Skip to main content

Пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза дар ҷаҳон нақши калидӣ доранд. Дар Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои умда ба манбаи оби тоза арзёбӣ мегардад, пиряхҳо зиёда аз 60% захираҳои оби минтақаро таъмин мекунанд. Аммо раванди ташвишовари тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба ин захираҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст. Дар чунин шароити нигаронкунанда, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи созандаю фаъолро ишғол менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои экологӣ ва захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, як қатор ибтикороти байналмилалӣ кардаанд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳо дар ин арса саъю кӯшишҳо ҷиҳати қабули Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.

Нақши мусбати Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим аз солҳои аввали роҳбариаш ба зуҳур пайвастааст. Яке аз нахустин ташаббусҳояшон пешниҳоди эълони соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” буд, ки аз ҷониби СММ пуштибонӣ ёфт. Ин ибтикор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки ба мушкилоти дастрасии оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

Минбаъд, бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” (2005-2015) эълон гардид. Ин даҳсола ба ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷиддан мусоидат кард ва мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсафу пешгом дар ин соҳа мустаҳкам намуд. Дар идомаи ин иқдомот, соли 2013 бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шуд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт равона гашта буд.

Яке аз муҳимтарин қадамҳо дар ин фароянд эълони Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” (2018-2028) буд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи Генералии СММ чун ибтикор пешниҳод гардид. Ин ибтикорот нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат на танҳо ба ҳифзи захираҳои об дар дохили Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилоти глобалӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

Ин ибтикорҳо на танҳо мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд, балки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари пешсаф дар масъалаҳои глобалии экологӣ муаррифӣ карданд. Ин омил заминаи мустаҳкамеро барои пешбурди масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи СММ фароҳам овард.

Масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали асри XXI мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Зимни суханронии худ дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 15) дар шаҳри Копенгаген (соли 2009), Сарвари давлат бори аввал пешниҳод кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунад. Пешвои миллат он замон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон пайомадҳои манфӣ мерасонад.

Дар ин суханронӣ, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад, то ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид ҳамкорӣ намоянд. Ин пешниҳод дар он замон мавриди дастгирии васеъ қарор нагирифт, аммо заминаи муҳим барои корҳои минбаъда гузошта шуд.

Дар солҳои минбаъда Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳои байналмилалиро дар мавзӯи об ва иқлим баргузор кард, аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” дар Душанбешаҳр (2018). Ин чорабиниҳо ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пиряхҳо мусоидат намуданд.

Пас аз солҳои корҳои ҳадафманди сиёсию дипломатӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи Генералии СММ соли 2022 расман пешниҳод кард, ки соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад. Ин пешниҳод дар асоси таҳқиқоти илмии Тоҷикистон ва таҷрибаи он дар мубориза бо таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таҳия шуда буд.

Раванди қабули қатънома бо ҳамкории фаъоли Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Барномаи экологии СММ (UNEP) ва дигар созмонҳо, сурат гирифт. 14 декабри соли 2022 Қатъномаи СММ “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” (A/RES/77/158) бо дастгирии 153 давлат қабул гардид. Ин Қатънома инчунин 21 мартро ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муқаррар кард.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд на танҳо дар пешниҳоди ғоя, балки дар ташкили музокироти сиёсию дипломатӣ ва ҷалби дастгирии давлатҳои дигар низ зоҳир гардид. Ин дастовард нишон дод, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии ӯ қодир аст масъалаҳои муҳими глобалиро матраҳ созад ва ба ҳалли онҳо мусоидат намояд.

Қатъномаи СММ оид ба соли 2025 таъсири назаррас ба сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ расонд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ он ба баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти пиряхҳо ва таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба онҳо мусоидат кард. Инчунин, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Сандуқи махсуси СММ барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд, ки лоиҳаҳои марбут ба ин соҳаро маблағгузорӣ хоҳад кард.

Дар сатҳи минтақавӣ Қатъномаи СММ аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун манбаи асосии оби тозаи Осиёи Марказӣ таъкид кард. Пиряхҳои Тоҷикистон, аз қабили Пиряхи Федченко бо масоҳати 700 км мураббаъ, на танҳо барои кишвар, балки барои давлатҳои ҳамсоя низ ҳаётан муҳиманд. Ҳифзи онҳо ба таъмини амнияти об дар минтақа мусоидат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29) дар шаҳри Боку (соли 2024) даъваташонро ба ҳамкории муштарак бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ такрор карданд. Ин нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо ба қабули Қатънома, балки ба татбиқи амалии он низ таваҷҷуҳ дорад.

Илова бар ин, дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар таърихи 4 апрели соли соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок ва суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни Ҳамоиши мазкурро бори дигар ба ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуда, мутахассисони минтақавӣ ва ҷаҳониро барои иштирок дар кори нахустин Конфронси байналмилалии баланд оид ба мавзуи зикргардида ба шаҳри Душанбе даъват намуданд.

Баргузории Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дар соли 2025, ки дар Қатънома пешбинӣ шудааст, як қадами муҳим дар роҳи амалӣ кардани ин ташаббус хоҳад буд. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон таҷрибаи муфиди худро бо ҷаҳон мубодила кунад ва ҳамкориҳои навро ба роҳ монад.

Метавон гуфт, ки саҳми Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Қатъномаи СММ оид ба соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бузург аст. Ӯ бо ибтикороти пайдарпай ва фаъолияти густурдаи сиёсию дипломатӣ тавонист Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи ҳалли масъалаҳои экологӣ дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Ин Қатънома на танҳо ба ҳифзи пиряхҳо, балки ба таҳкими мавқеи нуфузи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ низ мусоидат намуд.

Акбар Салимов, - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ