеле муҳим буд. Дар он тарафҳо ба қатъи ҷанг мувофиқа карданд.

Дар масъалаи таъсиси Коммисияи Оштии Миллӣ низ созиш ба даст омад. Ғайр аз мулоқотҳо дар сатҳи олӣ чандин вохуриҳову дидорбиниҳои машварати ҳайатҳои музокиракунанда баргузор гардид. Хулас тибқи оморе, ки дар даст дорем аз 1180 рўзе, ки раванди музокирот таҳти миёнаравии Созмони Милали Муттаҳҳид идома доштааст 208 рўзи онро аз субҳ то шом, баъзан шабона ҳайатҳои музокиракунандаи ду ҷониб дар рў ба рўи ҳам баҳсу мунозира гузоштанд

Акнун месазад, ки роҷеъ ба дигар давраҳо ва марҳилаҳои сулҳи байни тоҷикон ҳарф занем.

Мутаасифона дар давраи аввали гуфтушуниди ёд шуда, ки асосан дар он танҳо масъалаи рўзномаи музокироти байни тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, проблемаи таъсиси чунин як орган ба рўзномаи музокироти тарафайн ворид карда нашуд. Ин масъала дар даври дуюми музокирот (аз 18 то 26 –уми июни соли 1994 боқи монд) ва мулоқоти машваратии ҳайатҳои музокиракунанда (аз 12 то 17 октябри соли 1994), ки дар Теҳрон барпо гардид мавриди баррасӣ қарор нагирифт.

Дар даври сеюми музокироти байни тоҷикон, ки аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар Исломобод шуда гузашт низ ҷонибҳо ҳалли масъаларо аз мадди назар дур монданд. Зеро баҳси масъалаи таъсиси комиссияи муштарак оид ба тадбиқи созишнома дар бораи оташбаси муваққати ва табодули қувваҳои низомӣ ва маҳбусони сиёсӣ пеш омад ва бадин сурат мубоҳиса дар атрофи масъалаи заруроти таъсиси шўрои оштии милли дар ин даври музокирот баррасӣ нашуд.

Дар ин байн як мулоқоти рў ба рўи муовини аввали (Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни тоҷик) ИНОТ Ҳоҷи Акбар Тўраҷонзода бо Президенти Узбекистон И. Каримов аввалҳои апрели соли 1995 дар Ташкент барпо гардид. Раиси Ҷумҳурии Узбекистон пешниҳод намуд, ки барои ҳалли қазияи Тоҷикистон ба фикри ў, бояд форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон даъват карда шавад. Албатта ин пешниҳоди хубе буд, аз ин рў ин пешниҳод аз тарафи мухолифин қобили қабул дониста шуд ва раҳбари ИНОТ онро дар мулоқоти навбатии худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов, ки 19 июли соли 1995 дар Теҳрон барпо гардид матраҳ кард.

Дар изҳороте, ки дар хотимаи ин мулоқот аз ҷониби ду раҳбар ба имзо расид, қайд карда шуд, ки дар мавриди даъвати анҷумани машварати халқҳои Тоҷикистон бо иштироки баробари ҳарду ҷониб ҷиҳати пайдо намудани роҳи ҳалли бўҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар тавофуқ ҳосил шавад. Инобатан ҳарду раҳбар бо ҳайати музокиракунандаи худ дастур доданд то дар давраи 5-уми музокироти байни тоҷикон масъалаҳои таъини маҳал ва таърихи баргузории анҷуманро ҳал намоянд.

Дар даври панҷуми музокироти байни тоҷикон ҷониби ИНОТ дар баробари таъсиси форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон зарурати Шӯрои Оштии Миллиро бо қатъият ба миён гузоштанд.

Зеро ба қавли ҷониби ИНОТ, агарчи форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон доираи васеъи аҳли ҷамоачигиро ба таҳкими раванди сулҳ ҷалб намояд ҳам, вале чи тавре, ки аз лоиҳаҳои пешниҳод кардаи ҳарду ҷониб пайдост, қарорҳои қабул кардани он аз сабаби характери машваратӣ доштаашон наметавонист ҳукми қонуниро бигиранд ва ба ҳаёт бе чуну чаро татбиқ гарданд.

Дере нагузашта 23 декабри соли 1996 дар мулоқоти навбатии худ раҳбарони олимартабаи ду ҷониб созишномаеро ба тавсиб расониданд, ки дар он аз ҷумла чунин омада буд: «бо дар назардошти он, ки бо имзои ҳамин созишнома дар роҳи сулҳ ва ризояти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул карданд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комиссияи Оштии Миллӣ таъсис намоянд. Раиси ин комиссия намояндаи иттиҳоди мухолифини тоҷик таъин мешавад». Сипас дар худи ҳамин вохурӣ аз ҷониби ду роҳбар протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комисяи Оштии Миллӣ ба имзо расид.

21 феврали соли 1997 дар мулоқоти дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, раҳбарони олимартабаи ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба протоколи «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳаои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ» ва «Низомномаи Комиссияи Оштии Милли» -ро қабул карданд.

Хулоса дар чунин як кишваре, ки авзои дохилию хориҷиаш мураккаб буд, сулҳи дар рўи қоғаз дарҷгардидаро арзи ҳастӣ бахшидан лозим буд. Ҳамин тариқ музокироти сулҳи тоҷикон агар чанде, ки душвориро паси сар карда бошад ҳам, истиқрори он сулҳ мушкилоти бештареро ба худ ҳамроҳ дошт ва ҳалли ин мушкилот асосан ба зиммаи Комиссияи Оштии Миллӣ вогузор карда шуд, ки мухтасран дар зер онро алоҳида зикр хоҳем кард.

Фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ

Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) - ин бунёдкунандаи муҳити сулҳу субот, оштиву ваҳдати миллӣ, оромиву осоиштагӣ дар кишвар, механизми дар таърихи башарият нодир, ки дар ҳошияи ҷанги шаҳрвандӣ баҳри татбиқи тавофуқоти ба даст омада, миёни ҷонибҳои сулҳкунанда дар Тоҷикистон бо маслиҳати тарафайн ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ созмон ёфта буд ва ниҳоятан баъди 999 рўзи фаъолияташ бисёр корҳои самарабахшеро барои ободии Тоҷикистони азиз анҷом дода тавонист.

Солҳо пайи ҳам сипари хоҳад шуд. Дар таърихи кишвар баҳои мунсифонаву арзандаи худро ба кору пайкори ин мақоми муштараки эҷодкори сулҳ хоҳад дод. Вале ҳоло мехоҳем дар фароварди сухани худ аз он хизматҳое, ки ин ниҳод барои миллати тоҷику тамоми Тоҷикистониён кардааст кўтоҳакак ёдовар шавем.

Муҳимтарин корҳое, ки дар аввали фаъоляти КОМ анҷом гирифт ин озод кардани садҳо асирони ҳарбию маҳбусони сиёсӣ буд. Садҳо хонаводаҳои хушбахт шаҳди сулҳу оштиро яке аз аввалинҳо шуда чашиданд. Сухан оҷиз аст, аз тасвири шодиву хурсандиҳои онҳое, ки баъди солҳои дарози фироқу ҷудоӣ азизони худро боз дар оғўши гарми оила пазируфтанд. Айнан ҳамин чизро дар бораи муҳоҷироне, ки баъди беш аз панҷ сол сарсониву саргардонӣ ба итминони комил, ки дигар дар ватан азияте нахоҳанд дид, ба хонаву кошонаи худ баргаштанд.

Теъдоди муҳоҷироне, ки ба ватан дар ин байн баргаштанд даҳҳо ҳазор нафар буд. Аксрияти онҳо ба хонаву кошонаи худ, ки аз ҷониби ашхоси бегона ғасб шуда буданд, бо дахолати КОМ ва мақомоти маҳаллӣ баргардонида гирифтанд.

Мушкилтарин коре, ки дар давраи фаъоляти КОМ анҷом гирифт ин аз Давлати Исломии Афғонистон баргардонидани размандагони ИНОТ ба Тоҷикистон, сабти ном кардани онҳо, ба қайд гирифтани силоҳу муҳимоти ҷангии онҳо, аз муоинаи тиббӣ ва атестатсия гузаронидан ва шомили сохторҳои қудратии ҳукумат кардани нерўҳои мусаллаҳи ИНОТ буд. Дар натиҷа қариб 7000 нафар размандагони ИНОТ бо силоҳу муҳимоташон ё шомили ниҳодҳои қудратии давлатӣ шуданд ё силоҳ ба замин гузоштанду ба кори мулкӣ гузаштанд.

Дар роҳи татбиқи протоколи сиёсӣ низ корҳои муайане анҷом гирифтанд. Тибқи саҳмияи 30% ба намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла аз муовини аввали сарвазир сар карда то раисони ҳукуматҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таъин гардиданд. Дар таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои барои миллат сарнавиштсоз, аз ҷумла таҳия ва қабули санадҳои ҳамдигарбахшӣ ба монанди: - таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ»; таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи авфи умумӣ»; таҳияи лоиҳаи «Консепсияи андешаҳо оид ба тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра КОМ саҳми беандоза дорад.

Хулоса дар зарфи 2-солу 8моҳу 25 рўзи фаъоляташ КОМ фазои сиёсиву низомӣ ва иҷтимоии кишварро ба таҳавулоти хеле мусбат дучор гардонид.

Дар фаъолияти пурсамари КОМ наметавонем аз онҳое ном барем, ки дар барқарории сулҳу суббот саҳми беандоза гузоштанд. Борҳо гуфтем ва мегўем, ки самимяту устувории раиси Ҷумҳур Эмомалї Раҳмон буд, ки раванди музокироти байни тоҷикон ва ҷараёни барқарории сулҳу суббот дар кишвар бо муваффақият пеш рафт ва анҷом пазируфт. Агар майлу хоҳиш ва саъйу кушиши бузурги Раиси Ҷумҳур намебуд дар гумон буд сулҳу субот ба ин наздикиҳо дар кишвар барқарор гардад. Ин иқдоми таърихӣ буд аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи барои миллату кишварамон сарнавиштсоз.

Дар баробари Раиси Ҷумҳур аз онҳое ном бибарем, ки дар комиссияи оштии миллӣ фаъолият карда, дар татбиқи созишномаи умумӣ ҳиссаи худро гузоштаанд. Қабл аз ҳама ин раҳбари нерўҳои мухолифин ва дар навбати худ раиси КОМ, марҳум С.А.Нурӣ ва муовини ў А.Достиев мебошад.

Инчунин боиси ифтихори мост, ки як зумра зиёиёни диниву дунявии миллати тоҷик дар фаъоляти КОМ саҳми беандозаи худро гузоштанд, ки дар ин ниҳоди сулҳофарини ҳама чун як тану дӯш ба дӯши ҳам гирифта кўшиш намуданд, ки ҳарчи бештар дар кишвари азияткашидаи мо сулҳу суббот барқарор гардида оштиву ваҳдати миллӣ таҳкиму барқарор гардад. Ба ҷуз шахсиятҳои дар боло зикр шуда нафарҳои зиёде ба ҳайси аъзои комиссияи марказии муштараки атестатсионии коршиносони муштараки тиббӣ кор карданд. Фаъолияти самарабахш ва фидокоронаи онҳо буд, ки дар ҷамъбасти кори комиссияи оштии миллӣ Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аъзоёни КОМ, коршиносону аъзоёни гурўҳҳои кории КОМ ва дигар шахсиятҳоеро, ки дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳм гирифтанд, бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ намуд. Аз ҷумла ба 4 нафар ордени «Исмоили Сомонӣ», 11 нафар ордени «Дўстии халқҳо», 11 нафар ордени «Спитамен», ба 14 нафар ордени «Шараф», ба 9 нафар медали «Ҷасорат», ба 8 нафар унвони «Барои хизмати шоиста», ба як нафар унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», ба 4 нафар «Ифтирхорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор донистанд. Гузашти айём нишон хоҳад дод, ки афроди дар боло зикр ёфта барои миллату кишвари худ ва ҳатто барои ояндаи минтақа ва ҷаҳон чӣ хизмати беандозае карданд. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд КОМ тавонист, ки вазифаи таърихии худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд.

Хулоса

Муаллифони дигар, ки дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон асар таълиф кардаанд ва ба сабабҳои ин ҷанги бародаркуш ва гунаҳгорони он ибрози ақида намуда, тараферо маҳкум ва ҷониберо ҳимоя мекунанд, мо аз чунин ранг гирифтани тањқиқот даст кашида, ҳар он чизе, ки таърих гувоҳӣ медиҳад муҳақақ баён кардем ва он чунин аст:

Дар ибтидои солҳои 90-уми қарни XX дар натиҷаи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи собиқ ҷумҳуриҳои он сохтори нави давлатдории соҳибихтиёри демократӣ ва озод арзи вуҷуд карданд. Дар назди ин давлатҳои навину озод ва соҳибихтиёр вазифаҳои тақдирсоз ва дар навбати аввал ниҳоят душвору меҳнатталаб меистоданд, ки иборат аз ҳамаҷониба дилпур ва қавӣ кардани соҳибихтиёрии хеш, дар асоси талаботи ҳозиразамон мамолики муттараққи ва муттамаддин, ташаккул додани асосҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буданд. Ба қатори чунин давлатҳои нави соҳибихтиёр Тоҷикистон низ дохил мешавад, ки он дар саргаҳ ва дарвозаи Шарқи Миёна қарор дорад. Ба ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон муҳим он буд, ки дар асоси махсусиятҳои мавҷудаи худ шакли нави сохтори давлатӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ муайян созад.

Аммо тавре, ки ҳаёт нишон дод, дар Тоҷикстон, нисбати дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳод, раванди ташаккули сохти нави сиёсӣ, бар асари мавҷуд будани якчанд омилҳои объективӣ ва субъективӣ, ки хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ доштанд, бо душворӣ ва бӯҳронҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт. Дере нагузашта, пеши роҳи ба ҳаёт тадбиқ кардани чунин масъалаҳои ниҳоятан заруру тақдирсозро ҷанги шаҳрвандӣ, бародаркуш ва ниҳоятан бемаънӣ, ки соли 1992 оғоз шуд, фаро гирифт. Ин ҷанг, хосса дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар, ки ба майдони задухӯрдҳои хунини тарафҳои ба ҳам даргир табдил ёфта буданд, зарару зиёнҳои ниҳоятан азиму сангини моддӣ ва маънавӣ расонидааст ва ба сари халқи тоҷик оқибатҳои ниҳоят вазнинро овардааст.

Пас омили асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ин пеш аз ҳама пош хӯрдани иттиҳод, тайёр набудани ҷомеа ба соҳибистиқлолӣ, бӯҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва кашмакашҳои дохилӣ мебошад, ки ба он дар навбати худ омилҳои хориҷӣ низ таъсири худро расонидаанд.

Пеш гирифтани роҳи нобудшавии миллати тоҷик ва барҳам задани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишвар ба таври ҳаққонӣ ба оғози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикстон, ки дар ш.Хуҷанд баргузор гардид ва ба қарорҳои қабул намудаи он вобаста мебошад.

Иҷлосия сарвари давлат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазиронро интихоб намуда, самтҳои тараққиёт ва пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муайян намуд. Дар ин Иҷлосия умдатарин масъалаҳо, аз қабили ба эътидол овардани ҳолати нооромии кишвар, раҳонидани ҷомеа аз бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фaрҳангӣ, ба ҳам овардану ба созиш расонидани тарафҳои муқобил мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба ҳар кадоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри с.1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», Қарори Иҷлосия «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд» ба тавсиб расид.

Бинобар он бо назардошти аҳамияти бузурги қарорҳо ва паёмадҳои иҷлосия, онро барҳақ метавон ҳодисаи нодиртарин ва тақдирсози таърихи навтарини давлатдории тоҷикон шуморид.

Аҳамияти минтақавии Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки вай тавассути қарорҳо ва паёмадҳои худ барои истиқрори сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ замина омода кард. Агар иҷлосия тавссути қарорҳояш оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон хомӯш намекард, пеши роҳи ҳаракатҳои экстремистиро намегирифт, барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иқдомҳои қатъӣ барнамегузошт, барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи асосии худ қарор намедод ва бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои хешро барқарор намекард, аз эҳтимол дур набуд, ки оташи ҷанг ва ҳаракати экстремистӣ берун аз Тоҷикистон доман паҳн мекард.

Аҳамияти байналмиллалии иҷлосия дар он буд, ки барои ба ифоқа овардани тарафҳои даргир дар нуқоти гуногуни дунё корбаст шуда метавонад. Ин амр аз тарафи бонуфзтарин созмонҳои байналмиллалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо ва беҳтарин коршиносони байналхалқӣ эътироф гардидааст. Хусусан таҷрибаи ба ҳукумат ворид гардидани намояндагони мухолифин ва пайвасти нерӯҳои мусаллаҳи он ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти қудратии мамлакат, ки дар рафти сулҳи миллии тоҷикон суръат гирифт, нодиртарин таҷриба буда, дар ҳаёти кишварҳои гуногун метавонад тадбиқ шавад.

Ҳамин тавр аҳамияти иҷлосия аз он иборат аст, ки маҳз ҳамин мақом бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, пеши хатари нобудшавии онро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит фароҳам овард, заминаи сулҳи миллиро матраҳ сохт, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсионро дар мамлакат амалӣ гардонида, Сарқонуни нави Тоҷикистонро эҷод кард, барои 27-уми июни с.1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт.

Бинобар он метавон гуфт, ки ин иҷлосия оғози ҳама пешрафтҳои ҳозира ва оянда, оғози таърихи навини мост. Аз ин рӯ онро барҳақ метавонем иҷлосияи тақдирсоз номид.

Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон зич вобаста аст. Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор гардида буд, пас аз интихоб гардидан ба ҳайси Раиси он, ӯ ба қатъият изҳор карда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат кунам».

Раванди гуфтушуниди байни тоҷикон зиёда аз 4-солро (аз апрели соли 1994 то охири июни соли1997) дар бар гирифт. Ин роҳ хеле печ дар печ ва ниҳоят душвор буд. Гуфтушунидҳо ҳашт давра ва ҳаждаҳ вохӯриро дар бар гирифтанд ва дар зери назорати СММ ва бо иштироки намояндагони мамолики шоҳид мегузашт. Дар гуфтушунид мамлакатҳои Русия, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон нақши мушоҳидонро иҷро менамуданд. Давраи якум ва охирини гуфтушунидҳои байни тоҷикон дар Федератсияи Русия баргузор шуданд. Федератсияи Русия барои таъмини ризоияти сулҳу амният дар Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст, зеро ба дастоварди мамлакати мо ҳавасманд буд ва ҳам мебошад. Ниҳоят, 27-уми июни с.1997 дар «Президент Отел»-и ш.Москва бо иштироки намояндагони кишварҳои шоҳид аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалии Раҳмон ва роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зери назорати намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Г.Д. Меррем Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида ва баста шуд, ки он ҳар соле чун рӯзи Иди Миллии Ваҳдат ҷашн гирифта мешавад.Пас аз бастани Созишнома ҷонибон изҳорот баён карданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Пас аз 5 соли муқовимати шаҳрвандон, ки дар таърихи бисёр асраи кишвар яке аз саҳифаҳои фоҷианоктарин мебошад, рӯзи умед, боварӣ ба хақл, ки солҳо интизораш будем, фаро расид. Мо, ба марҳилаи нави масъулиянок – дар ҳаёт тадбиқ кардани ҳадафи созишномаи умумӣ қадам гузошта, боз як бор изҳор менамоем, ки ҳар чӣ зудтар сулҳ ва ризоияти миллиро дар кишвар барқарор кардан мехоҳем».(Роҳи сулҳ. С.108-109.).

Баъд аз баста шудани Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ давраи нави таърихӣ – давраи дар шароити оромиву осоишта пеш бурдани ҳаёти ҷамъиятӣ оғоз гардид, ки он бевосита ба кордориву фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ), ки наздаш вазифаҳои муқаддас ва ниҳоят масъулиятноку ҳассос дар ин давраи гузариш меистоданд бо пуррагии воқеъии худ вобаста буд.

КОМ механизми асосии ҷорӣ кардани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буда, пас аз анҷоми босамари музокироти тоҷикон таҳти сарпарастии СММ дар ш.Москва таъсис гардид. КОМ мақомоти муваққатӣ буда, дар давраи гузариш барои татбиқи ҳаматарафаи Созишномаи умумӣ ташкил гардида буд. КОМ салоҳияти худро баъди даъвати парлумони нав ва ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Маҷлиси Олӣ ва гузаронидани интихоботи нави парлумон мебоист қатъ мешуд.

Мувофиқи нишондоди Созишномаи умумӣ вазифаҳои асосии КОМ аз инҳо иборат буданд:

дар амал ҷорӣ намудани созишномаҳое, ки дар давоми музокироти чандинсолаи тоҷикон ба имзо расида буданд;

дар байни тарафҳо ба вуҷуд овардани муҳити боварӣ ва ҳамдигар бахшӣ;

- ба мақсади барқарор ва мустаҳкам намудани ризияти миллӣ дар Тоҷикистон ташкил намудани муколамаи васеъ дар миёни қувваҳои гуногуни сиёсии ҷумҳурӣ.

Дар баробари ин вазифаҳои асосии худ, КОМ дар давраи гузариш инчунин вазифаҳоеро ба мисли андешидани чораҳо барои бозгашти бехавфу хатар ва шарафмандонаи муҳоҷирин ба Ватан, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат, расонидани кӯмак дар баргардон ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматии онҳо, барқарор намудани муассисаҳои саноативу кишоварзии харобгардидаро бар дӯши худ гирифта буд. Ба ғайр аз ин масъалаҳои нозуку ниҳоятан зарурии давраи гузариш КОМ инчунин, роҳбарӣ ва назорат дар ҷараёни халъи силоҳ ва ба Ватан баргардонидани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ва ғайраро ҳаллу фасл мекард.

Аз оғози фаъолияти худ то ба охир расидани вазифааш КОМ дар мӯътадил гардонидани вазъият, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, онҳоро бо хонаву ҷой ва мувофиқи имконият бо ҷои кор таъмин кардан ва дар охир ба даст овардани ризоияти миллӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Ҳамин тавр, таҷрибаи таърихии охири асри XX-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқу равшан нишон дод, ки бо ёриву мадади қувваҳои сулҳпарвар ва хайрхоҳ, роҳбарии хирадмандонаи дохилӣ, бо роҳи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз тамоми вазъияти душвор баромадан мумкин аст.

Муалиф: Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ, н.и.ф.м. Ҳамроев У.Х.

Феҳристи адабиёт:

1. Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ. Душанбе, «Ирфон», 1995.

2. Сомонаи www.oktj.ru

3. Раҳмонов Э.Ш. Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Душанбе, «Ирфон», 1997.

4. Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих. Душанбе, «Ирфон», 1997.

5. Раҳмонов Э.Ш. Дирӯз ва имрӯзи Тоҷикистон. Душанбе, «Ирфон», 1997.

6. Раҳмонов Э.Ш. Таджикистан на пороге будущего. Москва, 1997.

7. Раҳмонов Э.Ш. Ҷавонон – ояндаи миллат. Душанбе, «Ирфон», 1998.

8.Эмомалӣ Рамон. Тоҷикистон: Даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Душанбе, «Ирфон», 2001, Ҷилди 1.

9. Абулҳаев Р. Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (1961-2000). Душанбе, 2008. Қисми 3.

10. Белов Е.В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993-1997). Душанбе, 1999.

11. Дубовицкий В.В. Око тайфуна. Душанбе, 1990.

12. Комиссияи Оштии Миллӣ – вазифа ва салоҳиятҳои он. Нашри ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон (НСММТ). Душанбе, 1998.

13. Назария ва методологияи Ваҳдати миллӣ. Душанбе, «Дониш», 2007, Ҷилди 1-3.

14. Роҳи сулҳ (ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон). Душанбе, 1997.

15. Сайид Абдуллоҳи Нури. Оштинома. Душанбе, «Нодир», 2001.

16. Салим Аюбзод. Сад ранги сол. Прага. 2002.

17.Тағоев X. Давлати тоҷикон. Душанбе, «Ирфон», 2000.

18. Усмонов И. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Хуҷанд, 2003.

19. Хайдаров Г. История таджикского народа ХХ век. Худжанд, 2001.

20. Хоки Ватан. Душанбе, 2002, китоби аввал.

21. «Ҷумҳурият». 30-31 январи 1993.

22. «Ҷумҳурият». 9-10 феврвли 1993

23. «Тоҷикистон». 29 январи 1993.

24. « Садои мардум». 1 декабри 1993.

25. « Садои мардум». 19 декабри 1993.