Skip to main content

(ҷанбаҳои ҳуқуқии таҷлили ин ҷашн)

Модар на танҳо офарандаи ҳаёт, балки асоси маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи Модар ҳамчун ҷашни давлатӣ бо фармони № 632 аз 6 марти соли 2009 "Дар бораи Рӯзи модар" эълон карда шудааст.

Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро низ месозанд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои модарон ва занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо мебошад.”

Дар шароити муосир, таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ ва оилавӣ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, таҳкими мақоми модар дар ҷомеа ва мустаҳкам намудани кафолатҳои ҳуқуқии модарон яке аз вазифаҳои асосии давлат ва ҷомеа мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 17 баробарҳуқуқии мардон ва занонро муқаррар намуд, дар моддаи 33 оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ба ҳимояи давлат таъмин карда, ба ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила муқаррар ва бисёрникоҳиро манъ намуд, инчунин дар моддаи 34 ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатро ба модару кӯдак кафолат дода, уҳдадории мутақобилаи падару модар ва фарзандонро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоӣ дарҷ кард.

Айни ҳол санадҳои ҳуқуқии зерин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, № 89 "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо"; Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, № 954 "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила"; Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, № 1329; Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, № 1413; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2049 "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак"; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2048 "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа"; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2023, № 666 "Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи "Миллати солими Тоҷикистон") байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасони Фонди бисёрҷонибаи трастии донорӣ)"; Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 608 "Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2008, № 448 "Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2008-2010"; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 167 "Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030"; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5 "Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025"; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, № 204 "Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030"; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, № 568 "Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад" ; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 545 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027"; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 481 "Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқҳои занон ва модаронро яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ эълон намуда, таъкид кардаанд: “Модарон қувваи созандаи ҷомеа мебошанд. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо на танҳо масъулияти давлат, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст низ мебошад.”

Дар фарҳанги мардуми тоҷик эҳтироми модар ва мақоми зан ҳамеша мавқеи хос дошт.

Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ҳушдор медиҳад, ки харобшавии ахлоқӣ ба суқути ҷомеа оварда мерасонад:

“Ҳар он кас, ки модар надорад ба меҳр,

Бувад зиндагӣ тира, дил пур зи захм.”

Абӯрайҳон Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” таъкид мекунад: “Дар ҳар миллате, ки эҳтиром ба зан ва модар риоя мегардад, он миллат рушд ва суботи иҷтимоии устувортар дорад”.

Ҳамчунин Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ, дар васфи модар чунин гуфтааст:

“Модар чу меҳр оташи дил фурӯ нишонад,

Равшантар аз хуршед бар дил нури ӯ монад.”

Абӯалӣ ибни Сино дар осори худ ба нақши модар дар тарбияи насли ҷавон таъкид намуда, навиштааст: “Таълим ва тарбияи фарзанд дар дасти модар аст, ки ахлоқ ва шахсияти ӯро шакл медиҳад.”

Ин андешаҳо собит мекунанд, ки занон ва модарон ҳамеша дар ташаккули ахлоқ, фарҳанг ва устувории ҷомеа нақши калидӣ доштанд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 753 "Дар бораи рӯзҳои ид" 8 март чун Рӯзи Модар, рӯзи иди ғайрикорӣ бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил карда мешавад. Эҳтироми модар қарз аст, зеро модар бо тамоми ҳастии худ фарзандро тарбия мекунад, ғамхорӣ менамояд ва муҳаббат ба ӯро бидуни ягон шарт мерасонад. Қарзи мо ҳамчун фарзандон аст, ки ин муҳаббат ва ғамхориро эҳтиром кунем, қадр намоем ва барои нигоҳ доштани муносибатҳои дуруст ва мустаҳкам бо модар кӯшиш намоем.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор