Skip to main content
23-юми феврали соли 1993 дар майдони марказии пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз ҳамон вақт ҳар сол дар кишвари азизи мо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон бо тантана қайд карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар шароити ниҳоят вазнину мураккаб таъсис ёфт ва вазифаи таърихии худро сарбаландона иҷро менамояд. Дар давраи Истиқлолият қузъу томҳои низомӣ ба неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона ва садоқатмандона хизмат мекунанд.

Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомўш кардани ошубҳои хиёнаткоронаи душманони давлат ва ҷомеаи муосир саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта, шуҷоати диловарии беназир нишон дод.

Дар давраи фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон рўзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратмандӣ низоми муҳофизи сулҳу субот табдил ёфтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз нерӯҳои пурқудрат табдил ёфта, баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, ҳифзи марзу буми кишвар хизмати шоиста кардааст.

Дар моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон содиқона хизмати Модар-ватанро ба ҷо меоранд.

То фарорасии ҷашни фирӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Бо ин ҷашни фирӯз мо ҳамаи Родмардони Ватанро табрику муборакбод мегуем.

Манучеҳр Расулов, - ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон