Перейти к основному содержанию

Ба истиқболи сафари расмии президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-26 июли 2025

Ҷиҳати дарки хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии муосири Муғулистон бояд мавқеи Муғулистонро дар низоми ҷаҳонии муносибатҳои байналмилалӣ бояд ба назар гирифт. Бояд қайд намуд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ мавқеъ ва нақши Муғулистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ тағйир ёфт. Ин хусусият ба пайдоиши як кишвари соҳибистиқлол мусоидат кард. Бинобар ин, Муғулистон ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ дар марҳалаи муосири байналмилалӣ ворид гардид.

Маврид ба зикр аст, ки низоми ҷаҳонии муносибатҳои байналмилалӣ дар охири асри XX – ибтидои асри XXI бо як қатор хусусиятҳои асосӣ тавсиф карда мешавад:

1. Бисёрқутбӣ: баръакси Ҷанги Сард, вақте ки дар ҷаҳон ду абарқудрати ҳастаӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (минбаъд ИМА) ва Иттиҳоди Шуравӣ вуҷуд доштанд. Ҳоло дар ҷаҳон якчанд давлатҳои тавоно ва бозингарони минтақавӣ мавҷуданд, ки ба сиёсат ва иқтисоди байналмилалӣ таъсир мерасонанд;

2. Ҷаҳонишавӣ: бо рушди технологияҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ муносибатҳои байналмилалӣ бештар хусусияти ҳамгироиро дар тиҷорат, сармоягузорӣ, технология ва фарҳанг бештар вобастагӣ пайдо намуданд;

3. Пайдо шудани таҳдидҳои ғайрианъанавӣ ба амнияти байналмилалӣ: пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА таҳдидҳои ғайрианъанавӣ ба амнияти байналмилалӣ яке аз масъалаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ гардид. Мубориза бо терроризм барои бисёр кишварҳо авлавият пайдо карда, боиси таъсиси сохтору эътилофҳои нави байналмилалӣ гардид;

4. Рушди иқтисодии Ҷумҳурии Чин (минбаъд ҶМЧ): ҶМЧ ба як бозингари калидӣ дар иқтисоди байналмилалӣ, инчунин дар муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ табдил ёфтааст. Иқтидори афзояндаи иқтисодӣ ва низомии ҶМЧ тавозуни қудратҳоро тағйир дода, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ чолишҳои навро эҷод мекунад, ки ин махсусан бо назардошти ҳамсоягии Муғулистон ба ҶМЧ муҳим аст;

5. Васеъшавии Иттиҳоди Аврупо: васешавии Иттиҳоди Аврупо боиси ҳамгироии бештар дар Аврупо ва афзоиши нақш дар иқтисоди ҷаҳонӣ гардид. Бо вуҷуди ин, васешавӣ як қатор мушкилот, аз ҷумла афзоиши гуногунрангии байни кишварҳои узвро низ овард;

6. Ихтилофҳо ва буҳронҳо: низоми байналмиллалӣ бо фурӯпошии сохтори дуқутбӣ хусусияти зиддиятии худро гум накардааст. Тағйир ёфтани муҳити байналмилалӣ боиси афзудани омили этникӣ, пурзур шудани тамоюлҳои марказгурезии сиёсати қувваҳои мусаллаҳи ИМА нисбат ба режимҳое гардид, ки ба стандартҳои либералии демократӣ мувофиқ нестанд. Ин хусусиятҳо ба муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расонданд;

7. Тағйирёбии иқлим: масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он боз ҳам намоёнтар шуда, ба мавзуи музокирот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, созмонҳо байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида барои ҳалли муштараки мубориза бо тағирёбии иқлим ва оқибатҳои он ҳамкорӣ менамоянд.

Низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар охири асри XX – ибтидои асри XXI мураккабтар ва бо ҳам алоќаманд гардида, бо масъалаҳо ва мушкилоте, ки аз роҳбарияти Муғулистон тақозо мекунад, муносибатҳои навро оид ба рушди ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ таҳия намояд.

Инчунин, Муғулистон дар зернизоми минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар Осиёи Шимолу Шарқӣ инкишоф ёфтааст, таваҷҷӯҳи махсус бояд дод. Хусусиятҳои зернизоми минтақавӣ ба номгӯи чолишҳо ва таҳдидҳо таъсир расонида, барои рушди самтҳои фаъолияти сиёсати хориҷӣ имконият фароҳам меоранд. Мавриди тазаккур аст, ки ба зернизоми минтақавии Осиёи Шимолу Шарқӣ ҶМЧ, Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон ва Федератсияи Русия дохил мешаванд. Баъзе аз хусусиятҳои зернизоми минтақавии мазкур аз инҳо иборат мебошанд:

1. Мушкилии геосиёсӣ: Осиёи Шимолу Шарқӣ як минтақаи мураккаби геосиёсӣ буда, аз бисёр давлатҳои бонуфуз иборат мебошад, ки манфиатҳо ва ҳадафҳои худро доранд;

2. Низоъҳои таърихӣ: Бисёре аз кишварҳои минтақа низоъҳои таърихии тӯлонӣ доранд, аз қабили робитаҳои ҶМЧ ва Ҷопон, мушкилот дар нимҷазираи Корея, баҳсҳои ҳудудии Федератсияи Русия ва Ҷопон ва ғайра;

3. Вобастагии иқтисодӣ: Осиёи Шимолу Шарқӣ як минтақаи муҳимми иқтисодӣ мебошад, ки дар он ҶМЧ, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд;

4. Ҳамкориҳои амниятӣ: Бо вуҷуди ихтилофҳои таърихӣ, баъзе кишварҳои минтақа дар самти амният, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (минбаъд СҲШ) ва Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (минбаъд МҲТБО) ҳамкорӣ мекунанд;

5. Масъалаҳои силоҳи ҳастаӣ: Кореяи Шимолӣ як қудрати ҳастаист, ки нигаронии кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Зернизоми минтақавии Осиёи Шимолу Шарқӣ дорои бисёр масъалаҳо, печидаҳо ва мушкилотест, ки ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳо ва созмонҳои минтақавиро тақозо мекунад.

Муғулистон як кишвари муҳим дар зернизоми минтақавии Осиёи Шимолу Шарқӣ мебошад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии он дар байни Федератсияи Русия ва ҶМЧ қарор грифтааст. Инчунин, мероси фарҳангӣ, таърих ва иқтидори иқтисодӣ онро бозингари муҳим дар таҳаввулоти минтақавӣ арзёбӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки Муғулистон аз лиҳози геосиёсӣ як кишвари муҳимми стратегӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он имкон дорад ба як маркази муҳимми нақлиётӣ дар минтақа табдил ёбад. Инчунин, роҳҳои транзитии байни Федератсияи Русия, ҶМЧ ва дигар кишварҳоро таъмин кунад. Муғулистон аз захираҳои табиӣ, аз қабили ангишт, мис, тилло, молибден ва ғайра бой буда, метавонад омили асосии рушди иқтисоди минтақа гардад. Чунон ки таърихнигори рус Ю.В. Кузмин қайд мекунад, ки “Муғулистони муосир ба яке аз марказҳои зиддияти ҷаҳонии байни бозингарони асосии ҷаҳон – ИМА, ҶМЧ, Федератсияи Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин ба макони рақобат байни корхонаҳои бузурги миллию тиҷоратӣ ва ташкилотҳо табдил ёфта истодааст”.

Аҳаммияти сиёсии Муғулистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ чунин қайд кардан мумкин аст:

¾Муғулистон як пули геосиёсӣ байни ҶМЧ ва Федератсияи Русия аст;

¾Муғулистон дар байни ду давлати калонтарини ҷаҳон воқеъ буда, дар муносибатҳои иқтисодию сиёсии онҳо нақши муҳим мебозад;

¾Муғулистон ба манбаҳое, ки барои ҶМЧ ва Федератсияи Русия аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст, ба мисли гази табиӣ ва ангишт дастрас аст.

Инчунин, дурнамои пайваст кардани ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Қобили зикр аст, ки дурнамои пайванди ибтикори геоиқтисодии Чин дар “Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим” бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки долони иқтисодии Русия-Муғулистон-Чин метавонад ҷузъи он гардад, ибтидои рушди муносибатҳои башардӯстона хоҳад буд.

Муғулистон фарҳанг ва таърихи беназири худро дорад, ки сайёҳони зиёдеро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. Раванди мазкур онро ба маркази муҳимми фарҳангии минтақа табдил дода, имкон медиҳад, ки дар туризми байналмилалӣ нақш бозад.

Муғулистон дар заминаи амният ва субот дар минтақа аҳаммияти стратегӣ дорад. Муғулистон ба далели ҷойгиршавӣ ва робитаҳои сиёсӣ бо Федератсияи Русия ва ҶМЧ метавонад як бозингари муҳим дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақа гардад.

Муғулистон, инчунин як омили муҳимми мақоми ғайриҳастаӣ дорад, ки ба нуфузи он таъсири мусбат мерасонад. Ихтиёран даст кашидан аз яроқи ҳастаӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳодисаи нодир аст, ки он имкон медиҳад, ки Муғулистон аз тарафи дигар ҳамчун иштирокчии сулҳдуст ва масъулиятноки сиёсати ҷаҳонӣ қабул карда шавад. Муғулистонро, ки зиёда аз 32 сол боз аз офаридани лоиҳаи ҳастаии худ даст кашида, ҷидду ҷаҳди байналмилалиро дар соҳаи ярокпартоӣ фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар мавриди мазкур, мақоми ғайриҳастаии он ба афзоиши нуфузи миллӣ дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, мавқеи Муғулистон дар низоми муносибатҳои байналмилалиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба хулосае омадан мумкин аст, ки:

¾ Муғулистон бинобар хусусиятҳои ҷуғрофию таърихӣ, набудани роҳ ба баҳр ва шумораи ками аҳолӣ наметавонад дар минтақа нақши пешбарандаро бозад;

¾ Ба рушди дохилӣ ва сиёсати хориҷии Муғулистон ба андозаи зиёд омили наздикӣ бо ҶМЧ ва Федератсияи Русия таъсир мерасонад;

¾ Муғулистон кӯшиш дорад ҳамкориҳоро на танҳо бо ҶМЧ ва Федератсияи Русия, балки бо дигар давлатҳои бонуфуз аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гуногунсозии сиёсати хориҷии худ густариш диҳад;

¾ Муғулистон дар сатҳи низоми минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ, ки бетарафӣ ва дахолат накардан ба низоъҳои минтақавиро қатъиян риоя менамояд. Инчунин, барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ замина пешниҳод намояд.

¾ Муғулистон ба фаъолияти созмонҳои минтақавӣ ва иттиҳодияҳои ҳамгироӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои узвияти комилҳуқуқи онҳо шитоб намекунад;

¾ Муғулистон дар созмонҳои байналмилалӣ, ки муносибатҳо бо онҳо хусусияти муайянкунандаро доро мебошад, фаъолона ширкат меварзанд;

¾ Принсипи муҳимми сиёсати хориҷии Муғулистон ин аз иштирок дар иттиҳодияи ҳарбию сиёсӣ даст кашидан аст. Зеро, Конститутсияи Муғулистон ҷойгир кардани базаҳои низомии хориҷиро дар қаламрави худ манъ мекунад;

¾ Муғулистон дар машқҳои муштараки низомии Ғарб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ширкат мекунад (барои мисол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2017 ва 2022);

Раҳмонзода Азимҷон, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих