Skip to main content

(Фарҳанги МИЛЛӢ - муҳимтарин ишора дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2024).

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2024 баргузор карда шуд. Дар паёми навбатӣ масъалагузорию арзёбии самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар солҳои гузашта баррасӣ гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда ироа карда шуд.
Дар таҳлили зер мо масъалаи фарҳангро баён мекунем, зеро чун ҳамеша фарҳанг дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бори дигар
Тавре зикр гардид, тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд.

Масъалаи мактабҳои мусиқӣ дар шаҳру ноҳияҳо солҳои охир яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин робита Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 2024 гуруҳи корӣ ташкил намуда, барои муайян намудан ва бартараф кардани мушкилиҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳайатро сафарбар намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то имрӯз баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳатто мактаби мусиқӣ надоранд, ё инки мактабҳои мусиқӣ ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ нестанд. Инчунин ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасад, ки бархе объектҳо ё биноҳои мактабҳои мусиқӣ аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳо ғайримақсаднок ва дар дигар шаклҳо истифода бурда мешаванд.
Пешвои миллат ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки то ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.

Президенти кишвар ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ишора карда, таъкид намуд, ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд.
Албатта, бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ ба рушди маънавиёти ҷомеа, ҷаҳонбинии солим ва пешгирӣ аз хурофоту ҷаҳолат мусоидат менамояд.

Мувофиқи нишондоди Паёми ироагардида, имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад.
Сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дошта, Пешвои миллат иброз кард, ки дар назар аст, иншоотҳои мазкур дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ, ки ба соли 2027 рост меояд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Бунёди биноҳои мазкур дар қалби пойтахт ва тибқи нақшаи сатҳи байналмилалӣ тарҳрезӣ гардида, бори дигар далели он аст, ки фарҳанг аз авлавиятҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи фарҳанг низ инкишофи бемайлон ёфтааст. Гуфта мешавад, агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил додааст.

Ҳамзамон, Президенти кишвар ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг дастур додаанд, ки ҷиҳати баргузории ҷашнвораи 2550 - солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар қароргоҳи ЮНЕСКО чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Таҷлил ва баргузор намудани чорабиниҳо дар сатҳи байналмилалӣ, хоссатан дар қароргоҳи ЮНЕСКО, ки бонуфузтарин созмони ҷаҳонии фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар менамояд.

Ҷолибтарин ва муҳимтарин нуқтаи зикргардида дар бахши фарҳанг зимни ироаи Паёми Президенти кишвар ба андешаи банда ҳамчун муҳаққиқи ҷавон ин ишора ба рушди "ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ" буд. Зикр карда шуд, ки мо бояд фарҳанги миллиро рушд диҳем. Агар рушд надиҳем дигар фарҳангҳо ҷои онро мегиранд.


Ин нуқта хеле муҳим мебошад, зеро бори аввал ҷанбаҳои миллигароӣ ва афзалиятҳо ба миллияти фарҳангӣ дар сатҳи олӣ ироа мегардад. Мутахассисону фарҳангшиносони мумтози кишвар бар ин андешаанд, ки на ҳама вақт фарҳанги имрӯзаи кишварҳои ҳудуди Хуросони Бузурги таърихӣ бо вуҷуди форс-тоҷик буданашон ба манфиатҳои миллии мо созгор ҳастанд. Мо имрӯз ҷанбаҳои миллии фарҳангро, ки ба хусусиятҳои этникӣ, миллӣ ва давлатӣ мувофиқ ҳастанд интихоб кунему рушд диҳем.

Мо дар шароити ниҳоят мураккаби бархӯрди фарҳангҳо қарор гирифтаем, аз ин рӯ таваҷҷӯҳ ба арзишҳои фарҳангии хос миллӣ ва рушду инкишофи онҳо зарур ва саривақтӣ мебошад. Инчунин, агар дар чунин шароит мо сари ин мавзуъ корбарӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ накунем, дар фурсати наздик он аз ҷониби дигарон ғасб ва аз худ карда мешавад. Вақте дигар давлатҳо унсурҳои фарҳангии моро аз они худ муаррифӣ карда, ба Феҳрасти мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид месозанд ба камаш дар 50-100 соли оянда дигар соҳиби карда гирифтани он амрест муҳол ва ношуданӣ. Зеро, тавре маълум аст имрӯз ЮНЕСКО дар асоси конвенсияҳое амал мекунад, ки ҳанӯз солҳои 1954, 1972 таҳия ва қабул гардидаанд ва аҳамияти худро гум накардаанд.

Ин масъала ҷои ҳайронӣ низ надорад, мо шоҳид ҳастем, ки санъати дутор соли 2021 аз ҷониби Ҷумҳурии Туркменистон ҳамчун унсури фарҳангии туркменҳо ба рӯйхати ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Аммо, дар асл номи худи ин унсури фарҳангӣ аз ду решаи калимаҳои сирф тоҷикии "ду" ва "тор" иборат буда, он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватан дорад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, афзалият мешуморам то кор дар самти унсурҳои фарҳангии миллии хоси миллати тоҷик бештару зиёдтар ҷоннок карда шавад, тамоми сохторҳои марбута ва масъули соҳа ташаббус нишон диҳанд ва идораҳо бояд мақсаднок истифода шаванд.
Номгӯи унсурҳои фарҳангии мо хеле зиёд аст. Мувофиқи Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳия шудааст, шумораи онҳо зиёда аз 500 ададро ташкил медиҳад.
То имрӯз (ба ҳолати моҳи декабри соли 2024) дар руйхати репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО (Representative list) 10 (даҳ) унсури фарҳангии ғайримоддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид аст, ки аз ин танҳо ду ададаш (Чакан ва фалак ) унсури сирф миллии тоҷикӣ ҳастанд.

Унсурҳои фарҳангии "Наврӯз", "Шашмақом", "Атласу адрас", "Латифаҳои Хоҷа Насриддин", "Кашидадӯзӣ ва абрешимбофӣ", "Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ", "Меҳргон" намунаҳое мебошанд, ки муштарак бо дигар кишварҳо ба ЮНЕСКО дохил карда шудаанд ва инашро ҳам бояд бигуем, ҳақиқати талх аст, ки муаллифи асосии номинатсияҳои он дигар кишварҳо (аз қабили Узбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Эрон...) ҳастанд. (Нигаред ба сомонаи расмии Созмони ЮНЕСКО: www.unesco.org)
Ҷойгоҳи унсурҳои фарҳангии миллӣ дар сохтан, рушд ва такмили давлати миллӣ бисёр муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Дар зимн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки ҷиҳати рафъи пурраи камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ чораандешӣ намоянд.

Бо эҳтиром, Мирзошариф Абдусаломов - муҳаққиқ, Докторант PhD -и соли сеюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. 28.12.2024.