Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Саъдии Шерозӣ

Устод Муҳаммад Осимӣ яке аз шахсиятҳои намоён ва чеҳраи мондагори таъриху фарҳанг дар ҷомеаи мо буданд ва абадан ҳастанд.

Академик М. Осимӣ бо дастгирии бевоситаи аллома Бобоҷон Ғафуров ба Душанбе омада, дар риштаи таърихи фалсафаи физика кори илмиашонро оғоз намуда, сипас барои дифои он ба шаҳри Москав фиристода мешаванд. Рисолаи номзадиашонро бо муваффақият баъди се сол таҳти роҳбарии узви пайвастаи Академияи байналмилалии таърихи илм Кедров Бонифатий Михайлович дифоъ кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки устод дар вазифаи Вазири маорифи халқи Тоҷикистон ҳам кору фаъолият кардаанд.

Соли 1964 устод Осимӣ баъди даргузашти Президенти Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ, донишманди маъруф, шахсияти барҷастаи олами илму дониш дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Султон Умаров бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (15.05.1965) ба вазифаи Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интихоб гардиданд. Устод дар ин вазифа 23 соли умри хешро бахшида парчамбардори илму маърифати Тоҷикистон ва берун аз он кишварҳои дуру наздик буданд. Дар ин вазифаи пурмасъули давлатӣ устод М. Осимӣ тавонистаанд, ки чӣ қадар корҳои хайрро дар ҷодаи илм бо муваффақият ба анҷом расонданд.

Бояд зикр намуд, ки М. Осимӣ ҳамчун чеҳраи мондагор дар қалбҳои миллатҳои дигар низ ҷой гирифтаанд. Ногуфта намонад, ки Конференсияи умумииттифоқии шарқшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ, (моҳи марти соли 1957) дар Тошканд асосан бо ташаббуси Б. Ғафуров баргузор шуда буд, ки ин оид ба таъсиси муассисаи Академияи илмии шарқшиносӣ дар Тоҷикистон такони муҳим эҷод карда буд. Дар як муддати кӯтоҳ баъд аз ин конференсия моҳи январи соли 1958 Қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ оид ба таъсиси шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ қабул шуд ва моҳи март дар заминаи ин қарор шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар назди Раёсати Академияи илмҳои ҶТ таъсис ёфт ва устод Абдулғанӣ Мирзоев сарвари он таъин гардиданд. Баъд аз вафоти А. Мирзоев барои муайян намудани самтҳои асосии таҳқиқоти илми шарқшиносии тоҷик, ҷалб кардани кадрҳои болаёқат, ташкили ганҷинаи осори хаттӣ, тарбияи олимони шарқшиноси тоҷик боиси таҳният ва қадршиносӣ гардид. Баъд аз вафоти академик А. Мирзоев, М. Осимӣ солҳои зиёд аниқтараш аз соли 1976 то 1986 сарпарастии институти шарқшиносиро доштанд ва дар таъбу нашри осори бузургони илму фарҳанги тоҷик кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд. Дар ин давра бо ташаббуси М. Осимӣ чандин Институтҳо дар Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис ёфтанд.

Бояд гуфт, ки М. Осимӣ барои таҳкими робитаҳои илмии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои дигар махсусан кишварҳои Шарқу Ғарб кӯшиши зиёде ба харҷ додаанд. Бо роҳбарии некбинона ва сулҳҷуёнаи устод М. Осимӣ робитаҳои илмии Тоҷикистон бо Эрон, кишварҳои Араб, Афғонистон, Ҳиндустон, Олмон, Чехия, Полша ва Амрико бештар густариш ёфтаанд.

Устод дар таъсису пешрафти муассисаҳои академӣ алалхусус устод М. Осимӣ дар таъсиси Академияи илмҳои Афғонистон нақши муҳим бозидаанд. Қобили зикр аст, ки устод М.Осимӣ дар нашри асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абурраҳмони Љомӣ, Абурайҳони Берунӣ, хидмати ниҳоят бузург кардаанд.

Маҳз бо саъю талошҳои олимони маъруфу барҷаста Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев Институти Шарқшиносӣ сиёсати «Дарҳои кушода»-ро дошт. Қобили зикр аст, ки Иститути шарқшиносӣ ҳамзамон «Институти дараҷаи якум» ҳисобида мешуд, ин ҳам хидмати назарраси устод М. Осимӣ буд. Хидмати бузурги эшон боз дар он буд, ки кормандони институти шарқшиносӣ нисбати дигар институтҳо аз 20 % то 30 % барои забондонӣ зиёд маош мегирифтанд.

Устод академик М. Осимӣ дар таълифи китоби шашҷилдаи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ», ки аз тарафи ЮНЕСКО ба нашр расидааст, саҳми назарраси хешро гузоштаанд. Агар мо ба оинаи таърих назар андозем, яке аз омилҳои асосӣ ин буд, ки Душанбеи онвақта ба маркази илмиву фарҳангӣ табдил ёфта буд.

Соли 1968 дар шаҳри Душанбе «Симпозиуми байналмилалӣ оид ба фарҳанги Бохтариҳо, Суғдиён ва Кӯшониён» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум ҳайати олимон ва донишмандони зиёде қариб аз тамоми ҷаҳон аз ҷумла аз Олмон Вернер Зундерманн, аз Амрико Ричард Фрай, аз Чехия Иржи Бечка аз Эрону Афғонистон ва аз Руссия Бобоҷон Гафуров, Дорри, Н.И. Пригарина ширкат варзида буданд. Устод академик М. Осимӣ таъсискунанда ва раиси ин Симпозиум буданд. Баъди дидан кардан аз шаҳри Душанбе донишманди шинохта аз Академияи Бранденбурги Олмон Вернер Зундерманн чунин менависад: «Аҷинатеппа яке аз ёдгориҳои аҷиб ва диданибоб аст. Аз зиёрати ин макони муқаддас, сарфароз шудам ва ман аҷдодону қавмҳои Осиёи Марказиро бори нахуст мебинам. Аслан бозёфтҳои бостоншиносони тоҷик бебаҳоянд». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ва қавмҳое, ки дар ин сарзамин аз қадим сукунат доштаанд, ҳамчун «Довар» нақши хешро дар инкишофи «Буддоизм» дар минтақаи Осиёи Марказӣ бевосита гузоштаанд.

Боиси ифтихор аст, ки бо даъвату кӯмаки шодравон Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Осимӣ собиқ Раиси Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИҶТ донишмандони хориҷӣ борҳо ба Тоҷикистон сафар кардаанд ва аз ҷумла аз шаҳрҳои Душанбе, Исфара, Хуҷанд, Бадахшон, Панҷакент, Истаравшан ва ғайра дидан карда ҳамзамон шиносоӣ пайдо кардаанд. Вақте ки олимон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меомаданд, бевосита устод М. Осимӣ онҳоро ба Институти шарқшиносӣ даъват карда суҳбатҳо меоростанд. Дар ин нишастҳо устод шахсони барҷастаро низ даъват мекарданд, аз ҷумла Ричард Фрай, Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Бурхард Брентес, аз шоирони Эронӣ хонум Жола Бадеъ, Сиёвуши Касроӣ, устод Ёршотир, олимони Руссия Бертелс Брагинский Е.Примаков ташриф оварда буданд.

Ногуфта намонад, ки қариб барои ҳамаи олимоне, ки аз Аврупову Амрико ба Тоҷикистон алалхусус ба Академияи илмҳо меомаданд, банда ба сифати тарҷумон ва роҳбаладӣ мекардам. Вақте ки дар қабули устод М. Осимӣ бо олимони олмонӣ аз Донишгоҳи Мартин Лютери Ҳалле Виттенберг, Бурҳард Брентес будем, устод Осимӣ ӯро вазифадор карда буданд, ки “Ман ҳамаи харҷҳоро ба ӯҳда мегирам ва бо як шарте, ки Шумо доир ба таъриху фарҳанги Тоҷикон китобе нависед”. Маҳз бо хоҳиши устод М. Осимӣ китоби “Тақдири мардуми Ҳиндукуш”, «Афғонҳо, Балуҷҳо, Тоҷикон» рӯи чоп баромад. Зеро, Б.Брентес қариб дар тамоми Тоҷикистон аз ҷумла Бадахшону Хуҷанду, Исфараву Истаравшан ва Панҷакент сафарҳои тадқиқотӣ кардааст. Саҳми устод Осимӣ барои ин китоб роҷеъ ба ҳунарҳои Осиёи Марказӣ хело назаррас аст, ва ҳам бузург аст.

Китоби дигари ин донишманди маъруф «Осиёи Марказӣ ва ҳунарҳои исломӣ» ном дорад, ки ҷолиб ва пурмуҳтаво буда, муаллиф аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз ҷумла кулолгарӣ, кашидадӯзӣ, шоҳибофӣ, зардӯзӣ, ҳунари сохтани ороиши занона аз нуқраву фирӯза ва дигар сангҳои гаронбаҳо бо як муҳаббати хоса тадқиқот кардааст.

Аҷиб ин ки ин китоб дар муддати 2 рӯз дар шаҳри Вена 5 ҳазор нусха ба фурӯш рафтааст. Ин боиси ифтихор аст, ки китоб асосан ба ҳунарҳои зебои Тоҷикистон бахшида шудааст ва маҳз бо ташаббусу кӯмаки дастгирии устоди арҷманд М. Осимӣ рӯи чоп омадааст. Ин ифтихори бузург аст, ки дар Аврупо ин китоб - “Албом” хонотарин шудааст!

Дар интиҳо қайди чанд нуктае ба маврид аст, ки устод Осимӣ баъди сафарҳояшон ба Институти шарқшиносӣ омада аз сафарҳояшон нақлҳои ҷолиб мекарданд. Устод М. Осимӣ он қадар меҳанпараст буда, ба ҳар як муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ мекарданд. Бузургвор М. Осимӣ ба ман тавсия дода буданд, ки ба масоили “Тоҷикшиносӣ” дар кишварҳои Аврупо тадқиқот гузаронам. Ҳамин тавр ҳам шуд, дар самти тозаи илмӣ муваффақ ҳам шудам ва билохира ҷоизаи М. Осимӣ шарафёр шудам. Устоди бузургвор М. Осимӣ инсони поксиришту накӯкор, некдилу хайрхоҳ дар қалбашон анъаноти шарқӣ мафтункунандаро доштанд.

Имрӯз чеҳраи мондагори устод Муҳаммад Осимӣ ҳамчун шахсияти барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дорои хираду дониши воло, истеҳзо ва тамасхури нозук дар фарзонагӣ намунаи ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Рӯҳи поки устод ҳамеша шод бошад.

Санавбарбону Воҳидова - мудири шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор

Ба истиқболи 33-умин солгарди

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлол ин пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 33 сол муқаддам ҳамчунмуҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин руйдоди таърихи моҳи сенябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати мо ин идро бо шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн мегиранд.

Таърих гувоҳ аст, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ миллати мо аз нооромӣ азият кашида, вазъият дар ҷумҳурӣ рӯз то рӯз мушкилтар мегашт. Миллат пароканда гашта, мардуми кишвари мо ба минтақаҳои дигар куч бастанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъият дар кишвар ру ба беҳбудӣ овард.

Самараи Истиқлоли давлатӣ буд, ки нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ ба мардуми сулҳпарвари мо насиб гардида, пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, эътирофи байналмилалӣ ва шарафи соҳибистиқлолӣ баТоҷикистон муяссар гашт.

Маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси олии ватандорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ин кишвари мо муяссар гардид. Истиқлол ба миллати мо комёбиҳои воқеӣ фароҳам оварда, ба пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шароит фароҳам овард.

Боиси хушнудист, ки дар замони имрӯза таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон дар рушди маънавиёт ва илму техника зиёд гаштааст. Барои боз ҳам баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии насли ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, як қатор стратегияву барномаҳо ба амал татбиқ гардид.

Зеро яке аз воситаҳои асосии рушди давлат ин рӯй овардан ба илму маориф ва дар ин замина тарбияи мутахассисони варзидаву бомаҳорат, забондон ва донишманду ватандӯст аст. Дар ҳақиқат, ҳар як инсони дуранешу оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум ба амал омадааст.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз давлати моро бо фарҳангу тамаддуни ғаниаш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун дар байни кишварҳои дунё мешиносанд. Яке аз ҳадафҳои асосии мо ин худшиносии миллӣ, донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи кишвар мебошад.

Маҳз шарофати Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик маҳсуб меёбад. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои тараққиёти он саҳми босазо гузошта, содиқона хизмат намоем.

Махмедов Муҳаммад – ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Соли 1974 ҷашни бузургдошти Абурайҳони Берунӣ баргузор мешуд. Ман дар Шуъбаи фалсафа як корманди навкор будам, дар Шуъба маҷлиси пуршуру пурмоҷаро атрофи омодагиву ноомодагиҳо ба ҷашни Берунӣ гузашт. Бузургону ҷавонони фалсафа ҳар субҳ, утоқ ба утоқ ҳар кадоме аз пайи супоришҳо дар таку дав буданд. Дар роҳрави Шуъба (ҳоло институт) як зани зебои ҷавони рус ин тарафу он тараф мерафту меомад, аз ҳар нафаре илтимос мекард, ки дар телевизиёни Тоҷикистон ним соат дар бораи Берунӣ баромад кунанд, албатта, ба забони русӣ (агар ба забони тоҷикӣ мебуд баромадкунандагон зиёд ёфт мешуданд...). Дили ман ба ҳоли ин зани ҷавон сухт, салом кардам, гуфтам, ман меравам (ба гумонам ин рӯзноманигори телевизион Ханжина ном дошт), зимнан дар дилам як ноороми ҳам метапид, зеро ҳарчанд забони англисиву забони русиям ҳам хуб буданд, аммо ин гуна баромади беомодагӣ баромади мустақим накарда будам...

Рафтем Студия, соат шояд шаши бегоҳ буд, барнома мустақим пахш мешуд, ман, ки дар ҳамин раванд дар мавзуъи бозтоби Абурайҳони Берунӣ дар Шарқшиносии хориҷӣ ҷустуҷӯҳое карда будам, дар ҳамин замина ба қавли мардум, бе малол суханронӣ мекардам. Дар айни ҳол он хонуми ҷавон, ки аз пушти камера рафтуомад мекард ва баромади маро гӯё назорат мекард, мушоҳида мекардам ва ними барнома (ки ним соат буд) гузашт, дар мушоҳидаи ман хонуми рӯзноманигор бисёр розиву хушҳол буд. Дар ҳамин ҷараён, касе омад ба ӯ чизе гуфт ва дидам, ки авзоаш комилан тағйир ёфт. Ноором шуд, рафтуомад дошт. Маро мушоҳида мекард... ман ҳам табиист, ки ташвиш шудам.

Қисса кутоҳ, барнома ба анҷом расид, назди ӯ омадам. Хонум бо ташвиши сахт, бо овози ларзон, гуфт, ки “Нас вызывает Осими” маълум аст, ки ман ҳам дар ташвиш шудам.

Ҳамин гуна бо тарсу ҳарос ба баромадгоҳи телестудия баромадем, милисианери навбатдор пешвоз гирифт, ки боз дар ташвиш шудем, пеши як “Волга” бурд, ронанда дар назди мошинаш истода буду ба забони русӣ марҳамат кунед, шуморо Осимӣ мунтазир аст. Вақте ба Академия ворид шудам, ман ҳам лол будам, хонуми журналист ҳам ба ошиёнаи дуюм ба қабулгоҳи Осимӣ, ки расидем, Устод аз кабинеташон баромадан бо чеҳраи кушоду оғуши боз: “ Какие вы молоцы” гуфту ба таҳсину офарин афтод, ман ҳам шох шуда будам, хонуми журналист ҳам ба истилоҳ шок шуда буд, Устод моро ба нишастан даъват кард ва бисёр суханҳои гарму самимӣ гуфт...

Ёдашон ба хайр. Вақтҳои охир ин лаҳза бисёр ба хотири ман меояд. Дар тӯли умр, ки панҷову се соли ин умр бо Академияи фанҳо пайвандӣ дорад, бузургони бисёре дидем, аммо як нафаре, ки дар ин мақоми баланд, ин қадар самимияту муҳаббат ба як ходими навқадами илмӣ ба як журналисти ҷавон дошта бошад, ба ёдам намеояд ...

***

Солҳои 1979-1980 бо устод бештар рӯбарӯ мешудем, сабабаш ҷашни ҳазораи Абӯали Ибни Сино буд. Ман гаштаву баргашта ҳайрон мешудам, ки Президенти як Академияи бузург, Академияе, ки 22 Институт дорад, тамоми масъалаҳои мубрами замину осмон, ҳушу ҷони инсонро тадқиқот мекунад, ин қадар ба ҷашни Ибни Сино месузаду метападу набард мекунад. Аз лоҳияи медали ҷашнӣ сар карда то ҳайкали Ибни Сино, нашри осори тоҷикӣ, тарҷумаи ин осор, ки бештар ба забони арабӣ аст, ҳам ба забони тоҷикӣ, ҳам ба забони русӣ даъвати меҳмонҳо, барномаи меҳмондорӣ ва ғайра боз ва ғайра ва ҳоказо, албатта, мо ҳам, ки дар ин омодагӣ як саҳме доштем, ба ҳамин шӯру шавқ кор мекардем.

Аз ҷумла, яке аз осори муҳими Ибни Сино асари охирини фалсафиаш “Ишорот ва танбеҳот” аст. Дар яке аз маҷлисҳо эълон карданд, ки фалонӣ (яке аз бузургони Шарқшиносони Шӯравӣ) 3 сол пеш шартнома баста буд, ҳаққи қалами хуб гирифта буд, акнун омада гуфтааст, ки ман ин тарҷумаро намекунам, ҳама ҳайрон буданд, маълум шуд, ки онро боз ба яке аз бузургони шарқшиноси русӣ Душанбе пешниҳод карданд, ин шарқшинос ду моҳ китобро омухта, омада, мардона гуфтааст, ки ман инро тарҷума кардан наметавонам. Боз аз маҷлис баромадем, ҳама гарангу пурташвиш ба назди устод Мусо Диноршоев омаадам ва гуфтам, ки ин тарҷумаро ман мекунам. Устод, ки ғарқи ташвишҳои зиёд буд, ҳайрон –ҳайрон ба ман нигоҳ карду норозиёна гуфт: даҳ саҳифа тарҷумар карда биёр, тарҷумаро дид розӣ шуд, гуфт, тарҷума кардан гир. Ин китоб, яъне “Ишорот ва танбеҳот” мавзуъи тадқиқоти номзадии ман буд. Ман табиист, ки шабу рӯз кор кардаму аз сеяки китобро, ки қисмати мантиқ аст, тамом кардам.

Тарҷумаи ман аз нашри форсӣ буд, вақте ба мақсади таҳрир бозхонӣ мекардам, боз нангу орияти ватанпарварию миллатдӯстиям ҷуш зад, аз дилам гузаш, ки ҳатман як нафаре пайдо мешавад бигуяд, ки ин тарҷума аз асл нест, яъне аз арабӣ нест. Ман Арабиро намедонам, аз байни дӯстони арабдонам, ки русияш ҳам ба дараҷаи камолот бошад, Тоҷиддин Мардонӣ буд. Ин дӯстам, ки ба сабабҳои бемаънигии муносибатҳои тоҷикона аз дигар ҳамкурсонаш қафо монда буд, ҳамкурсонаш барои тарҷумонӣ ба хориҷа рафта меомаданд, ҳама “Волгасавор” буданд ва иҷозати ба хориҷа рафтани Тоҷиддин ба ҳамин шабу рӯз рост омада буд. Ман то имрӯз ба ҷавонмардии Тоҷидини Мардонӣ аҳсан мегӯям, аз як сӯ даводави ҳуҷҷатсозии хориҷа рафтан, аз як сӯ ташвишҳои хона, аз сӯи дигар тарҷумаи ин китоб...

Ман ҳоло дар ёд надорам, ки дар он лаҳзаҳои ҳасос ба Тоҷиддин чи гуфта будам, аммо натиҷа ин шуд ки се моҳ шабу рӯз дар Академия дар ҳавлии мо, тақрибан ки бе танаффус ин тарҷумаро ба охир расонидем.

Низоми кори мо чунин буд, Тоҷиддин матни арабиро мехонд, мо ҷумларо бо тарҷумаи форсӣ муқоиса мекардем, ҳар ду ҷумлаи русиро месохтем, Тоҷиддин менавишт. Ин ҳам дар ёд мондааст, ки ручкаҳои он замон сахт буданд, се ангушти Тоҷиддин он қадар варам карда буданд, ки ручкаро дар мушт гирифта, менавишт. На ман дар курсӣ нишаста метавонистам, на Тоҷиддин дар курсӣ, ба зону менишастем.

Қисса кутоҳ, тарҷумаро устод Мусо Диноршоев таҳрир карданд, ба имзои ҳар сеямон ҳам дар Москав, ҳам дар Душанбе нашр шуд.

Хурсандие, ки устод Муҳаммад Осимӣ дошт, ҳадду канор надошт, мегуфт, ки “ Хуб шуд, тарҷумаи худамон нашр мешавад, бисёр хуб шуд”.

Нашри ҷилди мунтахаби осори Ибни Сино ба забони русӣ дар нашриёти “Наука”-и Маскав яке аз тадбирҳои ин ҷашни ҷаҳонӣ буд. Корректура назорати ин нашр ба зиммаи устод Диноршоев М.Д., шодравон Моҳирхуҷа Султон ва ман буд. Боз ҳам қиссаро кутоҳ кунам ба сабаби бисёри ташвишҳо устод Диноршоевро ҳам ба Душанбе баргардониданд, Моҳирхуҷаро ҳам барои хондани карректураи охирин, ман танҳо мондам.

Шояд ин нукта қайд кардани набошад, ба ҳар ҳол бояд гуфт, ки он замон карректура (аз баски фурсати мо бисёр танг буд) рост аз матбаа гармо гарм ба мо мерасид ва маҷбур будем тезтар онро бихонем. Таъсире ки аз гармии сурб дар карректура мемонад ба чашм он қадар буд ки ман дигар сар хам карда хонда наметавонистам. Карректураро ба меҳмонхонаи Тоҷикистон мебурдам дароз мекашидам зери сарам болишти баланд мениҳодам ва карректураро мехондам...

Ин аҳволи маро масъули нашриёти Москав мантиқшиноси машҳур Кондаков, - муаллифи “Логический словар” дида дилаш сухт гуфт ки ин кори плании шумо аст гуфтам ки не кори плани нест. Гуфт ки аз Академияи Тоҷикистон як справка биёред, ки ин кори плани нест ман барои корҳоятон аз нашриёти наука хаққи қалам медиҳам.

Мутаъсифона справка ба ман надоданд. Дар ҷараёни нашри ҷилди русӣ Устод Муҳаммад Осимӣ се дафъа ба нашриёт омада аз аҳволи мо хабардорӣ карданд ин ҷо ду нукта дар назари ман ёд оварданист.

Якум ин ки ман худам дидам, ки устоди мо дар Москав хосиятан дар ин нашриёти машҳури ҷаҳони обруву иззату эҳтиром доранд. Аз директори ин нашриёт, ки Грузин буд то дигар кормандони нашриёт бо як иззату эҳтироми баланд ба ташрифи Осимӣ омодагӣ мегирифтанд пешвоз мегирифтанд, суҳбатҳои бисёр самимӣ доштанд. То рӯзе ки як қисмати калони китоб нашр шуд дар ин миёна як баҳси ман ва рассоми китоб ба фоидаи рассом анҷом ёфт; чанд гунаи муқоба пешниҳод карданд ба ман муқобаи сабз мақул шуд ман ки танҳо мондам будам имзои муқобаро кардам аммо муқовваи сабз нашр нашуд ранги маллаи паст чоп шуд. Ин як моҷарои хурдакак буд, ки баъд фаҳмидам чандон хурд ҳам набудааст. Дар пушти ин машғалаҳо Вици Президенти Академияи ССР Фидосеев меисодааст.

Ман тафсилоти моҷарои Фидасеевро бо устод Осимӣ намедонам, аммо ончиро ки инҷо иншо мекунам ҳамма медонанд;

Китоб, ки чоп шуд онро ба даст гирифтем хурсанд шудем ва рӯзи дигар дар нашриёти наука машғалаи бузург барпо шуд; Федасеев фармон додааст, ки саҳифаи якуми китобро канда онро ислоҳ кунанд саҳифаи навро дар он ҷо часпонанд гуноҳи он саҳифа ин буд ки чунин ибора дошт “Ибн Сино сын таджикского народа” ман Моҳирхуҷа ба назди директори нашриёт даромадем директор тақрибан ошкоро гуфт, ки ин кор аз дасти у намеояд аммо бо вуҷуди ин аз мо талаб кард, ки далелҳои тоҷик будани Ибни Синоро биёрем тули якчанд руз аз осори муътабари Шарқшиноси аз қомусҳо сар карда то мақолаҳои бузург ҳуҷҷат омода кардем ки ошкоро тоҷик будани Ибни Синоро таъкид кардаанд . Директори нашриёт ҳуҷҷатҳои моро диду бо таасуф гуфт, ки ин корро ман ҳал карда наметавонам танҳо Осимӣ ҳал мекунад.

Вақте устодро огоҳ кардем устод боз ба Москав омаданд авзои Устод Осимиро, ки акнун тасаввур мекунам дилам ҳам ба худам месузад ҳам ба устод Осимӣ месузад аз он бештар ба миллатам месузад ки дар чунин соати иззату эҳтиромми миллатам як нафар (яъне Фудасеев) ин иззату эҳтиромро метавонд инкор кунад.

Муҳаммад Сайфиддинович моро таскин медоданд аммо ман ҳис мекардам, акнун равшан медонам ки худро таскин медоданд, ҳоло ки ин сатрҳоро менависам фарёди фиғони ботиниии Осимиро мешунавам...Ин фарёду фиғон дар ҷашни расмии тантанавӣ ошкор шуд, ки чунин бе назокати бе фаросатии Академики А.Ф ССР- ро ҳеҷ шарҳу баёне дода намешавад.

Вақте дар тантанаи Ибни Сино дар яке аз қасрҳои бошукуҳи Маскав маҷлис оғоз мешавад Академик Федасеев раиси ин маҷлис буд тибқи машварату қарордоди қабли сухан нахустин ба ҳайси вориси Ибни Сино ба ҳайси ташкилкунандаи ин ҷашни ҷаҳони бояд маърузаи аввалинро Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ мекарланд. Ҳамма бузургони ба истилоҳ шуъбаи гуманитарии Академияи фанҳои СССР намояндаҳои Политбюро дар призидиумм нишастаанд. Федасеев маҷлисро оғоз мекунад чанд ҷумлаи ифтитоҳи мегуяд ва эълон мекунад. “Акнун сухан ба Президенти Академияи фанҳои...” Дар ин маврид Муҳаммад Осимӣ аз ҷой мехезад ва ба тарафи минбар равона мешавад Фидасеев бошад ҷумлаашро давом медиҳад “ Президенти Академияи фанҳои Узбакистон дода мешавад. Чунин саҳнаи беназокатро дар таърихи Академияи фанҳои СССР ба гумонам мушкил аст.

Акнун вақте ин матлабҳоро ба ёд меорем равшан мебинем ки дар шароити Иттиҳоди Шуравӣ устодони мо Бобоҷон Ғаффуров, Муҳаммад Осимӣ ба кадом ҷонфишориҳо, заҳматҳо, сабру таҳамулҳо шаъну шарафи миллати тоҷик номи бузургворони тоҷикро баланд нигоҳ доштаанд. Дар айни замон ҳамин нуктаҳо ҳастанд, ки маънии Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистонро аҳамияти онро арзиши беназири онро гаштаву баргашта ёдрас мекунад... Баъд аз ҳамин гаштаву баргашта ба бузургии Устод Осимӣ қоил мешавам.

Соли 1981 мар ба Иттифоқи нависандагон ба кор даъват карда буданд. Чанд муддат ҳам дар Академия кор карда будам ҳам дар Иттифоқи нависандаҳо оқибат устод Осимӣ маро даъват карданд бисёр афсус хурданд гуфтанд: Ман фаъолияти шуморо дар назар доштам ва барои шумо дар институти Шарқшиносӣ як Шуъба таъсиси додам умед доштам, ки он Шуъба корҳои муҳиме хоҳад кард боз ҳам устод Осимӣ бо хушнуди маро иҷозат доданд, ки “ Фаъолияти шумо дар Иттифоқи нависандаҳо заруртар будааст, бо вуҷуди ин ман дастур додам, ки шумо дар Шуъбаи фалсафа ним баст кори худро давом диҳед...”

Он замон ман ду нафарро медонисам, ки иҷозати ним ставка кор карданро доштанд.

Қисса кутоҳ нафароне буданд, ки ба нимставкаи ман халал расонданд ва гуноҳи ҷавонии ман буд, ки ман баргашта назди Осимӣ нарафтам...

Тули тамоми рӯзгори Осимӣ ҳамеша истиқболи гарму самимӣ доштам чанд мушкили дигар ҳам буд, ки устод Осимӣ онҳоро ба осони ҳал карда буданд.

Феълан чун дар зиндагии худам инсонеро дар ин мартабаи баланд бо ин меҳрубонӣ бо чунин собитқадамӣ нангу номуси ватандустӣ дар айни замон хоксору фурутан надидаам гаштаву баргашта дилам гум мезанад Худо раҳмат кунад мегуям, Худо лаънат кунад касонеро, ки чунин мардонро озор медиҳанд, мекушанд.

Раматуллоев Н, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Дар мақолаи мазкур ёде аз шахсияти бузург ва роҳбари сиёсатмадору оқил, аъзо-корреспонденти АФ СССР, ходими хизматнишондодаи илм, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳируллоҳ Неҳру, профессор Муҳаммад Осимӣ (рӯҳашон шод бод) мекунему чанд ҷумлаи ёддоштие дар бораашон ба қалам медиҳем.

Академик Муҳаммад Осимӣ солҳои зиёде Президенти АИ ҶТ буданд ва бо тамоми ҳастияшон як шахси бомаърифату бомулоҳиза ва инсони дорои ҳувияти миллӣ буданд. Кормандони илм нигоҳ накарда бо унвону мақомашон барои ҳалли мушкилоту носозгориҳои зиндагӣ ба он кас муроҷиат мекарданд. Он шахсияти бузург кормандонро бо муҳаббату бо чеҳраи шод қабул мекарду гусел мекард. Муносибати ӯ барои лаборанту унвондорони бахшҳои Академия якранг буд ва то ҳадде метавонистанд мушкили корафтодагонро ҳал мекарданд ва дар ҳолати ҳал нашудани масъала ҳам муомила тарзе буд, ки ҳаргиз шахс аз он кас дилхуру дилгир намешуд. Яъне фазилатҳои ахлоқии академик Муҳаммад Осимӣ дар дараҷаи хело боло буд ва ҳамчун як роҳбари сиёсатмадору хирадманд ва вуҷудан олими тавоно дар давоми сарвари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон кори Академия ва иниститутҳои онро пеш бурда, ҳавасмандии аҳли хирад ба илм афзуда, обрӯи илми тоҷик ва олимони он на танҳо дар Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар кишварҳои хориҷ аз он низ зиёд буд. Маҳз бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ иртибот ва рафту омадҳои илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ қавӣ буд. Яъне донишмандони соҳаҳои мухталифи илми тоҷик дар арсаи байналмилали шуҳрат доштанд ва қариб дар тамоми конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзиданд. Аз ин ҷо, худи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун донишманд ва ходими ҷамъиятӣ на фақат дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар кишварҳои хориҷ низ ба монанди Англия, Франсия, Олмон, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Чин ва мамлакатҳои араб маълуму машҳур буданд. Чунон ки гуфтем Муҳаммад Осимӣ бо унвони Президенти АИ ҶТ адои вазифа менамуданд ва ба бисёр мамлакатҳои Шарқу Ғарб ҳамчун олим, сарвари АИ-и Тоҷикистон ва ходими ҷамъиятӣ сафар намуда, дар конфронсу симпозиумҳо ва конгресҳо бо баромаду суханрониҳо иштирок менамуданд.

Бо дастгирӣ ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ дар тақвими санаҳои таърихӣ ва фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст. Он кас муддати тулоние сардори лоиҳаи ЮНЕСКО дар қисмати омӯзиши фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ буданд ва дар анҷоми ин лоиҳа саҳми босазое доштанд, ки ифтихори миллати тоҷик мебошанд.

Академик Муҳаммад Осимӣ дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ҳамчун ходим ва пешво нақши арзандаи худро доштанд ва дар айни замон як хислату маърифати ба худ хосе доштанд. Чунки ин шахсият дар пешрафти илму фарҳанг ва ташаккули ҷаҳонбиниву тамаддуни миллати тоҷик хизмати таърихӣ намудаанд, ки метавон он касро дар қатори нависандаи бузурги тоҷикон устод Садриддин Айнӣ, ходими илм, академик Бобоҷон Ғафуров ном бурд.

Дар ҳақиқати Муҳаммад Осимӣ ҳаёт ва зиндагии хеш ва саъю талошашро бо илму фарҳанг, тамаддун ва ҳаёти иҷтимоиву сиёсии бештар аз ним аср ба миллати тоҷик бахшида, дар ин муддати хизматҳое зиёде намуданд, ки мо ва таърихи мо ин шахсияти бузургро набояд аз лавҳи хотир ва сафҳаи таърих дур кард.

Фаъолият ва ҳаёту зиндагии Муҳаммад Осимӣ рангобаранг гузаштааст. Он кас мутаваллиди соли 1920 (ш.Хуҷанд) буда, соли 1941 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқандро хатм намудаанд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1946) буда, фаъолияти кориашон дар Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд шуруъ шуда, ба сифати ассисент, муаллими калон, мудири кафедраи физика, проректори донишгоҳ шуда кор кардаанд.

Баъдан аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1952-1955) дар зери роҳбарии академик Б.М.Кедров рисолаи номзадӣ менависад ва пас аз дифо ва хатми академия иртиботи Муҳаммад Осимӣ бо роҳбарашон идома меёбад. Махсусан пас аз Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон ин иртиботи илмӣ-ҳамкорӣ қавитар мешавад.

Муҳаммад Осимӣ аввалин ректори Донишкадаи политехникии ш. Душанбе (1956-1962), ки дар феъли ҳозир ин Донишгоҳ номи академик Муҳаммад Осимиро дорад, буданд. Баъдан (1962-1965) дар вазифаҳои Вазири маорифи халқ, Раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК, ҷонишини Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон анҷоми вазифа кардаанд.

Муҳаммад Осимӣ соли 1965 академик ва Президенти АФ ҶШС Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1988 адои вазифа мекунанд. Дар замони президенти Академияи илмҳо буданашон истеъдоди баланди илмӣ-ташкилотчигӣ нишон дода, фаъолияти илмии худро васеъ гардониданд. Фаъолияти илмии ӯ соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, аз ҷумла таърихи фалсафа, материализми диалектикӣ, табиатшиносӣ, таъриху тамаддунро дар бар мегирад ва асарҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, ҳиндӣ чоп шудаанд. Мавзӯи баҳси осори ӯ бештар масъалаҳои мубрами фалсафаи марксистӣ, материя ва тасвири физикии олам, пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ, мафҳуми материя ва проблемаи воқеияти физикӣ, мавзӯи баҳси материализми диалектикӣ, таҳқиқи проблемаҳои ташаккулу такомули илму фарҳанги Тоҷикистон, роҳҳои амалигардонӣ ва тараққӣ додани илму маориф, масъалаҳои сохтмони маданӣ пайваста бо ҳалли вазифаҳои пешрафти иҷтимоӣ, боло бурдани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.

Муҳаммад Осимӣ дар тарҷумаи осори классикҳои марксизм ва ленинизм, махсусан «Анти Дюринг»-и Ф.Энгелс, «Дафтарҳои фалсафӣ» ва «Материализм ва эмпириокритисизм»-и В.И.Ленин саҳмгузоранд.

Хизмати Муҳаммад Осимӣ дар ташкил ва ба вуҷуд овардани Энсиклопедияи советии тоҷик дар назди Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки дар ҳашт ҷилд нашр гардид, басо бузург буд. Дар муддати зиёда аз 20 соле, ки он кас Президенти АФ Тоҷикистон буданд, робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо Академияи илмҳои СССР, академияҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷӣ қавитару мустаҳкамтар гардид. Бо ташаббуси Муҳаммад Осимӣ Институти шарқшиносӣ, шуъбаи генетикаи умумии пахта, Институти математика, Институти биологии Помир таъсис дода шуд, ки дар инкишоф ва ташаккули илм ва кадрҳои илмӣ нақши арзанда бозид.

Хизмати арбоби илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ дар таҷлили солгарди аҳли илму адаб ва намояндагони барҷастаи тамаддунамон Абуали Ибни Сино (1980), Абдураҳмони Ҷомӣ (1964-1989), Аҳмади Дониш (1975), 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1996) ва ғайраҳо ниҳоят бузург буд.

Дар айни замон Муҳаммад Осимӣ як шахсияти машҳури иҷтимоӣ буданд. Чандин маротиба депутати Шурои Олии Ҷумҳурӣ ва СССР интихоб шуда буданд, ки Ҳукумати СССР ва Тоҷикистон фаъолияти илмӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-ташкилотии ӯро ба назар гирифта, бо орденҳои дараҷаи аввали давлатӣ мукофотонида, аз ӯ қадрдонӣ карданд.

Саҳми ходими илму адаб ва бо тамоми маънӣ инсони хирадманд академик Муҳаммад Осимӣ дар пешрафти фарҳангу тамаддун ва илму тафаккури маънавӣ-ақлонии тоҷикон беинтиҳост. Наметавон дар чанд саҳифаи мухтасар ҳамаи онро рӯи қоғаз овард, вале қайд намудан зарур аст, ки ӯ дар ҳақиқат як роҳбар,пешвои илму фазилати инсонӣ, инсони хубу меҳрубон, оқилу доно ва бо сиёсат буданд, ки аз дидану гуфтор ва муомилаи ӯ шахс як инсони комил ва бо шахсияту бо фарҳанг ва бо қалби бузургро медид. Дурахшиши илму заковат дар симои он кас барқ мезад ва ҳаминро мегӯям, ки шояд чунин шахсиятҳо такрорнашаванда бошанд, ёдашон ба хайр, рӯҳашон шод бод!

Тоҷинисо Муродова номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

«Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд»

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърих собит месозад, ки дар ҳама давру замон инсоният маҳз тавассути дарёфти Истиқлоли давлатӣ тавонистааст, ки дар асоси ҳамфикрӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигар ҷомеаи солим ва давлати соҳибистиқли миллиро бунёд намояд.

Аз ин рӯ, агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, миллати тоҷик ҳамеша ҳамчун миллати созанда, сулҳҷӯву сулҳхоҳ, ватандӯсту некбин ва нексиришту наҷиб ҳувайдост. Мусаллам аст, ки фарзандони бонангу баномуси ин миллат тӯли қарнҳо барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва таъмини осоиштагии миллати худ мубориза бурдаанд.

Дар таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон, замони дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ яке аз пурҷилотарин саҳифаҳои таърихи давлати мо маҳсуб меёбад. Дар ин масир, мардуми тоҷик аз нахустин рӯзҳои фаъолияти фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк мекарданд, ки зери сиёсати некбинонаву хирадмандонаи Роҳбари худ онҳо ба ояндаи дурахшон мерасанд. Мардуми тоҷик дар чеҳраи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонеро дарёфт, ки воқеан фарогири меҳру шавқат, ҷавонмардиву шуҷоат, некбиниву покдилӣ, қавииродагиву ҷасурӣ буду, ҳамеша аз бародариву ватандӯстӣ ва ватанхоҳиву сулҳу ваҳдат сухан мекард.

Боиси таъкид аст, ки Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ҳамчун роҳбари мубораққадаму покдил дар қатори дигар муборизону ватанхоҳону ватанпарастон ва миллатдӯстдорони миллати тоҷик, ки дар тӯли таърихи башарият борҳо номуси ватандориро нишон додаанд, то чи андоза барои барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикон заҳмат кашидаасту талош варзидааст.

Зеро ,ки солҳои аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои мардуми мо марҳилаи хеле сангин ба ҳисоб мерафт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намудаанд, ки “баъди расидан ба истиқлолу озодӣмиллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣба эъмори давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣкашида шуд”.

Таърих гувоҳ аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасурона роҳбарии давлатро ба ӯхда гирифта дар назди Парчами давлатӣ қасам ёд карда, иброз намуданд, ки “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳочири иҷборӣ, берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам”. Маҳз бо шарофати тадбирҳои созанда ва саъю кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон сулҳ барқарор гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб, ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Воқеан, Пешвои муаззами мо бо ҷаҳду талошҳои пайвастааш ин гуфтаҳои худро содиқона ва собитқадамона исбот намуданд ва имрӯз таҳти роҳбарии бевоситаи эшон пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Яъне, бо Истиқлол ва шукуҳи он зиндагии шоиста ва ҳаёти рангини мардуми тоҷик дигарбора камол ёфт.

Ба ибораи дигар, Истиқлоли давлатӣ волотарин рамзи Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба сулҳу субот буда,омили таҳкимбахшанда ва таъмингари бахту саодати миллат аст. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд: «Истиқлолият бузургтарин сарват, бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

Имрӯз, миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии оқилона, хмрадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон НБО-и Роғунро бино мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон буда, Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор ва дорои мақоми созандаву шоиста бошад. Зеро, ки «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот Тоҷикистон пурра ба истиқлоли энергетикӣ ноил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон 16 феврали соли 2018 вобаста ба неругоҳи барқии Роғун таъкид доштанд, ки “Мо неругоҳи “Роғун”-ро беҳуда “Сохтмони аср” унвон накардаем. Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти норасидани барқро ба аҳолӣ ҳаллу фасл мекунем, балки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ тавсеа ёфтани тиҷорат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем”.

Аз ин рӯ, мо бояд бо доштани Истиқлол ва Сулҳу Ваҳдати миллӣ ифтихор намоем ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу талош варзем.Зеро замони Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем ва тавонем, ки ҳамқадам бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем.

Билохира, самараи Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида аст, ки ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Саидов Нуралӣ Шамсович - номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии Шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалащои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

312312423Ватан пурарзиштарин туҳфаи тақдири ҳар як миллат аст. Маҳз дар замони Истиқлолият пояҳои худшиносии миллат тақвият ёфта асоси давлатдорӣ эҳё мегардад. Истиқлолияти давлатӣ барои эҳёи дубораи худшиносии миллат ва таҳкиму тақвияти он дар зеҳн ва ҷаҳонбинии миллати куҳантамаддуни тоҷик нақши ҷовидона гузошт.

            Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносӣ ва дарки арзишҳои моддиву маънавӣ оғоз гардид. Истиқлолияти давлатӣ барои иваз гардидани шуури иҷтимоӣ ва маънавӣ такони бузурге гардид ва сокинони мамлакатро ба масири худогоҳӣ ва бедории фитриву маънавӣ, боло бурдани андешапазирӣ даъват намуд. Маҳз Истиқлолият барои иваз гардидани шуури маънавӣ такони азиме гашт ва барои вуруди фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ба арсаи мутаммадини ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Дар ин арса давлатдории тоҷикон аз назари миллӣ на танҳо рушду такомул мекунад, балки масъалаҳое ки ба тақдири миллат таъсир мерасонанд, онҳоро ҳамчун дастовардҳои умумиҷаҳонӣ дастраси умумиҷаҳонӣ месозад.

            Худшиносии миллӣ бевосита ба тафаккури миллӣ, ба сатҳи дониши миллӣ, иқтисодиёти миллӣ ва саноати миллӣ вобастагии зич дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ бо номи “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба ҳар яки мо суол медиҳанд: мо кӣ ҳастем, аз куҷо омадаем, аҷдодонамон киҳо буданд ва ғайра. Ин саволҳо маҳз ба он хотир оварда шудаанд, ки мо худро бишиносем, зеро худшиносӣ яке аз асоситарин омилҳост барои ташаккули ваҳдати миллӣ ва давлатдорӣ.

            Дар раванди ташаккулёбӣ ҳодисаҳои муайяне рух медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат мекунанд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ – ин расидан ба истиқлолияти асосӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад. Истиқлолияти давлатӣ шуури миллиро тақвият дода шароити мусоидро  барои дарки ин мафҳуми пурмаъно ба вуҷуд меорад. Худогоҳӣ арзиши миллиро, эҳтиром ба арзишҳои инсониро дар зеҳн, замир, эҳсос, ҷаҳонбинӣ ва мафкураи мо ташаккул дод.  Ормони Истиқлол фарзандони миллатро ҳамвора ба ҳифз намудани ҳувияти миллӣ, тақвият додани оини давлатдорӣ, пойдории тамаддуни аҷдодӣ ва ниҳоятан ба  ҳифзи истиқлоли Ватан роҳнамоӣ намуда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неру ва тавоноӣ бахшидааст.

            Истиқлолият ин заминаи асосии бедор намудани худшиносии миллат аст. Ҳоло замоне расидааст, ки дар шароити бархурди манфиатҳо, низоъҳои мазҳабӣ,  вазифаи ҳар як фард дар он аст, ки бояд бидонад танҳо миллате по дар ҷост агар тавонад барои наслҳои оянда заминаи дурусти ватаншиносиро мерос гузорад, насли ҷавонаш заминаи дурусти ватаншиносиро дарк кунад. Миллате ки руй ба илму дониш оварад, аз худписандиву таассуб худро раҳо намояд, мутмаинан  дар саҳифаи таърих ҷовидон хоҳад монд.

            Муҳимтарин василае ки ҷавонони тоҷикро метавонад муттаҳид созад, ин ормонҳои ҳазорсолаи истиқлолпазирии миллат аст. Истиқлолияте ки миллати тоҷик кунунан ба даст овардааст ин ганҷи бебаҳо, ормонҳои ҳазорҳосолаи миллат аст.

            Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафолати пешрафт, рамзи асолати ҳувият ва шарти пойдории давлат мебошад. Ғайр аз ин, Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалии миллат, кафолати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст. Бояд қайд кард, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ саҳифаи нави дурахшонро дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик боз намуда чароғи ҳидояту фурузону дурахшони фардои Тоҷикистон гардидааст.

            Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу шарафманди миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки худшиносоии миллӣ ҷавҳари аслии бақои давдатдории миллӣ буда ва дар ин росто ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёбӣ, баланд бардоштани нуфузи он лозим аст, ки тамоми имконот ва неруямонро истифода бикунем.

            Мо олимон ба ақида расидаем, ки дар ин росто истифода намудан аз усули таърихӣ-муқоисавӣ метавонад ҳақиқати воқеиро ба мо боз кунад. Барои дарки амиқи давлатдории кунунӣ, рушду нумои фарҳангу иқтисодиёти кишвар мо вазифадорем, ки саҳифаҳои таърихи 33 соли сипаришударо варақ занем ва бо садоқату инсоф онро қадрдонӣ намоем. Асосҳои илмӣ, ки муҳимтарин омилҳои пешрафти ҳаёти инсонро инъикос менамояд, исбот кардааст, ки барои ҳамаҷониба таҳқиқ намудани таърихи муосир мо эҳтиёҷ ба таҳлили амиқ ҳастем. Зеро танҳо ҷамъоварии далелҳо, бидуни таҳлили ҳамаҷонибаи онҳо, наметавонад асли воқеаро шарҳ диҳад.

            Имрӯз, пас аз гузашти солҳо, мо шоҳиди ҳақиқате ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфузи шоён дорад. Дастовардҳои миллати мо дар замони Истиқлолият дорои самтҳои арзишманди илмӣ-назариявӣ мебошад. Онҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаву амиқ ба даст омадаанд, пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин чунин иқдомот дар Паёмҳои эшон ба Парламенти кишвар ироа мегардад.

            Мо, кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ фарорасии ҷашни 33 солагии Истиқлолиятро бо камоли фараҳмандӣ истиқбол намуда, бо ниҳояти саъй ва кӯшиш, ҷиҳати ҳамаҷониба ба суи камолот наздик шудани Тоҷикистони азизамон ҷидду ҷаҳд хоҳем намуд.

 

С.Мавлонӣ,

ходими пешбари илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои геология ва минералогия

Ба истиқболи рӯзи соҳибистиқлолии кишвар– 9 сентябр

Ҳанӯз Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ бо овози баланд ба инсонҳо муроҷиат намуда гуфта буд:

Ту тухми бадӣ то тавонӣ макор,

Чу корӣ, барат бад диҳад рӯзгор!

Дар ҳақиқат, дар ниҳоди инсонҳо, баробари «пиндори неку гуфтори неку рафтори нек», ки маншаъ аз фарҳангу адаби дури дурамон, аз китоби «Авасто» мегиранд, боз дар тамоми раванди таърих хислатҳои разилонаю амалкардҳои манфию манфуре ҳам лона доштанду доранд, ки иборат аз хиёнат, фиребу макр, норостӣ, бевафоӣ, бедиёнатӣ, ноустуворӣ, дағалӣ, сияҳдилӣ, туҳмат ва ғ., умуман тухми бадномӣ коштан дар ҷомеа дар шахсияти амалкунанда мебошанду алайҳи некию некӯкорӣ пайваста дар сангари муборизаи шадид қарор доранд. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳоро ба хотири манфиатҳои ботилу ночизе сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан, ба сафедӣ хатти бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнату бадкирдорӣ дар ҷомеа, ба ҳар навъе, ки набошад, оқибат рӯ менамояд.

Вақте дар вуҷуди инсон бадномӣ қомат меафрозад, бадкор қудрату тавон мегирад, кӯшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба бадкориҳои фаҷеътаре панҷа дароз кунад, то ба ҳадде, ки баҳри ҷоҳу молу манол ба қудрати сиёсати вақт ҳамлаи нодурбинона кунад, байни ҷомеа иғво ангезад, ба осудагию оромии он такони манфӣ ворид созад, барои манфиати фардӣ даст ба кору рафторҳои ношоиста занаду ба мурод норасида, мағлубияташ фош гардад.

Ҳамин тавр, бадном онест, ки ба ойила, ба наздикону дӯстон, ба раванди рости корҳо, ба моли мардуму ҷамъият, баъзан аз нодонӣ ба волидайн ва, бадтару бадтар аз ҳама, ба Ватан ва сиёсати осудаи давлатдорӣ ва ғ. амалкардҳои манфии инсонӣ содир менамояд, ки дар ниҳоди худ басо ангезаҳои нохушу номатлубе дораду ҳар шахсро ба сӯйи бадномӣ мебарад, обрӯяшро дар ойила, дар коргоҳ, дар байни ҷомеа ва дар ҳама ҷо ба хоки сиёҳ яксон менамояд. Барои сиёҳ кардани зодбуму кишвари худ ва ба ин васила ақлҳоро дуздидану ба сӯйи нокуҷоҳо бурдани мардуми авом ва ҷавонони бетаҷриба тухми бадномӣ коштан аз ҷониби саркардаҳои дохилию хориҷӣ мебошад, ки ба ҳеч ваҷҳ нопазируфтанист.

Ба ин маънӣ, дар ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, аз таърихи 26 декабри соли 2019, бамаврид омадааст, ки «…сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои таблиғотиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Бешак, дар замири ин гуфта амалкардҳои номатлубу ношоистаи ашхосе ишора ва таъкид карда шудааст, байни ҷомеа нифоқ меан­гезанду бо фош гардидани амали бадашон бо бадномӣ маҳкум карда шудаанду мешаванд.

Вақте мо ба саҳифаҳои адабиёту фарҳанги дури дурамон назар меандозем, дар онҳо навиштаву ишораҳое дармеёбем, ки дар ҷомеаи ҳамаи давру замонҳо чунин амалу падидаҳои номатлуб реша дошта, аёну ноаён амал мекардаву маҳкум карда шуда, мағлуб ҷамъбаст гардидааст, то инсонҳоро ҳушдор диҳад ва дастандаркорон огоҳона аз ин роҳи бад канораҷӯйӣ намоянд.

Агар ба саҳифаҳои ин адабиёти ғанӣ ҷиддан мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки дар кӯлвори ҳар суханвари тавоно доир ба бадномӣ ва паҳлуҳои дурушти он ишорае, андешае, мулоҳизае ва, дар ин замина, хулосаҳои ибратбахше мавҷуданд, ки то ба имрӯз қимати тарбиявии худро гум накардаанду то ҳол омӯзандаанд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ беҳуда нафармудааст:

Аз насиҳат ноқисон комил шаванд

В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.

В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле

В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле!

Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза на ҳар ақли «солим» гӯши наситҳатшунав ва на ҳар амалкард ҷанбаи мусбат дорад. Лаҷоми ақлҳои «солим» имрӯз баъзан дар дасти хоҷагони авомфиребу зиштандешашон барои дарёфти манфиати ночизи шахсб иебошаду халос, фардои худ ва фардои ҷомеабарои онҳо чизе нест.

Ҳанӯз Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вобастаи хиёнату бадномӣ дар порчаҳои боқимондаи достони «Синдбоднома»-и худ манзараеро, ки зане ба марде хиёнат мекунаду номи бадномиро ба номи худ мепайвандад, ин тавр овардааст:

Он гурунҷу он шакар бардошт пок

В-андар он дастор он зан баст хок.

Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,

Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.

Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,

Кард занро бонгу гуфташ: – Ай палид!...

Оғоз ва анҷомухулосаи ҳикоят ба мо нарасидааст, то бидонем, ки ин зани бо амали норостини худ бадномшуда чӣ зане буда ва чаро ин бадномиро бар худ раво дида! Кию киҳое барангезандаву ба гумроҳӣ равонакардаи ӯ буданд!

Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳамаи давру замонҳо, ки рӯзгори мо низ аз он истисно нест, дар майдони давлатдорӣ тухми нифоқ накоштану хиёнат накардани зердастон ба шоҳу ҳокимони худ аст, новобаста аз он, ки ҳукмраво дар чӣ появу дар кадом мақом мебошад. Ба ин маънӣ, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳодисаву зиддиятҳоне дучор меоем, ки аз хиёнату бадкорӣ, ки оқибаташ бадномист, сар задаанд. Ба ёд меорем хиёнатеро, ки солорони лашкари Суҳроб ба Суҳроб раво дидаанду оқибати он бо фоҷеае мудҳиш анҷомидааст. Яъне, бадхоҳону баттолон, кӯшишидаанд, ки писарро бо падар шинос нанамоянду яке аз байн равад, то ду қувва якҷо шуда ҷаҳонгир нагарданду зиддияту нифоқро аз байн набаранд. Ин гуна кашмакашҳо аз ҳамон рӯзгорони гузаштаи дур ба инсонҳо боқӣ монда будааст.

Бо макру хиёнати зани навбатии Ковусшоҳ Судоба – духтари шоҳи Ҳомоварон Сиёвуш - писари Ковусшоҳ ба рӯзҳои сахте рӯ ба рӯ шуда, ниҳоят бо ҳилаву найранги Афросиёб ва атрофиёнаш, ба фоҷеа дучор ва бераҳмона кушта мешавад.

Дар баробари он ки Рустами Дастон ба шоҳ Ковус ва ҳамватанонаш ҷоннисор аст, боз ҳам шоҳ ба ҷаҳонпаҳлавон хиёнат мекунад. Сифати пастию нокасӣ, бераҳмию бемурувватӣ ва носипосии Ковусшоҳ нисбат ба Рустам дар пайғоми «Нӯшдору хостани Рустам аз Ковус» аз забони сипаҳдор Гударзи Кашвод ҷолибу мушаххас ва ҳақиқӣ ҷамъбаст шудааст. Чунин рафтор оё мисоли равшани ба ҷаҳонпаҳлавони кишвар хиёнат кардану худро бадном кардан нест?! Албатта, Рустами Дастон аз ин рафтори ношоистаи шоҳ меранҷад, вале ватандор, ки ҳаст, бо Ватан мемонад ва бештар аз пештар дар ҳимояи марзу буми Ватан мекӯшад. Кушта шудани Рустами Дастон аз дасти Шағод бо фармони хоҷагонаш яке аз мудҳиштарин хиёнатҳои бародар ба бародар дар саҳифаҳои таърихномаамон ба шумор меравад. Дар ин саҳна магар Шағод ба муроди дили худ расид?! Ҳаргиз!

Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ низ оид ба чунин амалиёти номатлуб андешаҳои падари Гаршосп омӯзандаанд. Вай пеш аз он ки Гаршоспро ба хидмати Заҳҳокшоҳи золим гусел намояд, ба писари паҳлавонаш чанд панди судманд медиҳад, ки асоситарини онҳо чун зердаст хиёнат накардан ба шоҳи замону ба бадномӣ шуҳра нагардидан мебошад. Агар зердаст ба шоҳ ва хазинаи мамлакат хиёнат намояд, он ба костагии ахлоқи ҷомеа ва шикасти кишвар оварда мерасонад.

Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат номуросо будани баъзе ҷоҳхоҳони кӯтаҳдасту пайравони аъмои онҳо ба давлату дину ойин, ба халқу Ватану миллат мебошад. Имрӯз номи басо касонро авроқи таърихи ҷаҳон дар худ рӯсиёҳу бадном забту сабт намудааст, ки аъмоли бадашон ба минбаъд аз он саҳфаҳо носутурданист.

Кошки чунин амалу рафторҳои гурӯҳҳои манфури ношоиста, ки имрӯзҳо дар кишвари мо «тасодуфан» аз ҷониби бадхоҳони халқу миллату Ватан сар мезананду оқибат барои саркардаҳои беандешаашон бадномӣ меоранд, такрор нагарданд.

Барҳақ, гирудору кашмакашиҳои шаҳрвандӣ дар давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва гузариш ба даврони соҳибистиқлолӣ бояд барои мо – шаҳрвандони имрӯзаи Тоҷикистон дарси ибрати ҳамешагӣ бошад.

Зиёда аз ин, баъзе ҳодисаҳои нохуш дар кишварҳои Шарқи Миёнаву наздик, монанди Фаластин, Сурия, Лубнон, Ироқ, Яман ва Афғонистони ба ҳар фарди замон маълум бояд дарси ибрат бошанд. Душманони ватану миллат, новобастаба аз мансубияти халқию ирсию нажодиашон, новобаста аз маншаи баромадашон, новобаста аз дину ойинашон ва ғ. мехоҳанд олн рӯзҳои сахти давраи гузаришро дигарбора ба сари мо бор кунанд. Оромию осудагӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ, сулҳу суботи бо душвориҳо бадастовардаи моро аз байн бибаранд, лекин куҷо ба муродашон хоҳанд расид ?!

Ҳар кӣ бадкорӣ кунад, ногаҳ ниҳад бар хок сар,

Ҳар кӣ бадаҳдӣ кунад, ногаҳ диҳад бар бод ҷон!

Дар ин маврид аз офаридаҳои Низомии Ганҷавӣ, ки хеле зиёду судманданд. Танҳо ҳикояти «Хайру Шар»-ро мисол меорем, ки хиёнати Шарри дар аввал дӯст ба Хайр чӣ рӯзҳои мудҳишеро бор овард. Дар охир Хайр аз гуноҳи азими Шар гузашта бошад ҳам, вале шоҳиди воқеа - марди курд бо теғ сари Шарро аз тан ҷудо менамояд, то чунин­ҳоро дарси ибрат шавад.

Вақте ба достонҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ рӯй меорем, мебинем, ки шоири ҳаким дар ин бора бетараф нест. Вай борҳо хиёнату бадкирдориро салоҳи ахлоқи ҳамидаи одамӣ надониста, фарҷоми бад доштани онро таъкид менамояд ва мегӯяд:

Аз хиёнатгарист бадномӣ

В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.

Акнун, ки кишвари мо бо талошҳои чандинасра ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соҳибистиқлолӣ расидаасту беш аз сӣ сол боз бо созандагиҳо Ватани озоду обод дорем, мебояд ба қадри ин озодӣ бирасем ва ҷавонмардона аз халқу Ватану миллатамон пуштбонӣ намоем, парчами кишварамонро болои сарҳо ҳамеша парафшон бинем. Дар ин беш аз сӣ соли Истиқлолияти давлатии кишвар ва Ваҳдати миллии халқамон баробари дастовардҳои бесобиқа дидаем, ки дастаҳои муноқишакор, афроди ба аҷнабиён фурӯ­ташуда, ашхоси ҷоҳталаб, баъзан роҳгумзадагону чоплусони хоҷагони мунофиқ ба сари мардумамон чӣ сахтиҳо ва ба ватанамон чӣ хисороте овардаанд. Ин падидаи номатлуб баъзан имрӯз ҳам чеҳра менамояд. Боистӣ пайваста ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол ба сулҳу салоҳ ва ягонагию ваҳдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем, гумраҳон ва манфиатҷӯёнро маҳкум намоем ва ғ. Дар ин ҷода ҷавонон бояд зиракии фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсии худро ҳамеша нигоҳ дошта, ба иғво ва таблиғоти афрод ва гурӯҳҳое, ки дар хориҷ аз кишвар истода ҷониби Ватани худ, халқи худ, миллати худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак, ин гуна афрод фурӯхташуда ва иҷрокунандаи «барномаҳо ва супоришҳо»-и хоҷагони хориҷии худанд, бештарашон фош шудаанду будаҳоалбатта фош хоҳанд шуд. Ба ин маънӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ гӯяд:

Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,

Бо кас макун, ай бародари ман.

Гар модари хеш дӯст дорӣ,

Дишном мадеҳ модари ман!

Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонони моро зарур ва лозим аст, ки ҳушёронаву даррокона ҳуввияти миллии худро бештар аз пештар дарк намуда, баҳри осудагию ободии кишвар талош варзида, ҳамеша бо чашму дили бедор дар ҳифзи Ватану халқу миллат бошанд, зеро меваҳои ширини баъди турктозиҳои қарнҳо, бо душвориҳою кӯшишҳои зиёд, ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расонидаамонро содиқона муҳофизат карда тавонанд. Дар хотима андешаи баланди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро ҳусни мақтаъ меорем, ки фармудаанд:

Гар ислоҳи халқи ҷаҳон боядат,

Дил аз ҳар бадӣ баркарон боядат!

Аз ин рӯ, на бадкору бадном, балки ҳамеша нексиришт ва созанда бошем, азизони Ватан!

Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ, - шоир ва адабиётшинос

Ба истиқболи 33-умин солгарди

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлоли сиёсӣ барои ҳар миллат ва давлатдастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Тоҷикон дар тӯли асрҳобо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурданд ва дар муддати ин асрҳо ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст. Мо имрӯз давлати миллии худро дорем ва бо азму талоши мардуми ватандӯст онро аз соле ба соле бо меҳнати созанда ва талошҳои хастанопазир ба ояндаи босаодат мерос мегузорем.

Истиқлоли сиёсӣ ин суботи побарҷойи мардуми шарафманди Тоҷикистон аст ва фурсатеро фароҳам овардааст, то миллат иродаи худро дар роҳи шукуфоӣ ва пойдории Ватан мустаҳкам намояд.

Тоҷикистон дар тӯли сиву се соли Истиқлол шукуфо гашт ва арзишҳои навро ба миён оварда, ба марҳалае гузашт, ки он назари хоси сиёсӣ дорад.

Истиқлоли сиёсӣбинобар ниёзҳои мавҷуда би­ниши созандаро тақозо намуда, ба мутолиаву омӯзиш, пapвариш ва густаришу тақвият қарор гирифт. Истиқлоли сиёсӣяк падидаи наҷибест ва ин падидаи созандаимрӯз тақвияткарда мешавад. Ҳоло мо ба хотири тақвияти оянда арзишҳои миллиро эҳё менамоем, воқеияти пазируфтаро мутобиқ ба Истиқлоли давлатӣ мутавофиқ месозем. Дар ин росто тарзу шеваи шарҳ додани арзишҳои миллӣ бар пояи истиқлол муҳим аст. Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар ойинаи таърих», «Фарҳанг ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва амсоли инҳо, ки ба хотири баланд бардоштани савияи худшиносиву худогоҳии ҷомеа таълиф гардиданд, ба марҳилаи кунунии рушди Истиқлол мусоидат менамоянд. Муаррифии Истиқлол ҷиҳати такомули кишвар масъалаи роҳбарии шахс ва нақши ӯро дар таърих ба миён мегузорад.

Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1000-солагии Носири Хусрав, 5500-солагии Саразми бостонӣ ба таърихи миллати тоҷик арзиш медиҳанд ва гувоҳи онанд, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ наметавонад дар таҳкими Истиқлол лаҳзае ғафлат намояд ва мустаҳкам намудани аркони давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро бе Истиқлоли давлатӣ тасаввур намудан хатост. Истиқлоли сиёсӣ аст, ки имрӯз мо ба таърих рӯ меорем ва гузаштагони худро ба ёд меорем ва ифтихор аз соҳибтамаддун будани халқи тоҷик мекунем.

Яке аз хусусияти истиқлол ин аст, ки миллатҳо соҳибихтиёр мешаванд, дунявӣ мешаванд, ҳуқуқбунёд мешаванд, соҳиби арзишҳои миллӣ мегарданд, дар ҷаҳон пазируфта мешаванд ва ҷаҳониён давлати соҳибистиқлолро мепазиранд.

Кишвари маҳбуби мо Тоҷикистони азиз, ки аз имтиҳони сангини таърих гузаштааст, ва ҳама сахтиҳову пастиҳову баландиҳоро дидааст, аз таҷрибаи бойи хеш ҳарчи бештар талош менамояд, ки Истиқлоли сиёсии худро дар партави суботи сиёсӣ мустаҳкам намуда, баҳри устувор нигоҳ доштани он фарзандони баруманди миллат, ҷавонмардони шуҷоъу далери кишвар камари ҳиммат мебанданд то ин арзиши бебаҳо, яъне Истиқлоли сиёсӣ ҷовидона побарҷо бошад. Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои оромии ҷомеа, даъват аз мардум ҷиҳати дилсӯзӣ ба Ватан, хизмат ба Ватану миллат, таъмини ваҳдату истиқлолият, шароити орому ҳамбастагии миллиро таъмин кард.

Имрӯз зери парчами Истиқлоли сиёсӣ самимона ва садоқатмандона ҷиҳати дар амну сулҳу субот будани кишвар талошу ҷоннисорӣ намудан вазифаи ҳар як шарванди кишвар аст, ки Истиқлоли давлатиро хуб дарк кунанд ва хуб донанд, ки ин арзиши воло осон ба даст наомадааст. Ҳамвора як ҳаракати нерӯманд пешравии моро раҳбарӣ менамояд ва онро намоён месозад. Он ҳаракати пешрафт барои мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки моро раҳбарӣ менамояд ва иллатҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро матраҳ месозад ва мардуми тоҷикро ба суйи орзуву ормонҳои нек мекашонад.

Тоҷикистон имрӯз ба шарофати Истиқлоли миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор аст. Хусусан ҷавонони кишвари мо бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд ва парчами Истиқлолро парафшон нигоҳ медоранд.

Умед дорем, ки 33 соли Истиқлоли сиёсӣ чун 33 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамбастагиро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад ва кишвари азизамон дар фазои суботи сиёсӣ ва амну осоиши ҷовидона бақои ҳамешагӣ дошта бошад.

Қурбонзода Фарида - ходими илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм