Skip to main content

1212Парчам ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ дар таърихи давлатдории миллати тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, садсолаҳо боз рамзи озодӣ, истиқлолият, нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳар марҳилаи таърих, сарфи назар аз ҳолатҳои сиёсиву иҷтимоӣ, парчам ҳамчун рамзи ҳастӣ ва пойдории давлатдорӣ эҳтиром ва арҷгузории хоса ёфтааст. Миллати тоҷик, ки дорои таърихи куҳанбунёд ва фарҳанги бисёрсарват аст, дар тули асрҳо ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла ба парчам, ба чашми муқаддас менигарист ва онро ҳамчун ҷавҳари пояҳои маънавии давлатдорӣ ҳифз менамуд. Дар даврони муосир низ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаро ишғол намудааст, парчами давлатӣ ҳамчун аломати расмӣ ва рамзи асосии ҳувияти давлату миллат эътироф гардидааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, қабул гардид. Ин рӯйдод дар марҳилаи бисёр ҳассоси ташаккули давлати ҷавони тоҷик сурат гирифт. Қабули парчами миллӣ дар он шароити пуртазод, ки кишвар ба мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буд, қадами бузург ва таърихсоз ба ҳисоб мерафт. Парчам рамзи оғози давлати нави тоҷикон, нишонаи эҳёи ҳувияти миллӣ ва орзуву ормонҳои мардум гардид. Аз ин рӯ, 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷлил шуда, дар тақвими расмии кишвар мақоми хосса пайдо кардааст. Ин рӯз на танҳо ҷашни як рамз, балки ҷашни эҳёи давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва истеҳкоми ваҳдати миллӣ мебошад.

Тарҳи парчами давлатии Тоҷикистон дорои маъниҳои амиқи рамзӣ мебошад, ки дар он таърихи миллати тоҷик, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ориёӣ таҷассум ёфтааст. Ранги сурхи парчам рамзи муборизаву ҷасорат, далерии ниёгон, инчунин нишонаи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар фарҳанги тоҷик ранги сурх ҳамчунин ба рамзи нуру гармӣ, ҳаётбахшӣ ва шуҷоат маънидод мешавад. Ранги сафед рамзи покӣ, садоқат, ҳақиқат, ҳидоят ва рӯшноӣ буда, ҳамзамон роҳи бунёдкориву осоиштагиро ифода мекунад. Ин ранг ба мардуми тоҷик ҳамчун миллате, ки аз фарҳанги бостонии инсондӯстона бархӯрдор аст, хос мебошад. Ранги сабз бошад, маънои ҳаёт, ободкорӣ, табиат ва кишоварзиро дорад, ки он аз рӯйи хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик хеле мувофиқ аст. Тоҷикон ҳамчун халқи созанда, меҳнатдӯст ва табиатдӯст сабзро ҳамчун рамзи зиндагиофарӣ ва мубориза барои зиндагии шоиста қабул намудаанд.

Дар маркази парчам нишони тилоранг бо ҳафт ситора ҷой гирифтааст. Нишони тоҷ рамзи давлатдории тоҷикон, соҳибихтиёрӣ, шараф, ҳокимият ва пойдории миллист. Тоҷ дар фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ҳамеша мавқеи хоса дошта, нишонаи шоҳӣ, ҳикмат, адолат ва хирадмандӣ ба шумор мерафт. Ҳафт ситора бошад, дорои маъниҳои гуногун ва хеле амиқи фарҳангист: ҳафт манзили комилшавӣ, ҳафт сайёра, ҳафт нерӯи рӯҳӣ, ҳафт қуллаи камолоти инсонӣ ва ҳафт ганҷи фарҳанги ориёӣ. Дар фарҳанги тоҷик ва тамаддуни форсӣ адади ҳафт рамзи саодат, комалӣ, рӯҳбаландӣ ва эҳтироми олии маънавист. Бинобар ин, парчами Тоҷикистон бо ин тарҳи худ на танҳо рамзи давлатӣ, балки рамзи ҷаҳонбинии миллӣ ва доираи арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Парчам дар сатҳи давлатдорӣ мавқеи муҳим ва ҷойгоҳи расмӣ дорад. Он дар тамоми идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллии кишвар парафшон аст. Дар маросимҳои давлатӣ, иҷлосияҳо, ҳамоишҳои расмӣ ва мулоқотҳои сатҳи олӣ парчам ҳамчун рамзи ҳокимияти давлатӣ ва қудрати миллӣ бардошта мешавад. Ҳузури он дар минбарҳои баланд эҳсоси масъулият, ватандорӣ ва эҳтиром ба давлатдориро таҳким мебахшад. Барои шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, парчам воситаи тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардидани чорабиниҳои махсуси тарбиявӣ оид ба парчам ба рушди худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.

Ҷойгоҳи парчам дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа низ хеле барҷаста аст. Дар ҷашнвораҳо, маросимҳои оммавӣ, рӯзҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ парчами давлатӣ ҳамчун аломати ягонагӣ ва ҳамбастагии мардум ба саҳна меояд. Он ба ҷавонон ва насли оянда паёми дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиро мерасонад. Парчам ҳамчун рамзи нангу номус ва ҳувияти миллӣ ҷавононро ба худшиносии миллӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолона дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ ҳидоят менамояд.

Дар арсаи байналмилалӣ парчами давлатӣ ҳамчун намояндаи расмии кишвар шинохта мешавад. Бардошта шудани он дар идораҳои созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ, СҲШ, ИДМ, ЮНЕСКО ва дигар ниҳодҳои бонуфуз, рамзи мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонист. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ифтихор парчамро парафшон намуда, бо дастовардҳои худ шарафи онро баланд мебардоранд. Ҳар як муваффақияти байналмилалӣ, ки бо парчами давлатӣ алоқаманд аст, ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро тақвият медиҳад.

Таҷлил гардидани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр яке аз муҳимтарин чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатии давлатӣ мебошад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар силсилаи барномаҳои меҳанпарастона, ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқотҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳким бахшидани сӯф ва суботи ҷомеа мебошад. Ин ҷашн аҳамияти хосаи маънавӣ дошта, мардумро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ даъват менамояд.

Парчам ҳамчун рамзи нангу номус ва ҳувияти миллӣ дорои аҳамияти фаротар аз як аломати давлатӣ мебошад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихори миллати тоҷик, рамзи ормонҳои миллӣ ва ифодаи ҳастии давлатдории навини тоҷикон аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба парчами давлатӣ эҳтиром гузорад, онро ҳамчун арзиши маънавӣ ва ҳамчун рамзи ягонагии миллӣ ҳифз намояд. Парчам дар худ на танҳо рамзи давлат, балки рӯҳияи миллати куҳанбунёд, таърихи пурифтихор ва орзуҳои оянданигари ҷомеаро таҷассум мекунад. Эҳтиром ба парчам – эҳтиром ба миллат, ба Ватан ва ба пойдории давлати тоҷикон мебошад.

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Раҳимзода Алишер Орзу