Skip to main content

 

Истиқлолият бузургтарин дастоварди ҳар як миллат ва муқаддастарин неъмати давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Мардуми Тоҷикистон, ки таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ, фарҳанги пурғановат ва арзишҳои устувори маънавӣ дорад, бо ба даст овардани истиқлолият имконият пайдо намуд, ки сарнавишти худро мустақилона муайян кунад ва бо ифтихори миллӣ роҳи тараққиётро интихоб намояд. Истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки сарчашмаи ифтихор ва масъулият аст.

12312Ифтихор аз он аст, ки миллати тоҷик, пас аз садсолаҳо муборизаҳо ва озмоишҳои таърихӣ, тавонист соҳиби давлати мустақил гардад. Имрӯз мо бо сарбаландӣ мегӯем, ки Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр ва узви ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Парчам, Сарқонун ва Суруди миллӣ барои ҳар як шаҳрванд рамзи ифтихор гаштааст. Ҳар боре ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар майдонҳои байналмилалӣ барафрошта мешавад, эҳсоси ифтихор ва ғурури миллӣ дар дилҳои мардум бештар мегардад.

Аммо истиқлолият танҳо рамзи ифтихор нест, балки масъулият ҳам мебошад. Масъулияти ҳар як шаҳрванд дар он аст, ки барои ҳифз ва таҳкими истиқлолият саҳмгузор бошад. Ҳар шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки истиқлолият як неъмати осмонӣ ё худ ба таври осон ба даст наомадааст. Барои истиқлолият наслҳои гузашта мубориза кардаанд, қурбонӣ додаанд ва роҳи душвори таърихиро паси сар намудаанд. Аз ин рӯ, имрӯз мо бояд бо масъулият онро ҳифз намоем ва барои таҳкими он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Истиқлолият ба миллати тоҷик имконият дод, ки забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро эҳё ва таҳким бахшад. Забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ мавқеи шоистаро соҳиб гардид. Эҳёи суннатҳо, ҷашнҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва адабиёт ҳама дар фазои истиқлолият амалӣ шуданд. Ин ҳама сарчашмаи ифтихори миллӣ мебошанд, ки моро водор месозанд барои оянда масъулиятро эҳсос кунем.

Дар баробари ифтихор, истиқлолият масъулияти бузургеро низ ба дӯши мо гузоштааст. Ин масъулият аз ҳар як шаҳрванд тақозо менамояд, ки дар рушду пешрафти кишвар саҳмгузор бошад. Масъулиятшиносӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шахс бояд дар соҳаи худ – хоҳ маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ё илм – бо ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат фаъолият намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ истиқлолият пойдор мемонад ва рушди ҷомеа таъмин мегардад.

Дар солҳои аввали истиқлолият мардуми тоҷик ба озмоишҳои сангин дучор гардид: ҷанги дохилӣ, буҳрони иқтисодӣ ва парокандагии ҷомеа. Аммо бо иродаи қавӣ ва ҳикмати миллӣ, мардум тавонистанд аз ин вартаи хатар наҷот ёбанд ва роҳи сулҳу ваҳдатро интихоб намоянд. Ин таҷриба собит намуд, ки истиқлолият танҳо дар сурати ваҳдату якпорчагии ҷомеа пойдор мемонад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ низ қисми ҷудонопазири ифтихор ва масъулияти мо мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари сулҳпарвар ва рушдкунанда эътироф шудааст. Дастовардҳои зиёде дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва варзиш ба даст омадаанд. Ҳамаи ин комёбиҳо натиҷаи истиқлолият ва заҳмати содиқонаи мардум мебошанд. Ҳар боре, ки парчами Тоҷикистон бо дастони варзишгарони шуҷоъ дар майдонҳои байналмилалӣ барафрошта мешавад, ҳар гоҳе ки олимону донишмандони мо бо кашфиёт ва дастовардҳои илмӣ садои Ватанро ба ҷаҳониён мерасонанд, ҳар вақте ки кишварамон бо ташаббусҳои созандаи худ дар масъалаҳои умумибашарӣ, аз ҷумла ҳифзи обу муҳити зист, эътироф мегардад – ин ҳама нишонаҳои равшани пешрафтанд, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ғурури ватандориро дар дилҳои мардум боз ҳам пурқувват месозанд.

Аммо дар баробари ифтихор, мо набояд масъулияти худро фаромӯш намоем. Ҳифзи истиқлолият маънои онро дорад, ки мо бояд сулҳу суботро ҳифз кунем, якдигарро эҳтиром намоем, қонунро риоя кунем ва барои пешрафти ҷомеа саъй кунем. Масъулияти ҷавонон махсусан бузург аст, зеро онҳо идомадиҳандагони роҳи истиқлолият мебошанд. Агар ҷавонон бо илму дониш, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ мусаллаҳ бошанд, истиқлолият на танҳо ҳифз, балки таҳким меёбад.

Истиқлолият ҳамеша моро водор месозад, ки дар баробари ифтихори миллӣ, масъулиятшинос бошем. Агар истиқлолиятро танҳо ҳамчун рамзи ифтихор қабул кунем, вале масъулиятро фаромӯш созем, он метавонад осебпазир гардад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шахс аст, ки ҳам ифтихор ва ҳам масъулиятро дар якҷо нигоҳ дорад. Танҳо дар ҳамин сурат истиқлолият ҳамчун неъмати муқаддас ва арзиши миллӣ пойдор хоҳад монд.

Хулоса, истиқлолият барои миллати тоҷик сарчашмаи ифтихори бузург ва масъулияти миллӣ мебошад. Ифтихор аз он, ки соҳиби давлати мустақил ҳастем ва масъулият аз он, ки ин дастовардро бояд ҳифз ва таҳким бахшем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо меҳнат, садоқат ва ватандӯстӣ барои пешрафти кишвар саҳм гузорад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем наслҳои ояндаро бо як Ватани обод, мустақил ва пурифтихор ба мерос гузорем.

Холов Холмаҳмад Исроилович – н.и.т., ходими пешбари озмоишгоҳи ғанигардонии маъдани Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ