Skip to main content

Номи шаҳри Душанбе дар солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун маркази маъмурии кишвари мустақили Тоҷикистон ба ҷаҳону ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Ин шаҳри зебову замонавӣ, ки дар остонаи кӯҳҳои баланд ҷой гирифтааст, сол то сол ободтару дилработар мегардад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази ҷумҳуриро чунин тавсиф намудаанд: «Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст».

Бале, Душанбе, оинаи софу беғубори миллати тоҷик аст. Ҳар сол ҳазорҳо нафар меҳмонон аз кишварҳои гуногун ба ин ҷо омада, мавзеҳои зебоманзари пойтахтро тамошо мекунанд. Пойтахтро «боғшаҳр» меноманд, гулҳои зебою назаррабо ва манзараҳои дилфиребашро тамошо карда, таърифу тавсиф менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба принсипҳои сиёсати «дарҳои боз», сулҳҷӯёна ва фидокорӣ муносибатҳои дӯстонаи ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судмандро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва бо як қатор кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои шарикии стратегӣ барқарор ва минбаъд онҳоро ва таҳким бахшидааст.

Дар баробари ин сиёсати хориҷии давлати мо ба таъмини иштироки васеъ ва самараноки кишвар дар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Тоҷикистон бо татбиқи чунин сиёсат дар таъмини амнияту сулҳ, ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ ва муколамаи созанда саҳми амалии худро мегузорад ва инчунин аз имконоти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба манфиати таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими мавқеаш дар арсаи байналмилалӣ истифода мебарад.

Дар як муддати кутоҳ аз руи меъёрҳои таърихӣ ҷумҳурии мо бо 180 давлати чаҳон муносибатҳои комилҳуқуқи дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилали ва минтакави гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии шарикӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳоро бо СММ ва ниҳодҳои махсуси он, СҲШ, СААД, САҲА, ЭКО, инчунин бо шарикони рушд, институтҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ густариш дод. Махсусан ба рушди муносибатҳои судманд дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Чаласаҳои созмонҳои зикршуда дар шаҳри Душанбн баргузор гардиданд, ки ин барои кишвари мо ифтихори бузург аст.

Дар баробари ин бояд қайд намоем, ки Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистони низ дар пойтахт се конфронси байналмилалӣ гузаронид, ки дар онҳо олимону мутахассисони кишварҳои гуногун бо маърӯзаҳои ҷолиби илмию назариявӣ ва амалӣ баромад карданд.

Дар биноҳои муҳташами «Қасри миллат», «Наврӯзгоҳ», «Тоҷикистон» «Хеят реҷенси», «Гранд - отел» «Душанбе - сирена» ва ғайра мунтазам чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ доир мегарданд. Дар воқеъ, шаҳри Душанбе ба маркази ҷамъомадҳои сатҳи баланд, баргузории форуму конфронсҳои бузурги байнидавлатӣ ва созмонҳои байлмилалию минтақавӣ табдил ёфтааст.

Манучеҳр Расулов, Алқос Сайдалиева - ходимони илмии Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ