Skip to main content

Ба ифтихори ҷашни Рӯзи пойтахт

312Тавре, ки мо сокинони шаҳри зебо ва дилорои Душанбе ҳамагон хуб медонем, дар замони Истиқлол, яъне аз соли 2005 инҷониб ҳамчун як анъанаи дерина ҳамасола дар шаҳри Душанбе рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти мамлакатамон дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ ва бо эҳтимоми некандешонаи шаҳрдорӣ, хусусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ботантана таҷлил карда мешавад.

Лозим ба тазаккур аст, ки пойтахти кишвари мо - шаҳри дилорои Душанбе, шаҳри дорои таъриху тамаддуни пурғановату таърихии ба худ хос буда, он ҳамчун яке аз шаҳрҳои ободу зебо ва басо бузургу мутараққӣ маҳсуб ёфта, тибқи таҳқиқоти муҳаққиқону муаррихон ба давраи Кушониён тааллуқ дорад, ки боиси ифтихору сарфарозист.

Ба ифодаи олимон ва бостоншиносони маъруф, шаҳри Шумон ё худ Душанбе аслан гирем дар соҳили дарё, ки ҳоло онро мардуми таҳҷойии он дарёи Душанбе меноманд, ҳанӯз дар асрҳои III ё IV пеш аз мелод пайдо шудааст. Чунки маҳз бозёфтҳои пораҳои сафолҳои қадима ва давраи атиқа бештар аз он шаҳодат медиҳанд, ки воқеан ҳам дар дохили деворҳои шаҳр як қатор шаҳракҳо ва инчунин гузарҳою маҳалҳои мухталифи аҳолинишин ва қадимтарин вуҷуд дошта буданд.

Барои далел ба ин гуфтаҳо зикр кардан ба маврид аст, ки дар бозёфтҳои хаттӣ аз деҳаи Душанбе бори нахуст дар охири соли 1676 ёдоварӣ шудааст. Муҳаққиқон зикр кардаанд, ки шаҳри Душанбе дар сари чорроҳа қарор дошт ва рӯзҳои душанбе дар ин ҷо бозори калон ташкил мешуд, ки асли баромади номи шаҳр низ аз он ҷо гирифта шудааст.

Бузургсолон зикр кардаанд, ки дар ин шаҳр зиёда аз 500 хонавода ё худ ба гуфти он замона буна мавҷуд буда, бар замми ин тақрибан дар ин шаҳр зиёда аз 8000 нафар аҳолӣ кору зиндагонӣ мекарданд. Дар баъзе аз маъхазҳои бойгонӣ расман зикр шудааст, ки соли 1826 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри зебоманзари Душанбе - Қӯрғон ном дошт.

Аз рӯи маълумотҳои муҳаққиқон харитае, ки дар он шаҳри Душанбе ишора шудааст, соли 1875 тартиб дода шуда буд. Он вақт шаҳр аз як қалъаи баланде иборат буд, ки дар соҳили дарёи ҳамноми худ Душанбе ҷойгир буд ва зиёда аз 10 ҳазор нафар аҳолӣ дошт.

Маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз рӯйи мансубияти касбӣ ва ҳам аз рӯйи ҷамъиятҳои миллӣ тақсим карда мешуданд. Дар маркази пойтахт якчандто мактабу корвонсаройҳо, ду мадраса ва дар аксари маҳаллаҳо масҷидҳо низ мавҷуд буданд.

Шаҳр дар ҷойи қамишзорҳо бунёд мешуд. Кӯчаҳои шаҳри навбунёд он солҳо пур аз чангу лой ва басо ҳам харобу абгор буданд. Солҳои пештар дар аксар маҳаллаҳои пойтахт миллатҳои мухталиф аз қабили мардуми ҳисориҳо, бухороиҳо, яҳудиҳо, ургутию уротеппагиҳо ва тотору урусҳо пайдо шуда, дар қатори тоҷикони маҳаллӣ дар пойтахт кору зиндагонӣ мекарданд.

Дар шаҳр масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ хело душворӣ дошт. Аз ин рӯ машкобҳо барои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз соҳилҳои дарёҳои Лучоб ва Душанбе об мекашониданд.

Оби нӯшокии поку зулолро машкобҳо ба мисли ширфурӯшони имрӯза ба дари хонаҳои мардум тавассути зарфҳои чӯбину аробаҳо мекашониданду ба муштариёни худ “оби дарё да биё, оби софу покиза да биё!” гӯён фарёд мекарданд. Агар ба касе оби нӯшокӣ зарур мешуд, онҳо ҳар рӯз дар вақти зарурӣ ба хонаи ӯ дастрас гардонида, сипас дар девори хонааш як хатти оддӣ мекашиданд, ки он маънои ҳисобу китоби байни обфурӯшу обхарро дошт.

Баъдтар солҳои 1933-1934 якчанд чоҳу қубурҳои об гузарониданд, ки он аз ду крани обкашонӣ иборат буд. Як сатил об ба ивази як таллон дода мешуд. Қувваи барқ низ вуҷуд дошт. Дар паси меҳмонхонаи ҳозираи “Вахш” як пойгоҳи барқӣ ҷойгир буд. Азбаски ҳавлиҳои каҷукилеби зиёде вуҷуд доштанд, мардум барои хӯрокпазӣ бештар аз оташ истифода мебурданд. Зимистон бо сандаливу бухорӣ хонаҳояшонро гарм мекарданд. Аксарияти сокинон бомҳо начаканд гуфта, тез-тез ба он намак мепошиданд.

Падару бобоёнамон ба мо нақл карданд, ки шаҳри Душанбе дар даврони мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ хеле тараққӣ карда, бунёди биноҳои муосир ва хонаҳои баландошёна шурӯъ гардид. Шаҳр рӯз аз рӯз ободу зебо ва сабзу хуррам гардонида шуд. Дар гулгашту хиёбонҳояш бо гузашти айём дарахтони нодир ва чанорҳои сар ба афлок кашида пайдо шуданд. Хусусан чинорҳои хиёбони асосӣ – Рӯдакӣ (собиқ хиёбони Ленин) хеле хуб сабзида бо шукӯҳу шаҳомати худ ба ҳусни пойтахти мамлакат ҳусни дигареро зам намуданд, ки дар ягон шаҳри олам ин гуна чинорҳо нашъунамо наёфтаанд ва аз нигоҳи илми дендрологӣ, яъне дарахтшиносӣ низ нодиру аҷоиб ба назар мерасанд.

Солҳои 1924 -1929 шаҳр расман ба забони русӣ Дюшамбе ном дошт. Рӯзи 16 - уми октябри соли 1929 ба ифтихори доҳии пролетарҳои ҷаҳон Иосиф Виссарионович Сталин ба шаҳр номи Сталинобод дода шуд. Соли 1961 номи таърихии Душанбе боз ба шаҳр баргардонида шуд.

Душанбеи давраи Иттиҳоди Шуравӣ ҳамагӣ дар давоми якчанд сол аз як шаҳри хурду назарногир ва кӯчаҳои пурлою қамишзори зиёд ба яке аз калонтарин шаҳрҳои мутараққӣ ва пешрафтаи Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Агар мо ба таърихи гузаштаи ин шаҳри зебою дилоро назар афканем, суратҳои кӯҳна хотираи ӯро нигоҳ медоранд, ки ӯ дар замони Шуравӣ чӣ гуна буду имрӯз бо мурури замон ва гузашти айём чӣ хел шудааст.

Феълан дар ҳудуди шаҳри Душанбе 16 боғ ва аз ин ҳам зиёдтар гулгаштҳои дилрабо ва майдонҳои мухталиф мавҷуданд. Бузургтарин боғ, ки онро “Боғи Истиқлол” мегӯянд, дар атрофи Маҷмааи “Истиқлол” ҷойгир аст. Он дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон, яъне соли 2022 дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода супорида шудааст.

Аз ҷониби берун атрофи онро дар маҷмуъ 14 деворнигораҳои андозаи 9 бар 5.20 метр иҳота намудаанд. Ҳудуди умумии майдон ва маҷмаа тақрибан 30 гектарро ташкил медиҳад.

Ҳар сол бо қарори Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳо, дарахтону буттаҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар пойтахт дар мавсими тирамоҳу баҳор тасдиқ карда мешавад. Мутахассисони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода мебошанд, ки оид ба риояи талаботҳои агротехникии шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсолаи интродуксияшуда вобаста ба хусусиятҳои ботаникии онҳо ва инчунин нигоҳубини онҳо тавсияҳои муфид пешниҳод намоянд.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,

Хаёлам зеби дунёи Душанбе!

Бобозода Бақохоҷа - директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон