Skip to main content
Бояд гуфт, ки дар заминаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардида буд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

Тоҷикистон мисли аксари кишварҳо дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Ҳарорати миёна дар саросари кишвар боло меравад, шакли боришот тағйир меёбад ва пиряхҳо бо суръат об мешаванд. Ин дигаргуниҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат хавфноканд. Барномаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои дастгирии рушди иқтисодӣ сармоягузориҳои назарраси молиявиро талаб мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва барномаи ислоҳоти иқтисодиёти кишварро дар асоси гузариш ба технологияҳои “сабз” таҳия ва қабул намудааст, ки дар санадҳои болозикр гуфта мешавад, барои таъмини пайроҳаи устувори рушду тараққиёт он метавонад бештар пеш равад ва барои бадаст овардани манфиатҳои назарраси иқтисодӣ барои кишвар аз ҷиҳати илми бунёдӣ гузаронидани мониторинги пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар маҷмӯъ, коҳишдиҳии партовҳои гази гулхонаӣ дар сохторҳои иқтисодии барномаи иловагӣ ислоҳот зарур аст.

Аз ин рӯ, гузариши сабз ҳамчун калиди ҳифзи пиряхҳо ва самараноктарин роҳи ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ба «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Барномаи «Кишвари сабз» на танҳо шинондани дарахту буттаҳоро дар бар мегирад, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиш додани партовҳои гази гулхонаӣ, беҳбуди муҳити зист, рушди деҳот, ҷалби сайёҳон ва умуман некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад. Афзун кардани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд.

Даъвати Президенти Тоҷикистон барои ҳамкорӣ саривақтӣ аст.

Ҷалб намудани маблағгузории байналмилалӣ барои муваффақияти гузариши “сабз” ва таъмини амнияти захираҳои об, озуқаворӣ ва энергетикӣ, рушди иқтисоди дорои сатҳи пасти гази гулхонаӣ аҳаммияти калидӣ хоҳад дошт, ки он метавонад бо истифодаи стратегияҳои муассири мубориза бо тағйирёбии иқлим ба болоравии сатҳи содирот, таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ ва ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ мусоидат намояд.

Кӯшишҳои миллии мутобиқсозӣ муҳиманд, аммо ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо зидди тағйирёбии иқлим дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ зарур аст. Механизмҳои дастгирии молиявӣ, ташаббусҳои экологӣ ва рушди инфрасохтор ҳамкорӣ калидӣ мебошад.

Дар ҳамоиши иқлими COP- 29 дар Боку тасмим гирифта шуд, ки маблағгузории солона барои мубориза бо бӯҳрони иқлим то 300 миллиард доллар афзоиш ёбад.Ин тасмим як қадами муҳим дар дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ буд, ки бо таъсири тағйирёбии иқлим дучор меоянд.

Барои Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир ба тағйири иқлим, чунин тасмимҳо аҳаммияти хоса доранд. Сарфи назар аз он, ки 300 миллиард доллар то ҳол маблағи кофӣ нест, мо динамикаи мусбатро мебинем. Ин маблағҳо барои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва рушди инфрасохтор заруранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боку баргузор шуда буд, иброз доштанд, ки мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем.

Маҳмад Сафаров - “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон