
(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи илмро дар кишварамон ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба масъулини ин соҳа чунин дастурҳое доданд, ки амалисозии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекунад. Суханронии Пешвои муаззами миллат хеле фарогир буд, аммо инҷо мехостем танҳо ба чор нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ дошта бошем.
Аввалан, Пешвои миллат дар бораи дастовардҳои илмӣ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз соҳаи илм сухан гуфта, таъкид намуданд, ки ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсаташон пайваста дастгирӣ намудаанд ва ин амал минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар ҳақиқат ҳам, дар даврони соҳибистиқлолӣ, чун дар баъзе кишварҳои ҳамсоя фаъолияти ниҳоди асосии илмӣ дар ҷумҳурӣ - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қатъ карда нашуда, баръакс мақоми баландтарро соҳиб гардид. Дар ҳайати ин Академия сохторҳои зиёди ҷавобгӯи талаботи даврон таъсис ёфта, маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ пайваста зиёд гардид ва ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки сохторҳои дахлдор “ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд”. Ин амал метавонад ба он мусоидат кунад, ки маблағгузории илм дар ҷумҳурии мо то сатҳи давлатҳои пешрафтаи олам боло бурда шавад.
Дуюм, Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки дар соҳаи илм дар даврони соҳибистиқлолӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ниҳодҳои илмӣ мунтазам бо дарназардошти талаботи ҷомеа дигаргун карда шуданд. Аммо дар ҷаҳони имрӯзаи зудтағйирёбанда, ниҳодҳои соҳаи илм, махсусан, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз низ ба ислоҳоти сохторӣ эҳтиёҷ доранд. Бо ҳамин сабаб ва барои таъмини фаъолияти самарабахши соҳаи илм Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар ин самт “зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст”. Эътимоди комил дорем, ки иҷрои ин дастури Сарвари давлат на танҳо ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо, балки тамоми ниҳодҳои илмии Тоҷикистон як такони ҷиддӣ мебахшад.
Сеюм, дар суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид гардид, ки дастовардҳои илми тоҷик дар зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ кам нестанд, аммо камбудию норасоиҳо низ дар ин самт вуҷуд доранд, ки бояд бе таъхир бартараф карда шаванд. Ин гуна норасоиҳо, қабл аз ҳама, дар самти татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва тарбияи кадрҳои илмӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки минбаъд фаъолияти ҳар як олим дар кишвари мо аз рӯйи ду меъёри асосӣ арзёбӣ карда шавад: “ аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”. Дарвоқеъ, муайян сохтани чунин меъёрҳо на танҳо масъулияти олимону донишмандонро баланд мекунад, балки барои бартараф сохтани норасоии кадрҳои соҳиби дараҷаю унвонҳои илмӣ дар тамоми муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, робитаи илму истеҳсолотро тақвият мебахшад.
Чорум, чунонки маълум аст, илм дар ҳар давру замон дар таърихи башар на танҳо василаи ягонаи рушди техникию технологӣ будааст, балки вазифаи хеле муҳимми иҷтимоиро ба иҷро расонида, инсониятро аз фалокатҳои маънавӣ низ эмин нигоҳ доштааст. Маҳз ташаккули ҷаҳонбинии дуруст ва илман асоснок дар тули таърихи тулонӣ ба инсоният имкон додааст, ки на танҳо эҳтиёҷоти моддии худро қонеъ созад, балки саодати ҳақиқии ҳар як инсонро дар соҳаи ахлоқу маънавиёт низ таъмин созад. Ин рисолати илм аз он бармеояд, ки он ҳар як шахсро бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ мусаллаҳ сохта, имкон медишад, ки ҳаёти иҷтимоии худро ба таври дуруст танзим намояд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар замони муосир низ, танҳо “илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат” ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ҳар як олим, корманди соҳаи илм ва зиёиёнро зарур аст, ки дар ташаккули ҷаҳонибинии илмии насли наврасу ҷавонон ва тафаккури илмию техникии онҳо саҳм гузошта, бо ин роҳ умеди мардуми моро ба ояндаи дурахшони миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз ҳам боэътимодтар созанд.
Дар маҷмуъ, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, нишон дод, ки миллати тоҷик ва Пешвои муаззами он тамаддунофару илмпарваранд ва дар ваҳдату ҳамбастагӣ, бо такя ба ҷаҳонбинии илмӣ қодиранд, ки дар даврони муосир низ ворисони Ибни Сино будани худро собит сохта, Тоҷикистони азизи соҳибистиқлолро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи олам табдил диҳанд.
Хуршед Зиёӣ доктори илми фалсафа, профессор
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ


Имрӯз, 6 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар самти шуроҳои диссертатсионӣ таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласса баргузор гардид. Дар ҷаласа ноибони президент, раисони шуроҳои диссертатсионӣ, котибони илмии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати беҳтарсозии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани дараҷаи илмии кормандони илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13-Шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки бо қарори Комиссияи олии аттетстасионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ин шуроҳои диссертатсионӣ 28 рисола ҳимоя гардид, ки аз он 5 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 18-диссертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илм ва 5 рисола барои дарёфти дараҷаи доктори PhD мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ин шуроҳо аз ҷумлаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- рисолаи докторӣ, 1 рисолаи номзадӣ ва 2-рисолаи доктори PhD дифоъ карда шуд.
Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 5-Шурои диссертатсионии дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалкунанда, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шудаанд, ҳамагӣ 17-рисола, аз ҷумла 2-рисолаи докторӣ ва 15-рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуданд. Дар ин шуроҳо аз ҷумлаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд.
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохт
ДУШАНБЕ, 02.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баёзи шахсиятҳои шинохтаи дунё дар нашриёти «Адиб» бо номи «Пешво, ҳизб, миллат» рӯи чоп омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Китоби мазкур таҳти назари муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода таҳия шуда, бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Халқии Демократии Тоҷикистон нашр гардидааст.
Дар маҷмуа бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андеша ва маҳсули эҷоди шахсиятҳои шинохтаи дунё, ки муҳаббати онҳоро ба ҳизби созанда, роҳбари он ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ифода менамояд, гирдоварӣ шудааст.
Маллифи идея, мураттиб ва тарҷумон корманди ҳизб, ҳамраиси Шурои адабии Ассамблеяи халқҳои ҷаҳон шоир Абдуқаҳҳори Қосим буда, тавонистааст дастовардҳои Пешвои маҳбуби миллат, ҳизби созанда, бунёдкор ва мардумии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ намуда, ҳамовозии олимону шоирони дунёро сазовор гардад.
Бояд таъкид намуд, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҷмуа, энсиклопедияҳо ва китобҳои нодиреро дар васфи бузургони миллати тоҷик, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва урфу одати миллати куҳанбунёди тоҷик вохӯрдан мумкин аст. Ба ин рӯйхат адабиёте ворид мешавад, ки ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ин бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва башардӯстона дили мардуми дунёро тасхир намудааст.
Қисми зиёди муаллифон адибон ва донишмандони кишварҳои Русия, Беларус, Канада, Панама, Бразилия, Мексика, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Миср, Лубнон, Лаҳистон, Дания, Булғористон, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва дигар давлатҳои Шарқ мебошанд. Баёзи мазкур дар баланд бардоштани давлати Тоҷикистон, ифтихори миллӣ, муаррифии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши бориз дорад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР ЛОИҲАИ «БЕҲТАР НАМУДАНИ НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ»
Имрӯз, 01 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко аз ҷараёни корҳо дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ», ки дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Акитаи Япония сохта мешавад, дидан намуданд.
Ҳангоми вохурӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушва ба ҷониб ҷиҳати дастгириву ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ, инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ боз ҳам кӯшиш ба харҷ додан лозим мебошад.
Дар навбати худ ҷаноби Сафир, хонум Фурута Кейко миннатдории худро ба роҳбарият ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор намуда, ҳозиринро ба ҳамкории илмии дуҷониба даъват намуд. Инчунин саҳми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Япония аъло арзёбӣ гардид.
Директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Қодиров Анвар аз ҷараёни лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ҳамагонро ошно намуда, қайд карданд, ки ҳоло корҳо дар ин самт идома дорад, як қисмати системаи гармидиҳӣ насб шуда, дар ҳолати санҷиш қарор дорад. Инчунин сохтори тайёр намудани намунаҳои об ва як қисми анализаторҳо ба кор дароварда шудааст, қисмати дигар дар ояндаи наздик насб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки роҳандозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ниҳоят муҳим буда, ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими энергетикӣ, экологӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Таъмини гармидиҳӣ дар шароити иқлими кӯҳӣ ва зимистонҳои сард, махсусан дар манотиқи дурдаст, яке аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Ҳоло қисмати зиёди хонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бо истифода аз ангишт, ҳезум ва гази моеъ гарм карда мешаванд. Ин на танҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад, балки ба муҳити зист низ зарар мерасонад, чунки боиси тавлиди партовҳои гази карбон (CO₂) ва дигар моддаҳои ифлоскунанда мегардад.
Истифодаи манбаъҳои гармии зеризаминӣ дар шакли насоси гармии зеризаминӣ (GSHP – Ground Source Heat Pump) имконият медиҳад, ки гармидиҳӣ бо хароҷоти камтар ва партовҳои карбонӣ қариб ба сифр расонда шавад. Ин технология бо истифодаи ҳарорати устувори қабатҳои зеризаминӣ кор мекунад ва метавонад дар тамоми фаслҳои сол самаранок бошад.
Ин лоиҳа на танҳо ба коҳиши истеъмоли сӯзишвории муқарарӣ мусоидат мекунад, балки як намунаи хуби гузариш ба технологияҳои тоза ва барқароршаванда мебошад. Аз ҳама муҳим, татбиқи чунин система метавонад мустақилияти энергетикиро дар маҳалҳо тақвият бахшад, хароҷоти аҳолӣ ва муассисаҳоро кам кунад ва муҳити зистро муҳофизат намояд.
Дар шароити Тоҷикистон, ки дорои захираҳои гуногуни геотермалӣ ва иқлими мувофиқ мебошад, чунин лоиҳа метавонад ҳамчун намуна барои минтақаҳои дигар низ хизмат кунад ва ба татбиқи стратегияҳои миллии рушди устувор, истифодаи оқилонаи захираҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат намояд.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ: АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСИЁИ МИЁНА АВВАЛИН МУАССИСАИ ИЛМИЕ, КИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАВИРО ГУЗАШТ
Имрӯз, 01 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.
Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои муҳими илмию таҳқиқотӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба роҳ монда шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои ҷаҳон густариш дода, чандин созишномаҳои тарафайнро ба имзо расонидаанд. Дар ин давра як зумра олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвраҳои ҷаҳон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо иштироки онҳо симпозиум ва конференсияҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Вобаста ба баргузор намудани семинар ва чорабиниҳои илмию сиёсӣ Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як зумра корҳои муҳимро анҷом додааст. Дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои миллию давлатӣ баргузор гардиданд.
Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2025 бо ташаббусҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ 8 озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ аз ҷумла Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад) мавриди истифода қарор дода шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки 15 феврали соли 2025 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро ба муҳлати се сол гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)-ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарёфт намуд. Қарори мазкур дар ҷаласаи Шурои аккредитатсионӣ, ки 12-феврали соли 2025 баргузор гардид (протоколи №92), бар асоси хулосаи Комиссияи коршиносони беруна қабул шуд. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академия - аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт нашрияи расмии Академияи илмҳо бо номи “Илм ва инноватсия” таъсис дода шуда, шумораи нахустини он ба нашр расонида шуд.
Имрӯз, 25 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи илмҳои Муғулистон, академик Самбуугийн Дэмберел мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Муғулистон, таҳия ва лоиҳаҳои нав илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ дар самти архиалогия, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки дар дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон ба имзо расонида шуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки дар доираи ин ёддошт ҷонибҳои ҳамкориҳои худро дар оянда дар самти илмҳои табиӣ, аз ҷумла физика, кимиё, ҷуғрофия, тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити зист, инчунин илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла таърих, археология, этнология, фарҳанг, забоншиносӣ ва дар самти илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла технологияи плантатсионӣ, биотехнологияи ғизо, рушди гуногунии меваҷот густариш хоҳанд дод.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва нашрияҳо, ташкили таҳқиқот ва таҷрибаҳои мутақобила, ташкили конфронсҳои муштарак, семинарҳо ва симпозиумҳо дар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин мубодилаи донишҷӯён, кормандони ҷавони илмӣ ва омӯзгорон барои иштирок дар фаъолиятҳои гуногуни таҳқиқотӣ ва/ё омӯзгорӣ ва такмили ихтисос, дастгирии озмоишгоҳҳои муштарак, пойгоҳҳои илмӣ ва марказҳои илмӣ низ ба мувофиқа омаданд.
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии ёддошт васеъ намудан ва инкишоф додани ҳамкории мутақобили судманди муассисаҳои илмии ҷонибҳо ва мусоидат ба пешрафти илмию техникӣ мебошад.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва нашрияҳо, ташкили таҳқиқот ва таҷрибаҳои мутақобил, ташкили конфронсҳои муштарак, машваратҳо ва симпозиумҳо дар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, мубодилаи донишҷӯён, кормандони ҷавони илмӣ ва омӯзгорон барои иштирок дар фаъолияти гуногуни таҳқиқотӣ, дастгирии озмоишгоҳҳои муштарак, пойгоҳҳои илмӣ ва марказҳои илмӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар асоси ёддошт ҷонибҳо дар ҳамаи соҳаҳои илм, ҳам таҳқиқоти бунёдӣ ва ҳам амалӣ ҳамкорӣ менамоянд. Он соҳаҳои табиатшиносӣ, муҳандисӣ ва илмҳои ҳаётро дар бар гирифта, бо онҳо маҳдуд намешавад.
Ёддошти тафоҳум бо роҳи муттаҳид кардани кӯшишҳои муҳаққиқони ҳарду ҷониб дар мубодилаи дастовардҳои илмӣ татбиқ карда мешавад.
Тарафҳо ҳамкории илмию техникиро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва нафъи тарафайн мувофиқи қонунгузории худ амалӣ мегардонанд.
Ёддошти тафоҳум ба муҳлати панҷ сол ба имзо расонида шудааст.
Аз 23 то 27 июли соли 2025 дар шаҳри Чжэнчжоуи музофоти Хэнани Чин нишасти расонаҳо ва марказҳои таҳлилии СҲШ баргузор гардид, ки ин чорабинии байнамилалии сатхи баланд таҳти сарпарастии Дафтари иттилоотии Шӯрои Давлатии ҶХХ, аз ҷониби хабаргузории Синхуа, Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин ва ҳукумати музофоти Хэнан якҷоя ташкил карда шуд.
Дар ин ҳамоиш беш аз 400 намоянда аз наздик ба 200 расонаи хабарӣ, марказҳои таҳлилӣ, ниҳодҳои давлатӣ, сафоратхонаҳо дар Чин, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозир ва шарикони муколама ширкат карданд, то табодули амиқи афкор дар мавзӯи “Паҳн кардани рӯҳи Шанхай, ояндпӯаи зеборо якҷоя созем”. СҲШ аз замони таъсиси худ ҳамеша ғояҳои «бовари ва нафъи мутақобила, баробарӣ, машварат, эҳтиром ба гуногунии тамаддунҳо ва талош барои рушди муштарак»-ро роҳбарӣ менамояд. Ин ташкилот аллакай намунаи дурахшони бунёди муносибатҳои навъи нави байналмилалӣ ва пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид ва ҳамчун пул ва пайванде, ки одамонро ба ҳам мепайвандад ва ба ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад, ВАО ва марказҳои таҳлилӣ дар табодули таҷриба ва расидан ба тавофуқ байни кишварҳои СҲШ нақши муҳим доранд.
Дар кори ин ҳамоиш дар қатори дигар намояндагони ВАО ва марказҳои таҳлилии илмии Тоҷикистон ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммадовуд ва мудири шӯъбаи равобити илмии АМИТ Мирвайсов Маъмурҷон иштирок доштанд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ дар қисмати пленарии чорабинӣ ноиби президенти НАСТ профессор Саломиён М. яке аз самтҳои асосии фаъолияти СҲШ – ҳамкориҳои башардӯстона ва илмиро, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ, маориф ва башардӯстона байни кишварҳои узв равона шудааст, қайд намуд. Барои Тоҷикистон, ки дорои мероси ғании фарҳангӣ ва манобеъи маънавӣ мебошад, ин ҳамкорӣ имкониятҳои нав мекушояд:
- таҳкими мубодилаи фарҳангӣ ва маърифатӣ;
- иштирок дар лоиҳаҳои тадқиқотӣ;
- рушди забоншиносӣ ва тадқиқотӣ.
Мирвайсов Маъмурҷон дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои узви СҲШ дипломатияи илмиро омили асосии таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои узв арзёбӣ кард. Дар рафти вохӯрӣ ва чорабиниҳои марбута бо намояндагони ҷомеаи илмии кишварҳои хориҷи наздик ва дур робитаҳои нав роҳандозӣ гардиданд.
Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон ба имзо расонида шуд.