
Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон роҳи ғайриоддии худтасдиқнамоии давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва ҷустуҷӯйи самти дурусти рушди ояндаро аз сар гузаронид. Ба шарофати таҳаммулпазир будани халқ ва сиёсати одилонаи роҳбарият Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ вазъи ногувори ҷамъиятию сиёсӣ ва тағйироти харобовари иқтисодии солҳои 90-умро бартараф намуда, дар аввали асри XXI ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандашавӣ ва нобудшавӣ раҳоӣ намуд, роҳро барои муттаҳидӣ ва рушди босубот боз намуд. Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва дар ҷомеа ризоият ҳукумфармо шуд, дар гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демократӣ дастовардҳои назаррасе ба даст омаданд.
Ҳангоми дар мавриди муваффақиятҳои кишварамон сухан гуфтан, бояд дар хотир дошта бошем, ки замина ва такягоҳи асосии рушди босуботи Тоҷикистон, зиндагии накӯаҳволона, шароити мусоиди худмуайянкунӣ ва худтадбиқнамоӣ ризоият ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ризоият ва ваҳдати миллӣ базаи устувору қавиест, ки барои пешрафти давлат мусоидат менамояд ва маҳз он ҳокимиятро ба захираи стратегии рушд табдил медиҳад.
Асос ва заминаи ҳифзи ваҳдат ва ризоият дар кишварамон сиёсати хирадмандонаи озмудашудаи муносибатҳои миллӣ баромад менамояд. Дар он солҳои барои кишварамон мушкили барқароршавии истиқлолият, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қарорҳои сиёсӣ дурандешӣ нишон доданд. Сарвари давлат ҳамеша ғояи сулҳ ва ваҳдати миллиро дастгирӣ ва тарғиб менамояд. Муҳим он аст, ки Сарвари давлат бо ҳар як гуфтор ва рафтору амали худ ба ҷомеа ҳушдор медиҳад, ки ҳамаи тоҷикистониён новобаста ба миллат ва мазҳабу эътиқод барояш азизу арзишманданд. Маҳз ин ақидаи арзишманди Роҳбари давлатамон рамзи сиёсати давлатии кишвари бисёрмиллатамон ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти таърих аз замони ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон вақти зиёд нагузаштааст, аммо маҳз дар ин давраи таърихӣ тағйиротҳои куллии иҷтимоӣ, ивазшавии сохтори сиёсии ҷомеаи тоҷикистонӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ин вақти кӯтоҳи таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ табақаҳои нави иҷтимоии ҷомеа, тарзи нави зиндагӣ, арзишу дастурҳо, самтҳо ва тамоюлҳои нав шакл гирифтанд. Чунин тағйиротҳои куллӣ, бешак, дар худшиносӣ ва ҳуввияти одамон, инчунин дар сиёсати миллии давлат инъикоси худро ёфтанд.
Фазои хубу мусоид дар муносибатҳои байниэтникӣ асоси устувории на танҳо ҷомеаи мо, балки ҳамаи давлатҳо мебошад. Илова ба ин илҳомбахш ва таблиғгари чунин сиёсат дар соҳаи байниэтникӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Чи хеле ки Сарвари давлат қайд менамояд, - «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид»
Бештари масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон на танҳо ба ҳолати саноат, нақлиёт, инфраструктураи иттилоотӣ, балки ба омилҳои гуманитарӣ вобастагӣ доранд, ки дар байни онҳо муҳимтаринашон фарҳанги маънавии ҷомеа ва ваҳдати миллии кишвар ба ҳисоб мераванд. Маҳз ин омилҳо дар шароитҳои муосир барои рушди бомуваффақи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин барои мубориза ба муқобили хатарҳои дохилию берунии амнияти миллӣ муайянкунанда мебошанд.
Фарҳанги маънавӣ ба фаҳмишу дарки ҳастӣ дар ягонагию алоқамандӣ ба ҳолати амнияти миллӣ таъсири назаррас мерасонад. Маҳз фарҳангҳои умумӣ ё универсалӣ муайянкунандаи устувори шуури ҷамъиятӣ мебошанд. Низоми арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ рафтори фардҳои алоҳида ва гурӯҳҳои аҳолиро дар ҷомеаи муосир муайян мекунанд.
Таърихи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки дастгирии ваҳдати миллӣ ба сифати омили таъмини ҳаёту фаъолияти миллат, истиқлолият ва ягонагии ҳудудии ин ё он кишвар баромад мекунад. Ваҳдати миллии кишвар – ин пеш аз ҳама ваҳдати тасаввуроти халқи он оиди арзишҳои нисбатан аҳамиятноки маънавӣ мебошад. Арзишҳои ба ҳуввияти коллективӣ, миллӣ ва фарҳангӣ алоқаманди ҳамаи сокинони кишвар меҳвари ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд. Маҳз ин арзишҳо, ки ба ягон намояндагони ин ё он этнос тааллуқ надошта мутаҳидии халқи кишварро таъмин намуда, миллатро ягона мегардонад.
Ҳамин тариқ, шароити зарурии таъмини ваҳдати миллии халқи тоҷик умумияти фарҳангӣ, пеш аз ҳама, умумияти арзишҳои маънавӣ мебошад. Маҳз ин омилҳо хусусиятҳои махсуси ҳуввият, заминаҳои равонии шаҳрвандонро ташкил намуда, дар халқ сифати муҳими стратегиро бо номи ваҳдати миллӣ ташаккул медиҳанд. Ваҳдати миллӣ ҳангоме аз худ дарак медиҳад, ки агар миллат якхела ба хатари беруна ё бӯҳрони дохилӣ вокуниш нишон медиҳанд. Ба ибораи дигар, агар аксарияти аҳолии кишвари бисёрмиллата якхела ба хатари беруна ё бӯҳрони дохилӣ вокуниш нишон диҳанд ва дар он аз тарафи гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, динӣ ва ё иҷтимоӣ ихтилоф мушоҳида нашавад, пас маълум мегардад, ки дар ин кишвар ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омадааст. Маҳз ин ҳамон меъёрест, ки тавассути он дар бораи сатҳи ваҳдати миллӣ баҳо додан мумкин аст.
Айни замон нақши фаранги маънавӣ дар ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ ба таври назаррас баланд меравад. Кӯшишҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки ба азнавсозии ҷомеа равона гардидаанд, барои дар амал тадбиқгардӣ муттаҳидии халқҳои Тоҷикистон, таъминоти ваҳдати миллии кишвар ва сафарбар намудани тамоми захираҳои зеҳнию маънавиро талаб менамояд. Чунин ягонагию ваҳдатро танҳо дар асоси арзишҳои баланди маънавии барои фарҳанги анъанавии тоҷик хос таъмин карда мешавад. Имрӯз ин вазифаи ниҳоят муҳиму аҳамиятнок аст ва он дар сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти фарҳанги маънавӣ мақоми афзалиятнокро ишғол менамояд. “Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад” (Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Электронный ресурс] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Режим доступа: http://www.president.tj/node/10585 )
Шоисматуллоев Ш. доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор,
мудири шуъбаи сотсиология Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
9 июли соли равон ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хатии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 100 нусхаи нодир аз китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳои қадим, ки дорои аҳамияти илмиву таърихӣ мебошанд, эҳдо гардид. Ин коллексияи беназир аз ҷониби Очилова Меҳриннисо, д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ба Марказ тақдим шуд.
Дар маросими эҳдои китобҳои мазкур, ки дар толори Маркази мероси хаттӣ баргузор гардид, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт маъмурияти Марказ ва бону Меҳринисо Очилова ширкат намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо қадрдонӣ аз иқдоми мазкур гуфт, ки кори анҷомдодаи профессор Меҳринисо Очилова бисёр арзишманд, омӯзанда ва қобили таҳсин мебошад. Чунин иқдом дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва бақои мероси гаронбаҳои хаттии халқи тоҷик нақши муассир мегузорад. Президенти Академияи миллии илмҳо афзуд, ки ин иқдоми волои хонум Очилова Меҳриннисо ва эҳсоси баланди масъулияти фарҳангии эшонро намунаи арзандаи эҳё ва нигаҳдории мероси хаттии миллӣ медонад. Эҳдои чунин коллексияи арзишманд на танҳо барои ғанӣ сохтани ганҷинаҳои илмии кишвар, балки барои рушди таҳқиқотҳои хатшиносӣ, матншиносӣ ва таърихи илм дар Тоҷикистон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Директори Марказ н.и.т. Раҳматкарими Давлат иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои Маркази мероси хаттӣ тибқи салоҳиятҳои оинномавӣ ва таъкиду супоришҳои Пешвои муаззами миллат мабни бар “Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ки ба нашри феҳристи нусхаҳои хаттӣ машғул аст, бояд номгӯй ва миқдори нусхаҳои нодири хаттиеро, ки дар дигар китобхонаву муассисаҳо мавҷуданд, зери назорат бигирад”, ҳамин ҷамъоварӣ ва тармиму ҳифзи мероси хаттӣ мебошад.
Ин нусхаҳо, ки дар давоми чанд насл аз ҷониби падарону бобоёни ин хонум гиромӣ дошта ва бо эҳтиром нигаҳдорӣ шудаанд, акнун бо ирода ва эҳсоси баланди фарҳангии профессор Очилова ба Ганҷинаи дастхатҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев вогузор гардиданд, то дар хазинаи мероси хаттии миллат сабт ёфта, аз онҳо барои омӯзиши таърихи илм, забон, адабиёт ва фарҳанг вориди феҳристи умумӣ шаванд ва истифода гардад.
Коллексияи эҳдошуда аз китобҳо ва дастнависҳое иборат аст, ки аксаран ба асрҳои XIX ва аввали асри XX мансубанд. Дар байни онҳо нусхаҳои чопи сангии китобҳои адабӣ ва ахлоқӣ, тибб, фиқҳӣ, дарсӣ, луғатномаҳо дучор мешаванд, ки дар марказҳову нашриётҳои маъруфи чопи сангӣ, ба монанди Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Қазон, Лоҳур, Ҳинд ва Теҳрон нашр гардидаанд.
Аз ҷумла, “Махзан-ул-адвия”, аз китобҳои муҳим дар мавриди доруҳо ва вожагони пизишкии суннатӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки дар қарни 12 ҳиҷрӣ навишта шуда ва муаллифи он Муҳаммад Ҳусайн Ақилӣ Хуросонӣ пизишки номдор аст. “Ғиёс-ул-луғот” навиштаи Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Ҷалолуддини Роҳпурӣ ва “Мунтахаб-ул-луғот”-и Абдуррашид Ҳусайнӣ аз зумраи ин нусхаҳои нодир мебошад. Бархе аз ин нусхаҳо бо зеботарин намунаҳои хаттотӣ, ҳошиянависӣ ва истифодаи муҳаррароти анъанавӣ оро ёфтаанд.
Нусхаҳои дастхат, ки шумораи онҳо низ қобили таваҷҷуҳ аст, дорои арзиши хосанд. Аксари онҳо бо хатти настаълиқ, шикаста ва насх ба зебоии хос сабт шудаанд. Мавзуоти онҳо гуногун буда, аз адабиёти классикӣ то илмҳои динӣ ва луғату шеърро фаро мегиранд. Дар баъзе нусхаҳо ёддоштҳои соҳибони нусха, муҳаррир ё омӯзгори гузашта дида мешавад, ки ба арзиши таърихии онҳо меафзояд.
Марказ ният дорад, ки коллексияи эҳдошударо пурра рӯйхат ва тавсиф намуда, дар феҳристҳои махсус ворид намояд ва ба муҳаққиқон муаррифӣ кунад. Ҳамзамон, дар оянда як намоиши вижаи китобҳои эҳдошудаи хонум Очилова М. дар доираи як чорабинии фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ин иқдоми фарҳангии д.и.ф. профессор Очилова Меҳриннисо намунаи равшани иртиботи наслҳо, ҳифзи мероси аҷдодӣ ва эҳёи арзишҳои милливу маънавии мост. Маркази мероси хаттӣ бо камоли эҳтиром изҳори сипос намуда, умедвор аст, ки чунин ибтикор дар ҷомеа фарҳанги эҳдо ва ҳифзи меросро бештар густариш хоҳад дод.
4 июли соли равон ҷиҳати иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Муродзода Зафар бо интихобкунандагон - сокинони маҳаллаи Каротегин баргузор гардид.
Дар вохурӣ Қобилҷон Хушвахтзода зимни баромад вобаста ба пешгирии ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ва ҷарёнҳои терористию экстремистӣ ва дар ин замина тарғиби истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ ва пайваста ташкил намудани суҳбат-вохӯриҳои раисони маҳалла ва бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба оқибатҳои роҳ додани қоидавайронкунӣ дар ин самт, бо азму иродаи қавӣ барои хизмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонони маҳалла ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳавасмадгардонии ҷавонон барои ихтиёрона ба сафи қувваҳои мусаллаҳ рафтани ҷавонон ва доир ба дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.
Дар идомаи мулоқот вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Муродзода Зафар дар баромади хеш вобаста ба ҷалби фарзандон барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла ба самти технологияҳои информатсионӣ ва омӯзиши пайвастаи забонҳои хориҷӣ (забони русӣ ва англисӣ), ҳамчунин таъмини иштироки фаъоли фарзандон дар Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ (ёдоварӣ аз ибтикороти Пешвои миллат ҷиҳати қадрдонии пулии ғолибони озмунҳо) ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуд.
Дар фарҷом, сокинони маҳалла фикру андешаҳои худро баён сохта, барои таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушду бунёдкориҳои созанда дар кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт миннатдории самимии худро изҳор доштанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ танҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 8 озмоишгоҳи замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир дар заминаи муасссисаҳои - илмӣ таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРИН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААНД:
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3- адад.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1- адад.
Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад
Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад.
Бояд гуфт, ки пас аз ба истифода додани 3 озмоишгоҳ Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра бо базаи модиву техникӣ таъмин гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳама иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимон мебошад.
#Ҳисобот. БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 4 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои раёсат, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳисориев Ҳикмат ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ба тафсил сухан ронд.
Таъкид гардид, дар нимсолаи якуми соли 2025 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рӯйи 110-мавзуъ, аз ҷумла 68-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ҳамзамон аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 1130-кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла 40-монография, беш аз 75-китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог, беш аз 1015-мақолаи илмӣ, аз онҳо беш аз 830-мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 185-мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ҷумла, 14-мақола – дар SCOPUS).
Бояд зикр намуд, ки тавассути Муассисаи нашриявии “Дониш”-и АМИТ дар ин давра 73-номгӯй китобу монографияҳои кормандони илмии АМИТ бо теъдоди 8000-нусха ба нашр расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки АМИТ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон 524-нафар ходимони илмии АМИТ номи худро дар китобхонаи электронӣ (e-library) ба қайд гирифтаанд. Айни замон ХИРШ-и олимони АМИТ аз рӯйи ҳамаи нашрияҳои e-library - 52, аз рӯйи РИНЦ - 50 ва аз рӯйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда - 43-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ беш аз 1000-мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр расонида шуд. Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ ҳамагӣ 9-патент, аз ҷумла 8-патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-патенти АвроОсиё барои ихтироъ, ҳамчунин 4-қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар Академияи миллии илмҳо беш аз 100-чорабинии илмӣ омода ва баргузор карда шуд, аз ҷумла, 2-форуми байналмилалӣ, 4-конференсияи илмии байналмилалӣ, 22-конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 45-семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 18-мизи мудаввар ва 2-курси омӯзишӣ.
Ҳамчунин дар доираи Маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ, ки мақсади он муаррифии олимон ва дигар намояндагони аҳли зиёии кишвар мебошад, 13-маҳфили илмӣ-фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии олимони шинохтаи ҷумҳурӣ бо иштироки васеи кормандони АМИТ ва меҳмонон доир карда шуд.
Зикр шуд, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ бо мусоидат ва иштироки роҳбарияти АМИТ 8-озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ таъсис дода шуд: Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад).
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Имрӯз, 3 июл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 700 – солагии шоири классики тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ намоишгоҳи нусхаҳои хаттии осори ин шоири ғазалсаро, ки дар Ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ нигоҳдорӣ мешавад, баргузор гардид.
Ба кори намоиш директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ҳусни оғоз бахшида, қудуми иштирокдорони намоишгоҳро хайрамақдам гуфт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷику форси асри 14 мебошад, ки бо ашъори нобаш пас аз гузашти қарнҳо ҳамчунон дар қалби на танҳо тоҷикзабонон, балки дар қалби ҳазорон ҳаводорони шеъру фарҳанг, дар саросари ҷаҳон ҷой дорад.
Таъкид гардид, ки осори ин шоири бузурги тоҷик форсу ҳануз дар асрҳои 18 ва 19 ба забонҳои мухталифи аврупоӣ тарҷума шуда буд. Шоир ва суханвари машҳури олмонӣ Гёте “Девони Шарқӣ”-и худро бо илҳом гирифтан аз осори Ҳофиз тадвин карда, онро ба номи ҳамин шоири тоҷик форсу гузоштааст. Ҳофиз асосан бо сароидани ғазалҳои бисёр равону шево шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Бар асоси барварди муҳаққиқон Девони Ҳофиз иборат аз 500 ғазал, 42 рубоӣ ва чанд қасида мебошад, ки онро дар тули умри пурбаракати худ эҷод намудааст. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистони мо борҳо ба хати кириллии тоҷикӣ чоп гардида, дастраси ҳамагон гардидааст.
Гуфта шуд, ки ғазалҳои ин шоири забардаст дар мавзуҳои гуногун аз ҷумла ишқу ошиқӣ, майу майгусорӣ, риндӣ, интиқоди иҷтимоӣ ва зуҳду тақвои дуруғин, зебоии табиат ва амсоли он эҷод шудаанд. Осори ин шоири забардасти ғазалсарои тоҷику форс дар бисёре аз китобхонаҳо ва марказҳои илмиву фарҳангии дунё нигаҳдорӣ мешавад, ки худ гувоҳи маҳбубияти ӯ мебошад.
Дар Ганҷинаи Маркази мероси хатии Академияи миллии илмҳо ва дигар китобхонаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нусхаи хаттии осори Ҳофиз мавҷуд аст. Пас аз истиқлолияти Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангдустонаи Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти бесобиқае дар ростои посдорӣ аз фарҳангу гузаштагони тоҷик сурат гирифт, ки ин сиёсат ҳамчунин бо суръат идома дорад.
Дар ростои ҳамин сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои Миллат буд, ки имсол дар таърихи 11 то 14 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати 700 солагии Ҳофизи Шерозӣ канфронс ва намоишгоҳ доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Аз тарафи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмиллалӣ 15 нусхаи дастнавис, 1 китоби чопи сангӣ ва 10 қитъаи хаттотии ашъори Хоҷа Ҳофиз, ки дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси боздидкунанадагон аз даҳҳо кишвари ҷаҳон қарор гирифт.
Дар идомаи намоишгоҳ дӯстдорони шеъру ғазали Ҳофиз мисраҳои пурмазмуну пурмуҳтавои ин шоири хушкаломро замзама намуда, диққати иштирокдоронро дубора ба осори ин марди хирад ва нобиғаи бузури тоҷику форс ҷалб намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби масъули Ганҷинаи нигоҳдории дастхатҳои маркази мазкур Мирзоев Изатулло оид ба дастхатҳои ба марази тамошогузоштаи Ҳофизи Шерозӣ ба иштирокдорони намоишгоҳ маълумоти муфассал дод.
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
Имрӯз, 1 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои дар пешистода бо намояндагони Парлумон ва муассисаҳои Тоҷикистон, масъалаҳои фаъолити парлумонӣ, муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ ва мероси ҷаҳонии Юнескоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки пас аз ба роҳ мондани равобит ҳамкориҳо дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, кишоварзӣ, таърих, энергетика тақвият дода мешаванд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар заминаи Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти таҳқиқотии ҳифзи гуногунии биологӣ таъсис дода шуд, ки дар доираи ин олимони тарафайн дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, омӯзиши пиряхҳо, энергияи сабз корҳои илмӣ - таҳқиқотии хешро ба роҳ мемонанд.
Инчунин, зимни мулоқот дар масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, омодасосии мутахассисон аз ҳисоби магистрантон, аспирантон ва докторантони PhD ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Федералии Олмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар охир барои дар оянда ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум байни Парлумони Саксония-Анҳалт ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.
Имрӯз 30 июн дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ (аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, файласуфи миллӣ устод Комил Бекзода, адабиётшиноси варзида Шоҳзамон Раҳмон, рӯшангари миллӣ Ҷамолиддин Саидзода ва дигарон) нишасти вежаи илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда”, ки ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов ихтисос дода шуд, баргузор гардид.
Маҳфилро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ намуда, ба таври иҷмолӣ аз вазъи ҳиндшиносии муосири миллӣ ва дар ин замина ибтикороту навовариҳои илмию эҷодии ҳиндшиноси муваффақи ватанӣ устод Ҳабибулло Раҷабов сухан ба миён оварда, сухани ифтитоҳиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода вогузошт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронӣ бар он таъкид кард, ки ҳиндшиносии муосири ватанӣ ҳамчун шохаи муқаввои ховаршиносии миллӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ бомаром пеш рафта, дар рушди ин соҳаи илмӣ саҳми ховаршиноси маъруфи тоҷик устод Ҳабибулло Раҷабов асосист.
Гуфта шуд, ки устод Ҳабибулло Раҷабов аз ҷумлаи ховаршиносони матраҳи ҷумҳурӣ ва поягузорони ҳиндшиносии ватанӣ маҳсуб шуда, пас аз хатми муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии вақти шуравӣ (Шуъбаи урду ва ҳиндии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов), ба муҳити илмӣ-академии ҷумҳурӣ пайваста, солҳои 1967-1970 ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1970-1973 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, тайи солҳои 1974-1981 дар симати ходими калони илмӣ, котиби илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои 1982—1984 устод Раҷабов ба кори тарҷумонӣ ҷалб шуда, дар хориҷи кишвар хидмати расмӣ ва тарҷумониро адо намудааст. Замони ифтитоҳи ниҳоди нави илмӣ-пажуҳишӣ (соли 2017) ба муҳити илмӣ-академӣ аз нав пайваста, тули солҳои 2017-2022 мудирияти Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст. Бемуҳобо, метавон устод Раҷабовро асосгузори ҳиндшиносии ҳирфаи ватанӣ дар ҷумҳурӣ номиду муаррифӣ намуд”.
Дар идома устод Ҳабибулло Раҷабов дар мавзуи “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” суҳбати ҷолиби илмӣ анҷом дод. Зикр гардид, ки саҳми ҳиндшиносони номии ватанӣ дар омӯзишу таҳқиқи мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми адабӣ, бадеӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ ва фарҳангии соҳати Ҳинд бениҳоят бузург аст.
Сипас, ходими пешбари илмии Шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Меҳр Собириён дар мавзуи “Бозтоби масоили ҳассоси замонӣ дар таҳқиқот ва таҳия-тарҷумаҳои устод Ҳабибулло Раҷабов” гузориши хуби илмӣ ироа дода, иброз дошт, ки устод Ҳабибулло Раҷабов на танҳо дар таҳқиқи масоили муҳимми адабу фарҳангу суннату ойинҳои Ҳинд, балки дар таҳия ва тарҷумаи осори арзишманди адибони қаламрави бузурги Ҳиндустон, ҳамчунин ошноии мардуми тоҷик бо муҳити илмию адабӣ ва фарҳангии сарзамини афсонавии Шарқӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Дар фарҷом файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода, матншинос, шоир ва муҳаққиқ Алии Муҳамммадии Хуросонӣ, фарҳангшинос Нозим Нурзода, ироншинос Олимҷон Хоҷамуродов, муаррих-шарқшинос Санавбарбону Воҳидова, доктори илми таърих, профессор Ниёзбадал Мирзоев, шеършинос Маҳмадёр Шарифов ва чанде аз донишмандону ховаршиносони варзидаи ватанӣ мулоҳизоти хешро атрофи вазъи ҳиндишносии муосири ватанӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҳиндшиноси маъруфи миллӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов ҳамчун мактабдори ҳирфаӣ дар рушду нумуи ховаршиносии миллӣ ихтисоран ироа доштанд.
#Маҳфил. БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА 40- СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ПАЖУҲИШИИ СИЁСАТШИНОСИ ШИНОХТАИ ТОҶИК МУҲАММАД АБДУРАҲМОН
Имрӯз, 25 июн бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори АМИТ Маҳфили Хиради АМИТ таҳти унвони “Мавқеи геосиёсии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он дар масири соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ”, ба муносибати Ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ва 40 – солагии фаъолияти илмӣ ва пажуҳишии сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз баргузор гардид.
Нахуст ба кори маҳфил ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки мавриди тазаккур аст, ки 27 июни соли равон ҷиҳати ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 28 сол пур мешавад. Ваҳдати миллии тоҷикон ва Мактаби сулҳофарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл намунаи ваҳдати дигар миллату халқиятҳои ҳамсояи дуру наздик низ ҳаст. Онҳо ғояи ваҳдатгароии моро ҳамчун сармашқи ҳалли низоъ ва моҷароҳои гуногун мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо ифтихор бояд гуфт, ки миллати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати начандон тулонӣ кишварамонро аз вартаи ҷангу ҷидол раҳо сохта, ваҳдати воқеиро таъмин намояд.
Ҳамин аст, ки мо имрӯз бо ифтихори бузург ҷашни Ваҳдати миллӣ, гиромидошти олимону пажуҳишгарон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро дар фазои осоишта муаррифӣ карда метавонем, вобаста ба ин бояд қайд намуд, ки маҳфили имрӯзаи мо ба 40 - соли фаъолияти илмӣ - пажуҳишии Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшниносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, бахшида шудааст.
Зикр шуд, ки устод Муҳаммад Абдурраҳмон Наврӯз дар рушду нумўи илм, Ваҳдати миллӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмии кишварамон хизматҳои шоёне намудааст, ки боиси ифтихори аҳли илму адаб гардидааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 350 китобу монография ва мақолаҳои илмӣ буда, зери роҳбарии профессор 7-нафар докторони илм ва 30 нафар номзадҳои илм ба камол расидаанд.
Ҳамзамон, имрӯз дар маҳфили мазкур рунамои монографияи нави профессор Муҳаммад Абдураҳмон бо номи “Сиёсат” ба муносибати 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” рӯи чоп омадааст, низ рунамоӣ гардид.
Дар идомаи маҳфил шогирдону наздикону пайвандони устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз суханронӣ намуда, аз таҷриаву донишҳои андухтаашон аз устод ёдоваврӣ намуда, ба устод изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз барои хизматҳои шоёнаш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сипосномаву ифтихорномаву унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.