Skip to main content

Солҳои охир олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро ба роҳ монда баҳри ба даст овардани натиҷаҳои назаррас фаъолиятро ба роҳ монда, дар ҳошияи солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд, ки натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда истодаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки химия яке аз фанҳои асосии доираи илмҳои дақиқ ба шумор меравад, олимону кормандони Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри баланд бардоштани илми тоҷик сармашқи кори худ намуда, фаъолити ҷонноку фаъолона ба роҳ мондаанд ва илми химияро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар намояндагӣ мекунанду дар ин ҷода муваффақ ҳам гаштаанд.

Имрӯз (06.01.2024) олимону кормандони Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамаи дастовардҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва роҳбарону кормандони ниҳодҳои дар тобеияти академиябуда аз намоишгоҳи оростаи олимону кормандони Институти химия дидан намуда, аз таассуроти бардоштаашон ба олимону натиҷадорон баҳои баланд доданд.