Skip to main content

4-5 ноябри соли 2025 Маркази синошиносӣ дар ҳамроҳӣ бо шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1045 солагии Абуалӣ ибни Сино баргузор намудани Симпозиуми байналмилалиро дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” ба нақша гирифтааст.

Ҳадафи Симпозиуми мазкур фароҳам овардани платформаи ҷолиб барои мубоҳисаҳо, табодули дониш ва дастгирии ҳавасмандиҳои илмӣ дар соҳаҳои илмҳои инсоншиносӣ, иҷтимоӣ ва табиатшиносӣ, таҳкими робитаҳои таҳқиқотӣ-илмии байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ буда, баҳри пайдо намудани шарикони ҷаҳонӣ барои ҳамкории оянда имконият фароҳам меорад.

Дар симпозиум бо ширкати донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ саҳми Ибни Сино дар рушди илму фалсафаи фазои фарҳангии форсу тоҷик; фалсафаи исломӣ ва фалсафаи умумиҷаҳонӣ; масъалаҳои омӯзиши осори энсиклопедии Абуалӣ ибни Сино дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ ва дастхатҳо; рушди илму фарҳанг дар давраи Эҳёи Шарқ (асрҳои X-XI) ва нақши Абуалӣ ибни Сино дар он; робитаҳои фарҳангии халқҳои минтақа ва ҷаҳон дар асрҳои миёна ва мақоми Абуалӣ ибни Сино дар он; саҳми Абуалӣ ибни Сино дар раванди ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик; аҳамияти осори Абуалӣ ибни Сино барои замони муосир ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Мақолаҳо ва гузоришҳое, ки ба унвони Симпозиум пешниҳод мегарданд, бояд яке аз мавзуъҳои зеринро дар бар гирад:

• Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди фалсафаи ҷаҳонӣ (масъалаҳои онтологӣ, гносеологӣ, эпистемологӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, антропология, ахлоқ, мантиқ ва методологияи илмӣ);

• Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ (биология, геология, ва минералогия, метеорология, астрономия, риёзиёт, ҳандаса ва мусиқӣ);

• Илми тиб ва психология дар таълимоти Абуалӣ ибни Сино;

• Таҳқиқи мероси илмӣ-фалсафии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон;

• Абуалӣ ибни Сино ва масъалаҳои фарҳанг, забон, таърих, тамаддун, тарбияи ҳуқуқӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқи (маънави)-и инсон;

• Абуалӣ ибни Сино ва эҷоди истилоҳоти илмию фалсафӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва таъсири он дар забонҳои дигари ҷаҳон;

• Педагогикаи Абуалӣ ибни Сино ;

• Поэтикаи Абуалӣ ибни Сино.

Ҳаҷми мақолаҳо якҷоя бо тасвир, ҷадвал, нақшаҳо ва калидвожаҳою фишурдаи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд то як ҷузъи чопӣ (то 12 саҳифаи чопи компютерӣ) бошанд. Фишурдаи мақола ба як забон на зиёдтар аз 0, 5 саҳифа бошад, калидвожаҳо ҳатмист. Матн бояд дар файли барномаи Microsoft Office Word пешниҳод шуда, андозаи ҳарфҳо 14, гарнитураи Times New Roman, фосилаи 1,5 ва канораҳои матн аз ҳар тараф – 2,5 см бошанд. Саҳифаҳо бояд рақамгузорӣ шуда бошанд.

Мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ бояд то 10 сентябри соли 2025 ба суроғаи зерин ирсол ёбанд: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Тел.: +9923722213949, +992935055204, почтаи электронӣ: rnazariev@yahoo.com; тел: +992918536050, почтаи электронӣ: ramazoni.93@mail.ru.

Интизор меравад, ки пеш аз оғози Симпозиум маҷмуаи мақолаҳо нашр мешавад. Кумитаи тадорукот ҳуқуқашро дар интихоби мақолаҳо ва нашри минбаъдаи онҳо нигоҳ медорад.

Иштирок дар Симпозиум ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат мегирад.

Роҳкиро ва хароҷоти дигари ширкаткунандагони Симпозиум аз ҳисоби худи онҳо пардохт мешавад.

Кумитаи тадорукоти Симпозиум