Арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии модар вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” паҳлуҳои мубрам ва муҳимми рушди ҷомеаи муосири тоҷикро баррасӣ намуданд. Яке аз нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат ба нақши занону бонувон дар рушди ҷумҳурӣ, худшиносию тарбияи наслҳои солиму комил ва созандагони ояндаи кишвар равона гардидааст.
Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллатро ба дунё оварда, дар домони пурпеҳру муҳаббати поки худ парваридааст, оини ватандорӣ ва чун хидмат ба ҷомеаи башарро чун амонати муқаддас дар дили онҳо сириштааст. Дар ҳама давру замон тоҷикон зан- модарро гиромӣ медоштанд, дар ҷавоби ҷоннисориҳои зан –модар, ки ба як даст гаҳвораи фарзанд ва бо дасти дигар гавҳораи фарҳангу тамаддуни миллатро меҷунбонад, сари таъзим фуруд меоранд.
Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки нақши зан - модар дар ҷомеаи муосири тоҷик боз ҳам мақоми баландтарро соҳиб гардад ва нақши онҳо дар рушду пешрафти кишвар боз ҳам устувортар гардад.
Пешвои миллат дар Паёми навбати низ такя ба нақш ва мақоми занону бонувони мамлакат намуда, иброз доштанд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”. Оре. Зан-модар муррабии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Аз ин хотир пос доштани иззату эҳтироми зан- модар ва арҷгузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус мебошад.
Имрӯз, ки зиёда аз 51 фисади аҳолии ҷумҳуриро занон ташкил медиҳанд, Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба баланд бардоштани мақом ва нақши онҳо дар ҷомеа ваширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ тадбирҳои созандамеандешанд. Ин, пеш аз ҳама аз Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ба нақши занону бонувон ва ҷалби пайвастаи онҳо ба ҳаёти ҷомеаи кишвар бештар таваҷҷӯҳ равона мегардад, ошкор мешавад. Зеро занон ҳамеша кафили рушди ҷомеа дар роҳи ба даст овардани истиқлол, пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд.
Бале бояд таъкид намуд, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври возеҳ боло рафт. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Маҳз бо ҳамин хотир имрӯз нақши занону бонувон дар тамоми соҳаҳои кишвар ниҳоят муассиру арзишманд мебошад. Аз Паёми Пешвои муаззами миллат бар меояд, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувон занони кишвар танҳо ба фаъолияти соҳибкорӣмашғул мебошанд.
Бо мақсади таҳкими мақоми зан дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бо таҳсил фаро гирифтани духтарон хамеша таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.Тибқи квотаи президентӣ ҳар сол садҳо нафар бонувон ба муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи махсус пазируфта мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш низ зикр намуданд, ки танҳо дар замони соҳибистиқлолӣзиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Маҳз натиҷаи чунин дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди занон аст, ки таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши илму дониш, аз ҷумла илмҳои табию дақиқ, кашфиёту ихтироъкорӣ ва азхудкунии ихтисосҳои замонавӣ афзун мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фарогирии духтарон ба таҳсил, касбомӯзии онҳо дар муассисаҳои гуногуни таълимии касбии дохилию хориҷӣниз таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Ба замми он, Пешвои миллат ҳангоми суханронии худ таъкид намуданд, ки имрӯз зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизашонро духтарон ташкил медиҳанд.
“Мо, - таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат,- ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузург эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”. “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо, - илова намуданд Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш, - дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгири кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои хеш мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври назаррас арзёбӣ менамоянд ва нақши онҳоро дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ ба таври шоиста таъкид менамоянд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат доир ба занону бонувон, баланд бардоштани сатҳи маърифотнокии онҳо, боз ҳам бештар ҷалб намудани занони болаёқат ба идоракунӣ ва ҳаёёти сиёсию фарҳангии ҷомеаи кишвар барои ҳаёту фаъолияти мо ҳамчун дастурамалу раҳнамо хизмат менамоянд.
Аз ин рӯ, мо занону бонувонро зарур аст, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлол ва таҳкими соҳибдавлативу соҳибихтиёрии ҷумҳурии азиз фаъолона ҳаракат намуда, бо дарки амиқи нуктаҳои асосии Паёмҳои Пешвои миллат баҳри рушди ҳамаҷонибаи кишвар саҳм гузорем ва мақому манзалати занону модарони тоҷикро дар ҷомеаи имрӯза боз ҳам баландтар бардорем.
Шоиста Исматзода - ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон