ПАДИДАИ АСТРОНОМӢ: НАЗДИКТАРИН МАСОФАИ ЗАМИНУ ОФТОБ ДАР ДАВОМИ СОЛ Ё МАСОФАИ ПЕРИГЕЛИИ ЗАМИН
3 январи соли 2026, соати 22:15 бо вақти Душанбе, Замин ба нуқтаи перигелий - яъне ба наздиктарин нуқтаи мадори худ нисбат ба Офтоб мерасад. Дар ин лаҳза масофаи байни Замин ва Офтоб ҳадди ақал (минималӣ) буда, 147 099 586,26 км (0,9833 воҳиди астрономӣ)-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин рӯз қутри намоёни диски Офтоб дар осмон калонтарин дар соли 2026 буда, 32 дақиқаю 35 сонияи кунҷӣ мешавад.
Қутри Офтоб бо воҳидҳои кунҷӣ чен карда мешавад. Тафовути андозаи намоёни диски Офтоб дар давраҳои афелӣ ва перигелӣ бо чашми оддӣ эҳсос намешавад, зеро тағйирёбии андозаи он дар тӯли тақрибан ним сол тадриҷан сурат мегирад. Бо вуҷуди ин, ҳангоми муқоиса маълум мешавад, ки дар давраи перигелӣ қутри намоёни Офтоб тақрибан 3 фоиз калонтар аст нисбат ба аввали моҳи июл, вақте ки масофа байни Замин ва Офтоб ба ҳадди аксар (максималӣ) мерасад.
Мадори эллипсӣ ва андозаи зоҳирии Офтоб
Замин як гардиши пурраро дар атрофи Офтоб дар муддати 365 рӯз, 6 соат, 9 дақиқа ва 10 сония анҷом медиҳад. Ҳаракати он дар мадори эллипсӣ бо суръати миёнаи тақрибан 29,765 км/с сурат мегирад. Наздиктарин нуқтаи мадори Замин ба Офтоб перигелӣ ном дорад ва Замин аз он дар аввали моҳи январ мегузарад. Нуқтаи дуртарини мадор афелӣ номида мешавад ва Замин онро дар аввали моҳи июл мегузарад.
Мадори Замин даврашакли комил нест. Он шакли эллипс дорад, гарчанде ки эллипсӣ будани он заиф ифода ёфтааст (эксентриситет ≈ 0,0167 - Геоид). Ин маънои онро дорад, ки масофа то Офтоб дар тӯли сол тақрибан 5 миллион километр тағйир меёбад. Дар натиҷаи ин тағйирёбӣ, андозаи кунҷии зоҳирии Офтоб низ дигар мешавад. Дар моҳи январ он тақрибан 6-7% калонтар аз моҳи июл аст. Барои чашми оддии инсон ин фарқият қариб эҳсос намешавад, аммо дар аксҳои рақамӣ, ки бо вақти якхела гирифта шудаанд, он хеле равшан дида мешавад: диски зимистонаи Офтоб аз диски тобистонааш ба таври намоён калонтар менамояд.
Бояд таъкид кард, ки андозаи кунҷии Офтоб аз вақти шабонарӯз вобаста нест.
Баъзан чунин мегӯянд, ки гӯё «Офтоб ҳангоми тулӯъ калонтар аст», аммо ин танҳо бо таъсири омилҳои оптикӣ ва ҳодисаҳои атмосфера дар наздикии уфуқ вобаста мебошад. Андозаи воқеии диски Офтоб дар давоми рӯз тағйир намеёбад. Перигелӣ, яъне наздиктарин масофаи Замин ба Офтоб, ба саломатии инсон дар рӯи Замин таъсири манфӣ намерасонад.
Бӯризода Анвар Маҳмад Директори Институти астрофизикаи АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
12-уми феврали соли равон, дар идомаи баргузории вохӯриҳои номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва дар ин замина таблиғу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 – Муродзода Зафар Олимҷон, Қосимзода Солеҳ Салим шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9-и ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ширкат варзиданд.
Зимни баргузории вохӯрии мазкур, нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ оид ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва зарурияти баргузории вохӯриҳои номзадҳои пешбаригардида бо интихобкунандагон суханронӣ намуда, меҳмонон ва номзадҳои болозикрро ба интихобкунандагон ошно намуд.
Дар идома, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9-и ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 – Муродзода Зафар Олимҷон аз ҷониби шахсони боэътимоди онҳо ба интихобкунандагон муаррифӣ гардида, оид ба мақсад ва ҳадафҳои барномавиашон, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2025 - 2030 таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” маншаъ мегиранд, аз ҷониби худи номзадҳо маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ин радиф, баҳри боз ҳам бештар маълумотнок гардидани интихобкунандагон аз раванди фаъолияти номзадҳои пешбаригардида ва бештар муаррифӣ гардидани ҳадафҳои барномавии онҳо ҳамчун номзад аз ҲХДТ ба вакилӣ, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба интихобкунандагон тақсим карда шуд.
Зимнан, аз ҷониби интихобкунандагон ба номзадҳо пешниҳоду таклифҳо ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ҷойдошта иброз гардид.
Дар идома, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои давлату ҳукумат ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад ва дар ин замина интихоби номзадҳои арзанда, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд.
Нашри матлаб аз нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Олимон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли сипаришуда 30 патент, аз ҷумла 4 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатномаи сабти захираи иттилоотӣ ба даст овардаанд!
Бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму оинҳои бостонии мардуми тоҷик, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки тибқи он ҳар сол 1 июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад.
Бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму оинҳои бостонии мардуми тоҷик, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки тибқи он ҳар сол 1 июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад.
@RustamEmomali
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент ба китобхонаи марказии шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70, деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯ беш аз 700 нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ ва дастурҳои методӣ тӯҳфа намуд.
Китобҳои арзишманд дар бораи нақши эҳёгарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ, “Зод-ул- мусофирин”-и Носири Хисрав, рисолаҳои илмӣ дар бораи устод Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, фалсафа, таърих, илмҳои дақиқ, китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи ин адабиёти тӯҳфашуда аст.
Аз мутолиаи ин китобҳо хонандагони китобхонаҳои шаҳр ва муҳассилини таълимгоҳи ин деҳаи дурдаст, ки аз оғози соли ҷории хониш дар бинои нав, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр бунёд шудааст, таҳсил мекунанд, баҳраи маънавӣ мебаранд ва ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои чунин тӯҳфаи арзишманд изҳори сипос менамоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
11 феврали соли равон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таҳти унвони «Аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии «Осор»- Ибни Сино» мизи муддавар баргузор гардид.
Мизи мудавваро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз бахшид. Таъкид гардид, ки Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик аст, ки бо донишу ҷаҳонбинии фарогираш дар олами тибби ҷаҳон саҳми арзишмандро касб карддаст. Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст.
Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд.
Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абӯубайд Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшона (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшона бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.
Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшона ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард.
Сипас, олимони Маркази синошиносӣ доир ба осори гаронарзиши ин чеҳраи тобноки олими тибби ҷаҳон Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино маъруза намуда, фаъолияти гуногунҷабҳаи ин мутафаккири абадзиндаи форсу тоҷикиро ҷовидона хонданд.