Skip to main content

123123(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2024)

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, баррасии вазъи илм ва масъалаҳои он мақоми аввалиндараҷа доштанд. Ин вобаста ба он аст, ки Пешвои муаззами миллат маҳз илм, ҷаҳонбинии илмӣ ва мактабу маорифро сабабгори рушди ҳар гуна ҷомеа медонанд ва аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ илму маорифро ба ҳайси самти афзалиятнок дар сиёсати хирадмандонаашон қарор додаанд. Аз ин рӯ, пайваста ба илм рӯ оварданро воситаи асосии раҳоии ҳар як шахси алоҳида ва ҷомеа дар кул аз хурофот медонанд, ки танҳо ба ҷаҳолат мебарад ва бадбахтӣ меоварад.

Дар пайи ҳалли чунин мушкилоти ҷомеа олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки беш аз пеш ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа машғул гарданд ва тавассути таҳқиқоти илмии бунёдию татбиқӣ, оммависозии дастовардҳои илми муосир ҷиҳати расидан ба рушди устувори давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030», ки бо супориши Пешвои миллат дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бояд ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад, дар қатори рушди сармояи инсонӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта, бояд ба масъалаи роҳҳои ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмии сокинони кишвар низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Ҳамчун намуна метавон қайд намуд, ки дар лоиҳаи Барномаи мазкур ҷиҳати рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа бояд пешбинӣ карда шавад, ки дар таълими фанни фалсафа дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ислоҳот ворид карда шавад. Ин фан дар муасссаҳои таълимии зикршуда ҳоло, асосан, ҳамчун таърихи фалсафа таълим дода мешавад, ки ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ мусоидат намекунад. Дар барномаи фанни фалсафа бояд таълими онтология, гносеология, ки пурра ба ҷаҳонбинии илмӣ такя мекунанд, манзари илмии олам, нигоҳи илмӣ ва миллӣ ба масъалаҳои ҷомеа, аз қабили худшиносии фардӣ ва гурӯҳӣ ва амсоли он пешбинӣ гардад. Таърихи фалсафа бошад, ки асосан то охирҳои асри 19 ҷараёнҳои идеалистиро фаро мегирад, бояд дар курсҳои болоӣ таълим дода шавад.

Аз масъалаҳои дигаре, ки Пешвои миллат дар Паёмашон оид ба илм ва масъалаҳои он зикр карданд, чунин самтҳоро зикр кардан мумкин аст:

- рушди илмҳои информатсионӣ ва дар асоси ин таъмин сохтани рақамикунонии иқтисодиёт ва тамоми соҳаҳои дигари дахлдори ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар. Умед дорем, ки дар ин кор дастури Пешвои миллат ҷиҳати дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ нақши сазовор мегузорад;

- тақвияти омадасозии кадрҳои илмӣ. Вобаста ба ин ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» таҷдиди назар карда шуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад. Дар иҷрои ин дастур зарур аст, ки камбудию норасоиҳое, ки дар ин самт зимни татбиқи барномаҳои ҳамсони қаблӣ вуҷуд доштанд, ҳатман ислоҳ карда шуда, барномаи таҷдидшуда дар заминаи омори объективию воқеъбинона оид ба иқтидори илмию молиявии муассисаҳои дахлдори илмию таҳсилоти олии касбӣ дар ҳоли ҳозир ва барои даҳ соли оянда таҳия карда шавад;

- тақвият бахшидани корҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва ҷорикунии технологияҳои рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар иҷрои он бояд дар қатори мақомоти дигар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ саҳмгузор бошад. Умед дорем, ки олимони Академия тавассути таълифи китобҳои дарсии насли нав ва дастуру воситаҳои таълимии муосир дар иҷрои ин кор саҳм гирифта, ҷиҳати тарбияи кадрҳои соҳиби дараҷаҳои илмӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан барои муассисаҳои дар минтақаҳои ҷумҳурӣ воқеъбуда, кӯмак мерасонанд;

- идомаи иҷрои нақшаҳое, ки баъд аз мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои он то ин дам барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда тадбирҳои зиёде андешида, аксари мушкилоти ҷойдоштаро ҳаллу фасл намудаанд. Минбаъд низ ҳар як олим ва корманди Академия дар ин кор саҳми бештаре мегузорад.

Умед дорем, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои ислоҳи камбудию мушкилоти зикршуда ва дигар вазифаҳои дар назди илми тоҷик гузошташуда дар муҳлатҳои муқараршуда ва бо сифати зарурӣ иҷро карда мешаванд. Ин ҷавоби сазовори олимони ҷумҳурӣ барои ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба ходимони илмӣ ва ба соҳаи илму маориф дар маҷмуъ хоҳад буд, хусусан аз он, ки дар Паём дастур дода шуд, ки маоши вазифавии кормандони ин соҳаҳо боз ҳам зиёд карда шавад.

Дар маҷмуъ, иҷрои дастурҳо оид ба рушди илм ва соҳаи маориф, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2024 омадаанд, як омиле мешавад, ки он дар муборизаи илм ва ҷаҳонбинии илмӣ бо хурофоту ҷаҳолат пирӯзии аввалиро таъмин хоҳад кард. Барои ин, қабл аз ҳама зарур аст, ки боварию эътимоди зерини Пешвои муаззами миллат аз ҷавонони кишвар тавассути тарбияи дурусти онҳо аз ҷониби омӯзгорону донишмандони ҷумҳурӣ амалӣ карда шавад: «Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».

Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон