Мусаллам аст, ки асноди таърихи бостон дар мавриди ҷашну маросими қавму миллатҳои гуногун баҳсбарангезанд, зеро далелу шавоҳид мухталифанд ва гоҳо бо воқеиятҳои таърихӣ мутобиқат намекунанд. Лекин суннати мутавораса (равише, ки аз пешиниён ба мерос мондааст) далелу шоҳиди қатъӣ бар вуҷуди ҷашну маросими муайян ва таҷлили онҳо дар қуруни пеш аз мелод аст. Бино бар ин, истинод бар таҳқиқоти олимону пажуҳишгарони ватаниву хориҷӣ, дар ҳоли ҳозир, ягона равише аст, ки аз он мешавад истифода кард ва умед бар он баст, ки маълумоти дақиқтар дар ихтиёри муҳаққиқон қарор бигирад.
Яке аз ҷашнвораи таърихии муҳим барои миллати тоҷик Наврӯз аст, ки дар радифи дигар ҷашнвораҳои табиии инсоният таҷлил мегардад ва бо заҳмат ва кушиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифтааст. Пас, ҳар тоҷику тоҷикистониро мебояд аз таърихи пайдоиш, ташаккул, таҳаввул ва таҷлили иди Наврӯз маълумоти мухтасар дошта бошад.
Муҳаққиқони тоҷику форс, муаррихони ҳавзаи паҳншавии Наврӯз ва пажуҳишгарони ақвому милал ва адёни гуногуни Шарқу Ғарб бар он назаранд, ки Наврӯз қабл аз даврони таърихи навиштаи башар (то замони пайдоиши навиштаҷот) ҷашн гирифта мешуд. Ҳавзаи паҳншавии он, аввалан дар фарҳанги мардумоне дида мешавад, ки зери таъсир ё қаламрави Шоҳаншоҳӣ ва ё фарҳанги форс қарор доштанд. Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ҷашни Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шуда, рӯзи “Ҳурмуз”-и моҳи “Фарвардин” ҷашн мешуд. Дар сарчашмаҳои форсӣ Наврӯз асри 2-и милодӣ ёд мешавад, вале таҷлили он аз сулолаи Ҳахоманишҳо (тақрибан солҳои 648-330 п.а.м.) шуруъ шудааст. Дар ин рӯз амирони сарзамини Форс ба Шоҳаншоҳ туҳфаҳо меоварданд.
Баъзе муҳаққиқон тахмин мезананд, ки Куруши кабир соли 538 п.а.м. (ҳангоми ҳуҷум ба Бобул) Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Дар даврони Ашкониён ва Сосониён Наврӯз 2 тақсим мешуд: Наврӯзи омма ва Наврӯзи хосса. Наврӯзи омма 5 рӯз – аз 1-ум то 5-уми Фарвардин давом дошт. Наврӯзи хосса рӯзи 6-уми Фарвардин (Хурдодрӯз) буд. Дар 5 рӯз табақаҳои гуногуни ҷамъият (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ омада, арзу дод ва инъом мегирифтанд. Рӯзи 6-ум танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Далелҳое мавҷуданд, ки даврони Сосонӣ солҳои кабиса риъоят нагашта, дар ҳар 4 сол иди Наврӯз 1 рӯз аз мавқеи доимияш (оғози бурҷи Ҳамал) дертар қайд мешуд. Барои ҳамин дар ин даврон рӯзи Наврӯз собит набуд ва дар фаслҳои гуногуни сол меомад. Ардашери Бобакон, бунёнгузори силсилаи Сосониён, соли 230 милодӣ аз давлати Рум хост то Наврӯзро ба расмият бишносад ва чунин ҳам шуд.
Дар Авасто оварда шудааст, ки рӯзи Наврӯз Сиёвуш аз ҷониби Афросиёб кушта шудааст. Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ рӯзи дафни Сиёвушро Наврӯз номиданд ва он ҳар сол ҳамчун ид қайд мешавад. Маълум аст, ки ин ид ҷанбаи анимистӣ низ касб карда буд. Дар рӯзи Наврӯз ҳиндуориёҳо руҳҳои гузаштагони хеш (Фраваш)-ро ёд мекарданд. Дертар ин оин ба Зартуштия интиқол ёфт, ки дини расмии Эрон гашт. Мувофиқи он 10 рӯз пеш аз Фарвардин арвоҳи гузаштагон ба замин фуруд омада, ба хонаи наздикони худ мераванд. Аз ин рӯ хонабарориву пушидани либоси тоза, шамъгирониву хушбуӣ оғоз мешуд. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ аз 7 иде, ки зартуштиён ҷашн мегирифтанд, якеаш ба охири зимистон ва аввали баҳор рост меомад, ки ба иди “ёдоварии арвоҳи гузаштагон” машҳур аст. Ва ин ид дар шаби пеш аз баробарии шабу рӯз ҷашн гирифта мешуд. Яке аз хусусиятҳои афрухтани оташ, бадрақа (гусел кардан)-и арвоҳ буд. Шаби пеш аз Наврӯз, дар дамодами субҳ, одамон бо афрухтани оташ дар қуллаи талу тепа ва бомҳои хонаҳо “фравахар”-ҳоро гусел карда, барои оромии онҳо дуову дуруд мефиристоданд ва хоҳиш мекарданд то соли оянда биёянд. Дар даврони Ҳахоманишҳо (а. 6-4 п.а.м.) ва Сосониҳо (а. 3-7 м.) ҳар сол дар маъбадҳо бузургдошти оташ мегузашт ва дар хонаҳо шамъ афрухта мешуд.
Муҳаққиқон муътақиданд, ки пас аз ҷорӣ шудани дини ислом дар қаламрави Эрон бисёре аз ҷашнҳои форсҳо аз байн рафт, ба ҷуз аз Наврӯз ва Меҳргон. Барои баргузории ин ду ид ба души форсҳо молиёти муайян гузошта шуда буд. Халифаҳои уммавӣ ва аббосӣ ин молиётгузориро идома доданд, ҳарчанд ки худашон баъзан дар ин ҷашн иштирок мекарданд ва онро гиромӣ медоштанд. Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки халифа Муътазид мардуми Бағдодро аз оташафрӯзӣ ва обпошӣ барҳазар дошт, вале аз бими шуриш фармонашро пас гирифт. Халифаҳои фотимӣ низ чандин бор оташафрӯзӣ ва обпоширо мамнуъ эълон карда буданд. Вале аз асри 4-и ҳиҷрӣ ба баъд дар Бағдод мардум дар овони Наврӯз либосҳои нав пушида, ба ҳамдигар ҳадяҳои гуногун мефиристоданд. Халифаҳои аббосӣ ҳадяҳои наврӯзиро машруъ дониста, аз он истиқбол мекарданд.
Дар даврони Тоҳириён, Сомониён ва Оли Буя ҷашни Наврӯз боҳашаматтар мегузашт. Дар ин даврон шоирон дар дарбор барои ситоиши Наврӯз шеър мегуфтанд. Байҳақӣ аз шукуҳи мросими Наврӯз дар дарбори ғазнавиён ёд мекунад. Бисёре аз шоирони дарборӣ, ба мисли Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва Саъди Салмон дар ситоиши Наврӯз шеър гуфтаанд.
Дар даврони Салҷуқиён бо дастури Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ теъдоде аз ситорашиносон, аз ҷумла Умари Хайём, Наврӯзро дар аввали Баҳор (вуруди офтоб ба бурҷи Ҳамал) қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Бар асоси ин гоҳшуморӣ, ки ба “Тақвими ҳилолӣ” маъруф шуд, барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор, муқаррар шуд, ки ҳар 4 сол (гоҳе ҳар 5 сол) як бор адади рӯзҳои сол на 365, балки 366 рӯз дар назар гирифта шавад.
Дар даврони Сафавиён шоҳ Аббоси Сафавӣ наврӯзро дар иморати “Нақши ҷаҳон”-и Исфаҳон таҷлил кард ва ин шаҳрро пойтахти Эрон эълон намуд. Аз дидгоҳи шиъа наврӯз рӯзи зуҳури имоми замон аст.
Дар Аморати Бухоро ва тобеияти он, то истилои Ҳукумати Шуравӣ, иди Наврӯз бо тамоми хусусиятҳои таърихияш ҷашн гирифта мешуд. Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» зери унвони «Иди Наврӯз ва сайри Ширбадан» ва «Достони сайри Ширбадан» муфассал аз таҷлили иди Наврӯз дар Бухоро нақл мекунад.
Дигаргуншавии ҳолати геополитикӣ дар ҷаҳон баъди ҷанги 2-юми ҷаҳонӣ, ба фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногун таъсири амиқ расонд. Ҳукумати Шуравӣ баргузории ҷашни Наврӯзро дар бархе аз ҷумҳуриҳои Осиёи миёна – Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон мамнуъ эълон карда буд. Лекин мардум ба таври пинҳонӣ ё бо номҳои дигар, масалан ҷашни “Лола”, ё баробар бо 8 март (Рӯзи озодии занон) суннатҳои Наврӯзиро мегузарониданд. Баъди эълони “бозсозӣ”-и Горбачёвӣ (1985) мардуми қаламрави паҳншавии Наврӯз дар Ҳукумати Шуравӣ ошкор ҷашнгирии ин иди бошукуҳро сар карданд. Дар қисматҳои ҷанубии Тоҷикистон бо оростани маҳфили “Дарвешона”, ки аксари хусусиятҳои ҷашнии иди Наврӯзро дар бар мегирифт, таҷлили он гузаронида мешуд. Эҳёи маҳфили “Дарвешона” дар рӯзҳои иди Наврӯз, армуғони неке барои ҳувияти миллии тоҷикон хоҳад буд.
Дар даврони муосири Эрон, баъди инқилоби “Баҳман”-и соли 1979 баъзе аз фуқаҳо бар зидди таҷлили Наврӯз дар сатҳи давлати исломӣ баромаданд, лекин муваффақ нашуданд. Дар Афғонистон дар даврони ҳукумати аввали Толибон баргузории ҷашни Наврӯз мамнуъ буд. Онҳо танҳо тақвими ҳиҷрии қамариро ба расмият мешинохтанд. Ҳукумати Иморати исломии Толибон, ки аз соли 2021 дубора ба сари қудрат омадаанд, изҳор мекунанд, ки Наврӯз иди исломӣ нест ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта намешавад, вале монеи таҷлили он дар байни аҳолӣ намешаванд.
Дар Туркия, Сурия ва Ироқ Наврӯзро бештар курдҳо таҷлил мекарданд ва аз ин ҷиҳат баъзе мухолифатҳо аз ҷониби давлатдорон ба назар мерасид. Туркия аз 1925 то 1991 ҷашни Наврӯзро расман мамнуъ эълон карда буд. Наврӯз аз тарафи арабҳо чашн гирифта намешавад. 21 март расман дар Афғонистону Эрон оғози соли нави шамсист. Бо тақвими Баҳоӣ низ Наврӯз аввали сол аст. Дар Эрон Наврӯз 13 рӯз ҷашн мешавад. 5 рӯзи аввал пешвози Наврӯз ва хабаргирӣ аз хешовандону дӯстон аст. Рӯзи 9-ум бо номи Нарвӯзи шаҳриёрон ва 13-ум чун сездаҳ ба дар машҳур аст.
30 сентябри 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО Наврӯз ба феҳрасти мероси маънавии башарият, дар баробари 76 унсури маънавӣ аз тамоми ҷаҳон пешниҳодгашта, дохил карда шуд. Аз ин рӯз сар карда 21 март ҳамчун рӯзи баналмилалии Наврӯз эълон шудааст. 23 феврали 2010 маҷмааи умумии созмони милал 21 мартро рӯзи Наврӯз эълон кард, ки таърихи беш аз 3000-сола дорад ва беш аз 300 милион нафар онро ҷашн мегиранд.
Аз давраи президент Ҷорҷ Буш сарварони Амрико ба мардум паёми наврӯзӣ мефиристанд. Дар кохи сафед бо ташаббуси Мишел Обама (завҷаи президент Барак Обама) 11 марти 2015 хони наврӯзӣ орсота шуд ва ӯ мардуми Амрикоро бо забони тоҷикӣ “Наврӯзатон муборак!” гуфта табрик намуд.
Дастархони наврӯзӣ бо ҳафт сину ҳафт шину ҳафт мим ва дар Афғонистон бо ҳафт мева (кишмиши сабзу сурх, чормағз, бодом, писта, зардолу ва санҷид) ороста мешавад. Гулгардониву булбулхонӣ, ҳаммом рафтан ва пушидани либоси нави наврӯзӣ, зиёрати якдигар, мусобиқоти варзишӣ, наврӯзхонӣ ва дигар аъмол аз камтарин урфу одати наврӯзӣ маҳсубанд. Тоҷикон масале доранд, ки мегӯянд: «Ҳамал – ҳама чиз дар амал».
Хулоса, таърих, фалсафа ва фарҳанги Наврӯз мавзуи доманадори илмӣ-таҳқиқотӣ буда, доираи васеи муҳаққиқони оламро мутаваҷҷеҳ сохтааст ва дар садади кашфи хусусиятҳои нави он қарор дорад. Муҳаққиқони ҷавони миллати тоҷикро мебояд, ки паҳлуҳои норавшани ин ҷашни бузурги аҷдодиро ошкор сохта, ҷойгоҳи онро дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Шамсов М.С. – н.и.ф., мудири шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ