Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд 16-ноябри соли 1992 - баргузор гардида буд - Сухани аввалинашон - ман ба шумо сулҳ меорам. Дар мудати кӯтоҳ алангаи ҷанги бародаркуширо хомӯш карданд. Дуюм суханашон -Ман тамоми гурезагонро бармегардонам ин ҳам шуд. Тақдири гурезаҳои иҷборӣ сарвари давлатамонро
ором намегузошт. Бо талошу муборизаҳои зиёд ҳамаи гурезагони тоҷики дар давлатҳои ҳамсоя буда ва инчунин дар Амрико бударо низ ба Ватан баргардонид. Сухани сеюмашон ман Тоҷикистонро обод мекунам. Тоҷикистон дар вазъияти хеле душвори иқтисоди ва иҷтимои қарор дошт. Мамлакати мо дар натиҷаи ҷанги бародаркуши тамоман касод шуда буд. Дар як тараф гуруснагӣ, хунрезӣ, дар як тараф гурезагон ва бемориҳои зиёде буданд.
Тоҷикистон дар вартаи нестшави қарор дошт ба ҳамин нигоҳ накарда Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ҷаҳду талош мекарданд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда ҷони худро дар хатар гузошта баҳри Истиқлолияти Тоҷикистон талош намуданд ва Истиқлолиятро ба даст оварданд. Ҳимояи шарафи ҳар як фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд. Дастовардҳои ин шахси баруманд ниҳоят зиёд буда, шоистаи ҳама гуна ситоишанд. Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзишгароии ҳар давлату миллат мебошад. Истиқлолият ободии Ватан, озодии ҳар фарди миллати тоҷик, хушбахтии модарони мову шумо, хандаи кудакон озодии занон мебошад.
Оре имрӯз кучаҳои зебои шаҳрамон, хонаҳои баландошёна, мактабҳо, боғчаҳо, беморхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ, зебогии қасри Парлумон, ҷиллои парчам, ҷилои гулу гулбутаҳои ороиши, пайкараи Исмоили Сомонӣ, маҷмааи Истиқлол, роҳҳои зиёде ки то ба имрӯз сохта шудаанд ва сохта шудаистодаанд, масҷиди калон бо кандакориҳои зебои тоҷикӣ ин ҳама зебогии Ватани мо аз неъмати Истиқлолият мебошад. Имрӯз таҷриба ва фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигар кишварҳо намунаи ибрат гардидааст ва аз он самаранок истифода мебаранд.
Тоҷики ман, шаҳсутуни қасри миллат ваҳдат аст! Тоҷики ман, пояи эъмори давлат ваҳдат аст ! Мактаби сулҳофари тоҷик гувоҳӣ медиҳад , Миллати соҳибкитобе эътибори ваҳдат аст! Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ, Ҷон ба қурбонат Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Тоҷики ман, қадри истиқлоли давлатро шинос, Тоҷики ман, қиммати иқболи миллатро шинос. Сарнавишти миллат имрӯз ҳаст андар дасти мо, Рушд ёбад мамлакат, ту қадри неъматро шинос .
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ, Ҷон ба қурбонат Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Эй гулистони Ирам, эй ҷаннатулмаъвои ман,
Эй Хуросони навин, эй ҳастиву дунёи ман.
Бо ту дорам сарфарозӣ, рӯйи олам, эй Ватан,
Аз ту ин хушбахтиву имрӯзу ҳам фардои ман.
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Эй диёри сабзу хуррам, ифтихорам зинда бош!
Бо ту тавъам омада бахту барорам, зинда бош!
Қуллаҳо дастори суфу водиҳо гулдӯзипӯш,
Аз тамошо бишканам ҳардам хуморам, зинда бош!
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Истиқлолияти Ватани маҳбубамон нишон дод,ки имрӯз Тоҷикистони озоду ободамон таҳти роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо ба комёбию дастовардҳои беназир соҳиб гардида, ҳамчун давлати демократӣ, дуняви ва сулҳхоҳу сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баландро соҳиб шуд. Имрӯз ҳар яки мо ҳамчун соҳибватан ифтихор мекунем,ки Ватани ободу зебо ва пешрафта дорем. Ҳамкорони азиз,бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми тоҷик расму оинҳои беҳтарини қадимаи хешро ,ки бо мурури солҳо аз байн мерафтанд, аз нав эҳё карда , ҷашну маросим ,санаҳои таърихӣ ва дигар арзишҳои миллиро дар сатҳи баланд таҷлил мекардаги шуд. Зинда бод Истиқлолияти Тоҷикистон, зинда бод Тоҷикистони азизи мо бо фарзанди фарзонаи миллат Эмомали Раҳмон!
Бигузор Истиқлолияти Тоҷикистон асрҳо поянда бимонад. Ба ҳамаи яко яки шумо хона ободӣ, саломатӣ , умри дароз орзӯ дорам, Истиқлолият муборак ҳамватанони азиз!
Шамсова С.С. МД - Ходими илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
13 январи соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҷалби роҳбарони сохторҳои гуногуни академия ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030- ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.
Таъкид гардид, ки гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия яке аз роҳҳои асосии расидан ба рушди иқтисодиёти давлатӣ ва пешрафт дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.
Инчунин, дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” – ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои амалисозии он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни ҷаласа масъалаи таҳкими заминаи моддиву техникӣ муассисаҳои илмӣ баррасӣ гардид. Бояд гуфт, ки муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ ва бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳаз намудани базаи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ яке аз масъалаҳое аст, ки зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, мо бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намуда, барои амалисозии ин дастуру супоришҳо тадбирҳои муҳим андешем.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузории Форуми олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани форуми мазкур ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар идома он нафароне, ки тибқи Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи номзадӣ ва докторияшон тасдиқ гардидааст аз ҷониби роҳбарият ба соҳибонашон супорида шуд.
10 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ба тафсил сухан ронд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вохурии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф масъалаҳои муҳиму меҳварии илми тоҷик ва низоми маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва ба Академияи милли илмҳои Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар доир гардид. Дар ин радиф дар асоси нақша чорабини оид ба иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти ҶТ Пешвои миллат, корҳо дар АМИТ бо маром идома дорад.
Яке аз санаҳои таърихи ин 29 октябри соли 2024 ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба АМИТ, ин бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Марказ 4 ошёна буда, дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.
Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст; лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар муаррифӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки дар соли 2024 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Боиси ифтихор аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқикотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ)-и Федератсияи Россия мавқеи худро мустаҳкам намуд. Дар ин сол Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шохиси Хиршро аз рӯйи ҳамаи маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда аз 10 ба 51, аз рӯйи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда аз 10 ба 49 ва аз рӯйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда аз 5 ба 42 расонида, миёни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҳамзамон, шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршудаи олимони АМИТ 6692 ададро ташкил дода, миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ба 19595 адад расонида шуд.
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Умуман, ҳайати кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2024-ро бо дастовезҳои хуби илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки соли 2025-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони илмӣ ҷамъбаст намоянд. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои корҳои назарраси анҷомдодашуда ба ҳайати кормандони илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аҳли олимонро барои хубтару пурсамартар намудани дастовардҳои илмӣ даъват менамояд. Инчунин, зумрае аз олимону кормандон барои заҳмати пурсамарашон дар соҳаи илм бо ифтихорномаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ гардонида шуданд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25.11.2024, √770 озмуни "Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат" баргузор гардид, ки дар он ҳудуди беш 560 нафар иштирок намуд.
Дар озмуни мазкур, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ Саидова Фазилатмо Сайдамировна сазовори ҷойи аввал дар даври ноҳиявӣ ва дар даври умумишаҳрӣ бошад ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Докторант Phd - и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Ҳангома Нуруллозода, ки дар озмуни ноҳиявӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда буд, дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Бо дастгирии бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ба вазъияти иқтисоди ҷумҳурӣ нигоҳ накарда Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат сохтори худро пурра нигоҳ дошт.
Илм ва маърифат бузургтарин ва арзандатарин арзиши миллии миллати тамаддунофари тоҷик буда, саҳми фарзандони илмофари тоҷик дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баланд дорад. Даврони истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон саҳифаи навтарини таърихи миллат буда, таҳти сарварии Ҷаноби олӣ, Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои беназири илмӣ ноил гардида истодааст.
Имрӯз (09.01.2025) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳақиқони самти биология ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Бар кори ҳамоиш ноиби президенти АМИТ Мирзораҳимзода Акобир ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки дар давраи соҳибистиқлолии давлати азизамон дар тамоми самтҳои илмҳои биологӣ пешравиҳо, беҳбудиҳо ба вуқӯъ пайвастанд.
Инчунин, дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии озмоишгоҳҳои Институти оид ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ натиҷаҳои муҳимми назариявӣ ва амалӣ ба даст оварда шуданд.
Дар маҷмуъ аз ҷониби кормандони институтҳои ботаника ҷилди якуми китоби «Атласи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон» ба нашр расидааст, ки дар он, оид ба хусусиятҳои морфобиологӣ, муҳити рушд, паҳншавӣ, ҳолат, таркиби химиявӣ, усули ҷамъоварӣ, шакли дору ва хусусиятҳои фармакологии 100 намуди растаниҳои шифобахши Тоҷикистон маълумот гирд оварда шудааст.
Имрӯз (09.01.2025) дар толори маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ нишасти вежаи илмӣ-фалсафӣ таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, ки ба ифтихори 57-солагии фаъолияти илмию эҷодии файласуфи матраҳи миллӣ устод Комил Бекзода ихтисос дода шуд, баргузор гардид.
Дар маҳфил ба истиснои сухани ифтитоҳию ихтитомии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён, 4 суханронии илмӣ- ихтисосӣ (суханронии директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷовидонагӣ ва диди фалсафӣ”, гузориши устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктор (Phd) Нуриддин Шаҳобиддин таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, гузориши доктори илми фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуғаффор Мирзоев бо номи “Бекзода ва масъалаи худшиносии миллӣ”, суханронии ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Ҷамолиддин Саидзода сари мавзуи “Комил Бекзода дар мақоми озодандеш ва файласуфи миллӣ”), мулоҳизоту музокироти ширкаткунандагон, сипосномаи Комил Бекзода дар назар гирифта шуда буд.
Нишасти илмиро ноиби президенти Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ карда, роҷеъ ба шахсияти илмӣ-фалсафии Комил Бекзода гузориши илмии ҷолибе ироа намуд. Мавсуф зимни гузориш бар он ишора фармуд, ки устод Бекзода аз соли 1967 интараф дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дақиқан 57 соли ҳаёташро дар муҳити академии ҷумҳурӣ сарфи таҳқиқу пажуҳиш намудааст. Дар ин муддатзамони тулонӣ устод пайи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ шуда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳамчунин Раиси Фарҳангистони миллӣ афзуд, ки аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад. Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонию паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст, ки метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмуъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст.
Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён суханро ба гузоришгарони асосӣвогузошт. Ба ин тартиб, директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷовидонагӣ ва диди фалсафӣ”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктор (Phd) Нуриддин Шаҳобиддин сари масъалаи “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, доктори илми фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуғаффор Мирзоев дар мавзуи “Бекзода ва масъалаи худшиносии миллӣ”, ва ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Ҷамолиддин Саидзода сари мавзуи “Комил Бекзода дар мақоми озодандеш ва файласуфи миллӣ” гузоришҳои хуби илмӣ ироа карданд. Гузоришгарон, минҷумла бар он таъкид карданд, ки файласуфи миллӣ Комил Бекзода бо равиши махсуси таҳқиқӣ, сабки зебои гуфторӣ ва дидгоҳи вежаи фалсафӣ миёни доираҳои илмию академӣ ва ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ ҳанӯз аз замони шуравӣ маълуму машҳур буда, аз тариқи ташаббусоту ибтикороти фардии илмию эҷодӣ дар болоравии сатҳи огоҳии ҷомеа саҳми сазовор гузоштааст. Инчунин, илова гардид, ки устод Бекзода ба сифати як файласуфу рӯшангари миллӣ ва файласуфи соҳибмактаби ватанӣ рисолати илмӣ, иҷтимоӣ ва инсонии худро ба таври бояду шояд анҷом дода, дар шаклгирии ҷаҳонбинии илмӣ, болоравии сатҳи тафаккури фалсафӣ ва биниши миллӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Пасон, донишмандону муҳаққиқони маъруф, аз ҷумла муаррихи маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршоҳ Пирумшоҳ, матншинос ва шоири муосири тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, узви вобастаи АМИТ Абдураҳмон Маҳмад, омӯзгори варзидаи ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Нидозода ва дигарон перомуни масъалаҳои фалсафӣ ва шахсияти илмию эҷодии устод Комил Бекзода изҳори назар карданд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён маҳфилро ҷамъбаст намуда, барои ироаи матлаби хулосавӣ суханро ба устод Комил Бекзода вогузор кард. Устод Бекзода барои ироаи гузоришҳои ҷолиби илмӣ ба гузоришгарони асосӣ ва ҳозирони маҳфил изҳори сипос намуда, дар доираи мавзуи “Буҳрони фикрӣ ва зарурати биниши фалсафӣ” иҷмолан тазаккур дод, ки муваззафем, дар шароити бархурдҳои сиёсию мафкуравию тамаддунӣ ва ташаннуҷи буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ аз фарҳангу фалсафи миллӣ дифоъ кунем ва роҳробарои рушди ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ ва тафаккури миллӣ ҳамвор созем. Устод, ҳамчунин афзуд, ки ҷомеа имрӯз ба дониш, фалсафа ва шеъре ниёз дорад, ки руҳияи миллии мардумро боло бубарад ва инсонҳоро ба такопуву ҷустуҷӯву ковишҳо раҳнамун созад.
Пешбаранда ва муаррифкунандаи илм дар дохил ва сатҳи байналмилалӣ ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ва аз рӯзҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳоди пешбаранда ва муаррифкунанадаи илм таваҷҷуҳи хоса доранд.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ин қишри пешбарандаи илм мароқ зоҳир намуда, сол то сол сатҳи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин табақаро беҳ намуда, барои дар амал татбиқ намудани илм, яъне пайвастани илм бо истеҳсолотро мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи хеш қарор дода, иқдомҳои нав ба навро барои пешрафт ва боло бардоштани илми тоҷик ва ояндаи дурахшони ҷавонону наврасон роҳандозӣ намудааст.
Имрӯз (08.01.2025) дар асоси дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби олимону кормандони самти илмҳои дақиқ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ноиби президенти АМИТ сарпарасти Шуъбаи илмҳои дақиқ Амонзода Илҳоим Темур суханронӣ намуда, баҳри пешбурд ва рушди илмҳои дақиқ аз ҷумла оид ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф ва иқдоми нави Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ибрози андеша намуда, аз олимону кормандони соҳа даъват ба амал овард, ки барои дар амал татбиқ намуданд дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат кушиш ба харҷ дода, дар пешрафти давлату ҷамъият саҳмгузор бошанд.
Имрӯз (08.01.2025) бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби олимону кормандони самти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимони самти илмҳои ҷамъиятшиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст ба кори ҳамоиш ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида иброз намуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, ҳамзамон барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо вазифагузориҳо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон барои рушди ояндаи мамлакат вазифагузориҳо дар самти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва барои рушди самти иқтисодиёти мамлакат, ки асоси зиндагии мардум ба он вобастагӣ дорад, ибрози андеша намуда, солҳои 2025 – 2030 – ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон доштанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия давлат рушд намуда, чандин фоидаҳои дигар ба даст меояд, чун ҳамаи мо медонем, ки давлате, ки ба пуррагӣ ба низоми иқтисоди рақамӣ гузарад, коррупсия ба пуррагӣ аз байн меравад, буҷаи давлат бой мегардад, андозҳо ба пуррагӣ муайян мешаванд, буҷаи давлат, ки бой шуд сатҳи зиндагии мардум беҳ мегардад, чун болоравии музди маош, нафақа, стипендия ва дигар намуди иловапулиҳо аз болоравии буҷаи давлат вобастагии амиқ дорад ва ҳамагон медонем, ки гузаштан ба иқтисоди рақамӣ бидуни инноватсия ғайриимкон аст, аз ин лиҳоз барои дар амал татбиқ шудани гузаштан ба иқтисоди рақамӣ тамоми ҷомеаро мебояд инноватсияро бояд рушд диҳанд.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ
ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
8 январи соли 2025
№911
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube