Skip to main content

Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳре аст, ки имрӯз ба маркази бузурги чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин шаҳр дорои марказҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва идории муҳимтарин дар кишвар мебошад. Илова аз ин дар шаҳри Душанбе бузургтарин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Душанбе калонтарин шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад. Имрӯз, ин шаҳр дар як муддати кӯтоҳ пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, ба яке аз шаҳрҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳамзамон ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун, махсусан кишварҳои Ховари Миёна, боиси тавсеа ёфтани равобити бародаршаҳрии Душанбе бо онҳо гаштааст, ки равобитро бо кишварҳои хориҷӣ хеле афзудааст.

Дар айни замон Душанбе бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ бародаршаҳр мебошад. Ин бародаршаҳрҳо шомили Санъо (Ҷумҳурии Яман), Лоҳур (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Теҳрон ва Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Урумчӣ, Сямэн, Чиндао ва Музофоти Хайнан (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анқара(Ҷумҳурии Туркия), Клагенфурт(Ҷумҳурии Австрия), Ройтлинген(Олмон), Боулдер(ИМА), Монастир(Тунис), Лусака(Замбия), Ашқобод(Ҷумҳурии Туркманистон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия) ва Минск (Беларус) мебошанд.

Иқдомҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ назаррас буда, ин раванд яке аз роҳҳои муаррифии шаҳри Душанбе ва дигар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ҳолометавон гуфт, ки Душанбеи навини Тоҷикистон бо кӯшиш ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симои расмии Ватани азизамон табдил гардида, таҳти роҳбарии шаҳрдори ҷавонаш муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ба шаҳри пешрафта бо инфрасохтори муосир ва мувофиқ барои шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ табдил шудааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар шаҳри Душанбе як қатор мушкилотҳои сатҳи байналмилалӣ баррасӣ ва роҳи ҳалли худро меёбанд, ки яке аз ин падидаҳо дар ҷаҳони муосир ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад, ки вобаста ба ин масъалаи мубрам чандин мартоиба ҳамоишҳову конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Ин зуҳурот, бо таваҷҷӯҳ ба хатарҳои глобалӣ, тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш ва нигаронӣ овардааст. Бо дарназардошти чунин вазъият, моҳи майи соли 2018, бо ташаббуси Тоҷикистонва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо ва сарони кишварҳои ҷаҳон, дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки онро «Раванди Душанбе» номиданд. Дар оянда, «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ҳамчун платформаи муҳим барои ҳамкории созанда ва судманд байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ хизмат хоҳад кард. Номбар кардан зарур аст, ки намояндагони Ӯзбекистон, Тунис, Испания, Шри-Ланка, Кирибати, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Чин, Марокаш ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ дар баромадҳои худ дар брифинг, саҳм ва ташаббусҳои байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муҳим арзёбӣ карданд. Онҳо иқдоми навбатии кишвари моро оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд муҳим ва саривақтӣ хонданд.

Ҳамчунин, яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин масъалаи об мебошад. Дар моҳи июни соли 2024 даршаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об баргузор гардид. Ин вохӯрӣ масъулиятҳои навро ба миён овард, ки дар он ҳамкориҳо дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда идома ёфт ва барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи «Раванди оби Душанбе», тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сокинони шаҳри Душанбе дар атрофи давлат ва Ҳукумати кишвар сарҷамъ омада, барои пойдории оромӣ, амният ва зиндагии шоиста кӯшиш намуда истода, барои ҳифзи дастовардҳои нав дар замони соҳибистиқлолӣ ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори ҷавонамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои расидан ба уфуқҳои тозаи пешравиҳо ҳамқадаму ҳамфикру ҳаммароманд. Онҳо бо садоқат ва муҳаббат ба миллат ва давлат, барои таҳкими амният, осудагии халқ, рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, инчунин боз ҳам баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош мекунанд.

Одинаев Абдуҳалим, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ