Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ буда, ҳанӯз аз ибтидои солҳои 2000-ум ҳамасола ироа мегардад. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат 28 декабри соли 2024 бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парлумони кишвар пешниҳод гардида, зимни баррасии он Сарвари давлат оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Бояд таъкид кард, ки яке аз авлавиятҳои фаъолияти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати хориҷӣ мебошад, ки ҳамасола дар Паёми Сарвари давлат матраҳ гардида, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои он муайян карда мешаванд. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат асосҳои сиёсати хориҷии кишварро амиқан таҳлил намуда, нигаронии хешро аз “вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд», изҳор доштанд. Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти мушкилоти зикршуда Сарвари давлат самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварро муайян карда, ҷиҳати пешбурди он дастуру тадбирҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.
Зимни таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои олам омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор менамояд”.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкории созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем.
Дар иртибот ба ин, аз Паёми навбатӣ чунин бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш роҳандозии сиёсати бисёрсамтаро идома дода, ҳамкориҳои густурдаро бо соири кишварҳои дунё таҳким ва тавсеа мебахшад. Ба андешаи Пешвои миллат “иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд”. Тоҷикистон бояд дар низоми нави ташаккулёфтаистодаи муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи ба худ муносибро ишғол намуда, муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё дар заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ таҳким ва тавсеа бахшад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ дар заминаи таҳлили сиёсати хориҷии кишвар, авлавиятҳои онро ба тариқи зайл муайян намуданд:
1. Рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ.
2. Таҳким ва тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
3. Таҳкими муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба.
4. Густариши ҳамкориҳо бо ҳамаи созмонҳои бонуфӯзи байналмилаливу минтақавӣ.
Ба андешаи Пешвои миллат «стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад» ва ба сифати яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар боқӣ мемонанд. Сарвари давлат дар ин Паёми навбатии хеш низ густариши ҳамкориҳои зичро бо кишварҳои минтақа - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ки ба таъмини суботу осоиш ва оромии минтақа боис мегарданд, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб медонад.
Самти дигари афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Пешвои муаззами миллат чун Паёмҳои қаблӣ аз он ёдрас гардиданд, таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб меёбад. Дар ин маврид бояд зикр намоем, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар солҳои 1993-1997 баромад намуда, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карданд. Аз ҷумла, 30-юми сентябри соли 1994 зимни суханронӣ дар иҷлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ афзалиятнок будани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои аъзои ИДМ иброз дошта, аҳаммияти ду самти фаъолияти ҳукуматро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид карданд, ки манзурашон муносибатҳои муштараку судманд бо Федератсияи Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ буд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ, дар ҳошияи сиёсати “дарҳои кушода” таҳкими муносибатҳоро бо шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар қарор додаст. Сарвари давлат тақвияти ҳамкориҳоро, бахусус, «дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат» таъкид менамояд.
Дар Паёми навбатӣ низ густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла бо “Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба» аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар ин замина Пешвои миллат иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаю судмандро бо созмонҳои мазкур «вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад». Сарвари давлат ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунанда доштани Созмони Милали Муттаҳидро махсус таъкид намуда, дар ин замина иброз доштанд, ки “кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд». Ҳамзамон Сарвари давлат тақвияти ҳамкориҳои байналмилалиро «дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ» таъкид намуданд.
Ҷ. Мирзоев - ходими калони илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ