Skip to main content

“Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дари анвори Меҳан бошад Истиқлол!

Дили бедори Меҳан бошад Истиқлол!

12Тавре аз саҳифаҳои таърихи миллатамон хуб огоҳем маҳз Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум бо қарори худ санаи 9-уми сентябри соли 1991-ро расман ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуда буд ва ин санаи муқаддас дар таърихи давлату давлатдории миллати мо ҳамчун рӯзи миллӣ сабт гардида, аз он рӯз эътиборан дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳз барои ба ин гуна рӯзҳои накӯ расидан, хусусан барои ҳифзи Истиқлол миллати мо рӯзҳои сахту душвореро паси сар кард. Дар мамлакатамон дар ибтидои солҳои 90-ум ба ҷойи таҳкиму такмили пояҳои давлатдории мавҷуда рӯз аз рӯз ихтилофу низоъ қувват мегирифт. Қувваҳои аҷнабӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ба таври пайваста саъйу талош мекарданд, ки зимоми давлатдориро ба зиммаи худ гиранд ва идеологияи бегонаро барои миллати мо ҳоким созанд.

Маҳз хусуматҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатии мухолифини исломӣ таҳти роҳбарии ташкилоти экстеремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) боиси норозигӣ ва муқовимати солими ҷомеа гардида, ниҳоятан ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Мутобиқи шаҳодати омор дар ҷараёни рух додани ин фоҷиаи миллӣ зиёда аз 150 000 нафар одамон куштаву 30 000 адад хонаҳои истиқоматӣ сӯзонидаву садҳо биною иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд ва дар маҷмуъ хисороти молии ин ҷанги бемаънӣ қариб 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил менамуд.

Агар ба саҳифаҳои таърихи гузаштаи миллати барӯмандамон назар афканем, ки даҳаи навадуми асри гузашта фазои он замонро пеши назар ҷилвагар месозад ва талошу ҷонбозиҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои насли имрӯза бемуҳобот бозгӯ менамояд.

Чунки барои ба ин рӯзи накӯ ва сарнавиштсоз расидан, махсусан барои ҳифзи Истиқлол миллати тоҷик рӯзҳои басо душвореро паси сар намуд. Ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан нест, ки то рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ аз хусуси Истиқлолият умуман гирем ному нишоне набуд. Мардуми кишварамон низ дар он даврони душвори парокандагию бесарусомониҳо рӯҳияи Истиқлолият доштанро ҳам қариб буд, ки эҳсос намекарданд.

Дар таърихи давлатдории миллӣ гарчанде, ки мо ҷашнҳои бисёре дорем, аммо имрӯз ҷашни Истиқлол муҳимтарини онҳост. Зеро Истиқлол аст, ки маҳз дигар ҷашнҳо мазмуну муҳтаво меёбанд ва умуман гирем ба ин васила зиндагӣ маънои зиёди худро пайдо менамояд. Аз ҷониби дигар ҷашни бузурги Истиқлол барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва ҳамзамон яке аз бошукуҳтарин ҷашнҳо маҳсуб меёбад. Умуман гирем ин ҷашн мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасоси рушду такомул ва инчунин пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон миллати мо дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 ба ин неъмат даст ёфт ва аз он замон то имрӯз ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад ва омади ин иди сайидро мунтазир мешаванд. Аз истиқлол то истиқлол барои ҳар як инсон бисёр хотироту навгониҳои ҷиддӣ ба вуқуъ мепайванданд ва мардум хоҳ – ноҳоҳ шоду мамнун низ мегарданд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақилона рушд кардани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, ҳамзамон номусу шарафи ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва талошу муборизаи бардавоми ҳар фарди бонангу номус ба хотири ободӣ ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибиқболу соҳибистиқлол аст.

Хулласи калом, барои ба ин рӯзҳои накӯ расидан, махсусан барои ҳифзи Истиқлоли кишвар миллати барӯманди мо рӯзҳои душвореро аз сари худ гузаронд ва ранҷҳои зиёдеро таҳаммул намуд. Маҳз талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурданҳои Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Қаҳрамони Тоҷикистон ба мо тавонист, ки чунин рӯзҳои хушу хуррам ва ҳаёти осударо баҳрамон муҳайё гардонад.

Инак, Истиқлоли мо аллакай 34-сола шуд. Ва Тоҷикистони азизу арҷманд ва диёри шукуфону дорои ояндаи дурахшону мустақилу озод ва ободу зебои мо таҳти сарварии ин абармарди арсаи сиёсат дар фазои орому осоишта ва бунёдкорию созандагиҳо ба комёбиҳои назаррас ҳамеша ноил мегардад, ки боиси ифтихори мову шумост. Шоир Давлат Сафар Истиқлоли миллатро аз ҷумла чунин тараннум намудааст:

Мулки обод аст Истиқлоли мо,

Нахли шамшод аст Истиқлоли мо.

Дар билоди сарнавишти тоҷдор,

Қасри бунёд аст аст Истиқлоли мо.

Дар замини кишвари озодагон,

Роҳи имдод аст аст Истиқлоли мо.

Дар камоли худшиносӣ то абад,

Юмни афрод аст аст Истиқлоли мо.

Дар амон бошем аз чашми ҳасуд,

Бас Худодод аст аст Истиқлоли мо.

Ин рисолати бузург ҳар як ҷавонмарди баору номуси меҳанро водор месозад, ки пайваста ба қадри арзишҳои бузургу дастовардҳои миллиамон, таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёр, инчунин густариши худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳар яки мо мувазафем, ки баҳри боз ҳам устувор намудани пояҳои Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, таҳкими давлати пуриқтидори демократӣ ва инчунин эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни пурғановатамон масъулияте бар дӯш дошта бошему онро бо дилу дидаи гарм иҷро намоем.

Дар маҷмуъ, бояд қайд кард, ки роҳи пуршарафи тайкардаи халқамон, зикри дастовардҳои бунёдии давлат ва инчунин мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар моро ҳушдор медиҳанд ва ҳамзамон водор менамоянд, ки ба таври ҳамешагӣ ва минбаъд низ дар атрофи Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама вақт ва минбаъд низ муттаҳиду сарҷамъ бошему дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиамонро ҳамеша аз аҷнабиҳо ҳифз намоем.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо муваззафем, ки барои ҳифзи Истиқлолу озодӣ, яъне бузургтарин неъмати зиндагӣ ва инчунин ҳимояи манофеи давлату миллатамон ҳамеша ҳушёру зирак ва омода бошему баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем. Инчунин ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ҳамзамон баҳри рушду инкишофи кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқболамон ба таври пайваста саъю талош намоем.

Аз мавриди муносиб истифода бурда фарорасии ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми шарифи кишварамон аз самими дил шодбош гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама комёбиҳои беназир, сиҳатмандиву хушбахтӣ ва беҳтарин саодати рӯзгор ва барори комёбиҳоро таманно менамоям.

Муборак, ҷашни Истиқлоли тоҷик,

Шукуҳу шавкату иқболи тоҷик!

Иҷобатулло АКРАМОВ, директори КВД “Таъминоти илм”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон