Skip to main content

Ваҳдат ин на танҳо як мавзӯи сиёсӣ ё иҷтимоӣ, балки масъалаи ҳаётан муҳими давлату давлатдорӣ ва арзишмандтарин дастоварди ҳар як миллат, бахусус миллати шарафманди тоҷик мебошад. Зеро бе ваҳдат — сулҳ нест, бе сулҳ — тараққӣ нест, бе тараққӣ — на фардои обод ҳаст ва на ояндаи умедбахш.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ тавонист бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сулҳро пеш гирад ва миллатро сарҷамъ намояд. Ваҳдати миллӣ маҳсули заҳмат, меҳрубонӣ ва фидокориҳои Пешвои муаззами миллат ва садҳо ҳазор қаҳрамонони миллат мебошад.

Ҷавонон дар ҳама давру замонҳо нерӯи пешбарандаи ҷомеа буданд. Аз таърих аён, ки маҳз ҷавонон дар лаҳзаҳои душвор ва сарнавиштсоз дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат бо қавииродагии хеш истодагарӣ намуда, барои ояндаи дурахшони сарзамини аҷдодии худ, арзишҳои миллӣ ва ҳифзи миллат аз парешонӣ мубориза бурданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳам дар сини мубораки ҷавониашон қавли «Ман ба шумо сулҳ меорам»-ро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ваъда дод ва дар як муддати кутоҳ онро амалӣ намуд.

Дар замонҳои давлатдории давлатҳои пешини тоҷикон, замоне ки тоҷикон давлати мустақили хешро доштанд, маҳз ҷавонон бо илм, фарҳанг ва эътиқод номи тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намуданд. Имрӯз низ насли ҷавон бояд чунин рисолати бузург ва муқаддасро бар дӯш гирад ва бо хирад, бо дониш ва бо эътиқод онро ба насли ҷавони оянда мерос гузоранд.

Ҷавонон бояд аз таърихи чӣ гуна ба даст омадани Ваҳдат воқиф бошанд, зеро ин арзиши муқаддас хело гарон — бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷовонони шуҷоъу ҷонсупурдаи Ватан ба даст омадааст. Пас, бо дарки баланд эҳсоси масъулият дар қалби ҳар ҷавони дурандеш ва соҳибмаърифат бояд реша давонад.

Имрӯз душманони миллат мекӯшанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ғояҳои ифротӣ ва дур кардани ҷавонон аз маърифат ва фарҳанг ваҳдати моро аз байн бибаранд. Аз ҳамин лиҳоз мо ҷавонон бояд ҳушёр бошем ва бар муқобили чунин хатарҳои ҳамарӯзаи ҷаҳони имрӯз бо дониш ва ҳушёрии сиёсӣ мубориза барем.

Ҷавони асил бояд донишомӯз, созанда, муҳофизи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бошад. Ҳар як иқдоми нек, ҳар як амали ватандӯстона хиштест барои таҳкими Ваҳдат.

Мо имрӯз ҳама зери осмони софи ваҳдат зиндагӣ дорем. Сулҳу субот, амният, ободии шаҳрҳо ва деҳот, имкониятҳои таҳсилу кор — ҳамаи ин аз баракати ваҳдат аст. Аммо набояд фаромуш кард, ки ваҳдат як бор ба даст меояд ва агар мо онро пос надорем ҳар лаҳза метавонад

аз даст биравад. Бинобар ин, ҳар як ҷавон хоҳ донишҷӯ бошад, хоҳ хонанда, хоҳ муҳоҷир бояд инро дарк кунад: Ваҳдат – неъмати муқаддас аст! Онро бояд дӯст дошт, ҳифз кард ва ба дигарон фаҳмонд.

Ваҳдатро ҳифз мекунем — фардои обод месозем!

Абдуллозода А.Ф. ходими илмии Институти

математикаи ба номи А.Ҷӯраеви

АМИТ