Ҳар гоҳе, ки авроқи таърихро варақ мезанем, сарнавишти миллати кӯҳанбунёдамон пеши назар меояд. Дар ҳар давру замон, дар ҳар ҳаводиси азим бо вуҷуде, ки илму фарҳангу тамаддунаш ӯро ҳифз кардааст, як қисмати сарзаминҳои ободи онрӯзаро аз даст дода, вале аз оянда ноумед нагашта, дар ҳар нуқоте, ки боқӣ монд, ҳуввияти миллиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошту ҳифз кард. Ваҳдат ва соҳибистиқлолӣ барои миллати мо арзиши баланди тақдирсоз дошта, ҳифзи онҳо роҳи ояндаи миллату давлати моро муайян менамояд ва сипари боэътимоду бехатари кишварамон ба ҳисоб меравад.
Ваҳдат зуҳуроти муҳимест, ки дар таҳкими ормонҳо ва пешрафтҳо нақши бузург дорад. Дар баҳрабардорӣ аз нерӯҳои нофеъ ин ганҷи шойгон хеле мусоид аст. Маҳз тавассути Ваҳдат ҳамбастагӣ густариш меёбад. Имтиёзи бузурги ваҳдату истиқлол ин аст, ки миллатро соҳибихтиёр месозад, онро ба рангу нажоди худ ва ба сурату забони худ шинос менамояд ва ин ду унсури муҳим фақат дар шакли ҷаззоб дар рӯи суннатҳои азими миллат ҳамоҳангӣ пайдо мекунад. Имрӯз, ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт, бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳид кардани ҳамаи нерӯҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.
Бояд ёдовар шавем, ки кишвари мо муддати чанде дар низоми моддиву маънавӣ мушкилот ва дар маърази таҳдиду қаҳр қарор дошт ва бояд дар ин ҳолат ҷомеаи тоҷик даст бо ҳам боз ҳам муттаҳидтар мешуданд, то ки ҳаёту бақои мо ҳаёту бақои дигарон нашавад. Бузургон гуфтаанд: «Амал калиди пирӯзӣ аст, ростӣ нардбони ростгарӣ, тарс аҷалpo наздик мекунад, ноумедӣ ва нотавонӣ аз омили нобудӣ аст». Аз ин хотир, дар табиати истиқлол ҳар кас нерӯманду қавӣ ва мӯҳтарам аст. Тоҷикистон агар хоҳад аз таҳдиди cypxy сиёҳ раҳо ёбад, бояд ба ҳама таҳдид рӯи пои худ бошад, зеро фармудаанд: «Дар баробари душманонатон то он ҷо, ки метавонед нерӯву қудрат фароҳам кунед ва бад-ин васила душманонатонро муттаҳам созед».
Миллати тоҷик то истиқлол мустақилияти нисбӣ дошт, вале имон дошт, илм дошт, фарҳангу тамаддун дошт. Он чи ки миллати моро пирӯз кард, муҳаббат ба ватан буд. Ин муҳаббат, имрӯз чашмҳоро боз кард ва забонҳоро гӯё кард. Истиқлол моро бедор кард, истиқлол дасти душманро кӯтоҳ кард ва Тоҷикистонро дар озодӣ қарор дод ва ин озодиву истиқлол ва ин ваҳдат, ки зуҳури ҷамъ аст, то абад боқӣ хоҳад монд.
Ваҳдату истиқлоли мо, худогоҳии мо марҳилаест, ки рисолати он дар такомулу рушд аст, ки нотавонбинонро ба ҳарос афкандааст, бисёре аз ҷонҳои нолоиқ аз ин намунаи огоҳӣ заъф шудаанд ва ба таъқиби мо даст заданд.
Баъди соҳибистиқлолии Toҷикистон тавсеаҳо аз ҳама сӯ оѓоз шуданд ва тавсеаҳо то андозае буданд, ки дар миёни бархе аз ҳамватанон ошуфтагиҳову тирагиҳоро эҷод намуданд ва ин аст, ки имрӯз аз ҳама ҷиҳат ниёз ба тасвири истиқлол, равшангариву таҷзияи он, таҳлили илмии он эҳсос мешавад. Arap бихоҳем дар як калима нуқтаву авҷи истиқлолро ба мардум, дар сайри сиёсӣ ва такомули фарҳангӣ баён кунем, кофист бигӯем, ки мо ба марҳилаи «истиқлол дар ваҳдат» расидем. Ваҳдат дар чӣ замина? Дар вазъе, ки мо имрӯз дорем дар нисбат ба масъулият, ба таърих, ба дин, ба сарнавишти фардо ва билохира моҳияти хеш дар мояҳои ноҳанҷориҳо, ранҷҳо, ниёзҳо ва ормонҳои мо.
Парокандагии миллӣ, ҷудоӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар он солҳо дар вазъи ҳассосе қарор дошт. Вале миллати тоҷик озодии худро аз имтиҳонҳои гарони зиндагӣ ба ҳиммати ҷони хеш раҳо бахшид. Дар хати хунини ҷанги шаҳрвандӣ бо чакидаҳои хуни худ хешро рангу машъал дод. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. To замоне, ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишвар қудрати тоҷикро зери назари худ қарор дода наметавонад. Ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад. Чунин миллат қодир аст, ки пурҷамътарин миллати ҷаҳон бошад, агар дорои ҳадафи муштарак ва ҳамбастагии комил бошад. Бо таври дигар, омили муҳими пирӯзии ҳар миллат он аст, ки ӯ фотеҳ дар таърих аст ва вуҷуди асли худро метавонад ба башар муаррифӣ намояд. Миллати тоҷик имрӯз тавонист ҳамчун кишвари озод, соҳиби забон ва мазҳаби ягона дар арсаи ҷаҳон шинохта шавад ва он чи ки ин қавмро дар канори ҳам қарор дода, дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст, ваҳдати воҳид аст.
Ҳарчанд ки нотавонбинони Toҷикистон ҳанӯз чашмонашон ба дидани нури истиқлолу ваҳдати мо хира аст ва одат накардаанд, чеҳраҳои навро дер мешиносанд ва наметавонанд рисолати истиқлолу ваҳдати моро эътироф кунанд ва тибқи маъмул, ҳар яки онҳо дар acoси сӯҳбатҳову собиқаҳои пешин муносибати худро нисбати мо чун тамиз ва таъинот муқаррар менамоянд. Аммо касоне, ки ҳушёрӣ нисбати онҳо доранд, воқеиятро дар асоси хислатҳои зотӣ ва шеваҳои мантиқии онҳо бетиру шона мешиносанд. Вале онҳо наметавонанд инкор кунанд, ки Тоҷикистон дар ин ҳаракати ҷадид чун давлат пайдо шудааст ва зобитаҳои худро дошта, масъулиятҳои худро ҷилавгирӣ мекунад. Mo акнун донистем, ки ваҳдату истиқлол амиқтарин ва шадидтарин таъсирҳо дорад, ки таѓйироти арзишҳоро тақозо менамояд.
Хушбахтона мо имрӯз солгардҳои ин ваҳдатро бо хушнудӣ ҷашн мегирем, фахр мекунем ва меболем, ки муттаҳидию якдилии миллати тоҷик чунин ваҳдадтро ба даст овард. Аммо дар баробарин ин, фарорасии ин солгардҳо моро водор месозад, ки гузаштаи начандон дури сарнавишти миллатамонро фаромӯш насозем, ба асосҳои ҳуқуқии бадастоварии ваҳдати миллӣ ва нақши онҳо дар таъмини ин ваҳдати воҳидро баррасӣ намоем.
Барои ноил шудан ба ваҳдати миллӣ миллати тоҷик роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби расидан ба сулҳу суботро паси сар намудааст ва нн роҳ – роҳи музокирот ва барасмиятдароии ҳуқуқии натиҷаи он буд. Барасмиятдарории ҳуқуқии ваҳдати миллӣ ин дар созишномаҳои тарафайн ифода намудани натиҷаи музокирот мебошад. Барои ба расмият даровардани рафти сулҳи тоҷикон дар навбати аввал аз нимаи соли 1993 то моҳи апрели соли 1994 ҷараёни наздиккунонии ақидаҳо ва мавқеъҳо идома ёфта, нахустин давраи гуфтушунид 5-19 апрели соли 1994 баргузор гардид. Дар ин давра бо миёнравии Созмони Милалӣ Мутаҳид ва Федератсияи Рассия, намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) кӯшиш ба харҷ доданд, ки нуқтаи ҳамраъиро дарёб намоянд.
Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки барои минбаъд таъмин намудани Ваҳдати миллӣ дар кишварамон, ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд буд. Дар Иҷлосия санадҳи ҳуқуқии зиёде қабул карда шуд, ки барои ба низом даровардани вазъи сиёсии кишвар ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими ҳуқуқии онҳо мусоидат намуданд. Масалан, ба воситаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» асосҳои ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии гурезаҳо муқаррар карда шуда, баргардонидани онҳо ба макони доимии зисташон, инчунин интиқоли ройгони аҳли оила ва молу амволашон кафолат дода шуд. «То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам» изҳор намуда буданд Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат ба халқи тоҷик. Ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии дигари ин иҷлосияи таърихӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ѓайриқонунӣ содир кардаанд» ва қарори Иҷлосия «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд» буд, ки мусоидатгар ба вазъи сиёсии кишвар дар он замон буданд.
Гуфтушунид байни тоҷикон дар бораи оштии миллӣ аз 12 то 17 сентябри соли 1994, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, оѓоз гардида, марҳилаҳои дурударози сесоларо пушти сар намуд. Дар музокираҳои марҳилавӣ тарафҳо тавонистанд ба як қарорҳои умумӣ биёянд ва натиҷаи ин музокираҳо бастани Созишнома, баимзорасии Суратҷаласаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ буд. Созишномаи оташбасӣ муваққатӣ ва дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афѓонистон, ки қадами ҷиддӣ дар роҳи гуфтушуниди байни тоҷикон ба ҳисоб мерафт аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.
Тавре мушоҳидони вақт қайд менамоянд ва албатта ақидаи мо низ ба ин аст, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ, ки 23 декабри соли 1996 дар шаҳри Маскав амалӣ гардид, барои сулҳи тоҷикон дар рафти музокираҳо аҳмияти махсус дошт, зеро дар он ду ҳуҷҷати ниҳоят муҳим: “Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари ИМТ С.А. Нурӣ” ва “Протокол дар бораи мақом ва вазифаҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ” ба имзо расид, ки заминаҳои ҳуқуқии воқеии дохил шудани тарафҳо ба марҳилаи сулҳро фароҳам оварданд. Моҳияти таърихии ҳуҷҷатҳои зикршуда дар аз он иборат буд, ки онҳо на танҳо вазъи оташбасро дар тамоми муддати гузаронидани музокироти тоҷикон идома доданд, балки бори нахуст муҳлат ва мазмуни давраи гузариш аз ҷанг ба сулҳ ва механизми ба даст овардани мусолиҳаи миллиро дар Тоҷикистон муайян намуданд. Он замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён карда буданд: “... Имрӯз ҳуҷҷати воқеан таърихӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷате, ки онро халқи тоҷик, мардуми Тоҷикистон, дӯстони миллати мо дар тамоми ҷаҳон муддатҳо инҷониб интизор буданд”.
Дарвоқеъ, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии “идомаи ҷанг – идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст”, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накӯиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳанд кард.
Воқеан ҳам Ваҳдат ин беҳтарин неъмат, ҳастии инсон орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, дар ҳар макону замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Фаромӯш набояд сохт, ки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда тавонистем. Танҳо дар натиҷаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси cap шуданд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадам гузошт. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахтеро, ки Пешвои миллатамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширини зиёдеро ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр менамоем.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони мо сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Аз ин рӯ, миллати сулҳофарини моро зарур аст, ки дар равшании ин давлатдорӣ ваҳдати хешро мисли гавҳараки чашм ҳифз намояд. Он иқболи баланде, ки миллати мо дар асоси бу боли қаввӣ – ваҳдату истиқлол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард, бояд ҳамеша посдораш бошад.
Ин Ваҳдату истиқлол, ду боли як иқбол,
Иқболи миллат, дар партави ин ду бол.
Бо Ваҳдату якдилӣ, тоҷик ҳаме гардид,
Ҳам соҳиби истиқлол, ҳам соҳиби ин иқбол,
Саидзода М.Ё. – ходими хурди шуъбаи Хуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ