Skip to main content

12123Ҷашни Наврӯз яке аз куҳантарин ва зеботарин ойинҳои мардуми мо буда, садсолаҳо боз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, таҷдиди рӯҳу равони инсон ва пайвандгари дилҳо дар саросари кишварҳои форсизабон ва берун аз он таҷлил мегардад. Дар тӯли таърих, Наврӯз ҷойгоҳи хосае пайдо намуд, ки он густурда шуда, имрӯз дар қатори ҷашнҳои байналмилалӣ шинохта мешавад. Бурҳони ин суханро метавон дар байти зайл пайдо кард:

Зи бас хубу зебост Наврӯзи мо,

Кунун ҷашни дунёст Наврӯзи мо.

Ин ду мисраъ худ гувоҳӣ медиҳанд, ки Наврӯз аз доираи маҳаллу минтақа бурун рафта, чун “ҷашни дунё” мақому мартаба пайдо кардааст. Ҳар сол бо фаро расидани баҳор мардуми мо ин ҷашни бостониро бо расму ойинҳои гуногун истиқбол мегиранд. Дар ин росто, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик низ саҳифаҳои дурахшоне дар васфи Наврӯз дорад, ки шоирон онро бо шеърҳои рангин ва пур аз наво барои наслҳои баъдӣ мерос гузоштаанд.

Наврӯз аз гузашта то имрӯз дар шеъри адабиёти мардуми мо ҳамчун рамзи дигаргуншавии ҳаёт, шукуфтан, рушду камолот ва эҳёи арзишҳои инсониву табиат тараннум меёбад. Адабиёти тоҷик саршор аз ашъору манзумаҳоест, ки ҳар яке пораи қалби шоиронро дар ин айёми пуршукӯҳ инъикос кардаанд. Масалан, НуралӣНурзод дар шеъри худ “Нафаси гули баҳорон” ишора мекунанд, ки бо фарорасии баҳор дили инсон низ мисли табиат нав мешавад:

Нафаси гули баҳорон чамане пур об дорад,

Дили шавқҷӯши ман ҳам ҳаваси шароб дорад.

Зи суруди марши турна шунавед пайки Наврӯз,

Ки ҷарас баҳор имсол зи наю рубоб дорад.

Сафари сиёҳи зулмат ба дари саҳар адо шуд,

Дами фикри субҳкешон чӣ қадар савоб дорад.

Ин мисраъҳо моро ба дунёи рангоранги баҳори тоҷикон ошно месозанд. “Марши турна” ҳамчун башорати баҳор шунида мешавад, ки ин парандагон дар башорат додани омад-омади фасли шукуфтан нақши муҳим доранд. Ифодаи “суруди марши турна” инчунин садои эҳё ва зинда гардидани табиатро мемонад, ки ҳатто дили инсонро низ барои ба истиқболи нашъунамои нав омода гардонидан даъват мекунад. Шоир басо зебо ифода намудааст, ки “дамӣ фикри субҳкешон чӣ қадар савоб дорад”. Яъне, ҳама касе ки худро барои сафои рӯҳу қалб омода менамояд, ҳамқадами чигунагии рӯҳи баҳорӣ мешавад.

Имрӯз бошад, ҷашни Наврӯз танҳо маҳдуди мардуми форсизабон нест: бисёр халқҳои дигар низ онро ҳамчун рӯзи навшавӣ ва оғози тағйироти мусбат пазируфтаанд. Маҷмааи Умумии СММ расман ҷашни Наврӯзро ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф кардааст, ки ин гувоҳи паҳнои васеъи нуфузи фарҳангии он мебошад. Шеъри Ҷаъфар Муҳаммад “Наврӯз муборак бод!” бо як самимияти шоирона муаррифӣкарданист, ки чигуна ин фасли зебои сол бароямон паёмовари хуррамӣ ва умед аст:

Эй ёри баҳоройин, Наврӯз муборак бод!

Парвардаи Фарвардин, Наврӯз муборак бод!

Эй дасти баҳоролуд, эй чашми хуморолуд,

Эй кокули атрогин, Наврӯз муборак бод!

Эй ғаркаи хоҳишҳо, сармасти навозишҳо,

Эй ошиқи фаррухдин, Наврӯз муборак бод!

Эй синаи бекина, эй қалби чу ойина,

Эй хонаи меҳрозин, Наврӯз муборак бод!

Эй рози тари борон, бар гӯши дили ёрон,

Табрик бигу ширин: Наврӯз муборак бод!

Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин,

Эй ҳафт салом аз «син», Наврӯз муборак бод!

Дар ин шеър, мафҳуми “эй синаи бекина” ва “эй қалби чу ойина” нишон медиҳад, ки Наврӯз рамзи пок гардидани дили инсон аз кинаву бухл, инчунин рамзи ҳамдилии мардум аст. Наврӯз даъватест барои беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои инсонӣ, афзудани меҳру муҳаббат, бахшидан ва бахшида шудан.

Ба ғайр аз ҷанбаи иҷтимоӣ, Наврӯз ҳамчунин намоди рушд ва инкишофи шахсият низ мебошад. Дар адабиёти классикӣ бисёр шоирон, аз ҷумла Саъдии Шерозӣ, Наврӯзро фурсати худшиносӣ ва ақлу хирад дарёфтан меҳисобанд. Шоир дар шеъри зер ишора менамояд, ки садои бод аз субҳмехезад ва касе, ки дар пайи тоза кардани ақлу табъи худ мешавад, бояд мафкураашро нав кунад:

Субҳам аз машриқ баромад боди Наврӯз аз ямин,

Ақлу табъам хира гашт аз сунъи Раббу-л-оламин.

Бо ҷавонон роҳи саҳро баргирифтам бомдод,

Кӯдаке гуфто: «Ту пирӣ, бо хирадмандон нишин!».

Саъдӣ дар қолаби нуқтаи хирад шунидани як “кӯдак”-ро зикр мекунад, ки ин худ шигифтангез аст: гоҳо фаҳму андешаи нав дар забони кӯдакон низ садо медиҳад. Наврӯз тавре ки шеър мегӯяд, барои ҳама – пир ё ҷавон – як имкони навбахшӣ меорад. Ҳар кадоме бояд дар ҷустуҷӯи хирад ва тозасозии андешаву ниятҳои худ бошанд, зеро дар ин ҳолат Наврӯз воқеан “Нав-рӯз” мегардад – рӯзи нав, зиндагии нав.

Наврӯз биё, ҳар нафасат, бӯйи баҳор аст,

Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.

Ин мисраъҳо низ зангӯлаи шодӣ ва тароватанд, ки инсонро ба ҳолати бедорӣ ва омодагӣ дар баробари нафаси софи баҳор даъват мекунанд. Чунин шеърҳо, дар баробари арҷ гузоштан ба Наврӯз, инчунин ба хонанда илҳом мебахшанд, ки ҷашнро на танҳо дар зоҳири табиат, балки дар ботини худ таҷлил намояд.

Наврӯз на фақат шеъру тарона, балки маҷмӯи расму ойинҳоест, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик хеле нақши муҳим доранд. Чанд намунаи барҷастаи он:

  • Ҳафтсин ва Ҳафтшин: Дар суфраи Наврӯзӣ гузоштани ҳафт чизе, ки номи онҳо ба ҳарфи “с” ё “ш” шурӯъ мешаванд, нишонаи рамзҳои нек, бахт ва сарбаландист. Дар шеъри Ҷаъфар Муҳаммад хам “Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин…” ёд мешавад.

  • Гулгардонӣ ва сайругашти идона: Сафари саҳро, дидани табиати шукуфон, шодиву пойкӯбии дастаҷамъӣ як рукни ҷудоинопазири Наврӯз аст.

  • Хонатакконӣ: Пеш аз фарорасии Наврӯз, мардум хонаро тоза мекунанд, ки ин амал рамзи покизакунии рӯҳу равон низ мебошад.

  • Оинҳои варзишиву бозиҳо: Дар деҳаҳою шаҳрҳо гузаронидани бозиҳои миллӣ чун гӯштингирӣ, бузкашӣ, арғунчак, аспдавонӣ низ як бахши муҳими ҷашнҳои Наврӯзӣ маҳсуб меёбад.

  • Пӯшидани либосҳои нав: Одамон либосҳои нав ё тоза пӯшида, бо рӯҳи ҷавонӣ солро оғоз мекунанд, ки ин низ рамзи тоза шудани андешаву ниятҳост.

Лоиқ Шералӣ дар шеъри худ аз ҳамин тоза шудани табиат ва асабу равони инсон ёдовар мешавад:

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!

Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,

Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!

Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,

Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?

Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!

Шоир зангӯлаи огоҳиро низ барои касе, ки “шохаи хушкида” мондааст, садо медиҳад: то ҳол дар ин фасли шукуфтан ношукуфта намон, бархез ва ҳамроҳ бо баҳор қабои тоза бипӯш! Зеро ҳар нафасе, ки бо баҳор ҳамсадо мешавад, метавонад рӯҳи инсонро эҳё созад. Ва ин нест магар моҳияти асосии Наврӯз: вусъат бахшидани гармии муҳаббат, тоза кардани қалби инсонӣ аз ғубору кина ва оғози таҳаввули нав дар зиндагӣ.

Дар хулоса метавон гуфт, Наврӯз рамзи шукуфоии мафкуравию ахлоқӣ ва покизагиву бардоштҳост, ки дар адабиёти тоҷик ҳамчун ойинаи нуронии халқ садсолаҳо боз мақоми волоро ишғол кардааст. Шеърҳое, ки оварда шуданд, гӯё садояшон барои як ҷаҳони бехатартар, босаодат ва ошиқона садо медиҳад. Ҷашни Наврӯз, бешубҳа, ҳар сол инсонҳоро ёдрас менамояд, ки бояд зебо зист, ғамро пушти сар кард, нияти нек намуд ва дар зиндагӣ як қадам ба сӯи рӯшноӣ гузошт. Ин аст рамзи барҷастаи Наврӯз дар зиндагӣ ва адабиёти мо, ки ҳама вақт он чун як чароғи умед дар роҳи зиндагӣ медурахшад.

Наврӯз муборак бод!

Холов Холмаҳмад Исроилович – н.и.т., ходими пешбари озмоишгоҳи ғанигардонии маъдани

Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ