Skip to main content

123123Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққӣ мавқеи хоси худро пайдо намудааст.

Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осони ба даст наомадааст. Он дар таърихи 9 сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, аз пайдоиши давлати нави соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ ва соҳиби давлати озоди худ шудани миллати тамаддунофари тоҷик башорат дод.

Мутассифона, ҳанӯз дар ҳамон ибтидо мардуми мо шаҳди истиқлол ва давлатдории миллиро начашида ва аҳамияти ин неъмату атои бебаҳои худовандро эҳсос накарда, душманони давлату давлатдории тоҷикон тавонистанд дар марзи Тоҷикистони азиз муноқишаҳои хунину нангинро эҷод бикунанд.

Хушбахтона, дар ин даврони басо пурталотуми тақдирсоз офаридгори олам барои аз вартаи фано наҷот додани давлату миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди баору номус, далеру боҷасорат ва фидокору сарсупурдаро ба майдони сиёсат овард.

Ҷаҳду талошҳои пайваста ва ҷон ба каф гирифтанҳои Сарвари ҷавону диловари Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу салоҳ ва сарҷамъ кардани миллати парешонгашта панҷ соли дароз давом карда бошад ҳам, сиёсати сулҳҷӯёна ва ба ҳамдигарбашхӣ равонагаштаи ӯ аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирӣ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати нави тоҷикон.

Маҳз дастгирӣ ёфтани сиёсати сулҳҷӯёнаи ӯ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистонро чун узви наву комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шиносанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.

Мавқеи устувору хулосагариҳои амиқан асосноки Сардори давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ эътимоди аҳли сайёраро ба ояндаи неку бобарори Тоҷикистон қавитар намуд. Ҳамин сиёсати Пешвои муаззами миллат сабаб гардид, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта, бо кишвари мо муносибати дипломатӣ барқарор намудааст.

Бо талошҳои бевоситаи хеш Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими роҳҳои давлатдории миллӣ саҳми босазо гузоштааст ва худ ин иқдомро ба чунин тарз қайд намудааст: “Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намояд”.

Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.

Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азиз, Ватани муқаддаси хешро сидқан дӯст дорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири таззодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.

Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.

Мо, хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад.

Мирзораҳимзода Акобир Карим, ноиби президенти АМИТ,

раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, доктори илмҳои биология, профессор