Skip to main content
20 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун ва дигар сохторҳои дахлдор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бевосита таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Соли 2025 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун, бедор намудани завқи эҷодкориву кашфиёт дар ниҳоди довталабон дар озмун номинатсияи нав - «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд.

Сипас, вазири маориф ва илм доир ба натиҷаи ҷамъбасти даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар соли 2025 маълумот пешниҳод намуда, миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси самтҳои техникиву технологӣ ва ихтироъкориву барномасозиро аз нишонаҳои мусбати рушди муҳити илмӣ дар кишвар арзёбӣ кард.

Гуфта шуд, ки натиҷаи ҷамъбасти даври сеюми озмун нишон дод, ки ҳамагӣ 667 нафар довталаб, аз ҷумла, 227 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типпи нав, 183 нафар донишҷӯ, 41 нафар намояндагони касбу кори гуногун ҳамчун ғолиб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар даври сеюми озмун нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1275 нафар довталаб зиёд иштирок намуданд.

Вазир таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду нумуи соҳаи илму маориф кӯшиш ба харҷ дода, дар баробари пешбурди самтҳои фаъолияти соҳа, ҳамчунин ҷиҳати шаффоф ва ҷавобгӯ ба талаботи Низомнома баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамарӯза тадбирҳои судманд андешида истодааст.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки даври ҷумҳуриявии озмунро низ бо риоя намудани шаффофият ва дар сатҳи баланд бо истифода аз озмоишгоҳҳои замонавии дорои шароити хуби корӣ баргузор намояд.

Гуфта шуд, ки марҳилаи чоруми озмун муҳимтарин зинаи он маҳсуб меёбад, зеро дар он танҳо иштирокчиёне ғолиб мегарданд, ки дар марҳилаи сеюм дониш, маҳорат ва қобилияти зеҳнии худро ба таври шоиста нишон додаанд. Аз ин рӯ, баргузории он бояд дар фазои комилан шаффоф, бо риояи талаботи қатъии Низомномаи озмун, бо иштироки ҳайати ҳакамони тахассусманд ва ба таври пурра наворбардорӣ гардад, то баҳои додаи ҳакамон асоснок ва қобили қабул барои иштирокчиён бошад.

Дар идома миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими заминаҳои ташкилии озмун пешниҳодҳои судманд ироа гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин озмуни муҳимми илмӣ, даври чоруми он тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори умум ба таври густурда таблиғ ва бозтоб ёбад.

Дар анҷом, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута барои дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани озмун супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон