Skip to main content
Наврӯз яке аз қадимтарин ва машҳуртарин ҷашнҳои мардумони Шарқ ба шумор меравад. Таърихи он ба ҳазорсолаҳои дур мерасад ва ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва соли нави офтобӣ таҷлил карда мешавад. Барои мардуми тоҷик Наврӯз танҳо як ҷашни мавсимӣ нест, балки қисми муҳими фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии миллӣ мебошад. Ин ҷашн пайванди устувори гузашта ва имрӯзро таъмин намуда, арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро мустаҳкам месозад.

Пайдоиши Наврӯз ба давраҳои хеле қадимаи таърихӣ, ба давраи тамаддуни ориёӣ рост меояд. Ба ақидаи бисёр муҳаққиқон, Наврӯз ҳамчун ҷашни оғози соли нав ҳанӯз дар замони тамаддунҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ва Эрон ба вуҷуд омадааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, ин ҷашн ба рӯзи баробар шудани шабу рӯз — яъне ба 21 март рост меояд. Дар ин рӯз офтоб ба нуқтаи баробарии баҳорӣ мерасад ва табиат ба марҳилаи нави ҳаёт ворид мегардад.

Дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ низ Наврӯз мавқеи муҳим дорад. Шоирону мутафаккирони бузург дар осори худ аз зебоӣ ва фалсафаи ин ҷашн ёдовар шудаанд. Масалан, дар асарҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Умари Хайём Наврӯз ҳамчун рамзи навшавӣ, шодӣ ва умеди инсон ба ояндаи беҳтар тасвир шудааст.

Зи кӯйи ёр меояд насими боди Наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Яке аз хусусиятҳои муҳими Наврӯз гуногунрангии расму ойинҳои он мебошад. Мардуми тоҷик аз қадим то имрӯз барои пешвоз гирифтани ин ҷашн омодагии махсус мебинанд. Пеш аз фарорасии Наврӯз хонаҳоро тоза мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд ва муҳити атрофро ободу зебо мегардонанд. Ин амалҳо рамзи покӣ, навшавӣ ва оғози зиндагии нав мебошанд.

Дар айёми Наврӯз дастархони идона ороста мешавад. Дар он хӯрокҳои анъанавӣ ва рамзӣ гузошта мешаванд. Яке аз таомҳои машҳури наврӯзӣ сумалак мебошад, ки аз гандуми сабзонида тайёр карда мешавад. Тайёр кардани сумалак одатан бо ҳамкории занон сурат мегирад ва шабона бо сурудхонӣ ва шодӣ идома меёбад. Ин расм рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум аст.

Ҳамчунин дар баъзе минтақаҳо дастархони ҳафтсин ё ҳафтшин ороста мешавад. Ин дастархон аз ҳафт ашёе иборат аст, ки бо ҳарфи муайян оғоз мешаванд ва ҳар яке маънои рамзии худро дорад, масалан: саломатӣ, фаровонӣ, баракат ва хушбахтӣ.

Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон мақоми махсус дорад. Он на танҳо ҷашни фарорасии баҳор аст, балки ҷашни дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум низ мебошад. Дар ин рӯз одамон ба дидорбинии хешу табор мераванд, ба якдигар орзуҳои нек мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки кинаву адоватро фаромӯш созанд.

Ҷашни Наврӯз инчунин дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Тавассути ин ҷашн анъанаҳо, урфу одатҳо ва арзишҳои маънавии ниёгон аз як насл ба насли дигар интиқол меёбанд. Наврӯз мардумро ба эҳтироми табиат, нигоҳ доштани муҳити зист ва зиндагии осоишта даъват мекунад.

Имрӯз Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Он ба яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо қарори ЮНЕСКО Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шудааст. Ин иқдом аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашнро дар сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқ менамояд.

Дар Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ бо тантанаҳои бузург таҷлил мегардад. Дар шаҳрҳо ва деҳот чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои консертӣ ва намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешаванд. Ин чорабиниҳо барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат мекунанд.

Ҳамин тавр, Наврӯз ҷашни қадимаест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо арзиш ва аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Он рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва ваҳдати мардум мебошад. Барои мардуми тоҷик Наврӯз на танҳо як анъанаи таърихӣ, балки ҷузъи муҳими фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Наврӯз воқеан пайванди гузашта ва имрӯз мебошад. Ин ҷашн моро ба таърихи пурғановати ниёгон мепайвандад ва ҳамзамон барои сохтани ояндаи равшан илҳом мебахшад.

Муродов Мирамон Қосимович - ходими илмии шӯъбаи таҳқиқотҳои демографӣ ва рушди нерӯи инсонии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон