Шаҳрванд кист ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гуна навъи ҷомеа мебошад? Баррасии ин масъала ва посух додан ба ин савол аз нимаи дуюми асри XX то кунун таваҷҷуҳи ҷомеашиносон ва файласуфонро ба худ кашида, ба мавзуи баҳсталаб табдил ёфтааст. Махсусан, дар мавриди фаҳмиши мафҳуми “шаҳрванд” дидгоҳҳои гуногун мавҷуд мебошанд. Аммо таҳлил ва муқоисаи назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷанбаи этимологӣ ё баромад мафҳуми “шаҳрванд” (“гражданин”) аз калимаҳои полис (шаҳр)-и юнонӣ ва “град” (“город”)-и русӣ таркиб ёфтааст.
Ин фаҳмишро бо муқоисаи чанд нукта метавон асоснок кард. Масалан, ба андешаи ҷомеашинос В.И.Дал «Шаҳрванд - сокини шаҳр, шаҳрӣ, шаҳрнишин, узви умумияти одамон ё шаҳр, ки дар зери идораи як ҳукумати умумӣ, ҳар як шахс ё инсон, ки мансубият ба ин халқ, кишвар ва давлат доранд, мебошад».[4, с.389-390] Донишмандони рус С.И.Ожегов ва Н.Ю.Шведова бошанд, шаҳрванд гуфта шахсеро дар назар доранд, ки сокини доимии ҳамон кишвар аст, барои ҳифзи он омода аст ва дорои ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳо махсус мебошад».[8, с.143]
Дар “Луғати фалсафии муосир” дар заминаи такмил додани таърифҳои қаблӣ шаҳрванд гуфта, фарди алоҳида, ки ҳуқуқҳои заруриро ҷиҳати озодона истифода бурдани ваколатҳои худ дорад, барои иҷрои амалҳои хеш қобилият ва масъулияти пурраи ҷавобгариро дар назди қонун, ҷамъият ва дигар шаҳрвандон зарурӣ мешуморад, фаҳмида мешавад. [12, с.164]
Аз муқоисаи ин фаҳмишҳо бармеояд, ки ҳама таърифҳо мазмунан ба якдигар монанд мебошанд ва нуктаи ниҳоии онҳо ин аст, ки шаҳрванд - ин мақоми муайяни иҷтимоии шахс аст, ки ӯ аз рӯйи ҳуқуқ ва уҳдадориҳо ба он нойил мегардад.
Мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» бошад, таърихан иртиботи ногусастанӣ бо мафҳуми «шаҳрванд» дорад, ки маншаи худро аз фалсафаи қадим гирифтааст. Чунки юнониёни қадим худро берун аз полис (шаҳр) тасаввур карда наметавонистанд. Полис - ин умумияти муайяни муташаккили одамон фаҳмида мешуд. Ба ақидаи мутафаккирони юнонӣ аъзои полис будан маънои шаҳрванд буданро дошт, аммо на ҳамаи одамони дар полис маскунбуда, шаҳрванд баҳисоб мерафтанд. Ғуломон, хориҷиён ва афроди ғайриқонунӣ таваллудшударо мутафаккирони юнонӣ шаҳрванд намеҳисобиданд.
Махсусан, файласуфи юнонӣ Афлотун [10, с.260] бори аввал дар баробари “давлати сиёсӣ” вуҷуд доштани “ҷоеаи шаҳрвандӣ”-ро эътироф кардааст. Ба андешаи ӯ ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин ҷомеае мебошад, ки барои қонеъ кардани талаботи шаҳрвандон хизмат мекунад.
Файласуфи дигари юнонӣ Арасту инсонро мавҷуди сиёсӣ, вуҷуде, ки қобилияти фарқ кардани некиро аз бадӣ, адолатро аз беадолатӣ дорад, меҳисобад. Қайд мекунад, ки танҳо ҷамъият шароитро барои такомули инсон муҳайё менамояд. Инсон қодир аст, ки тавассути зиндагӣ дар ҷомеа ба фазилатҳои олӣ нойил гардад. Ӯ мафҳумҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи сиёсӣ (давлат)-ро аз рӯйи мавҷудияти ҳувиятӣ ва мазмун як мешуморад. [1, с.376-644]
Бо вуҷуди ин мафҳуми civis (истилоҳи лотинӣ буда, маънои "шаҳрванд"-ро дорад) аз истилоҳи юнонии polites тафовут дорад. Ба он хотир, ки шаҳрванди Рим бояд сифатҳои зерини ахлоқиро дошта бошад: меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, самимият, ватандӯстӣ. Инчунин, барои пойдории сулҳ бояд ҷанговар бошад. Дар робита бо ин, образи шаҳрванд дар Рим образи ҳарбӣ-аристократиро ифода мекард.
Ҳамин тавр, дар аҳди қадим шаҳрванд мавҷуди расмӣ ба ҳисоб мерафт. Барои ӯ иштирок дар соҳаи давлатдорӣ - кори бошараф маҳсуб меёфт. Манфиати давлатро аз манфиати шахси алоҳида ҷудо намепиндоштанд. Умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки онро маҷмуи шаҳрвандон ташкил медод бо давлат айният медоданд.
Дар асрҳои XV-XVII бо баробари ташаккул ва рушд ёфтани донишҳои илмӣ ва методологияи таҳқиқи масъала аз ҷанбаи назариявӣ ва системанок таҳқиқ кардани падидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, муайян кардани фарқиятҳои мавҷудаи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мавзуи калидии муҳаққиқони соҳа қарор гирифт. Бавижа, Н.Макиавелли андар боби фарқияти байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар зерманзари муносибат ба ахлоқ ва сиёсат ибрози назар карда, қайд карда буд, ки давлат аз маҷмуи муносибатҳои сиёсӣ иборат буда ва сиёсат муносибати ғайриахлоқӣ аст. Аммо дар тафовут аз он ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмуи муносибатҳои ғайрисиёсӣ буда, ҷавҳари онро ахлоқ ташкил медиҳад ва мувофиқ ба талаботи он давлат бояд ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат накунад, аммо иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандонро назорат барад. Бо вуҷуди мушаххас кардани тафовути байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Н.Макиавелли низ зикр менамояд, ки давлат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба давлат вобастагии зич дошта бошанд.
Марҳилаи муҳимми ташаккули муносибатҳои нав ба фаҳмиши мафҳуми шаҳрвандӣ аз эътирофи хусусияти таърихии ҳуқуқи инсон сарчашма мегирад. Дар ин марҳила Томас Гоббс яке аз аввалин файласуфоне буд, ки талаботи давлати сохибихтиёр ва ягонаро ба миён гузошт, ки маънои бартараф кардани нобаробарӣ ва гуногунҷанбагии ҳуқуқро, ки хос барои давраи асримиёнагӣ буд, дошт. Дар тафовут аз дигар мутафаккирон ӯ қайд карда буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлат айният доранд. [3, с.731]
Т.Гоббс маҳз дар рисолаи “Левиофан” тасдиқ намуд, ки одамон табиатан баробаранд (баробарӣ шартӣ аст, аммо он вуҷуд дорад). [3, 93] Аз ин сабаб мусовот дар баробари баробарии умедҳо ҷиҳати расидан ба мақсадҳо ба вуҷуд омад. Баъдан нобоварӣ ба ҳамдигар боис гашт, ки рақобат, ҷанг ба муқобили ҳама, ки дар чунин ҷанг ягон амал наметавонад ғайриодилона бошад, шуълаи оташи худро фурӯзон кард. Бо вуҷуди ин, ҳавасҳо вуҷуд доранд, ки одамонро ба сулҳу осоиш мойил мекунанд. Аз ин ҷо Т.Гоббс қонуни табииро коркард карда, менависад, ки «Инсон бояд сулҳро ҷӯяд ва пайравӣ аз он кунад".[3, с.129]
Ба ақидаи Т.Гоббс қонуни табиӣ дастуре фаҳмида мешавад, ки ақлонӣ таҳия шудааст. Мувофиқ ба он барои шахс иҷрои он корҳое, ки ба ҳаёти ӯ зараровар мебошанд, манъ аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мисли давлат қайд мекунад ӯ ин ҳолати иҷтимоӣ аст, ки алайҳи ҷанг муқобил меистад ва хостори низоми осоиштаӣ ҷомеа мебошад. Бо ин дидгоҳ Т.Гоббс ду андешаи мухолиф, ду ҳолати иҷтимоии одамон - табиӣ ва тамаддуниро мушаххас менамояд.
Сиёсатшиноси тоҷик Г.Зокиров низ дар боби пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тафриқаи он аз давлат таҳқиқот анҷом дода, ба чунин хулоса меояд, ки “Дар аввал мафҳуми мазкурро Т.Гротсий ва Т.Гоббс истифода намудаанд. Мафҳуми “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ро барои ифодаи инкишофи таърихии ҷомеаи инсонӣ, гузариши инсон аз мавҷудоти табиӣ ба ҳолати мутамаддин истифода бурдаанд”. [5, с.3] Аз диди муҳаққиқи тоҷик донишмандони аврупоӣ дар аввал мафҳуми “Ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ро аз мафҳумҳои “давлат” ё “ҷомеаи сиёсӣ” чандон фарқ намекарданд, аммо дар ягон мавриде “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ро бо мафҳуми “давлат” ба як маъно истифода набурдаанд.
Намояндагони дигари назарияи натуралистӣ низ чун ҳамназарони худ ҷомеаи шаҳрвандиро як ҳолати табиӣ мешуморанд. Онҳо байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат тафовути ҷиддиеро намегузоранд. Зеро ҷомеа хусусияти табиӣ дошта, давлат ҷомеаи шаҳрвандиро ташаккул медиҳад.
Ибораи ҳолати табиӣ бошад, на маънои беэътинойӣ ба қонунҳо, балки ба қонунҳои табиие, ки зуровариро манъ карда, аъзои худро барои эҳтиром доштани моликият ва дастгирӣ аз сулҳ даъват мекунанд, фаҳмида мешавад. Ҳамин тавр, И.Кант мафҳуми «мухтории ахлоқӣ»-и шахсро истифода мебарад, ки мувофиқ ба он дар бораи тартиботи ҳуқуқӣ метавон ҳамон вақт сухан гуфт, ки он ҷо ҷомеа новобаста аз давлат воситаҳо ва таҳримҳоро, ки онҳо метавонанд фарди алоҳидаро маҷбур намоянд то меъёрҳои умумиэътирофшударо риоя дорад, истифода барад. Ба ақидаи И.Кант зарур аст, ки фард аз ҳолати табиӣ, ки дар он ҳар кас аз рӯйи ақлонияти худ рафтор мекунад ва бо ҳамаи қувваҳо муттаҳид мегардад, барояд. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ – ин муҳитест, ки тартибҳои амалиро, ки тавассути онҳо худ ба худ зуҳури амали тасодуфӣ зарур мегардад, фаҳмид. [6, с.63]
Ба андешаи Г.В.Гегел «Ҷомеаи шаҳрвандӣ як фарқиятест, ки байни оила ва давлат эҷод карда мешавад. Ҳарчанд инкишофи ҷоеаи шаҳрвандӣ нисбат ба рушди давлат дертар шурӯъ мешавад».[6, 228] Умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаҳмиши В.Гегел муқобили давлат баромад мекунад, аммо на ба он маъно, ки манфиатҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии он гуногунанд, балки аз рӯйи пайдоиш онҳо куллан иттиҳодияҳои мутлақи одамон мебошанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ барои манфиатҳои шахсӣ хизмат мекунад, бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мавҷудияти давлат зарур мебошад.
Ҷон Локк бошад, муътақид бар он назар буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлат дида пештар пайдо шудааст. Пайдоиши давлатро маҳсули рушду инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шуморида, ҳамзамон қайд мекунад, ки он дар вақти зарурат боз аз байн меравад.
Файласуфи фаронсавӣ Жан-Жак Руссо низ андешаи Ҷ.Локкро тақвият дода, пайдоиши давлатро натиҷаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ меҳисобад. Ҷомеае, ки барои пайдоиши давлат замина гузошта, асоси шартномаи ҷамъиятиро ба вуҷуд овардааст. Ба ақидаи ӯ, мавҷудияти шартнома оид ба озодиҳо ва маҳдудиятҳо моҳияти чунин ҷомеаро ташкил медиҳад. Яъне, он нафаре, ки аввалин шуда қитъаи заминро тоза карда, гуфт ки “ин аз они ман аст” – ӯ асосгузори ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таъкид дошт файласуф. [7]
Шарл Луи Монтеске низ ақидаи ҳамназарони худро дар бораи пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат тақвият дода, иловатан зикр намуда буд, ки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шабеҳи ҳамдигар намебошанд, вале бе якдигар вуҷуд доштанашон ногузир аст. Аз байн бурдани яке аз онҳо боиси шиддатнокӣ ва ба таркиши иҷтимоӣ дучор омадани ҷомеа мегардад. Дар баробари ин, афзалияти ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба давлат пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ қудрат дорад, ки пеши роҳи диктатура ва худкомагиро дар низоми давлатдорӣ бигирад. [9, с.542]
Дар асоси таҳлилу муқоисаи андешаҳо ва нуктаи назари мухталифи муҳаққиқон метавон натиҷагирӣ намуд, ки имрӯз дар риштаи илмҳои ҷомеашиносӣ андар фаҳмиши илмии мафҳуми “ҷомеаи шаҳрвандӣ”ба чунин консепсияҳои илмӣ дучор омад:
• ҷомеаи шаҳрвандӣ навъи ҷомеаест, ки бар хилофи анархия (анархия аз калимаи юнонии ἀναρχία гирифта шуда, маънои беҳокимиятиро дорад) – ҷомеае, ки дар он давлат ва қонун вуҷуд надорад, баромад мекунад;
• ҷоемаи шаҳрвандӣ ҷомеаест, ки ба муқобили фаъолият ва назму насақи идораи калисо пайдо шудааст;
• ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаест, ки маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар гирифта, ба давлат муқобил мебошад;
• ҷомеаи шаҳрванди як падидаи наврӯидаест, ки хосси тамаддуни Ғарб мебошад.
Мувофиқ ба таърифе, ки дар “Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ” нисбати ибораи мазкур дода шудааст, ин аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҷомеаест, ки сатҳи муайяни ҳолати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ, равонӣ, ахлоқӣ, байнифардӣ ва иттилоотии ҷомеаро таъмин мекунад. [11, с.563] Пас, аз ин таъриф бармеояд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин ҷомеаест, ки дар он шаклҳои гуногуни моликият мавҷуд буда, шаҳрвандон вобаста ба касб, шуғли дошта ба навъҳои гуногуни фаъолият машғул мешаванд. Мустақиман андешаи худро озодона изҳор медоранд, барои тарғиби ақидаҳои худ иттиҳодияҳои гуногун барпо менамоянд, то ки манфиатҳояшон ҳимоя гарданд.
Умуман, шароитҳоеро, ки барои пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат карданд метавон ба таври зер нишонрас кард: мавҷудияти демократия дар соҳаи иҷтимоӣ; ҳифз гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; сатҳи муайяни фарҳанги шаҳрвандӣ; фаъолнокии шаҳрвандии аҳолӣ; таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон; худидоракунӣ; тақвият ёфтани гуногунандешӣ, озодии сухан ва баёни озоди ақида; мароқи зиёд зоҳир кардан ба қишри миёнаи аҳолӣ ва ғайра. Нишонаҳои асосии мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд, инҳоянд: дорои муносибатҳои иқтисодии рушдёфта будани ҷамъият; эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои табии инсон ва ҳифзи самаранокии онҳоро таъмин кардан; мавҷуд набудани монополияи идеологӣ дар ҷамъият ва худидора будани корҳои шахсии инсонҳо ва ғайра.
Ҳамин тавр, мазмунан, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлати ҳуқуқбунёд иртиботи зич дорад. Ба он хотир, ки давлати ҳуқуқбунёдро он ҷойе метавон бунёд кард, ки дар он макон ҷомеаи шаҳрвандии дар шакли зарурӣ ташаккулёфта мавҷуд бошад. Зеро дар ин ҷомеа қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танизимкунандаи ҳама гуна амалу рафтор ва муносибатҳои шаҳрвандон: иқтисодӣ, фарҳангӣ, оилавӣ, иттилоотӣ, нажодӣ ва ғайра, ки бе дахолати давлат сурат мегиранд, мебошанд. Яъне дар сатҳи зарурӣ ҳуқуқу озодиҳои шахс қадр карда мешаванд. Аммо набояд ҷамъиятро аз давлат, ки маҳсули инкишоф ва як шакли мавҷудияти он мебошад ҷудо кунем. Танҳо талабот пеш меояд, ки бо ин вижагириҳои хосси ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳаи сиёсиро аз ғайрисиёсӣ, давлатро аз ҷамъият фарқ карда тавонем.
Дар маҷмуъ, инсон унсури муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, вале ӯ дар алоҳидагӣ қударати қонеъ кардани талаботи моддию маънавии худро надорад ва бинобар ин, ба ҳамкорӣ, меҳнати дастаҷамъӣ, робита барқарор кардан бо ҳамдигар, аз ҷумла давлат эҳтиёҷ дорад. Бахусус, давлат, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, хифзи моликият, тартибот, таъмини рақобати озод, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, фасодзадагӣ ва ғайра ба шаҳрвандон шароити муътадил фароҳам меорад, пас шаҳрвандон вазифадор мебошанд, ки назди давлат уҳдадориҳои худро иҷро намояд. Дар сурати иҷро намудани уҳдадориҳо давлат ҳақ надорад, ки ба дигар корҳои шахсии инсон дахолат намояд.
Ниҳоят, ҳамаи ин вижагириҳо ифодакунандаи он маъно мебошанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҷомеаи ҳуқуқӣ, демократӣ, гуманистӣ ва сулҳдӯстона маҳсуб ёфта, дар он роҳёбии ҳар гуна навъи зӯрӣ ба шахсият ҷой надорад. Баръакс, дар он ҷомеа принсипҳои адолат, баробарӣ риоя карда шуда, ҳуқуқ ва озодҳои инсон пурра ҳифз карда мешаванд. Дар асоси ин таҳлилу баррасиҳо месазад зикр кард, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои вазифаҳои мушаххас мебошад:
- ҳифзи соҳаи хусусии ҳаёти одамон;
- риоя ва назорати ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд ва тақсими ҳокимият;
- муътадил нигоҳ доштани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва равандҳо, таъмини тавозун байни соҳаҳои давлатӣ ва молиявии ҷомеа;
- ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ;
- бурдани муборизаи созишоваранда барои дар ҳаёт татбиқ кардани принсипҳои конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд;
- роҳ надодан ба зуҳури амалҳои коорупсионӣ дар ҷомеа ва ғайра.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ як унсури муҳим дар низоми тавозуни ҷомеаи муосир буда, имкон медиҳад, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ назорат ва маҳдуд карда, аз нақзи қонун ва дахолати аз ҳад зиёди онҳо ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон пешгирӣ карда шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба таври муассир пешбарӣ карда, ҳуқуқҳои онҳо, аз ҷумла тавассути пешбурди ташаббусҳои қонунгузорӣ ҳифз карда шаванд. Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ ва шарикии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ амал мекунанд, бояд зиддиятҳои иҷтимоиро танзим намуда, муносибатҳои иҷтимоиро ба ҳам мувофиқ гардонанд.
Бояд гуфт, ки мувофиқ ба Конститутсия дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадафи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин санад барои ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақши муассир гузошт. Аз ҷумла, Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард, ки моҳияти онро иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Ҳокимияти давлатиро ба се навъ: ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, ки падидаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, тақсим намуда, бо ин васила байни ин шохаҳо, равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ гуногунандешии сиёсиро кафолат дод. Ба он хотир, ки агар давлати тозабунёди тоҷикон талош варзад, ки дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳони муосир ҷой гирад, бояд аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ кунад, махсусан гуногунандешии сиёсиро қабул намояд.
Ҳамин тавр, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури муҳимми ҷомеаи иҷтимоӣ бошад, пас Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама вазъи ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуд. Бавижа, шарафи инсон, эҳтиром ба шахсият ва оиларо ба сифати пояи асосии сохтори ҷамъиятиву сиёсӣ ва давлатӣ эътироф кард. Аз ин рӯ, метавон бо эътимод ироа дошт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баъд аз қабули ин санади тақдирсоз ташаккул ёфтааст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунёявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад.
Мувофиқи маводи муътамад ҳоло дар кишвар 7 ҳизби сиёсӣ ва қариб дуюним ҳазор созмони ҷамъиятӣ бо дархосту пешниҳодҳои созандаи худ таъсиргузор буда, онҳо дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон саъю талош мекунанд".[13]
Ё худ «Конститутсия ҳукуқи ҳар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбори омма, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ихтиёран дохил шудан ва баромадан аз онҳо, муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсонро таҳким бахшида, кафолати таъмин ва амалишавии онҳоро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ муқаррар кардааст. Дар ҳамин радиф баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар асоси Конститутсия барои таъсиси ниҳодҳои демократӣ замина гузошта шуда, механизми ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардид, ки ин иқдом барои густариши минбаъдаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли проблемаҳои ҳаётӣ ва рушди андешаи давлатдории миллӣ мусоидат намуд. Дар заминаи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкилотҳои гуногун таъсис дода шуда, фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар шароити озод ва гуногунандешӣ пеш бурда мешавад ва мустақилияти ҳизбҳои сиёсӣ кафолат дода шуда, худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун принсипи муҳимми демократӣ эътироф карда шудааст”. [14]
Дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ", "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот", "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ" ва ғайра имконият фароҳам оварданд, ки дар ҷомеаи мусоири тоҷик шаклҳои мухталифи равияҳои сиёсӣ ва ақидатӣ ташаккул ёбанд, халқ ба сифати манбаи ҳокимият баромад карда, озодии сухан, интихоб, машғул шудан ба шаклҳои гуногуни фаъолият ва ғайра риоя гарданд.
Дар маҷмуъ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои “ҷомеаи шаҳрвандӣ” ва “давлат” айнан як маъноро ифода накарда, бо вуҷуди бо ҳамдигар алоқамандии зич доштан, аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун шакли умумияти одамон ба сифати манбаи ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад. Ҳаёти моддию маънавии шаҳрвандонро таъмин сохта, манфиату талаботашонро қонеъ мегардонад. Давлат ҳамчун ифодаи расмии ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури асосии низоми сиёсӣ, ифодагари манфиатҳои умум мебошад.
Адабиёт
1. Аристотель. Сочинения в 4 т. Т. 4. - М.: Мысль, 1983. - С. 376-644.
2. Гегель, Г. В. Ф. Философия права. - М.: Мысль, 1990. - 524 с. - С. 228.
3. Гоббс, Т. Сочинения в 2-х томах. Т.2. - М.: Мысль, 1991. - 731с.
4. Даль В.И. Толковый словарь живого великорусского языка. В 4-х томах. Т.1. - М.: Русский язык, 1978. - 699 с. – С. 389-390.
5. Зокиров Г. Ҷомеаи шаҳрвандӣ. – Душанбе, 2001. – 31с.
6. Кант, И. Метафизика нравов: В 2 частях [Текст] / И. Кант. – М.: Мир книги, Литература, 2007. - 400с. – С.63.
7. Кара-Мурза С. Г. «Общество граждан» Архивная копия от 23 октября 2018 на Wayback Machine.
8. Ожегов, С. И., Шведова, Н. Ю. Толковый словарь русского языка: 80000 слов и фразеологических выражений. - М.: Азбуковник, 1999. – 944 с. - С.143.
9.Баранов, П., Воронцов, А., Шевченко, С. Обществознание. Полный справочник: [арх. 24 января 2022]. - М.: АСТ: Астрель, 2015. - С. 314. - 542 с.
10. Платон. Сочинения. В 3-х томах. Т.3. - М.: Мысль, 1971. - 681с.- С.260.
11. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ. Зери таҳрири М.А.Маҳмудов. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. – С.563.
12. Современный философский словарь /Под ред. Кемерова В.Е. - М., 2004. - 864 с. -С. 164.
13. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 январи соли 2017.
14. https://donish.org/en/course/learn/
Самиев Б.Ҷ. – д.и.ф., профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ