Skip to main content

1Дар шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва аспирантону магистрон ҳамоиш дар мавзуи ««Ваҳдати миллӣ ва дурнамои рушди илми тиб»» баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т. профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа доир ба аҳамияти арзишманди ин дастоварди таърихи миллии тоҷикон - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ба имзо расид, сухан ронда, Ваҳдати миллиро ҳамчун санади тақдирсози сарҷамъии миллати парокандашуда ва якпорчагии давлати навбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд. Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки дар кишвар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ гашта, раванди шукуфоӣ ва пешрафти кишвар ба даст оварда шавад.

Дар бораи аҳамияти ин санади тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор таъкид намуданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ ёфта, барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, сиёсату иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ ва илму маориф роҳҳои васеъ кушодаанд.

Солҳои охир олимони тоҷик дар рушди илм нақши бузург бозида, барои пешрафти он ва ворид намудани технологияи инноватсионӣ кору пайкор доранд. Набояд фаромӯш кард, ки илму олим дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи давлату ҷомеа буд. Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф гувоҳи ин гуфтаҳост.

Рушду пешрафти кишвар бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфтааст. Бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид, миллат низ маҳз бо тамаддуну илми пешрафт ва нобиғаҳояш машҳур буду ҳаст.

Дар мулоқот вазъи имрӯзаи илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши он, ташаккули дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас, сармутахассисони шуъба Ш.Каримов, А.Саидмуродов ва О.Шумилина ба сухан баромада, нақши Ваҳдати миллиро дар пешрафти илму истеҳсолот ва тарбияи кадрҳо хеле бузург арзёбӣ намуданд. Дар навбати изҳои ақида баён гардид, ки дар асоси ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки илми тиб дар кишвар ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад. Даъват карда шуд, ки ҳамаи вазифаҳои аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта бояд сари вақт ҳал шаванд.

Инчунин, масъалаҳои тартибу интизоми меҳнат, рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба зинаҳои магистратура ва аспирантура мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъмини сулҳу субот, ваҳдат ва таҳкими давлати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва ба ин хотир истиқлолу амнияти сарзамини аҷдодӣ бояд ҳифз гардад. Ин масъулияти бузургест дар назди наслҳои оянда.