Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад. Тибқи маълумоте, ки Донишномаи озоди тоҷикӣ овардааст, танҳо бо гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион нафар гап мезананд. Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣба тасвиб расид ва рӯзи «Иди забон» ба 5-уми октябр гузаронида шуд. забони тоҷикӣ шаҳодатномаи миллати соҳибтамаддуну соҳиб фарҳанг ва куҳанбунёд аст.
Забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ ва сарвати бебаҳои фарҳангӣ шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама, ба воситаи он мешиносанд. Ин унсур пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи он ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад Ин забон яке аз забонҳои қадимии олам маҳсуб ёфта, таърихи ғанӣдорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд, ки ин аз як тараф боиси ифтихори мо соҳибзабонон аст ва аз ҷониби дигар ин масъала моро водор менамояд, ки барои поку беолоиш нигоҳдоштани забонамон кӯшиш намоем.
Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣва маънавии ҳар як халқба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрӯзро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» эълон намудааст. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ- забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳои таълимию илмӣ ва ғайра бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Бо назардошти ин 22-юми июли соли 1996 мо дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон масъалаи таҳия ва тасвиби “Қоидаҳои имлои забони тоҷики”-ро яке аз масъалаҳои хеле муҳим арзёби намуда будем. Таъкиди ин масъала бар пояи мантиқӣ устувор гардида, зарурати таҳияи “Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ” пеш омада буд. Ҳамин тавр, бо пешниҳоди мо ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 1998 ”Имлои забони тоҷикӣ “ дар таҳрири нав қабул гардид.
Забони тоҷикӣ– ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.
Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣдорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқаст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣрасиданд.
Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлоляти кишварамонро ташкил медиҳад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд. «Мардуми мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати тамаддунсози Тоҷикистон ҳуввияти худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад».
Ҳамин тариқ бояд гуем, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Яке аз арзишмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёби мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд. Таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад.
Мародмамадова Н.Г. ходими хурди илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ