Skip to main content

Зан- модар ин сарчашмаи ҳаёт аст. Дар Тоҷикистон, мақому манзалати занон дар давраи соҳибистиқлолӣ хеле боло рафтааст. Онҳо на танҳо дар корҳои хона, балки дар рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, илм, тиб, фарҳанг ва соҳибкорӣ нақши муҳим доранд.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Президент қайд намуданд, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Имрӯз занону духтарон қисми муҳими соҳаҳои гуногуни касбиро дар кишвар ташкил медиҳанд, аз ҷумла:

25% хизматчиёни давлатӣ;

73% кормандони соҳаи маориф;

71% кормандони соҳаи тиб;

47% кормандони соҳаи фарҳанг;

37% олимон;

30% соҳибкорон.

Дар баробари ин қайд намуданд, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.

Хотиррасон бояд, кард ки 9 марти соли равон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, маънавиёту маърифатии мардуми мамлакат ба таври шоиста ва зарурӣ матраҳ гардид. Президент дар ин масъала бо маврид таъкид намудаанд: “Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем.

Имруз ҳам дар баромади худ, ишора карданд, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.

Хулосаи сухан ин аст, ки занону духтарон пешбарандаи оила дар ҷомеа мебошанд. Зан-модар аввалин устодест, ки инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, барои занону модарон зарур аст, ки фарзанди худро дар руҳияи ватандустӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани расму ойин, забону фарҳанг, либоси миллӣ тарбия кунанд. То ки насли ояндасоз бофарҳанг, боаҳлоқ ва боарзиш ба камол расад ва дар пешрафту шукуфоии ҷомеа саҳми арзанда гузорад.

Дороншоева Н.Ш. - н.и.с., мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ