Skip to main content
(Баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 28.12.2024)

123333333Ба ҳамагон маълум аст, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маориф ва илм пайваста дар афзоиши пайҳам қарор дорад. Президенти мамлакат илму маорифро ба унвони омилҳои асосии рушду тараққӣ матраҳ мекунанд. Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат тазаккур доданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. То кунун ва ҳатто дар замони шуравӣ хонандагони мактабҳои миёна аз синфи 3 ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шуруъ менамуданд. Минбаъд хурдсолон аз боғчаи кӯдакона забономӯзиро оғоз хоҳанд кард: “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Бо таъбири Сарвари давлат, дигар омили тақвиятдиҳандаи соҳаи маориф афзудаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсили ҷавонон дар хориҷи мамлакат маҳсуб мешавад. Бинобар маълумоти Паёми Президенти кишвар дар соли 2024 дар марзи мамлакат 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо 106 000 донишҷӯ фаъолият менамоянд. Айни замон, беш аз 117 000 ҷавонон: “Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат дар донишгоҳҳои 42 давлати хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд: “Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.

Таваҷҷуҳ ба маориф айни замон таваҷҷуҳ ба пешравист. Ин ҳарфро ҳар фарди ватандор бояд донад. Сарвари давлат ҳама гуна саҳлангориро дар мавриди фароҳамории муҳити мусоит бобати таълиму тарбия омили пасравӣ ва таназзули кӯдак баррасӣ карда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангор набошанд: “Бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад”.

Ба қавли Пешвои миллат, агар мактабу маориф ва марказҳои илмомӯзӣ набошанд, пешравию пирӯзӣ ҷои худро ба пасравию мағлубӣ ва тантанаи ҷаҳлу хурофот медиҳанд. Инсон пайваста дар такомул аст ва яке аз вижагиҳои зотии ӯст, ки тавассути мактаб сатҳи ҷаҳонбинии худро ба боло мебарад. Бинобар ин, мактабро бояд эҳё гардонида, таваҷҷуҳи хурду бузургро аз нав такмил диҳем. Чунки ноогоҳӣ дар ҷаҳлу торикӣ зистанро тақозо хоҳад кард. Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки аз ҳисоби фурӯши идеяҳо ва ихтироот буҷети давлатро ғанӣ мегардонанд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Масалан, ман як кишвареро медонам, ки чандон бузург нест, вале аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ бисёр пешрафтаву неруманд аст. Зеро ин давлат ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот, ки маҳсули ақли шаҳрвандони он мебошанд, 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад”.

Марказҳои фарҳангӣ ва дигар иқдомоти ба фарҳанг вобаста чун мактабу маориф бояд дастгирӣ ёбад. Агар мо ба масоили фарҳангӣ кам таваҷҷуҳ кунем, театру китобхонаву осорхонаҳо ва боғу гулгаштҳою қасрҳои фарҳангӣ камодам мемонанд ва ҳар яке аз онҳо рисолати хешро анҷом дода наметавонанд. Чун ин марказҳою муассисаҳо кори хешро анҷом дода натавонанд, шаҳрванд мағзшӯйӣ мешавад ва тафаккури ӯро хурофот ҷойгузин месозад. Бинобар ин, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ низ тазаккур доданд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Агар фарҳанги хосси миллате аз таваҷҷуҳ бозмонад, заиф мешавад ва чун ин фарҳанг, ки мутааллиқ ба миллат аст, дар ҳоли заъфу навмедӣ ҷои хешро ба фарҳанги бегона медиҳад, чунки табиати инсон ҳамеша ба фарҳанг ниёзи ҳамешагиро дорост: “Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад”.

Сарвари давлат ба масъулину роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар дастур доданд, ки дар маҳалли фаъолияти хеш мактаби мусиқиро таъсис дода, бобати ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба мусиқӣ бетараф набошанд. Гузашта аз ин, фаъолияти беморхонаю дуконҳои доруфурӯшӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ дар мадди назари Пешвои миллат қарор гирифта, таваҷҷуҳ ба сифати маводи доруворӣ ва ба роҳ мондани самти истеҳсоли онҳо дар дохили кишвар баррасӣ шуданд. Дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ки норасоии мутахассисони соҳаи тиб ва паст будани сифати маводи доруворӣ айни ҳол ба мушоҳида мерасад.

Ҷавонон дар таъбири Пешвои миллат, қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд. Маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Ҷавононанд, ки нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати хосса дошта, дӯст доштани онон самимист. Бинобар ин, онҳо ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд: “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад”.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбат ба занону бонувон таъкид гардид. Тибқи маълумоте, ки дар Паёми навбатӣ омадааст, айни замон 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Дар замони истиқлолият соҳибмаълумот гардидани духтарон бамаротиб афзуд. Алҳол, зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд. Бо ибтикори Пешвои миллат квотаи президентӣ дар кишвар амал мекунад, ки бобати ба таҳсил фаро гирифтани духтарон аз минтақаҳои дурдаст беҳтарин роҳнамо буд, ҳаст ва мемонад: “Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд”.

Зани муосир дар ҷаҳони технология ва прогресс вазифаҳову ваколатҳои хешро моҳирона роҳандозӣ менамояд. Ҳоло вай мисли пештара на танҳо ба оила ва фарзандонаш, балки ба касби худ низ таваҷҷуҳ кардааст. Инчунин, зани муосир ҳаёти худро худаш ба нақша мегирад. Дар ҷаҳони муосир зан бо мард ҳуқуқи баробар дорад ва айни замон бо кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаи маҳбуссозии занону бонувон чандон устувор нест. Бинобар ин, таносуби тафовутии зану мард зимни фаъолият бояд баррасӣ нагардад ва ҷомеаи рушдкарда ҳамонест, ки дар он марду зан дар як мизон баррасӣ мешаванд. Аммо дар дилхоҳ ҷомеа ҳастанд нафароне, ки ҳуқуқи занону ҷавононро мехоҳанд поймол бинмоянд ва ин гуна фишору таадӣ дар саросари дунё ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, Сарвари давлат бобати баррасии насли ҷавони ҷомеаи Тоҷикистон иктифо намуда, аз ҷумла занону бонувонро аз таҳмили афкори хурофотӣ огоҳ намуданд: “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад”.

Масъалаи мубрами Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ иборат мебошанд. Ин гуна ташаббусҳо бобати тағйирёбии иқлим ва дар иртибот бо Созмони Милали Муттаҳид ироа гардида, минбаъд низ бо ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ матраҳ хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, дар Паёми навбатӣ сатҳи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад. Бо ин мақсад, мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем”.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созандаро дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар дорост. Баррасии авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба мо имкон фароҳам меорад, ки таҳдидҳои глобалии муосирро омӯхта, бобати ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ андеша намоем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат барномаи рӯйимизии ҳар фарди ватандӯст буда, дар интихоби роҳи дурусти рушду тараққӣ кумак хоҳад кард.

Ширин Қурбонова, - доктори илмҳои таърих, муовини КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ