Skip to main content
Наврӯз, ки яке аз идҳои қадимтарин ва бузургтарин дар рӯи Замин буда ва таърихи беш аз 6000-сола дорад, ба сарзамини биҳиштосои тоҷик қудуми мубораки худро гузошт. Он рамзи оғози зиндагии нав, эҳёи табиат, ваҳдат ва рукни муҳими фарҳангии мардуми Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик мебошад.

Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиниёну Сомониён яке аз ҷашнҳои бузург ба ҳисоб мерафт. Аз рӯи баъзе маълумотҳои таърихӣ сарчашмаи ҷашнвораи Наврӯз ба замони Зардӯшт рост меояд ва аввалин шахсе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс Ҷамшед буд.

212121Анъанаҳои таърихии ҷашнгирии Наврӯз то ба замони мо тағйир наёфтаанд. Мардум Наврӯзро бесаброна интизор мешаванд ва барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин иди бузург тайёрии ҷиддӣмебинанд. Мардум ба тозагии хонаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои хоси баргузории иди Наврӯз омодагӣ мебинанд. Бояд қайд намуд, ки мардуми Тоҷикистон бо вижагиҳои хос, бо оро додани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, пухтани сумалак, анвои шириниҳо, бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд. Мардуми тоҷик дорои расму ойинҳо ва амалҳои суннатӣ буда, ҳар як ҷашну маросими онҳо маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи худро доранд. Наврӯз низ чунин суннатҳои худро дорад.

Сумалак, навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии хаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумҳоро шуста месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Занҳову духтарон сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро ривояте ҳаст, ки соли навро агар бо ханда, хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, хамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.

Яке аз рамзҳои маъмулии ҷашнгирии Наврӯз ин дастархони ҳафт сину ҳафт шин мебошад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд гузошта мешавад. Ҳамчун қоида дар ҷашни Наврӯз ду намуди дастархон оро дода мешавад: хони “Ҳафт Син” ва хони “Ҳафт Шин” мебошад.

Яке аз анъанаҳои наврӯзӣ ин 7 “син” мебошад. Ҳафт “син” ин номгӯи ҳафт чизҳоеанд, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи – С (Син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд: сирпиёз, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, сумалак, испанд. Ҳар як давлату миллат урфу одати худро дорад. Бинобар ин ба ҷои ҳафт сини номбаршуда халқияту миллатҳои дигар, чизҳои ба расму одатҳои худ наздикро низ дар дастархони наврӯзии худ мегузоранд.

Ба ғайр аз «Ҳафт Син» дар рӯи дастархони наврӯзӣ «Ҳафт Шин» мемонанд. Ҳафт Шин ин номгӯи чизҳои рӯи дастархони наврӯзӣ, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо Ш (Шин) оғоз меёбанд, ба мисоли: шакар, шона, шамъ, шиннӣ, шарбат, ширбиринҷ, шир.

Инчунин аз ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, хонабаророн, оштикунонӣ, бузкашӣ то ба замони мо омада расидаанд:

Ҳарчанд дар бораи ҷанбаҳои тиббӣ доштани ин ҷашни фархунда олимон маълумоти кам пешниҳод намудаанд, вале ҳар як рамзу унсури ин ҷашн барои саломатии инсон фоидаовар буда, мафҳумҳои зиёде то ба ҳол ниҳон аст.

Наврӯз саросар аз рамзҳо иборат буда, ҳар унсуру падидаи он ишорае ба як ҷанбаи ҳаёти инсон мебошад. Аз ҷумла сафедӣ рамзи покиву озодагӣ ва сафову осудагист. Аз ин ҷост, ки духтарон либоси сафед ба бар мекунанд, кадбонуҳо хонаҳоро сафед менамоянд. Ва беҳуда намгӯянд, ки тозагӣ гарави саломатӣ мебошад.

Ҳафт хони наврӯз, пеш аз ҳама бо ҳафтсин ва ҳафтшин оғоз меёбад.

Аксари мардуми ориётабор аз рӯзгори куҳан то имрӯз хони наврӯзии худро бо номи Ҳафт син-ҷумла санҷид, себ, сабза, суманак, сикка, сирко ва сипанд оро медоданд. Илова бар ин, рӯи хони наврӯзӣ як зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъ, гулоб, ширинӣ низ мегузоранд, то он бошукӯҳтар гардад.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Он барангезандаи ишқу ошиқӣ ва нишонаи равияи хуби зоишу таваллуд мебошад. Баъзе аз донишмандон онро қавикунадаи ақли инсон низ медонанд ва ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид нишонае аз донишу хирад мебошад.

Себ низ рамзи ҳафтсин мебошад, ки он яке аз унсурҳои асосии тандурустии инсон ба шумор меравад. Дар тибби мардумӣ мегӯянд, ки ҳар кас ҳар рӯз як дона себ хурад, ӯро ба табиб эҳтиёҷ намонад.

Сабза аз ҷумлаи маводи хони наврӯзӣ ба шумор меравад, ки пеш аз ҳама ба рӯйиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошад. Сабза рамзи сарсабзӣ, нумӯ ва хуррамии инсониятро бозгӯйӣ менамояд. Бинобар ин, мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол ва аз нав солимгардии инсон медонистанд.

Унсури дигари суфраи наврӯзӣ суманак мебошад, ки ҳамчун ғизои маъруф пур аз витаминҳост. Бесабаб нест, ки онро ғизои "мардофарин" ном мебаранд. Зеро ин таоми идона аз тухми ғалла таҳия мешавад ва ғалла дар суннати дерини ниёгони мо, пеш аз ҳама ба файзу баракат иртибот дорад. Табибони мардумӣ суманакро ҳамчун ғизои барои меъдаи инсон фоидаовар тавсия медиҳанд.

Сирко низ рамзи наврӯзӣ мебошад, ки онро қувватдиҳандаи қувваи ҳофиза ва қалб аст. Сирко инсонро дармон мебахшад ва аз дарду офатҳо эмин нигоҳ медорад. Онро рамзи ризову тасаллӣ низ қаламдод кардаанд. Барои гувориш ва ҳазм шудани таом аз анвои гуногуни сирко, ба мисли шарбатҳои ангур, себ, гелос, олуболу, шафтолу, зардолу таҳия мегардад, истифода мекунанд.Сирко чарбшӯст ва қобилияти зиддисаратонӣ дорад.

Сипандро донишмандон рамзи сабр ва таҳаммул донистаанд. Дар хони наврӯзӣ он нишонаи пойдорӣ ва муқовимат мебошад. Дар тибби мардумӣ он аз доруҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирии бемориҳои зиддиуфунӣ, зуком ва тақвияти қувваи биноӣ истифода мешавад. Дар урфи мардуми мо, онро чун "гиёҳи балогардон" низ ном мебаранд.

Донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.

Ба ғайр аз ин дар рӯзҳои наврӯзӣ мардум бозиҳои ҷашниро, аз қабили бӯзкашӣ, чавгонбозӣ, дави миллӣ, оташпарӣ ва ғайра ба роҳ мемонанд, ки ҳамаи онҳо ба саломатии инсон фоидаовар мебошанд ва ба руҳу солимии инсон кӯвваи нав ато менамоянд.

Наврӯзи оламафрӯз бидуни ҷанбаҳои фарҳангӣ мардумӣ доштан, инчунин барои солимӣ ва қавигии инсонҳо нақши муҳим дорад.

Ибодзода С. Т., Ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор.

Каримов Ш.Қ., сармутахассис.