Skip to main content

Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии мардуми тоҷик ва дигар халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қафқоз, на танҳо иди фарорасии баҳор ва эҳёи табиат аст, балки бо худ мафҳумҳои амиқи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро низ таҷассум менамояд.

21Дар тӯли ҳазорсолаҳо, Наврӯз ҳамчун иди суннатии мардуми ориёитабор шинохта шуда, дар замони ҳукмронии шоҳони Эрони бостон — кайониён, ахеменидҳо ва сосониён — бо тамоми шукӯҳ таҷлил мегардид. Дар манобеи таърихӣ, аз ҷумла осори Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳо, ҷашни Наврӯз ҳамчун ойини солшуморӣ ва эҳёи зиндагии инсонӣ пас аз зимистон тасвир шудааст. Ба эътиқоди аҷдодон, дар ин рӯз олам аз нав зинда мешавад, равшанӣ бар зулмат пирӯз меояд ва инсон бо дили тоза ва нияти неку хайр ба сӯи зиндагии нав рӯ меорад.

Яке аз унсурҳои муҳим ва ҷудонашавандаи ҷашни Наврӯз, ки аз замонҳои пешин то имрӯз боқӣ мондааст, маҳз варзиш ва бозиҳои миллӣ мебошад. Дар осори таърихии ниёгон, аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки таърихи подшоҳони бостонро ба риштаи назм даровардааст, варзиш ҳамчун шеваи таҳкими қудрати ҷисмонӣ, рӯҳии мардонагӣ ва нишонаи шуҷоат зикр гардидааст. Подшоҳон ва сарлашкарони бостон дар рӯзҳои Наврӯз мусобиқаҳои аспдавонӣ, гӯштин ва шикор ташкил мекарданд, ки ин анъана солҳои зиёд дар тамоми кишварҳои форсизабон роиҷ будааст. Маҳз дар ҳамин айём, мардум бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ бо варзиш ва дигар намудҳои бозӣ рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ва ваҳдатро тақвият мебахшиданд.

Дар фарҳанги суннатии тоҷикон, бахусус дар деҳот, Наврӯз бо баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба мисли гӯштин, бузкашӣ, аспдавонӣ, камонварӣ ва бозиҳои мардумӣ, аз қабили арғунчак, сангбардорӣ, тухмҷанг ва бандкашӣ ҳамроҳ будааст. Ҳар як намуди варзиш дар ин ҷашн натанҳо воситаи фароғат, балки омили муҳими тарғиби ҳаёти солим ва таҳкими робитаи иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафтааст. Масалан, гӯштини наврӯзӣ, ки қоидаҳои махсус доштааст, майдони намоиши қувват, шуҷоат ва ҳунари ҷавонмардӣ буда, барои ҳар марди тоҷик фурсате будааст, ки ба мардуми маҳал қудрат ва балоғаташро нишон диҳад. Дар саҳроҳои васеи кишвар аспдавонӣ баргузор мешуд, ки на танҳо бардасти аспсаворонро мепарварид, балки эҳсоси ватандӯстиву иттиҳоди мардумро таҳким мебахшид. Бузкашӣ ҳамчун бозии лашкариён бо хусусияти омодагӣ ба ҷанг ва шевои ҳарбӣ, дар замони пешин василаи рӯҳбаландсозии мардуми сарзамини мо будааст ва он имрӯз ҳам яке аз рамзҳои муҳими ҷашни Наврӯз дар ноҳияҳои кӯҳистон ба шумор меравад.

Дар даврони муосир, варзиш дар Наврӯз аҳамияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Дар доираи таҷлили расмии ҷашнҳои наврӯзӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмунҳои ҳунарӣ баргузор мегарданд, ки ба оммавияти варзиш, рушди ҷисму рӯҳи ҷавонон ва таҳкими сулҳу ваҳдат мусоидат мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба варзиш аҳамияти махсус дода, онро як бахши муҳими рушди солими наслҳои оянда медонад ва дар ҳар як ҷашни миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, чорабиниҳои варзишӣ нақши марказӣ доранд. Ин гуна тадбирҳо ба хотири онанд, ки мардум, махсусан ҷавонон, аз хурдӣ бо анъанаҳои миллӣ, варзишӣ ва фарҳангии Наврӯз ошно шуда, эҳсоси ифтихори ватандорӣ ва таассуби миллӣ дар онҳо парвариш ёбад.

Наврӯз дар баробари оини варзиш, инчунин ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ ва ягонагии мардум хизмат мекунад. Ин ҷашн дар шароити муосир ба майдони гиромидошти арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст, ки дар он нафарони ҳама синну сол, миллату дин, касбу фаъолият ширкат мекунанд. Фарқ надорад, ки кистӣ ва аз куҷоӣ — Наврӯз ҷашни ҳар тоҷику форс ва кулли дӯстдорони баҳор аст. Ҳамин эҳсоси умумӣ ва рӯҳи шодиву якдилӣ, ки дар рӯзҳои Наврӯз дар дилу дидаи мардум шуълавар аст, худ нишонаи ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди халқ дар атрофи арзишҳои бостонӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз имконият медиҳад, ки мардум бо дили кушода ва нияти нек ба ҳамдигар меҳру муҳаббат зоҳир созанд, кинаву адоватро канор гузошта, аз фазои шодию истиқбол баҳраманд гарданд.

Хулоса, Наврӯз танҳо як ҷашни фаслии сол нест, балки ойине аст, ки дар заминаи он беҳтарин арзишҳои миллии мардуми тоҷик — аз ҷумла варзиш, ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамбастагӣ — таҷассум ёфтааст. Ойини варзишӣ дар Наврӯз на танҳо нишонаи гузаштаи ҷасуронаи ниёгон, балки воситаи пурқуввати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи зебоии ҷисму рӯҳ ва парчамбардории сулҳу дӯстӣ аст. Имрӯз мо вазифадорем, ки ин мероси фарҳангиро ба таври шоиста пос дорем ва онро ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва солимии ҷомеа ба наслҳои оянда интиқол диҳем. Наврӯз бо оини варзишии худ фурсатест, ки мардум бо ҳам пайванд ёбанд ва бо дили пур аз умед ба ояндаи дурахшон қадам гузоранд.

Наврӯз муборак бод!

Қурбонов Шодком Аҳмадбоевич– н.и.т., ходими калони илмии озмоишгоҳи ғанигардонии маъдани Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ