Skip to main content

06 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари корӣ ба Доншгоҳи Васедаи Ҷопон ташриф оварда, бо декани факултети инжинерии донишгоҳ Йонеда ва профессор Ямамото Томоюки мулоқоти судманд анҷом доданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории илмии Тоҷикистону Ҷопон фаъолона рушд намуда, соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, технология, кишоварзӣ, экология ва таҳқиқоти тиббиро фаро мегирад. Дар робита ба ин мо тасмим дорем, ки самтҳои асосии ҳамкорӣ ва дурнамои ҳамкориро дар оянда дар соҳаи илм баррасӣ намоем.

Қайд гардид, ки мо бояд имконият фароҳам оварем то дар оянда байни олимони Донишгоҳи Васеда ва олимони Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ, инчунин Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳо вусъат ёфта, таҳқиқотҳои муштарак байни ҳам гузаронида шаванд.

Дар идомаи мулоқот таъкид шуд, ки китобхонаи Донишгоҳи Веседа дорои колексияи беназир мебошад. Ҳамзамон зимни суханронӣ ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориҳоро бо китобхонаи Маркази илмии ба номи И.Гандии АМИТ ва инчунин бо Маркази мероси хаттии АМИТ мавриди баррасӣ қарор доданд. Пас аз фароҳам овардани имконияти ҳамкорӣ олимон, аспирантҳо, докторантҳо ва магистрҳои мо таърихи Ҷопон, фарҳанг ва эҷодиёти адабии онро омӯхта манбаи донишу ҷаҳонбинии хешро васеъ мегардонанд.

Дар мулоқот ҷонбиҳо ҳамкориҳои худро дар самтҳои технология ва муҳандисӣ, лоиҳаҳо дар соҳаи инфрасохтор баррасӣ намуданд. Қайд гардид, ки азбаски Ҷопон дар як қатор лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва такмили системаҳои обтаъминкунӣ маблағгузорӣ иштирок мекунад. Дар доираи ин лоиҳаҳо мо метавонем масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва омӯзиши мутахассисони тоҷикро Дар Ҷопон баррасӣ намоем. Ҳамзамон дар самити амнияти сейсмикӣ, бо назардошти фаъолияти сейсмикии минтақа, мо метавонем дар таҳияи системаҳои мониторинг ва пешгирии оқибатҳои заминларзаҳо ҳамкорӣ кунем.

Дар идома аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қайд гардид, ки мо бояд дар самтҳои экология ва захираҳои табиӣ идоракунии захираҳои об ҳамкориҳоро дар оянда хуб ба роҳ монем.

Бо дарназардошти нақши калидии Тоҷикистон дар экосистемаи обии Осиеи Марказӣ, соҳаи муҳими ҳамкорӣ метавонад идоракунии захираҳои об бошад. Дар ин самт мо ба дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технология барои истифодаи самараноки об ниёз дорем қайд гардид дар фарҷоми мулоқот.

Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳи мазкур 2 нафар олимони ҷавон аз Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.