Skip to main content

Имрӯз, 30 декабри соли 2024 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Маҷлиси мазкурро директори Институт, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ҳусни оғоз бахшид ва оид ба натиҷаҳои назарраси фаъолияти Институт дар соли 2024 ва нақшаи Институт дар соли 2025 суханронӣ намуд. Дар ҷараёни ҷаласа инчунин натиҷаи аттестатсияи навбатии докторантон ва магистрантони Институт баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Ҳамчунин Раиси Шӯрои олимони ҷавони Институт, номзади илмҳои таърих Ашӯров Ардамеҳр оид ба фаъолияти муҳаққиқони ҷавони муассиса ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Дар ҷамъбасти ҷаласа риояи қатъии интизоми меҳнат ва иштирок дар шанбегиҳо баррасӣ гаштанд.