Skip to main content

17 июл дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори маҷлис масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Зимни суханронӣ Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2025 барои Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он боз як соли муҳим ва аз лиҳози сиёсӣ соли таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки дар оғози сол маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардид. Сатҳу сифати баргузории ин чорабинӣ ва ширкати фаъолонаи мардум дар он бори дигар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандони кишварро равшан нишон дод.

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар ин чорабинии сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолона иштирок намуд.

Раиси ҳизб иброз доштанд, ки ҳизби мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба масъалаҳои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷалб кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Дар ин раванд, барномаҳои зиёди илман асоснок ва воқеан амалишавандаи ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва мардуми кишвар созгорро таҳия, қабул ва муваффақона татбиқ гардид, ки натиҷаҳои то имрӯз бадастомада дар самтҳои суботи сиёсӣ дар кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар гувоҳи ҳақиқати ҳол мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки масъалаи дар зеҳну шуури шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон тарбия кардани ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ бояд минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб ва сохторҳои маҳаллии он қарор дошта бошад.

Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар низ нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти замони нав ва шиддати бесобиқа пайдо кардани равандҳои номатлуби сиёсиву низомӣ дар сайёра - мухолифату низоъҳо, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ин ҳолат аз ҳар яки мо барои ҳалли масъалаҳои пешомада масъулият ва муносибати ҷиддӣ талаб мекунад.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳои созанда амалӣ месозад.

Дар кори маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар асоси Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низомномаҳои ҳизбӣ дар таҳрири нав тасдиқ гардид.

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва сохторҳои он вазифадор гардиданд, ки фаъолияти ҳизбиро ба муқаррароти санадҳои мазкур мутобиқ намоянд.

Дар идомаи маҷлис аз ҷониби Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ барои давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда шуд.

Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дода шуд, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.

Манфиатҳои миллию давлатиро мунтазам ҳимоя намуда, кор бо мардумро тавре ба роҳ монанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад. Дар ҳамкории доимӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин ва танзими ҷашну маросим, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ ва мудофиа фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро дар деҳот ва маҳалҳои зисти аҳолӣ ба таври доимӣ ва фарогир ба роҳ монанд.

Ҳамзамон, ҳамаи ташкилоти ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳамкории доимиву муштаракро бо тамоми субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ тавассути ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва боло бурдани эътимод ба низоми давлативу давлатдорӣ равона намоянд.

Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъулон дар баробари пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ таҳия гардида, баҳри таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо ҷалби сокинон корҳои ободониро дар маҳалҳо вусъат бахшанд.

Баъди суханронии Раиси ҳизб Неъматзода Дилрабо - мудири бахши маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шоҳинзода Ансор - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа, Раҳимов Темур - ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, Каримзода Мунира - сартабиби беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, Ҳофиззода Фарзона - мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон ва Саъдуллоев Диловар - омӯзгори фанни забони англисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара суханронӣ намуданд.

Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки бо мардуми ватандӯсти он бо қадамҳои устувор ва дилу нияти нек ба суи пешрафту шукуфоӣ ҳаракат менамоянд, ҳамаи роҳбарону масъулини ҳизбро лозим аст, ки тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир сафарбар намояд.

https://www.president.tj/event/news/52017