Skip to main content

(Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”)

“Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату ҳукумат мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

28-уми декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи бинои нави Парламенти Тоҷикистон бо Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, васоити ахбори омма ва ҷомеаи кишвар муроҷиат намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Паёми солонаи Президенти кишвар ҳамчун дурнамо ва шиори рӯзмарраву муосир дар роҳи таҳким ва густариши ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат натиҷаҳои ҷолиби фаъолияти солонаи самтҳои мухталифи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон ироа гардида, ҳамзамон барномаву стратегияҳои соҳавии самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои солҳои оянда муайян карда мешаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ дар баробари зикр намудани нуқтаҳои ҳаётан муҳими самти сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон, ба қишри фаъолтарини ҷомеа – ҷавонон, ки дар оянда ҳамчун давомдиҳандагони кору пайкори қишри калонсоли кишвар маҳсуб меёбанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Чи тавре ки Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, фардои давлату давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро маҳз ҷавонони масъулиятноку ватандӯст ба зимма хоҳанд гирифт. Зеро ташаббусу иқдомҳои созандаи ҷавонон ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ мегарданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумати кишвар, хусусан таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушоҳидагардидааст. Сарвари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъияти ҳассоси сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар дар солҳои аввали истиқлолият нигоҳ накарда, 2-юми феврали соли 1993 мулоқоти аввалини худро бо намояндагони ҷавонони кишвар доир намуданд. Роҳбари давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳдошти некуаҳволии ҷавонон дар раванди таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва мақоми худро соҳиб шудани ҷавонон дар ҷомеа, инчунин ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси баланди ватандориву ватандӯстии ҷавонон диққати махсус додаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 ҷудо гардидани квотаи президентӣ, дар соли 1998 таъсис ёфтани ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ”, аз соли 1998 инҷониб таҷлил гардидани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҳамасола санаи 23-юми май, аз фонди махсуси Роҳбари давлат таъсис додани степендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” аз соли 2008, инчунин сохтану ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ аз иқдомоти беназири Пешвои миллат ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба донишу илмомӯзӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони донишманду кордон дар самти илму техника ва варзиш, бедор намудани руҳияи баланди ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои миллати тоҷик ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти вазъияти тағйирёбандаи ҷаҳони муосир таъкид ба он намуданд, ки ҷавононро зарур аст худ ва дигаронро аз хатару таҳдидҳои мафкуравии радикализму ифротгароӣ, терроризму хуруфотпарастӣ эмин нигоҳ дошта, ҷиҳати таъмини амну субот, ҳифзи истиқлолияту ваҳдати миллии кишвар ҳамеша омода бошанд.

Дар воқеъ, шиддат гирифтани бозиҳоиманфиатҷӯёнаи кишварҳои абарқудрат, низоъу даргириҳои кишварҳои гуногуни олам, фарогиршавии фарҳанги бегонаву бегонапарастӣ, таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ, таассуби диниву хурофотзадагӣ, имрӯз моро водор месозад то дар зеҳни ҷавонони имрӯза ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори баланди ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро ҷойгир намуда, нагузорем, ки фирефтаи ақидаҳои фарҳанги бегона, хурофотпарастӣ ва шомили ягон созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро гарданд.

Аз ин лиҳоз, дар ҷавоб ба дастгириву ғамхориҳои беназиру мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонониморо зарур аст бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва қарзипурифтихори фарзандии худ Ватанро дӯст дошта, аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар ифтихор намоянд, ба қадри сулҳу амнва Ваҳдату ягонагии он расида, бо саъю талоши ҷавононаи худ барои ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистоназ ҳама хавфу хатарҳои омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир, ҳамешаомода бошанд.

Салимов А.Ҳ. - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ