Skip to main content
Тавре маълум аст, шуруъ аз соли 1971 дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон (АХИТ) таъсис дода шудааст. Аз оғози фаъолияти АХИТ ба он хонандагони синфҳои болоӣ (8-11)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри таҳқиқи корҳои илмӣ фаро гирифта шудаанд.

121Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, қабл аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии наврасон ва ҷавонони болаёқат, соҳибистеъдод, донишманд, навовар ва ихтироъкор сол аз сол меафзояд. Барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати мамлакат Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар доираи фаъолияти илмии худ хонандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳоро ҷалб менамояд. Самти фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ба ҷалби истеъдодҳои нав ҳангоми иҷроиши корҳои илмию таҳқиқотӣ дар даврони мактабхонӣ равона гардида, натиҷаҳои илмии хонандагон дар доираи бахшҳои илмҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва ҷамъиятшиносӣ амалӣ мешаванд.

Дар баробари ин, маврид ба зикр аст, ки АХИТ – ин, пеш аз ҳама, дарёфти истеъдодҳо ва эҷодкорон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ), литсей ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар оянда омода намудани мутахассисони моҳир, бомаърифат ва эҷодкор, инчунин такмилдиҳандаи фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, пеш аз ҳама, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ, ки барои тадбирҳои интихоби касбу ҳунари мактаббачагони боистеъдод ва ҷалби онҳо ба илму маърифат, инкишофи малакаҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ, эҷодкорӣ, фаъолияти таҷрибавии беруназдарсӣ ва таҳти роҳбарии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодони варзидаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таълимгоҳҳо ва мутахассисони болаёқат сурат мегирад, нигаронида шудааст.

Ҳангоми пешбурди фаъолияти худ Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд, ки миёни онҳо метавон номбар намуд:

1. Мусоидат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо дар тарбия ва таълими иловагии хонандагон дар асоси барномаҳои таълимии иловагӣ ба омӯзиши илм, таҳқиқот, техника ва технологияи муосир, инкишофи озодона ва муносибати эҷодӣ ба меҳнат, мавқеи фаъоли ҳаётӣ, инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ;

2. Фароҳам овардани шароит барои инкишофи эҷодӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими таълимгирандагон, такмилидиҳии бахшҳо, филиалҳо, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ дар тамоми ҳудуди мамлакат, аз ҷумла дар марказҳои вилоятҳои кишвар;

3. Таҳкими робитаҳои АХИТ бо корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии кишвар, ба сарварии маҳфилҳо ва бахшҳо ҷалб намудани олимон, омӯзгорони ботаҷриба, ихтироъкорон ва навоварон;

4. Такмили худфаъолиятии хонандагон, шакл ва равишҳои тарғиби дастовардҳои илму техника ва истеҳсолот, низоми назорат ва роҳбарӣ ба бахшҳо, шӯроҳо ва анҷуманҳои илмии таълимгирандагон, истифодаи васеи технологияи муосири илмӣ, иттилоотӣ ва иртиботӣ;

5. Пайваст намудани занҷираи мантиқан асосёфтаи “маориф-илм-таҳқиқот-истеҳсолот”.

Дар асоси Фармоиши президенти АМИТ соле як маротиба Сессияи баҳорӣ баргузор мегардад ва озмун дар асоси кори комиссияи босалоҳият ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ҳар як бахш як ё ду нафар мутахассисони варзидаи соҳавӣ аз ҳисоби воҳидҳои сохтории АМИТ, аз ҷумла, Раёсати АМИТ, институтҳои илмӣ ва марказҳои он интихоб мегарданд. Комиссия дар ҳамаи бахшҳо иборат аз Раис, муовини Раис ва котиби илмӣ дар асоси фармоиш таъин ва интихоб мегарданд. Раиси комиссия рафти баргузории озмунро назорат бурда, имкони дахолат намудан ҳангоми баргузории озмунро дар ҳолатҳои баҳсӣ пайдо карда метавонад.

Имрӯзҳо хонандагони мактабҳо иқтидори илмии худро дар бахшҳои академия, аз ҷумла, бахши илмҳои тиб, генетика ва биология, физика ва астрофизика, технологияҳои иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ, математика ва кибернетика, география, экология ва геология, химия, гидрохимия ва бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ (ҳуқуқ, иқтисодиёт, таърих ва забонҳои хориҷӣ) дар заминаи озмоишгоҳҳои институтҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ намуда истодаанд.

Беҳтарин хонандагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, ки ғолиби бахшҳои илмҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва ҷамъиятшиносӣ мегарданд, соҳибони дипломҳои дараҷаи 3, 2, 1 ва ҳамзамон унвонҳои фахрии узви вобаста ва узви пайваста (академик)-и Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон мегарданд. Бояд дар назар дошт, ки иқтидори илмии хонандагони академияи хурд танҳо ҳангоми қобилиятҳои эҷодӣ ва таҳқиқотии онҳо, дар шакли маърӯзаи илмӣ, ки он дар маҷалаҳои илмӣ рӯйи чоп омадааст, муайян карда мешавад. Аз инҷо бармеояд, ки хусусияти фарқкунандаи озмунҳо ва маҳфилҳои илмии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон аз дигар озмунҳо маҳз қобилияти эҷодӣ, навоварӣ ва ғоявии илмии хонандагон маҳсуб меёбад.

Мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ, Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Манучеҳр Садриддинов