Skip to main content
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳо, муваффақиятҳо ва мушкилоти соли сипаришуда, вазъи ҳозира, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд.

Ҳамаи Паёмҳои Роҳбари давлат барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон, Паём хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ васеъ истифода мебаранд.

Мо, кормандони кафедраи сотсиология ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологие, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва дигар мақомоти давлатӣ фармоиш дода мешаванд, аз маълумоти дар Паёми Роҳбари давлат ироашуда ҳамчун заминаи методологӣ истифода мебараем. Таҳлили муқоисавии маълумот, далелу рақамҳои Паёмҳои солонаи Пешвои миллат ба мо имконият медиҳад, ки самт, тамоюл ва қонуниятҳои рушди иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намоем.

Предмети таҳлили сотсиологӣ дар Паём, пеш аз ҳама, масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки мустақиман ба зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамбастагӣ доранд. Ба бахши иҷтимоии Паём асосан, масъалаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон ва ҷавононро шомил намудан мумкин аст. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва аз ин рӯ, дар Паём ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бесабаб нест, ки соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ (43%-и хароҷоти буҷети давлатӣ) баробар гардид.

Пешвои миллат дар ҳар як суханронии хеш иброз медоранд, ки боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва дар Паёми имсола низ қайд гардид, ки “мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд... Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст”.

Як нишондиҳандаи муҳими рушди ҷомеа ва вазъи ҳаёти иҷтимоии давлат коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ аҳолӣ мебошад. Ба шарофати андешидани тадбирњои зарурӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83%-и соли 1999 ба 21,2%-и соли 2023 коҳиш дода шуд. Бояд ёдовар шавем, ки даромади пулии аҳолӣ дар давоми шаш соли охир се баробар, музди миёнаи меҳнат 1,8 баробар ва маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар панҷ соли охир 100% зиёд карда шудааст. Ҳамаи ин тадбирҳо барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуданд.

Мувофиқи «Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030» соли оянда, яъне соли 2025 дар Тољикистон нишондињандаи сатњи камбизоатї ба 18% ва њиссаи табаќаи миёна ба 40% расонида мешавад. Роҳбари давлатамон дар Паёми соли гузашта (соли 2023) ба Њукумати мамлакат супориш дода буданд, ки љињати дар њафт соли минбаъда, яъне то соли 2030 то ба 10 фоиз паст кардани сатњи камбизоатї дар Тоҷикистон чорањои мушаххасро амалї намояд.

Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

МАОРИФ

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд гардид, ки “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад”. Сарвари давлат рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътибори ҷиддӣ дода, қариб дар ҳар як Паёми хеш низоми маорифи ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа, омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайраҳоро масъалаҳои ҳалталаби Тоҷикистон меҳисобанд. Дар ҳолате, ки ҳоло шумораи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Роҳбари давлат ҳамбастагии пешравию пирӯзии давлат ва ҷомеаро ба мактабу маориф ва илму дониш тасдиқ намуда, сифати давлатро на ба ҳудуд ва шумораи аҳолӣ, балки ба сифати мактабу маориф ва сифати аҳолӣ вобаста донистанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Чи хеле қаблан гуфта гузаштем, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю сазовор ва рушди озодонаи шахсию касбиро фароҳам меорад. Дар Паёми имсола низ ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб ва бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат номида шуд. То 01.01.2024 аҳолии Тоҷикистон 10 млн. 288 ҳазор нафар рафта расид, ки аз ин 2 млн. 672 ҳазор нафар аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол буда, дар маҷмуъ, 5 млн. 805 ҳазор нафар захираҳои меҳнатиро ташкил медиҳанд. Дар алоқамандӣ бо афзоиши шумораи аҳолии қобили меҳнат Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав тамоми имкониятҳоро сафарбар намояд.

Инчунин Вазорату идораҳои марбута барои аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо, соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва рақобатнок гардонидани қувваи корӣ, таъсис додани марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо дастуру супориш гирифтанд. Бояд ёдовар шавем, ки маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои омода гардидани кадрҳои тахассусманд ва ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуданд.

ҶАВОНОН

Дигар бахши муҳими Паёми имсола ба масъалаи ҷавонон бахшида шуда буд ва Роҳбари давлат бори дигар ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номиданд, зеро айни замон 61 фоизи шумораи умумии кормандон ва 49 фоизи хизматчиёни давлатиро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Президенти кишвар аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар бораи тағйиротҳои иҷтимоӣ огоҳ бошанд, илму донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосирро омӯзанд, аз таъсири мафкураи экстремистию хурофотпарастӣ худро ҳифз кунанд, дар ҳифзи Ватан ва ваҳдати миллӣ ҳамеша тайёр бошанд.

Дигар масъалаҳои иҷтимоии дар Паёми имсола ироагардида дар маърузаҳои қаблӣ баррасӣ гардиданд ва аз ин хотир як нуктаи дигари муҳимро зикр кардан лозим аст, ки заҳмату ташаббусҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буданд, ки дар кишварамон барои ҳаёту фаъолияти шаҳрвандон фазои мусоиди орому осуда фароҳам оварда шудааст. Давлат рисолати меҳварии хеш, яъне таъмину таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро ба анҷом расонидааст.

Охири соли 2023 мувофиқи таҳқиқоти сотсиологие, ки аз тарафи Институти амрикоии омӯзиши афкори умуми “Гэллап” гузаронида шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт. Тоҷикистониён дар пурсиши сотсиологии маркази таҳлилии амрикоӣ “Гэллап” изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи тартиботи маҳали зисташон бовар доранд. Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Тоҷикистон дар ин раддабандӣ пас аз давлати Сингапур дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам қарор дошт. Ҳамзамон, ш. Душанбе низ ду маротиба – соли 2004 ва соли 2016 ба ҷоизаҳои байналмиллалии «Шаҳри сулҳ» сазовор дониста шуда буд.

Дар анҷоми Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи мо, ҳамватанони азиз даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем, барои ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамонталош кунем, дар таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон саҳми назарраси хешро гузорем.

Умуман, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» як қатор пешниҳодҳо, супоришҳо ва вазифаҳо ба миён гузошта шуданд, ки иҷрои онҳо барои рушди устувори ҷомеа, беҳтар гаштани шароитҳои зиндагии арзандаю сазовори мардум, инкишофи илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо мавҷуданд, шароити заруриро фароҳам оварда метавонанд.

Мирзода Ф.С. - ходими калони шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинова АМИТ номзади илмҳои фалсафа, дотсент