Skip to main content

Имрӯз, 11 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид.

Дар кори форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки «имрӯз муносибатҳои Русия бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хусусияти шарикии стратегӣ доранд. Сарфи назар аз равандҳои мураккаби солҳои охир, ба ҳеҷ кас муяссар нашуд, ки мамлакатҳои моро парешон кунад. Боварии дуҷонибаи сиёсӣ бар хилофи баъзе интизориҳо, ба рушди босуръати тиҷорат ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба мусоидат мекунад».

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз тағйирот дар вазъияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба таҷрибаи пурарзиши се даҳсолаи охир эътимоди сиёсии сатҳи баланд, ҳамкории мутақобилан судмандро тавсеа бахшида, дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ муштаракан нақши мусбат хоҳанд дошт.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки таърихи муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пур аз намунаҳои ҳамкориҳои самаранок дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад. Ин робитаҳо заминаи устуворе шуданд, ки бар пояи он саҳифаи нави рушди муштараки мо ташаккул меёбад. Имрӯз, дар замоне ки башарият бо чолишҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мешавад, илм ва навоварӣ ба забони умумие табдил ёфтаанд, ки роҳро ба сӯи тафоҳуми мутақобила ва ояндаи устувор мекушояд.

Таъкид гардид, ки дар замони муосир дониш, таҳқиқот ва технологияҳо аҳамияти стратегии бештар касб мекунанд. Онҳо марз надоранд ва мардумро бо ҳадафи расидан ба некӯаҳволӣ ва пешрафт муттаҳид месозанд. Ҳамкориҳои илмӣ ба як шакли хосси дипломатия табдил ёфтаанд — дипломатияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва кӯшиши муштарак барои созандагӣ. Ҷойгоҳи махсусро дар кори муштараки мо масоили рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқа, инчунин омодасозии насли нави муҳаққиқон ишғол мекунанд. Маҳз дар ҳамин соҳаҳо заминаҳои суботи дарозмуддат, сулҳ ва шукуфоии тамоми фазои Евразия гузошта мешаванд.

Зикр гардид, ки форуми «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» на танҳо майдон барои мубодилаи афкор аст, балки рамзи талош барои дарёфти ҳалли муштарак низ мебошад. Бигзор ин вохӯрӣ қадами наве гардад дар роҳи таҳкими эътимод, тавсеаи тафоҳуми мутақобила ва амиқтар шудани дӯстӣ байни кишварҳо ва мардумони мо мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҳошияи Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 9–10 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардиданд, баргузор шуд.