“Аслан Наврӯз ва ҳикмату фалсафаи он бар пояи бузургдошт ва ситоиши инсон, сарфи назар аз мансубияти диниву мазҳабӣ ва мақоми иҷтимоӣ, баробарӣ, таҳаммулгароӣ, авфу бахшиш, оғози саҳифаи нав дар зиндагӣ ва дар маҷмӯъ, сулҳу субот бунёд гардидааст”.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии тоҷикон мебошад, ки таърихи қадима ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Ҷашни Наврӯз дар фасли баҳор таҷлил мегардад. Бедоршавии табиат, баробарии шабу рӯз, зинда гардидани табиат хусусиятҳои асосии ҷашни Наврӯз ба шумор меравад. Инчунин, хусусиятҳои дигари ҷашни Наврӯз ин пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, бартарафкунандаи кинаву озурдагӣ мебошад. Наврӯз - иди баҳор ва Соли нави аҷдодӣ ва анъанавии мардуми тоҷику эронинажод мебошад, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, 1-уми моҳи фарвардин ва ё ба 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳангу анъанаҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз талошу заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат буд, ки ҷашни Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Қобили зикр аст, ки 30-юми сентябри соли 2009 бо пешниҳоди сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни “Наврӯз” аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21 март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имрӯз боиси ифтихори миллати тоҷик ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мебошад, ки ҷашни куҳану бостонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид “Наврӯз” ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Ҳукумати Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Аждоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст. Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки "Наврӯз ҷашнест, ки инсонро ба покию нафосат, некию накӯкорӣ, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳидоят мекунад." “Наврӯз бо ташаббуси мо ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва имрӯз онро на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон ҷашн мегиранд.”
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.
Яке аз суннатҳои хоси Наврӯз - ин аз гуноҳҳои якдигар гузаштану кӯмак ба оилаҳои камбизоат, тоза кардани хонаю манзилҳо, шинондани гулҳову дарахтон ва кабудизор намудани манзилу кӯчаҳо мебошад. Дар ҷашни Наврӯз мардум хони идона “ҳафт-син ва ҳафт-шин” ороста, якчанд таомҳои миллӣ аз қабили оши бурида, суманак ва далда ва ё кашк омода менамоянд, ки ин ҳам яке аз суннатҳои неки Наврӯз мебошад. Инчунин дар ин рӯз хурду бузург рақсу хурсандӣ намуда ҷашни Наврӯзро истиқбол менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои хос ва таомҳои миллии он минтақа пешвоз мегиранд.
Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва фараҳбахши навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю деҳ ва касабаву шаҳр мавҷ мезанад, болупар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.
Ҳамасола ҷашни Наврӯз дар саросари кишвар бо як шукуҳу хоса таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар кишвар хони наврӯзӣ аз қабили ҳафт син ва ҳафт шин ороста, хурду бузург самимона хурсандӣ намуда, ҷашни Наврӯзро пешвоз мегиранд. Инчунин дар таҷлили ҷашни Наврӯз ҳатто меҳмонон аз хориҷи кишвар низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамроҳи мардуми тоҷик бо як хурсандии хос ҷашни Наврӯро истиқбол мегиранд. Бо ин восита меҳмонони хориҷӣ аз суннатҳо ва анъанаҳои таърихӣ, инчунин аз таомҳои суннатии хоси наврӯзӣ огоҳӣ пайдо мекунанд.
Хулоса метавон гуфт, ки мардуми тоҷик бо як ҳисси баланди миллӣ ва худшиносӣ ҷашни Наврӯзро дар саросари кишвар таҷлил менамоянд. Ҳифз намудани анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи кӯҳан ва суннатҳои миллӣ, махсусан ба ҷашни Наврӯз вазифаи ҳар як фарди тоҷик мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси Наврӯз ин пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаву имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ мебошад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар хони идона ороста, мардум бо ҳам муттаҳид гардида, дар фазои сулҳу субот ва гулгуншукуфоии кишвар дастаҷамона Наврӯзро ҷашн мегиранд, ки ин ҳама дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.
Файзуллаева Нигора Негматовна - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ