Skip to main content

(ба истиқболи ҷашни 1160-солагии Муҳаммад Закариёи Розӣ)

Агар ба таърихи осори гузаштагонамон назар афканем, маълум мегардад, ки онҳо дар риштаҳои мухталифи илм ба дастовардҳои арзишманду нодир ноил гардидаанд. Аз ин лиҳоз,таҳқиқи осори ба ёдгор мондаи онҳо барои наслҳои имрӯза аҳамияти гаронбаҳо дорад. Омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти илмии Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ низ аз ҷумлаи онҳост.

Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ яке аз бузургтарин ва барҷастатарин табиб, файласуф, табиатшиноси форсу тоҷик ва ҷаҳон ба шумор меравад. Ӯ дар инкишофи илмҳои гуногун саҳми муносиб гузошта, яке аз саромадони илми тиб ва табиатшиносӣ ба шумор меравад. Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 – уми августи соли 251 ҳиҷрӣ (865) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид».

Муаллифи китоби мазкур дар саҳифаи дигари ҳамин асар равшану возеҳ сабабу иллати аз илми кимиё ба илми тиб гузаштан ва дар ин соҳа ба яке аз рукну сутуни бузурге, ки минбаъд хазинаи донишандӯзии инсон бар сари он қарор ёфтааст, табдил ёфтани осори тиббии Закариёи Розиро ба тариқи зайл менигорад. «Иштиғоли Розӣ ба илми тиб пас аз даврони ҷавонӣ буд ва дар натиҷаи рамаде буд, ки дар чашмони ӯ падидор омад. Ва гӯянд, пеши куҳоле рафт. Куҳол гуфт: «Муолиҷати ту мавқуф аст бар понсад динор, ки бояд бидиҳӣ» . Ӯ он маблағро ба куҳол доду гуфт: «Кимиё илми тиб аст, на он ки ту бад он машғулӣ». Бад он сабаб аз кимиё аъроз намуд ва дар таҳсили илми тиб ба ғояте расид, ки тасонифи ӯ дар ин илм носихи таълифи муътақадимон гашт.

Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд.

Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт,фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони Бағдод хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст.Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ (25-уми октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст. Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадриҷ ба Аврупо нуфуз намуд ва дар он ҷо бо номи Abubater ё Razes шуҳрат пайдо кард. Аз омӯзиши осори Закариёи Розӣ бармеояд, ки ӯ дуруст будани назарияи сунъӣ, яъне истеҳсоли тилло ва нуқраро оид ба тавассути иксир эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат- ул – заҳоб ва алфизати ва мизони табиӣ» ва «Фиана саноатил кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал имтиноъ» дарёфт карда метавонем. Ин нуқтаи назари Закариёи Розиро мо зимни мутолиаи асарҳои дигари ӯ ба монанди «Китоб- ул – асрор» ва «Китоб -ул – сирил – асрор» низ пайдо намудем.

Бояд тазаккур дод, ки китоби дуввуми дар боло номбар шуда, яъне «Китоб-ул- сирил – асрор» ҳанӯз дар замони Розӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар кишварҳои ғарб шуҳрати васеъ пайдо кардааст. Худи Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ҷое зикр кардааст, ки «Китоб-ул- сирил – асрор» аз асари «Китоб- ул- асрор» пурмазмунтар асту мақоми баланде дорад. Дар ҳақиқат ин китоб дар тарҷумаи Ҳасаналии Шайбонӣ ба забони форсӣ (ҳаҷмаш 630 саҳифа) буда, аксари матни онро маълумоти кимиёӣ ташкил медиҳад. Илова бар китобҳои дар боло зикршуда, Закариёи Розӣ боз ба шахсоне, ки мухталифи ақидаҳояш буданд, асарҳо навиштааст. Ҳамчунон ба осори Арасту ва Афлотун шарҳи ҷолибе ба ёдгор гузоштааст. Китобе дар илми мантиқ тадвин карда, дар бораи фалсафаи Фисоғурис низ асаре нигоштааст. Асари муҳими табиии ӯ «Ал – ҳовӣ» аст, ки инчунин ба номи «Ҳақоиқ доиратул- маорифи тиббӣ» ёд мешавад. Муҳаммад Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд.

Равиши таҷрибаи Закариёи Розӣ нишон медиҳад, ки ӯ аз рӯйи усули таҷрибаи империзм кор мекард. Ба мисли уламои дигари замони хеш, ӯ ба офариниши олам имони комил дошт,аммо биниши ӯ биниши моддӣ буд ва аз ақидаҳои хурофотӣ сарфи назар менамуд ва пайваста машғули таҳқиқ буда, зиндагии фақирона дошт. Вобаста ба ин Каъбӣ дар борааш чунин гуфтааст: «Ту адои кимиёгарӣ, дар ҳоле ки натавонистӣ даҳ динор кобини занатро дар маҳзари қозӣ бипардозӣ. Ту муддаии табобат ҳастӣ, дар ҳоле, ки натавонистӣ чашмонатро дармон кунӣ ва нобино шудӣ». Илова бар муҳаққиқони қаблӣ,

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тиб низ пешниҳодҳои муҳим намуда, ба даст овардани тезоби сулфат ва спиртро ба роҳ монд. Ӯ спиртро ба тақтири маводи қандӣ ва ношоиста ва тезоби сулфатро бо таҷзияи зочи сабз ба даст овард. Зочи сабзро метавон сулфати мис донист, чунки ҳамаи намакҳои тезоби сулфатро дар он замон ба номи зоч зок ёд менамуданд, аммо ранги сабзро ионҳои мис (II) медиҳад. Закариёи Розӣ чӣ дар илми кимиё ва чӣ дар илми тиб саҳми босазое гузоштааст. Омӯзиши ғояҳои фалсафии Ар- Розӣ нишон медиҳад, ки вай назарияи худро дар асоси муҳимтарин ҷараёнҳои фалсафаи исломӣ асоснок намуда, анбиқҳои махсусе таҳия намудааст ва дар зимни омӯзиши анбиқҳо роҷеъ ба категорияҳо, инчунин дар бораи фарқ байни зоҳир ва ботин сухан рондааст. Аз сабабе ки Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши таносуби ҷисм ва рӯҳ ба натиҷаи мусбат нарасидааст, бинобар ин ӯ мухолифи ақидаи таҳаввули рӯҳ будааст.Ин натиҷагирӣ ба ӯ имкон додааст, ки нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигари мусулмон бештар дар масъалаи табдили ҳамдигарии моддаҳои гуногун аҳамият бидиҳад, яъне барои табдили алкимиё ба кимиёи ҳақиқӣ заминаи хубе гузоштааст. Дар баробари ин аз ҳама бештар вожаҳои алкимиёиро тафсир намудааст.

Асарҳои ӯ «Китоб – ул асрор» ва «Аз – мадҳалул – таълимӣ» аз тарафи олимони исломӣ дар асрҳои баъд ҳамчун асарҳои соҳаи алкимиё омӯхта шудаанд, зеро дар онҳо забону вожаҳои ҳамин соҳа истифода шуда будаанд ва мазмуни ин асарҳо ба соҳаи кимиё иртибот доштанд. Ар–розӣ дар тадқиқотҳои худ дар ин ришта бештар ба Ҷобир пайравӣ кардааст.Масалан, дар масъалаи тақсим кардани филизот саҳми босазое гузоштааст. Роҳу воситаҳои аз филиз сохтани асбобҳоро барои таҷрибаи кимиёӣ ва об кардани маъданҳоро баён доштааст.Вай дар хусуси сохтани шишаҳои гуногун пешниҳодҳои судманд дорад. Намудҳои беҳтарини он шишаи беранги ҷилонок буда, бо сифати худ ба булӯр монанд аст.

Закариёи Розӣ бори аввал дар таърихи кимиё моддаҳоро ба се гурӯҳ маъданӣ, рустанигӣ ва ҳайвонӣ ҷудо кардааст. Моддаҳои маъданиро бошад, дар навбати худ дар шаш гурӯҳ: 1) моддаҳои аз гармӣ бухоршаванда: симоб, амиак, сулфур ва ғайра: 2) филизот: тилло, нуқра, мис, оҳан, (рӯҳ) ва ғайра: 3) сангҳо: малахит, мармари сабз,оҳаксанги сурх,оҳаксанги хокистарранг, шиша ва ғайра: 4) купоросҳо, купориси сиёҳ, купороси рӯҳ ва ғайра: 5) Танакор: сода,танакор: 6) намакҳо: намаки ош, намаки талх,оҳак,намаки пешоб ва ғайра.

Муҳаммад Закариёи Розӣ роҳҳои тозакунӣ ва ҳосил кардани маъданро медонист. Ӯ дар озмоишгоҳи (лабораторияи) худ мис, нуқра, оҳан,тилло,қалъагӣ ҳосил мекард. Барои гудохтан ва тоза кардани онҳо Розӣ аз кӯраи оҳангарӣ, бута, анбур,чакуш ва дигар асбобҳои сохтаи худ истифода мекард. Тадқиқотчиёни соҳаи кимиё Розиро ҳамчун кимиёдони маъруф мешиносанд, агарчи кимиёгарони Эрон баъзе назариёти ӯро хато низ ҳисобиданд. Мутолиаи осори Розӣ ва навиштаҳои муаррихоне, ки роҷеъ ба фаъолияти илмии ӯ китобу мақолаҳо навиштанд, нишон медиҳад, ки Закариёи Розиро дар радифи асосгузорони илми кимиё ҷой бидиҳем ва ҳамчунон ӯро яке аз инкишофдиҳандагони ятрокимиё бидонем. Дар ҳақиқат Закариёи Розӣ баъд аз донистани асосҳои кимиёии он замон ба омӯзиши илми тиб шуруъ намуда, дар ин соҳа низ ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст.Донишҳои кимиёӣ ба ӯ имкон додаанд, ки он малакаҳои амалиро дар санъати дорусозӣ ва табобати беморон истифода намояд. Агар Ҷобир ибни Ҳайён дар санъати кимиёгарӣ, яъне кимиёи амалӣ саҳми босазое гузошта бошад, Закариёи Розӣ натиҷаи таҷрубиро арзёбӣ намуда, кӯшиш намудааст, ки онро аз нигоҳи назарӣ асоснок кунад.

Яке аз кӯшишҳои муҳимтарини Розӣ таснифи (классификатсия) –и моддаҳои гуногун буд.Тавре, ки дар боло зикр гардид, ӯ моддаҳои маълуми он замонро ба шаш гурӯҳ табақабандӣ кардааст. Ар-Розӣ инчунин баъд аз Ҷобир ибни Ҳайён ҷараёнҳои кимиёиеро ба мисли дистилатсия, калсинатсия ва филтратсия дақиқ тасвир намуда, истифодаи онҳоро асоснок кардааст. Донистани асосҳои тиб ва тариқаи истифода ва истеъмоли гиёҳҳо ба Розӣ имкон додаанд,ки дар бораи ятро кимиёи низ тадқиқотҳои зиёд анҷом диҳад. Ӯ аввалин шахсе буд, ки алкул спиртро дар тиб истифода кардааст, аммо ин амади ӯ аз ҷониби дигар табибон дастгирӣ наёфтааст.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маъданҳо роҳҳои омӯзиши омехтаҳои тиллодорро шарҳ додааст. Дар асарҳои ӯ моддаҳои гуногун ёдовар шуда, зарфҳои гуногуни кимиёӣ, таҷҳизот ва тарзҳои гуногуни истифодаи онҳо дар озмоишгоҳ нишон дода шудааст. Розӣ ба дуруст будани назарияи тарзии истеҳсоли сунъии тилло ва нуқра эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат – ул заҳаб», «Алфизоти ва мезона табиӣ» ва «Фи ана саноатил – кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал иминоъ» мебинем.Ин нуқтаро инчунин дар китобҳои дигари ӯ «Китоб -ул -асрор» ва «Китоб-ул- сирил асрор» низ метавон дарёфт кард. Аз боби аввали «Китоб - ул – асрор» дар маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия, ки аз қисми таркиби решаи наботот ба даст меояд, маълумот пайдо мекунем. Аз қисми дигари китоб, ки ба номи «Дар маърифати олот» ёд мешавад ба хулосае омадан мумкин аст, ки асари мазкур дар иртиботи кимиё таълиф шудааст. Ва аз порчаҳои асарҳои то ба мо расида маълум мешавад, ки Закариёи Розӣ то андозае ба роҳҳои тадбиқи санъати дарёфти тилло ва нуқра мароқ зоҳир карда будааст.Муҳаммад Закариёи Розӣ дар муқаддимаи «Китоб – ул – асрор» дар хусуси асрори пинҳон кардаи файласуфони гузашта: Оғосозимус Ҳирмиз, Аристотелис, Холид ибни Язид ва Ҷобир ибни Ҳайён маълумоти кофӣ додааст, ки моҳияти он маълумотҳо ба дониста гирифтани се маърифат вобаста аст: 1.Маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия; 2. Маърифати олот; 3.Маърифати таҷриба.

Дар навбати худ Закариёи Розӣ маърифати ақоқирро ба се навъ тақсим кардааст: 1.1.Минералӣ, яъне хокӣ, маъданӣ, ки марбут ба гурӯҳи унсурҳои ғайриузвӣ мебошад: 1.2.Наботӣ: 1.3.Ҳайвонӣ Навъи 1.2 (набототӣ) ва 1.3 (ҳайвонӣ) марбути гурӯҳи узвианд.

Ба асоси тафаккури худ Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маводи табиӣ онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст,ки якеро арвоҳ ва дигареро аҷсод номидааст, ки маънои рӯҳ ва ҷисм ё ҷасадро медиҳанд. Ин тарзи табақабандӣ ба он сабаб пайдо гаштааст, ки дар он замон ҷудосозӣ ба филизот ва ғайри филизот набуд.Бинобар ин Закариёи Розӣ ба сабаби нармӣ, ҷоришавӣ ва қобилияти табхир доштани баъзе мавод онҳоро арвоҳ ва маводи дигарро ба иллати ҷомид зудгудохтанашаванда – аҷсод номидааст, ки он ба қарори зайл аст: 1.Арвоҳ (ҷамъи рӯҳ), яъне маводи нарм ва табхиршаванда, ки чаҳоранд. 1.Симоб, ки ба арабӣ зайбиқ ва ба форсӣ инчунин чева хонанд. 2.Навшодир, инчунин нӯшодир. 3. Сулфур, ба арабӣ кибрит ва ба форсӣ инчунин гӯгирд гӯянд. 4. Арсен, ки ба арабӣ зарних хонанд.

Ҳарчанд ӯ дар таърихи кимиёву тиб бо лақаби “Падари кимиё” ва “Табиби ҳозиқ” шинохта шуда, дар фалсафа яке аз барҷастатарин намояндаҳои асҳоби хаюло эътироф гаштааст, ҳамзамон баъд аз омӯзиши ҳамаҷониба ҳамагӣ ду асари Закариё Розӣ - “Тибби рӯҳонӣ” ва “Сирати фалсаф” ба хулоса омаданд, ки ӯро “Муаллими ахлоқ” номидан ҳам ҳеҷ иштибоҳе нахоҳад буд.

Муаррихон исбот кардаанд, ки Абӯбакри Розӣ ба сабаби аз ҳад зиёд машғул шудан бо таҷрибаҳои кимиёӣ, доимо сару кор доштан бо оташ, аз бисёр хондан ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. Ӯ дар ҷустуҷуи роҳҳои муолиҷаи чашм маҷбур шуд ки ба омӯзиши илми тиб пардозад, ки ин вақт синнаш ба 40 дар баъзе манбаъҳо 26 расида буд.

Абубакри Розӣ дар асарҳои ба масъалаҳои дорушиносӣ ва дорусозӣ бахшидашуда, ба сифати дору истифода бурдани масолеҳи гуногуни минералӣ, қатрон, филизот, намак ва ғайраро тавсия кардааст.

Абубакри Розӣ таъсири маводи доруии кашф кардаашро қаблан дар ҳайвонот месанҷид. Ӯ зимни муолиҷаи пешакӣ дар хоришак (қӯтур) аввалин бор доруи сулема, зимни давои дарди мафосил – симобмолӣ, зимни исҳоли хунин омехтаи марги муш, кӯкнор ва оҳак, зимни нагзак-доруҳои сурбӣ ва ғайраро истифода кардааст.

Муҳаммад Закариёи Розӣ ба ғайр аз кимиёгар буданаш, ҳамчунин бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Китобу рисолаҳои эҷоднамудаи ӯ ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонаҳо, муолиҷаи бемориҳои алоҳида, тартибу хӯроку об ва дигар мушкилоти барои ҳифзи саломатии инсон зарур бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалияҳои тиббӣ ба амалияи кимиёӣ алоқаманд буд, бинобар ин асарҳои эҷодшудаи Закариёи Розӣ дар кимиёгарӣ ва тибби имрӯза низ иртиботи қавӣ дорад.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аксарияти илмҳои замонашро аз устодаш Ҷобир ибни Ҳайён фаро гирифта, худ саромад ва устоди бузурги ин риштаҳои илм гардидааст. Ин дастовардҳои илмии Закариёи Розӣ ба илми Аврупо таъсири назаррас расонида ,номи ӯро ба қатори саромадони тамаддуни башарӣ шомил гардонида аст.

Закариёи Розӣ на танҳо ба рушди химия ва илмҳои табиӣ, балки ба ҳамаи илмҳои амалии замон нақши ҷиддии худро гузошт. Ӯ бунёдгузори илмии кимиё, осори кимиёвии таҷрибавӣ ва назарияи кимиёвӣ мебошад, ки таъсироти устувор дар таърихи илмҳои табиӣ ва ҳаёти муосир ба ҷо гузошт.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ пайваста ба хизматҳои абармардони илму фарҳанги тоҷик арҷгузорӣ намуда, дар яке аз суханрониҳои худ, иброз намуданд, ки; «Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд».

Ин суханон нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат ба саҳми бузурги Закариёи Розӣ дар рушди илмҳои кимиё, тиб ва фалсафа арҷ мегузоранд.

Дар соли 2025, Тоҷикистон 1160-солагии ин донишманди барҷастаро таҷлил менамояд, ки ин бозгӯи эҳтироми давлат ба мероси илмии гузаштагонамон мебошад.

Раҳмонов Раҳмон Охонович – доктори илмҳои химия, муовини

директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ

АДАБИЁТ

1. Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор. – Душанбе: Адиб, 1989. –160 с.

2. Ар-Рози Абу Бакр. Духовная медицина.- Душанбе: Ирфон, 1990 - 88 с.

3. Каримов У.И. Неизвестное сочинение ар-Рази «Книга тайны тайн». - Ташкент: Фан, 1957. - 241 с.

4. Девонақулов А. Муҳаммад Закариёи Розӣ. – Душанбе: Ирфон, 88 с.

5. Комилов А.Ш. Физика ар-Рази и Ибн Сины. – М.: МГУ, 1999. – 160 с.

6. Забеҳуллои Сафо. Таърихи адабиёти Эрон. – Душанбе: Алҳудо, 2001.