Skip to main content

«Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки ба номи Ватан ва пойтахти он-шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад, зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик ва ягонагии ормонҳои тоҷикон мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1-уми марти соли 2005 ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар кишварамон Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишварамон дар ҳама соҳаҳо бо комёбиҳои назаррас ноил гардид. Шаҳри Душанбе пойтахти тоҷикони ҷоҳон зебою дилоро шуд. Имрӯз бо табиати зебои худ дили ҳазорон шаҳрвандони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Бо ворид шудан ба шаҳр ҳар шахс метавонад, исботи ин гуфтаҳоро пайдо кунад. Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯйи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад. Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ироаи Пайёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд мекунанд, ки барои боз ҳам зебо гардидани кишвари мо, бахусус пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳар як фарди тоҷик сахмгузор бошад. Маҳз бо ташаббус ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои барномаҳои ҳамкории СММ, СҲШ, САҲА, СААД, давлатҳои дораи эътимод ва тадбирҳои Осиё, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, конференсияҳои сатҳи баланди марбути обу-экология ва дигар нишасту конференсияҳои байналмиллалӣ мебошад.

Душанбеи имрӯза, ки аз зебоиаш меҳмонон ангушти ҳайрат мегазанд, шаҳри бостониву таърихӣ аст. Аввалин қайдҳои таърихӣ оид ба мавҷудияти деҳаи Душанбе солҳои 1676 ба амал бароварда шудааст. Мутобиқ ба ин қайдҳо Душанбе сари ду роҳи бо ҳам мегузашта ҷойгир будааст, ки дар наздаш бозоре мавҷуд будааст ва он ҳар ҳафта як маротиба фаъолият менамудааст. Солҳои 1825 деҳа номи Душанбе – Қурғон доштааст ва аввалин харитае, ки дар он Душанбе нишон дода шудааст ин соли 1875-ум мебошад. Яке аз боигарии ин макон корвонсарой ба ҳисоб мерафтааст ва тавассути Душанбе ба Самарқанд, Хуҷанд, Кулобу Помир роҳҳои пиёдагарду савора мавҷуд будааст.

Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Шуравӣ ба худ мақоми шаҳрро гирифт ва аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном дошт. Аз соли 1961 дубора Душанбе номгузорӣ шуд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асосии бозсозии Душанбе дар даврони истиқлолият гузошта шуд. Аз рӯзҳои аввали ба ќудрат омадани Пешвои миллат дар пойтахти кишвари азизамон ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз гашт. Нақшаҳои ояндасозонаи Пешвои миллатамонро Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар амал татбиқ карда, Душанберо дар як муддати кӯтоҳе ба гулшаҳри афсонавии минтақа табдил доданд.

Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, растаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд. 18 донишгоҳҳу донишкадаҳои пойтахт ҳар сол ҳазорҳо мутахассисони соҳаи гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриро тайёр менамоянд.

Нақши Душанбе дар рушди фарҳангӣ бузург аст. Устодони барҷастаи сухан Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд.

Имрӯзҳо Душанбе охирон сангари илму дониш, нангу номус ва хонаи умеду орзуҳои ақвоми ориёиҳои ҷаҳон гаштааст, ки дар сари ин сангар вориси Куруши Кабир, машъалафрӯзи дирафши Ковиён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Мудири шӯъбаи тарҳрезии математикии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Сафарзода Э.Ҳ.

Мудири шӯъбаи назарияи ададҳо, алгебра ва топологияи Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Назрублоев Н.Н.